Мушаки Falcon 9-и SpaceX миссияи “Hera”-ро барои Агентии кайҳонии Аврупо партоб кард.
Мушак рӯзи 7 октябр аз космодроми Флорида парвоз кард. Дар ин бора Space.com хабар дод.
Қайд гардид, ки бар хилофи миссияҳои қаблӣ, марҳилаи якуми Falcon 9 ба Замин барнагашт, зеро тамоми нерӯ барои ба кайҳон фиристодани Hera сарф шудааст.
Ин 23-юмин парвози мушак буда, он қаблан бисёр миссияҳои муҳим, аз ҷумла барномаҳои Starlink ва Transporter, инчунин парвозҳо бо кайҳоннавардони NASA-ро иҷро кардааст.
Тадқиқоти кайҳонии “Hera”, ки ду моҳвораи хурдтар – “Milani” ва “Juventasга”-ро ҳамроҳӣ мекунад, 363 миллион евро арзиш дорад.