СРБҲР ба додани рақамҳои "сабз" ба мошинҳои барқӣ оғоз кард

Ба иттилои Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фарқияти асосии рақамҳои нав дар он аст, ки рамзи минтақа дар заминаи сабз нишон дода мешавад.

Ба иттилои Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фарқияти асосии рақамҳои нав дар он аст, ки рамзи минтақа дар заминаи сабз нишон дода мешавад.

Рақамҳо барои воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррики электрикии иқтидорашон 4 киловатт-соат пешбинӣ шудаанд, ки суръати ҳаракати онҳо дар як соат то 40 километр ва аз ин ҳам зиёд мешавад.

Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳ рақамҳои намунаи нави ба электромобилҳо то 1 ноябри соли 2021 додашударо бепул иваз мекунад, хабар медиҳад ӮзА.

Тавре қаблан Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ дода буд, дар оянда мошинҳои барқӣ ҳангоми ворид шудан ба қисматҳои марказии шаҳрҳо як қатор имтиёзҳо хоҳанд дошт. Имтиёзҳои ба қайд гирифтан ва азназаргузаронии техникии онҳо низ ба назар гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: