«СТИПЕНДИЯИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ ҚАШҚАДАРЁ» ҶОРӢ ГАРДИД

Бо қарори ҷамъомади вакилони мардумии вилояти Қашқадарё дар мактабҳои таълими олии қаламрав “Стипендияи ҳокими вилояти Қашқадарё” ҷорӣ гардид.

Таъкид мешавад, ин лоиҳа пас аз Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ва аҳолии ҷумҳурӣ  рӯйи кор омадааст, ки минбаъд  дар амал татбиқ хоҳад шуд. 
Дар Муроҷиатнома ба соҳаи таълиму тарбияи насли наврас эътибори махсус дода шуда, аз кормандони соҳаи маорифи халқ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор куллан беҳбуд бахшидани сифати таълим тақозо шудааст. Ҳамчунин соли 2023 дар саросари кишвар “Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим” эълон гардид, ки ба ислоҳоти соҳаи таълим майдони нав кушод. Бояд таъкид кард, ки ҷорӣ гардидани “Стипендияи ҳокими вилояти Қашқадарё” нахустқадаме буда, барои боло бурдани сифати таълим дар қаламрав мусоидат хоҳад кард. Ин иқдом рағбати кулли донишҷӯёни макотиби олиро барои фаро гирифтани илми замонавӣ бедор месозад. 
Дар низомномаи кор сабт гардидааст, ки соҳибони стипендия дар асоси сабқати махсус, ки интизор меравад то моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷамъбаст шавад, муайян мегарданд. Дар сабқат донишҷӯёни зинаи бакалавриати донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ҳуқуқи иштирок карданро дошта, саводи онҳо аз рӯйи ҳафт талаби низом баҳогузорӣ мешавад. Ширкати донишҷӯ дар озмунҳои фаннӣ, забондонии вай, дониши ӯ аз таърихи Ӯзбекистон, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, саводи кофӣ дар илми муосири ахбор ва технологияи нав, ҳузури фаъол ба дарсҳо аз ҷумлаи талабот мебошанд. Барои шаффоф гузаштани давраҳои озмун ва аниқ кардани ғолибони он ҳайати босалоҳияти доварон интихоб шудааст. Тибқи низомномаи озмун ба 14 донишҷӯёни беҳтарин, ки савияи донишу маърифати онҳо ҷавобгӯйи меъёри муқарраршуда аст, гирифтани стипендияи мазкур насиб хоҳад кард. 
Ғолибони имсолаи озмун аз моҳи сентябри соли 2023 ҳуқуқи дастрас кардани маблағи таҳти назарро, ки бештар аз 900 ҳазор сӯм мебошад, пайдо мекунанд ва он то моҳи июни соли 2024 идома меёбад. 

Шариф ХАЛИЛ,
мухбири 
“Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: