СТРАТЕГИЯ ВА РАВАНДИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ БОНКҲО БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми бонкӣ барои солҳои 2020-2025, ки ба афзун гардондани ҳиссаи сектори хусусӣ дар активҳои бонкӣ аз 15 то 60 фоиз ва тезондани ҷараёнҳои трансформатсияи бонкҳои тиҷоратӣ нигаронда шудааст, ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл оид ба масъалаҳои  татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми бонкӣ барои солҳои 2020-2025, ки ба афзун гардондани ҳиссаи сектори хусусӣ дар активҳои бонкӣ аз 15 то 60 фоиз ва тезондани ҷараёнҳои трансформатсияи  бонкҳои тиҷоратӣ нигаронда  шудааст, ҷамъомад баргузор намуд.

Дар рафти ҷамъомад  қайд гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бояд як қатор масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл кард.
Зикр гардид, ки дар навбати аввал ҷараёни трансформатсияи бонкҳо бояд фаъол гардонда шавад.
Айни замон  6 бонки тиҷоратӣ — «Ипотека банк», «Ӯзсаноатқурилишбанк», «Туронбанк», «Асака банк», «Алоқабанк» ва «Агробанк» ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар масъалаҳои ташхиси молиявӣ, коркарди стратегияҳои дарозмуддат ва хусусигардонӣ оғоз кардаанд. Аммо кор дар самти трансформатсияи дигар бонкҳои тиҷоратӣ ба қадри кофӣ фаъол намебошад, қайд кард сарвари давлат.
Барои тағйир додани вазъият супориш дода шуд, ки инвентаризатсияи вазифаҳое, ки ба бонкҳо хос нестанд, гузаронда шуда, дар Маркази бозомӯзии корпоративии назди Бонки марказӣ бо мақсади тавзеҳоти вазифаҳои трансформатсияҳои бонкҳо, пеш аз ҳама барои кормандони бонкҳо дар маҳаллҳо барномаҳои хониш ташкил карда шаванд. Ин вазифаҳо ба зиммаи Бонки марказӣ гузошта шуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои баланд бардоштани сифати сандуқи қарзӣ ва лоиҳаҳои бонкҳо  баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки ҳиссаи қарзҳои ҳаётан муҳим, тавре ки натиҷаҳои санҷишҳои стресс нишон медиҳанд, метавонад якчанд маротиба афзоиш ёбад, ки ин барои низоми бонкӣ даъвати ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат супориш дода шуданд, ки  қарзҳои ҳаётан муҳим дар қисмати минтақаҳо таҳлил карда шуда, барои  нигоҳ доштани сифати портфелҳои қарзӣ механизмҳои таъсирбахш фароҳам оварда шаванд. Алоҳида қайд гардид, ки пас аз инвентаризатсияи портфелҳои қарзии бонкҳо Бонки марказӣ бояд чораҳои мушаххасро барои барқарор кардани қобилияти молиявии ҳар як мизоҷ, ки дар ҳолати вазнин қарор дорад, таҳия намояд.
Дар рафти ҷамъомад ба масъалаи зарурати решакан кардани коррупсия дар соҳаи бонк эътибори алоҳида дода шуд.
Роҳбари давлат қайд намуд, ки аз ҷониби раисони бонкҳо оид ба решакан кардани коррупсия, ҷорӣ кардани назорати комплаенсӣ ва дигар механизмҳои муассир чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Факти дар бонкҳои тиҷоратии дорои активҳои давлатӣ то ҳол баланд будани  ҳиссаи маблағҳои аз ҷониби давлат гирифташуда зери тозиёнаи танқид гирифта шуд.
Аз ҷумла, ҳиссаи чунин қарзҳо дар «Қишлоқ қурилиш банк»  41 фоиз, дар «Ипотека банк»  32 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта таҳти кафолати давлат ба маблағи қариб 600 миллион доллар хатҳои қарзӣ ҷалб карда шуданд, соли равон ин нишондиҳанда 570 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҳиссаи пасандозҳо ва амонатҳои мӯҳлатноки аҳолӣ дар бонкҳои калон ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 5 фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ин, ба Бонки марказӣ супориш дода шуд, ки оид ба ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ба бонкҳо пешниҳоди иловагӣ омода созад.
Роҳбари давлат зарурати аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ бидуни дастгирии давлатӣ мустақилона ҷалб намудани захираҳои молиявиро таъкид намуд.
Роҳбарони Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ доир ба масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимашуда маълумот пешниҳод карданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: