СТРАТЕГИЯИ РУШДИ МАЪНАВИЮ МАЪРИФАТӢ

«Дар мамлакатамон ташкил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ, афзудан ба самародории чорабиниҳои дар ин росто ба амал татбиқгардида, рушд ва таҳким бахшидани иқтидори зеҳнии аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, тавсеа додани доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо, ташаккул додани насли баркамоле, ки бо ҳисси ватанпарварӣ, муҳаббат ва садоқат ба халқ ба сар мебарад, мақсади олии мост».

«Дар мамлакатамон ташкил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ, афзудан ба самародории чорабиниҳои дар ин росто ба амал татбиқгардида, рушд ва таҳким бахшидани иқтидори зеҳнии аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, тавсеа додани доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо, ташаккул додани насли баркамоле, ки бо ҳисси ватанпарварӣ, муҳаббат ва садоқат ба халқ ба сар мебарад, мақсади олии мост».
Дар ин даъвате, ки аз маърӯзаи барномавии номзад ба президентӣ аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо — ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар съезди Х ҳизб таҳти номи «Ӯзбекистони нав ҷамъиятест инсонпарвар ва давлатест халқдӯст» гирифта шудааст, мазмуну моҳият ва мақсаду муддаои стратегияи рушде, ки дар мамлакатамон татбиқ мегардад, рӯшан инъикос ёфтааст.
Солҳои охир таҳти роҳбарии Президент барномаҳои зиёде, бино ба таъмини рушди босубот, баланд бардоштани сатҳи маънавияти халқ, дастгирии ҳамаҷониба ва ба камолоти маънавӣ расондани насли ҷавон, ба амал татбиқ мегарданд. Дар ҳоли ҳозир васеъ тарғиб намудани стратегияи Ӯзбекистони нав дар байни ҳамаи миллату халқиятҳо, намояндагони тоифаҳои иҷтимоӣ, ба ҷунбиши умумии иҷтимоӣ табдил додани рӯҳи бунёдкоронаи он, пурзӯр намудани ҳисси боварӣ ба фардо аз сармизони корҳоямон дар соҳаи маънавият ба шумор меравад.

Татбиқи корҳои амалии пурсамар

Бояд алоҳида таъкид намуд, хоссатан, дар соли равон корҳои амалии пурсамаре, ки мундариҷаи чорабиниҳои маънавию маърифатиро беҳ ва мазмуну моҳияти соҳаи мазкурро муайян месозанд, по ба марзи амал мениҳанд.
Якум, муайян гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Шӯрои маънавияти ҷумҳурӣ низ мебошад ва ин маънои онро дорад, ки дар ин сохтор масъулияти асосӣ ба зиммаи ӯст. Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ба сифати мақомоти кории Шӯрои маънавияти ҷумҳурӣ аз нав созмон дода шуд, мизонҳои фаъолият ва вазифаҳои устувори он дар ин росто рӯшан гардид.
Барномаи чорабиниҳо доир ба афзун гардондани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ, рушди иқтидор ва тавсеа додани доираи ҷаҳонбинии аҳолӣ тасдиқ шудааст ва фаъолияти пурсамар дар ин росто идома дорад.
Дуюм, дар миқёси мамлакат самтҳои устувор доир ба вусъат додани миқёси корҳои маънавию маърифатӣ, ташаккул додани сохтори наву замонавии он, роҳандозии низоми устувори пардохти ҳаққи меҳнат ба ходимоне, ки дар ин сохтор фаъолият доранд, мутобиқсозӣ ва афзун гардондани самаранокии кори муассисаву созмонҳо муайян карда шуданд.
Сеюм, барномаи маҷмӯи чорабиниҳо доир ба барҳам додани таҳдидҳои дохилӣ, мисли лоқайдӣ ба тақдири халқу мамлакат, маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ, беэътиноӣ ба арзишҳои оилавӣ ва тарбияи ҷавонон, ки ба рушди устувори ҷамъият халал мерасонанд, коркард шуд ва имрӯз ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Дар ин бобат аз ҳисоби ҷомеаи васеъ, олимон, мутахассисон ва зиёиёни эҷодкор ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» созмон дода шуд, ки фаъолият дорад.
Чорум, шурӯъ аз соли хониши 2021-2022 дар зинаи бакалавриат ба нақшаи хониши низоми таълими олӣ фанҳои «Маънавиятшиносӣ», дар зинаи магистратура бошад, «Маънавияти касбӣ» дохил карда шуданд, муайян гардид, ки бино ба ихтисоси «PR-менеҷер» кадрҳо тайёр карда мешаванд.  Фанҳое, ба мисли «Назария ва таърихи маънавият», «Тарбияи маънавӣ», «Технология ва ҷараёнҳои маънавӣ» ба классификатори илму фанҳои ихтисосӣ дохил карда шуданд.
Панҷум, ба мақсади ҷамъоварӣ, омодакунӣ ва интишори мақолаҳои рӯзмарра доир ба мавзӯъҳои маънавию маърифатӣ ва иҷтимоию сиёсӣ, фикру мулоҳизаҳои солими аҳли ҷомеа, ҳамчунин, таҳлили ҷараёнҳои мафкуравӣ ва навигариҳои соҳа портали электронии «oyina.uz» ба кор шурӯъ кард.
Шашум, дар муассисаҳои таълимӣ мутахассис бино ба афзун гардондани самарадории корҳои маданию маърифатӣ, дар ҳар муассисаи таълими ҳамагонӣ вазифаи тарғибгар аз рӯйи масъалаҳои эҷодию маданӣ ҷорӣ гардид ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба миқдори ставкаи тарифи базавии ба омӯзгори маълумоти олӣ муқарраргардида маош пешбинӣ карда шуд.
Сарфи назар аз теъдоди донишҷӯён, дар муассисаҳои давлатии таълими олӣ ва шуъбаҳои онҳо, бино ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатӣ вазифаи проректор (ҷонишини ректор) ҷорӣ карда мешавад.
Ҳафтум, ба мақсади таҳким бахшидани барқарории муҳити иҷтимоию маънавӣ дар минтақаҳо, афзудан ба фазилати аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, мустаҳкамсозии ҳамҷиҳатӣ дар оила ва маҳаллаҳо, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо Масканҳои маънавият ва маърифат созмон дода мешаванд.
Дар ҳамаи минтақаҳо мақоми роҳбарони мақомоти давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ ба сифати раиси шӯрои маънавият тасдиқ гардид, «Харитаи роҳ» ва барномаи чорабиниҳои онҳо кор карда шуданд, ки ҳоло ба амал татбиқ мегарданд.
Ҳаштум, бино ба самти корҳои илмию тадқиқотӣ  ва ғояи миллӣ дар доираи фармоишоти давлатӣ ба корҳои илмию татқиқотӣ бино ба ташаккул додан ва муайян намудани лоиҳаҳои фундаменталии мақсаднок ва амалию инноватсионӣ тартиби маблағгузорӣ ҷорӣ гардид.
Барои дар сатҳи баланд ба амал татбиқ намудани корҳои маънавию маърифатӣ, фаъолияти ибратпазир ва меҳнати пурсамарашон дар ташаккули муҳити иҷтимоию маънавӣ ба ходимони мақомоти давлатӣ ва созмонҳо нишони сарисинагии «Маънавият фидоийси» таъсис дода шуд.
Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки кору фаъолияти серпаҳлуе доир ба рушди маънавии ҷамъият, мушкилоте, ки ҳаллу фаслашонро интизоранд, анҷом дода мешаванд.

Истиқболи рушди маънавию маърифатӣ

Имрӯз, бо назардошти талаби замон ва эҳтиёҷи гузоштани пойдевори Ӯзбекистони нав, зарурати ба зинаи нав бардоштани низоми корҳои ҳуқуқие, ки дар соҳа ҷараён доранд, ба миён омадааст. Беҳуда дар стратегияи рушди миллии ба даҳсолаҳои минбаъда пешбинишудаи  Ӯзбекистон ба ислоҳоти маънавию маърифатӣ бахши алоҳида ҷудо карда нашудааст.
Зарурати коркард ва ба амал татбиқ намудани қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маънавияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро алоҳида таъкид намуданиям. Ин дар соҳаи маънавӣ имкони комилан тасаввур намудани суръати дигаргунӣ ва инноватсияҳоро дар ҷараёни бунёди Ӯзбекистони нав медиҳад.
Солҳои охир зарурати ноил гардидан ба самарадории кору фаъолият, муайян намудани самтҳои рушд дар сохтор коркарди «Стратегияи рушди тараққиёти Ӯзбекистон барои солҳои 2022—2032» ва ба таркиби сиёсати давлатӣ табдил додани онро тақозо дорад.
Дар ояндаи наздик бояд доир ба коркард ва ба амал татбиқ намудани маҷмӯи асноди яклухт —  «Кодекси маънавияти ҷамъияти Ӯзбекистон»-е, ки ҳаёт ва тарзи зиндагии тамоми шаҳрвандони мамлакатро дар бахши маънавияту маърифат таҷассум карда бошад, чорабиниҳо андешида шаванд. Биноан, дар ҳамаи минтақаҳо бо иштироки ҷомеаи васеъ, коркарди «Барномаи ҳаракатҳо доир ба оптималитаркунонии корҳои маънавию маърифатӣ дар байни аҳолӣ» ва ба амал татбиқ намудани он, аҳамияти муҳим касб менамояд.
Барои қисми ба низоми таълим фаронагирифтаи аҳолӣ коркард ва ба амал татбиқ намудани лоиҳаи модули фарогири таълиму тарбияи инноватсионии хонишию услубӣ таҳти номи «Стратегияи Ӯзбекистони нав» ба вазифаи дараҷаи аввал табдил ёфт. Бино ба модул, бояд соатҳои тарбиявию хониш, машғулоти амалию маърӯзаҳо, баҳри дар чашми мардум ба фалсафаи ба худ хос табдил ёфтани стратегияи Ӯзбекистони нав, аз тафакури иҷтимоӣ ва хотираи таърихии халқ мустаҳкам ҷой гирифтани он хидмат кунанд. Роҳандозии пайгиронаи кору фаъолияти семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир ба мавзӯи «Вазифаҳои рӯзмарраи таъмини суръати навсозиҳои  ҳаёти маънавию маърифатии ҷамъият» ва баргузории мунтазами машғулотҳои он шояд натиҷаи матлуб диҳад.
Бояд бо ҳамкории созмонҳое, ки бо тарғиботи ислоҳоти маънавию маърифатӣ сарукор доранд, таҳририяти нашриёту рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳамкори онҳо таҳти рукни «Ҳаёти маънавию маърифатии Ӯзбекистон» китоб-албом, рисолаву мақола ва дигар маводи тарғиботиро ба дасти чоп дод, дар маҳалҳо ба самаранокии корҳои тарғиботӣ ноил гардид. Тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳамчунин, бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои коммуникатсионии муосир кушодани веб-сайтҳо доир ба мавзӯи «Ҳаёти маънавию маърифатии ҷамъият» ва тавассути онҳо пайгирона бо забонҳои гуногун пешниҳод кардани маълумот, бобати ҳамаҷониба омӯхтани дигаргуниҳои демократие, ки дар соҳа татбиқ мешаванд ва ташаккулёбии нуқтаи назари солим имконият фароҳам меоварад.
Шубҳае нест, ки ислоҳот ва навсозиҳое, ки ба амал татбиқ мешаванд, бенатиҷа намемонанд. Албатта, дар ин ҷараёни мураккабу серҷанба ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти маънавию маърифатӣ, ки ба тарзи тафаккури одамон вобаста аст, дар як рӯз ба таври автоматӣ тағйир намеёбад. Барои сари по истодани тафаккур ва сохтори нави маънавии ҷавобгӯ ба ниёзҳои иҷтимоию сиёсии даврони муосир бошад, фурсати роҳи дурустро интихоб намудан. вазифаҳои дар барномаи пешазинтихоботии номзади O`zLiDeP — Шавкат Мирзиёев пешбинишударо иҷро кардан фаро расидааст.

Қиём НАЗАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: