СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ БА АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ПЕШНИҲОД КАРДА ШУД

Дар ситодхонаи СММ воқеъ дар Ню-Йорк аввалин машваратҳои мавзӯии Ассамблеяи Генералӣ бахшида ба муҳокимаи маърӯзаи пештар паҳншудаи котиби генералӣ Антониу Гутерриш «Рӯзномаи умумии мо» оғоз ёфтанд.

Маърӯзаи котиби генералӣ барномаи амалиётест, ки бояд саъю кӯшишҳои байналхалқиро бобати тезондан ва дар ҳаҷми пурра татбиқ сохтани Ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030-юмро дар бар гирад. Ҳуҷҷати мазкур назари стратегии роҳбари СММ нисбат ба ҳамкориҳои минбаъдаи ҷаҳонӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти мунтазами бисёрҷанбаро инъикос мекунад.
Дар чорабинӣ котиби генералии СММ Антониу Гутерриш, раиси иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералии СММ Аҳмад Шаҳид, ҳамчунин намояндагони доимии давлатҳои аъзои созмон иштирок карданд.
Котиби генералии СММ изҳороти худро, ки дар ҷараёни пешниҳоди маърӯзаи «Рӯзномаи умумии мо» моҳи сентябри соли 2021-ум баён дошта буд, хотиррасон кард: ҷаҳон дар пеши интихоботи қатъии байни сенарии фоҷиавии рушди шиддат, бад гардидани ҳолати муҳити атроф, холигоҳи иқлим ва имконияти баромадан ба ояндаи бехавфу осуда қарор дорад.
Роҳбари СММ иттилоъ дод, ки ният дорад моҳи сентябри соли равон Ҳамоишро бобати навсозии низоми таълим даъват намояд. Бинобар маълумоти ӯ то пандемия беш аз 260 миллион кӯдакон ба мактаб намерафтанд, нисфи тамоми бачагони 10-сола дар кишварҳои инкишофёбанда наметавонистанд ҷумлаи оддиро хонанд. Буҳрони соҳаи таълим эътибори ҷиддии ҷомеаи байналхалқиро тақозо дорад.
Дар доираи чорабинӣ Намояндаи доимии кишвари мо дар назди СММ, сафир Бахтиёр Иброҳимов иштирокдорони машваратро бо дастурҳои асосии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026, ки ба мақсад ва вазифаҳои ҳуҷҷати барномавии котиби генералии СММ «Рӯзномаи умумии мо» мувофиқат мекунад, шинос кард.
Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёс ва фарогири иҷтимоӣ идома доранд, ки бояд накӯҳолии минбаъдаи аҳолӣ ва муваффақшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устуворро таъмин кунанд.
Зикр шуд, ки Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки бо ташаббуси роҳбари давлат қабул гардид, 7 самти асосиро дар бар мегирад. Ба баланд бардоштани шарафи инсонӣ, мустаҳкам кардани равандҳои адолат ва қонун, таъмин сохтани баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, афзудани фаъолнокии ҷамъиятию сиёсии онҳо эътибори махсус дода мешавад. Изҳор шуд, ки стратегия такмил додани ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон, барои рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо фароҳам овардани шароит, имконият ба гирифтани таълими босифат ва шуғли заруриро пешбинӣ менамояд.
Садоқати Ӯзбекистон ба ҳамкории қарини минбаъда бо СММ ва дигар давлатҳои аъзо бобати бомуваффақият татбиқ намудани Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, дастурҳои мувофиқшудаи барномаи амалиёти «Рӯзномаи умумии мо» ба мақсади бунёди ояндаи устувортар ва инклюзивӣ, ки ҳеч кас фаромӯш нашавад, таъкид шуд.

АИ «Дунё», 
шаҳри НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: