СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ТАҲКУРСИИ РУШДИ МИЛЛӢ

Солҳои охир дар натиҷаи ислоҳоти ба амал татбиқшудаистода иқтисодиёти мамлакат имкониятҳои зиёде фароҳам оварда мешаванд, ки аз рушди босуръати иқтисодиёти Ӯзбекистон далолат медиҳад.

 Президент Шавкат Мирзиёев ба мақсади таъмини ислоҳоти пайгирона фармонро «Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» ба имзо расонд, ки дар он ислоҳотҳои нав акси худро ёфтааст. Бо ин ҳуҷҷат барномаи давлатӣ оиди Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва татбиқи он дар «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол», ки тибқи тамоюли «Аз стратегияи ҳаракат  – ба сӯйи стратегияи тараққиёт» коркард шудааст, тасдиқ гардид.
Дар стратегияи рушд барнома ва нақшаҳои наве, ки рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад, пешбинӣ шудаанд. Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав аз ҳафт самт иборат буда, самти сеюми он нақшаҳои рушди иқтисодиёти мамлакатро дар бар мегирад.
Дар он рушд ва афзоиши баландсуръати иқтисодиёти мамлакат аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбад. 
Дар чаҳорчӯби вазифаҳои муайяншуда:
– Дар доираи таъмини устувори иқтисодиёт чораҳо оиди кам кардани инфлятсия дар соли 2022 то 9 фоиз, дар соли 2023 5 фоиз ва норасоии фискалӣ то 3 фоиз андешида мешаванд. Баробари ҳамин, дар бонкҳои тиҷоратие, ки давлат низ аз он саҳмдор аст, ҷараёни трансформатсия ба охир расида, то охири соли 2026 дар активҳои банк саҳми секторҳои хусусӣ то ба 60 фоиз расонда мешавад.
Аз соли 2023 ставкаи арзиши андози ҷамъшуда 12 фоиз, ставкаи андози фоидаи банк, молия, телекоммуникатсия ва дигар самтҳои соҳибкорӣ то ба 15 фоиз коҳиш дода мешавад. То соли 2026 тавассути фаъол ҷорӣ кардани технологияҳои «иқтисодиёти сабз» ба ҳамаи соҳаҳо баланд бардоштани самаранокии қувваи иқтисодиёт ба 20 фоиз ва кам кардани ҳаҷми газҳои зараровар ба ҳаво ба 20 фоиз чораҳо андешида мешаванд.   
Роҳбари давлат ҳамаи имкониятҳои сохтори идоракунии давлат ва ҷамъиятро бо қувваи бузург ва иштиёқи баланд ба ҳамин мақсади нек сафарбар карда истодааст.
Тамоюли мазкур на танҳо ба ҳаллу фасли пайгиронаи мушкилоти иҷтимоии мавзеъҳо, балки ба фароҳам овардани  шароит ба баробарии ҳуқуқу имкониятҳо низ хидмат мекунад.
Дар самти аввали стратегияи рушд пурзӯр гардондани нақши ҳизбҳои сиёсӣ ва парлумон дар муайян кардани ислоҳоти демократӣ ва модернизатсияи мамлакат, рушди асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ дар хидматҳои давлатӣ, ба амал татбиқ намудани механизми назорати ҷамъиятӣ ва пурзӯр гардондани нақши ВАО ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.
То соли 2026 ба ду баробар кам кардани камбизоатӣ тавассути бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, аз тарафи давлат бепул омӯзонидани ҷавонон ва шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунари малаканок, рушди соҳибкории оилавӣ, дастгирии оилаҳои камбағал дар назар дошта шудааст. 
Чунин чорабиниҳо аҳамияти калони таърихӣ доранд. Ноилшавӣ ба ин натиҷаҳо аз пурсамар ба амал татбиқ гардидани ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат дарак медиҳад. Яъне ба ду баробар коҳиш ёфтани камбағалӣ кафолати афзоиши ҳақиқии ҳамаи соҳаҳо мебошад. Дар стратегияи рушд ба мақсади ба зинаи нав бардоштани таъмини шуғли доимии бонувон, пурзӯр гардондани нуфуз ва мавқеи онҳо дар идоракунии ҷамъият ва давлат, шароит  фароҳам овардан барои ошкор гардидани иқтидори онҳо, баробарии гендерӣ, ҳифзи оила, модар ва кӯдак қабули барномаи миллӣ ба назар гирифта шудааст. Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ба зинаи нави рушди миллӣ оғоз мебахшад. Стратегия дар асоси тамоюли нави «инсон – ҷамъият – давлат» ташаккул меёбад.
Мувофиқи талаби замон афзоиши баландсуръати рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмини устувори макроиқтисодиёт, паст кардани сатҳи инфлятсия, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, ба амал татбиқ намудани вазифаҳо доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии маҷмӯии мавзеъҳо рушди иқтисодии мамлакатро ба зинаи нав мебарорад.
Ӯзбекистон аз ҷумлаи мамлакатҳое ба шумор меравад, ки дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар ҳамаи самтҳо амалӣ мешаванд, ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардад.
Ин дигаргуниҳои бузурги мусбат аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ эътироф мегардад ва мамлакатамон соҳиби нишондиҳандаҳои баланди рейтингӣ мегардад. Ҳамаи ин натиҷаи коркарди дурусти стратегия ва сиёсати иқтисодии нав буда, дуруст будани роҳи интихобнамудаамонро дар ҷодаи тараққиёт собит менамояд.

Фирӯза 
РАҲМАТУЛЛОЕВА,
дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро,
номзади илмҳои иқтисодӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: