СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ: АЗ АҲОЛӢ ПАРДОХТИ ИЛОВАГӢ СИТОНИДА НАМЕШАВАД

Ҷомеаи солим, тандурустии аҳолӣ мақсади стратегии давлат, яке аз шартҳои муҳими бехатарии миллӣ ба шумор меравад.

Зеро танҳо инсони солим метавонад ба оянда бо нигоҳи умед назар кунад ва якҷоя бо оилаи худ баҳри ободии ватан талош намуда, ғояҳои нав ба навро дар ҳаёт татбиқ созаду дар пешрафти кишвар саҳм гузорад.

Аз ин рӯ, дар мамлакатамон  дар қатори дигар соҳаҳо, бобати такмилдиҳии низоми ҳифзи тандурустӣ ва куллан беҳтар намудани он як қатор фармону қарорҳои Президент имзо мегарданд. Дар замири ин ҳама танҳо як мақсад – роҳ ёфтан ба дили нафароне, ки нияти шифо доранд, ташкили хидмати босифати тиббӣ, бартарафсозии монеаҳои бюрократии система ниҳон аст.
Агар ба рақамҳо эътибор диҳем, аён мегардад, ки дар ҳафт соли охир маблағҳои ба соҳа ҷудошуда ба таври назаррас афзудааст. Танҳо дар соли 2024 аз буҷет ба соҳаи тиб ҷудо кардани 33,4 триллион сӯм пешбинӣ гардида, ин рақам нисбат ба соли 2016 шаш маротиба бештар аст.
Дар натиҷаи ин ҳама саъю кӯшишҳо хидматрасонии тиббии босифат,  самаранок  ва мусоид ба аҳолӣ афзуд. Шабакаи муассисаҳои табобатӣ васеъ гардида, хизмати тиббӣ ба мардум боз ҳам наздиктар шуд. Поликлиникаҳои оилавӣ ва бунгоҳҳои шифокории оилавии нав ташкил ва дар бахши ибтидоӣ системаи комилан нави профилактикаи тиббӣ ва хизмати патронажӣ ҷорӣ гардид.
Инчунин, бобати мустаҳкамсозии саломатии репродуктивии аҳолӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдакон як қатор барномаҳои миллии мақсаднок амалӣ  шуданд. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳое, ки ба модару кӯдакон хизмат мерасонанд, Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии саломатии модар ва кӯдак ва 14 филиали он ташкил мегардад.
Маҳз ба туфайли чунин эътибору ғамхориҳо ба саломатӣ ва некуаҳволии мардум, дар маҳалла ва ҳатто дар хонадонҳо хидматрасонии тиббӣ-санитарӣ роҳандозӣ гардида, сифати хидмати тиббӣ дар марказҳои табобатӣ беҳтар шуд ва ҳоло аҳолӣ доруҳои аввалиндараҷаи заруриро метавонанд аз бахши ибтидоии тиббӣ дастрас намоянд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи чорабиниҳое, ки дар низоми ёрии таъҷилӣ ва зудамали тиббӣ татбиқ мегарданд, ҳамасола дар муассисаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ зиёда аз 900 ҳазор нафар беморон ба таври статсионарӣ табобат карда мешаванд. Инчунин, беш аз 1 миллион нафар беморон ёрии амбулатории тиббӣ мегиранд. Умуман гирем, аз ҷониби хидмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар як сол барои иҷрои қариб 13 миллион даъватҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам шудааст. 
Бояд гуфт, ки чунин эътибору ғамхориҳо ба ин соҳа беҳуда нест. Чунки дар бахши ибтидоӣ мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ, саривақтӣ ошкор ва табобат кардани беморӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, ислоҳотро дар ин самт пас аз омӯхтани талабот ва эҳтиёҷоти мардум, бахусус аҳолии минтақаҳои дурдаст зина ба зина амалӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад. 
Чанде пеш Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми шиносоӣ бо тақдимоти такмилдиҳии бахши ибтидоии системаи ҳифзи тандурустӣ, инчунин, ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртаи тиббӣ, ба ин масъала диққат дода, вазифаҳои устувори самтро муайян кард.
Тавре зикр гардид, яке аз ислоҳоти муҳими соҳаи тандурустӣ – суғуртаи тиббӣ мебошад. Дар ин бобат корҳои муайян оғоз ёфта, аллакай омодагӣ дида шудааст. Бахусус, аз 1 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд ва вилояти Сирдарё, аз 1 январи соли 2025 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон роҳандозӣ намудани системаи суғуртаи давлатии тиббӣ пешниҳод гардидааст.
Бо ин мақсад, то охири соли 2024 ҷорӣ намудани системаҳои ахбории «Поликлиникаи электронӣ» ва «Шифохонаи электронӣ», бозомӯзии кадрҳои тиббӣ аз рӯйи тарзи истифодаи онҳо, бо техникаҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои системавӣ таҷҳизонидани муассисаҳо дар назар аст, ки ин ҳама аз ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистони Нав, бахусус, аз эътибор ба саломатии мардум гувоҳӣ медиҳад.
Аҳамияти ин система дар он аст, ки минбаъд дар соҳаи тиб усулҳои маблағгузорӣ вобаста ба натиҷа амалӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, хидматрасонии тиббӣ ва таъмини доруворӣ дар доираи суғурта аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сурат мегирад ва аз аҳолӣ маблағи иловагӣ ситонида намешавад. 
Хулоса, ҳоло мардум натиҷаи ислоҳотеро, ки дар соҳаи тандурустӣ амалӣ мегардад, дар ҳаёти рӯзмарра, зиндагонии худ эҳсос ва дар ҳар қадам эътироф мекунанд. Саривақтӣ иҷро намудани вазифаҳои муайяне, ки дар рафти тақдимот муқаррар гардиданд, аз мо, депутатҳо низ якдилӣ ва фаъолиро талаб мекунад. Воқеан, барои инсон сарвате бартар аз саломатӣ нест ва моро зарур аст, то инро дар байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон, зану духтарон васеъ тарғиб намоем. 

Музаффара АБДИЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: