Солҳои охир таҳти роҳбарии сарвари давлатамон ба куллан ислоҳ сохтани низоми суд эътибори алоҳида дода мешавад.
Таҷрибаи бемӯҳлат таъин намудан ва вазифаҳои судя ҷорӣ карда шуд, ки дар ҳаёти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳодисаи муҳимест. Дар асоси ин кафолатҳои мустақилии судяҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон пурзӯр гардонда шудаанд. Ин боз маънои онро дорад, ки суд ҳамеша бояд халқпарвар бошад ва ҳукми адолатнок барорад. Барои таъмин кардани шаффофияти фаъолияти мо судяҳо, бо ба назар гирифтани фикру ақидаи ҷомеа ҳангоми қабул кардани қарорҳо диққату эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба ин муносибат танҳо соли ҷорӣ 164 маротиба ҷамъомадҳои сайёри суд баррасӣ гардиданд. Шояд аксарият хуб медонанд, ки пештар қариб 80-90 фоизи парвандаҳои ҷиноӣ барои тафтишоти такрорӣ баргардонида мешуданд. Ҳоло ин ҷараён содда шудааст. Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки мо ҳукмҳои сафедкунанда низ қабул мекунем. Бо мақсади таъмин кардани қонуният ва адолати ҳар як ҳукм амалиёти ба назар гирифтани фикру ақидаи ҷомеа ба кор монда шудааст. Дар асоси кафилии ҷамоатӣ шаҳрвандони маҳалла ба маҳкумшудагон дар бисёр ҳолатҳо ҷазои ба аз озодӣ маҳрум накардан алоқаманд таъин карда мешаванд, ки ба шахси гунаҳкор боз як имконияти ба роҳи дуруст баргаштан аст. Бо қаноатмандии пурра гуфтан мумкин аст, ки Қонуни Асосӣ намунаи равшани тафаккури сиёсиву ҳуқуқии халқамон, кафолати истиқлолият, ҳаёти озод ва фаровон, такягоҳи мустаҳками бунёд намудани давлати демократии ҷамъияти шаҳрвандист. Ва суди одил пойдевори накӯкорӣ мебошад.
Даврон НУРАЛИЕВ,
судяи суди оид ба корҳои ҷиноии ноҳияи Самарқанд.