Шаҳрванд И. Ҳасанов 18 сол аст, ки дар хонаи рақами 34-уми ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчлик»-и шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд зисту зиндагонӣ мекунад.
Тамоми пулҳои коммуналӣ ва пардохтҳои дигарро саривақт месупорад. Вале ӯ хеле дар ғазаб аст. Барои чӣ?
– Дар оилаи мо 16 нафар ҳастанд, – мегӯяд вай. – Дар ин хонаи дуҳуҷраи рақами 16-ум аз соли 2000-ум инҷониб зиндагӣ дорем. Баъди ду соли зисти мо соҳибхоназан вафот кард. Меросхӯронаш набуданд. То ҳол дар ҳамин манзил зиндагӣ дорем ва тамоми пулҳои коммуналиву пардохтҳои дигарро сари вақт месупорем. Мушкилот дар он мебошад, ки ҳангоми муроҷиат ба суди шаҳрӣ, бо хоҳиши мулки хусусӣ кардани ин ҳуҷра, он моро ба ҳокимият сафарбар намуд, ҳокимият бошад, боз ба суд равона кард. Хулоса, муроҷиати ман ҳеҷ ҳаллу фасл намешавад, дар байни ду ташкилот чун моку равуо дорам...
Аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Тошканд, ки аз шаҳрвандонашон бисёр муроҷиатҳои муаммовӣ мерасанд, судҳои сайёр баргузор карда мешаванд.
Дар ҷараёни қабулҳои сайёр, ки аз ҷониби судяҳои суди олӣ, судҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ дар қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд, муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ ва мувофиқи тартиби дахлдор ҳаллу фасл мегарданд.
– Солҳои охир дар мамлакати мо низоми куллан наву самарабахши кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ ба роҳ монда шуд, – мегӯяд судяи Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини коллегияи суд оид ба парвандаҳои ҷиноӣ И. Муслимов. – Натиҷаҳои ислоҳотро метавон дар фаъолияти қабулгоҳи виртуалии Президент ва қабулгоҳҳои халқӣ дар маҳалҳо мушоҳида кард. Ба роҳ мондани судҳои сайёри ташкилоти масъул омили муҳими ҳаллу фасли самарабахши муроҷиатҳои шаҳрвандон мегарданд. Дар нимаи аввали соли равон аз ҷониби роҳбарияти Суди олӣ ва судяҳо дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳои мамлакатамон баргузор кардани қабулҳои сайёр пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоте, ки дар даст дорем, дар ҷараёни қабулҳои сайёр беш аз 330 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон омӯхта шудаанд, ки тақрибан 130 адади онҳо оид ба корҳои ҷиноӣ, зиёда аз 150-тоашон доир ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, 50 ададашон вобаста ба парвандаҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Бинобар омӯзиши муроҷиати беш аз 300 шаҳрванд корҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқӣ, оид ба 31 муроҷиат барои баррасӣ дар Суди олӣ ариза қабул карда шуд.
Авазбек ХУДОЙҚУЛОВ,
хабарнигори ӮзА.