СӮХ ДАР ОЯНДА НАМОИ ДИГАР КАСБ ХОҲАД КАРД

Дар бораи рӯйдодҳои 31 майи соли равони ноҳияи Сӯх манбаъҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ маълумоти зиёд нашру пахш карданд.

Дар бораи рӯйдодҳои 31 майи соли равони ноҳияи Сӯх манбаъҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ маълумоти зиёд нашру пахш карданд. Аммо ба далели пандемияи коронавирус роҳи байни Сӯху Фарғона баста буд ва ягон хабарнигор имкони ба ҷои ҳодиса рафтанро надошт. Барои ҳамин ҳар як расонаву нашрия танҳо бо такя ба маводе матолиб пахш менамуд, ки тавассути телефон ё наворҳои видеоӣ ба даст омадаанд.
Бояд тазаккур дод, ки сабаб ва омилҳои сар задани ин низоъ ба тарзи гуногун баррасӣ шудаву ин раванд ҳамон гуна идома дорад. Дар ҳар сурат, яке аз омилҳои нахустини рӯйдоди миёни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва деҳаи Чечмаи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Боткенти Қирғизистон аз талош барои оби чашма маншаъ гирифтааст. 
Гузашта аз ин, низоъи барои об шурӯъшуда доман фарох намуд ва мардуми зиёди ноҳияи Сӯх ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. 
Сарвазир Абдулло Арипов тибқи дастури Президент ба ноҳия рафт. Вай аввал бо мақомоти марбутаи ҷониби Қирғизистон дар робита ба ҳодисаи рухдода вориди гуфтушунид шуд ва ҷонибҳо мардуми ду самти марзро ба сулҳу оромиш даъват карданд. 
Баъд Сарвазир бо мардуми ноҳия мулоқоти ошкоро барпо кард. 
А. Арипов ба суханони сокинони ноҳия гӯш дод. Намояндагони Девони Вазирон ва идораҳои давлатӣ ба қайди масъалаҳои дармиёнгузоштаи мардум машғул шуданд.  Дарвоқеъ, одамон бештар аз он ҳарф мезаданд, ки кадом мушкилот онҳоро азият медиҳад ва дар қадами аввал ҳаллу фасли кадом масъалаҳо ногузир мебошад.
Талаби мардум асосан кушодани роҳи Сӯх – Риштон, Сӯх – Яйпан ва даҳлези хос барои равуои озод аз тариқи марзи Қирғизистон иборат буд. Сарвазир изҳор кард, ки маҳз ҳамин масъалаҳоро Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳурӣ бо ҷониби Қирғизистон муҳокима мекунад ва боварӣ дорад, ки дар ояндаи наздик кушодашавии ин роҳҳо чандон мушкилоти ҷиддӣ эҷод нахоҳад кард. Ба гуфтаи Арипов кушодани коридори махсус масъалае мебошад, ки миёни ду сарвари давлат ҳаллу фасл мегардад.
Ҳоло таҳти раёсати Сарвазир тамоми  мушкилот омӯхта мешавад ва пешниҳоди зиёд ироа мегарданд. Қарор гаштааст, ки ноҳияи Сӯх дар маҷмӯъ ривоҷ дода шавад ва давлат барои иҷрои ин кор 500 миллиард сӯм ҷудо намояд. Ҳамчунин интизор меравад, ки барои мардуми ноҳия 11 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шавад. 98 лоиҳа барои татбиқ мадди назар мебошад ва он ривоҷ додани соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасониро фаро хоҳад гирифт.
Дар ноҳия тағйироти кадрӣ ба  вуҷуд омад. Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ Сайидбаҳром Сайидмӯсоев ҳокими ноҳия, мудири қабулхонаи халқӣ Маъмурҷон Ботиров ҷонишини якуми ҳоким, мудири кафедраи Институти такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои омӯзишу парвариши вилоят Бобосодиқ Латипов ҷонишини ҳоким оид ба коҳиши камбизоатӣ ва сиёсати ҷавонон таъин гардиданд. Ҷонишини якуми сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд Қосимҷон Раҳимбердиев мақоми сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро ишғол кард.  
– Ҳукумат аз андози молу мулк озод намудани шахсони ҷисмониро барои як сол ҷорӣ карданист. Ҳамзамон ставкаи андози соҳибкорони зиёд ба ду карат коҳиш дода мешавад, обёрии ҳазор гектар замини таҳти кишт беҳбуд хоҳад ёфт. Шуъбаҳои иттиҳодияи тиббии ноҳия, шифохонаи бемориҳои сироятӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва реанимобил таъмин карда мешавад, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо ва объектҳои иҷтимоӣ саросар мавриди тармим қарор мегиранд,– мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Дар донишгоҳҳои давлатии водии Фарғона дар соли хониши 2020-2021 аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ ва коллеҷу литсейҳо 500 нафар ҷой ҷудо карда мешавад. Гузашта аз ин, 1300 квота барои ҷавондухтарони сӯхӣ ҷудо карда шуд, ки 800 нафар аз тариқи грант дар донишгоҳҳо бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора ҷонишини Сарвазир Беҳзод Мӯсоев низ тайи як брифинги онлайнӣ барои хабарнигорон маълумоти муфассал ироа намуд.
– Мувофиқи супориши сарвари давлат соли равон ҷавондухтарони оилаҳои камбизоат ва фарзандони маълӯлон бо грант ба донишгоҳҳо қабул карда мешаванд. Ҳоло барои иҷрои ин кор низоми хос мавриди таҳия қарор гирифтааст ва дар ояндаи наздик тартиби қабулро эълон хоҳем кард,– гуфт Беҳзод Мӯсоев. 
Ҳайати махсуси ҳукуматӣ, ки аз вазирон ва роҳбарони идораҳо ташкил ёфтаанд, вазъияти ноҳияро пайваста меомӯзанд. Яке аз натиҷаҳои ин омӯзиш коҳиши бекорӣ мебошад. Бар ҳамин асос 8 июн 230 нафар ҷавонмардон аз тариқи марзи Қирғизистон ба шаҳри Фарғона омаданд. Онҳо аз он шумори аҳолии ноҳия мебошанд, ки дар шаҳрҳои Русия ба мардикорӣ машғул мешуданд. Онҳо дар сохтмонҳои шаҳри Тошканд кор мекунанд.
Дар муддати даҳ рӯзи охир таваҷҷӯҳ ба ноҳия беш аз пеш меафзояд. Сокинони он аз ин таваҷҷӯҳи сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ хеле сарфарозанд. 
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия мегӯяд, ҳар як сектор дар ин рӯзҳо қабули сайёрро ба роҳ мондааст. Ба ин секторҳо намояндагони идораҳои давлатӣ низ шомил карда шудаанд, ки аз шаҳрҳои Тошканду Фарғона омадаанд. Онҳо ба ҳар як муроҷиати мардум ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва дар ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои фаврӣ меандешанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар як ҳафтаи охир бештар аз якуним ҳазор хонаводаи сӯхӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ба таври мисол, дар ҷамоати шаҳрвандони Сарибозорча бо аъзои 145 хонавода суҳбату мулоқот доир гардидааст ва 56 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. 
Ҳамчунин сектори севум ҷамоатҳои шаҳрвандони Ҳушёр, Қизилқиёқ, Қақир, Себзор ва Шарқободро муттаҳид намудааст. Дар ин мулоқотҳо 260 муроҷиат расида 16-тои он ҳаллу фасл шудааст. 104 нафар бекорон ба рӯйхат гирифта шудаанд. Аммо мушкилоти асосии сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони Ҳушёр, Қақир, Себзор ва Қизилқиёқ оби ошомиданӣ ва обёрӣ арзёбӣ шудааст. 
Чунин мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолии секторҳои боқимонда низ сурат гирифтааст ва мушкилоти мардуми он мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шудаанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия дар ин рӯзҳо ҳамвор кардани роҳҳо, аз зери замин кашидани оби нӯшокӣ, тармиму таъмири объектҳои иҷтимоӣ ва амсоли он бо суръати баланд идома дорад.  
Аҳадбек Ҳайдаров – ҷонишини вазири молияи кишвар гуфтааст, ки барои реконструксияи роҳҳои дохилии ноҳия аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо карда мешавад ва тармиму ҳамворкунии ин роҳҳо тавассути бетонрезӣ анҷом хоҳанд дод. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин корҳо меҳнати зиёдро тақозо менамояд ва дар ин самт бевосита аз нерӯи кории сокинони ноҳия истифода хоҳад бурд. 
– Ба ин васила тақрибан ҳазор нафар бекорон ба кор ҷалб карда мешаванд ва соҳиби маош мегарданд,– гуфтааст Аҳадбек Ҳайдаров. 
Овардани ҳарфҳои самимии Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба вилояти Фарғона хеле бамавқеъ мебошад:
– Дунёро дида истодаед, ки то чӣ андоза бесубот аст. Врқеаҳо рӯзмарра, соат ба соат тағйир меёбанд. Таҳлили рӯзи гузашта барои имрӯз дуруст намеояд. Дар мулоқоти соли гузашта балои пандемия вуҷуд надошт. Омадани чунин балоро касе тасаввур намекард.
Сарвари давлат афзуд, ки пинҳон кардани ҳақиқат ба манфиати кор нест. Дигаргуниҳо зиёданд, вале ин дигаргуниҳо ҳанӯз моро қонеъ  намегардонанд.  
– Соли вазнин омад, санҷишҳои калонро паси сар мекунем... Як нуктаро бояд донем, ки дар 3-4 соли охир бо дӯстону бародарон, ҳамсояҳои қирғизамон корҳои зиёдро ба сомон расонидем. Фикр мекунам, ки дӯстиву бародарӣ ва хешу табориамон давом мекунад. Ин ҳодисаҳои ноҷоя набояд ба дӯстиамон, равуои тарафайн, ба иҷрои нақшаҳои фардоямон таъсири манфӣ расонанд. Бо Президенти Қирғизистон, муҳтарам Сооронбой Шарипович аз тариқи телефон суҳбат кардам ва ҳамаи масъалаҳо баррасӣ шуданд. Мо ба тавофуқ расидем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай афзуд, ки мардум босабру таҳаммул бошанд, зеро суботу барқарорӣ барои ояндаи фарзандонамон хеле зарур ва муҳим мебошад. Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев мушкилоти 50-соларо дар 3 сол ҳаллу фасл кардан имконнопазир аст. 
– Сӯх дар ояндаи наздик намои дигар касб хоҳад кард. Барои гуфтани ин ҳарфҳо далел дорам. Ягон вақту замон ба Сӯх ин теъдоди роҳбарони идораҳои давлатӣ наомадаанд. Ҳоло дар тамоми ҷабҳаҳо кор ҷӯш мезанад, навигарӣ аз паси навигарӣ ба вуқӯъ мепайвандад, – мегӯяд хушҳолона Носирхӯҷа Каттахӯҷаеви 94-сола. – Бояд мардуми ноҳияи Сӯх ба қадри чунин таваҷҷӯҳи сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ бирасанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: