СӮХ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

  • СӮХ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО
  • СӮХ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

1. Ба ҷои муқаддима

Ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии ҳамҷавори Қирғизистон воқеъ гаштааст. Барои ҳамин дар айни ҳол ин ноҳия барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳудуди эксклав маҳсуб меёбад. Мардуми он аз тариқи гузаргоҳҳои Риштон-Қайтмас ва Водил-Қадамҷо ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ равуо мекунанд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик боз як гузаргоҳи дигари байни ду кишвар боз хоҳад шуд ва  равуои шаҳрвандони ду кишварро сода хоҳад кард. 
Бо вуҷуди дар чунин минтақаи дурдаст воқеъ гаштани ноҳияи Сӯх шаҳраку рустоҳои он куллан намои тоза касб намудаанд. Ба ин қабул шудани қарори Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021» боис шудааст. 
Дар қарори мазкур ривоҷ додани тамоми соҳаҳо мадди назар буд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, пуштибонӣ аз соҳибкорӣ, ривоҷи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ, тармими роҳ ва беҳбуди кори нақлиёт, фароҳам овардани шароити беҳтари манзил барои аҳолӣ, рушди корҳои ободу зебогардонӣ, таъмини базаҳои моддӣ-техникии соҳаҳои таълими халқ ва тандурустӣ, таъмини бекорон бо шуғл ва амсоли он маҳз дар қарори Президент зикри худро ёфтаанд.
– Агар ба гузаштаи чанд соли муқаддам назар афканем, мебинем, ки баъди имзо ва судури ин қарор бошандагони ноҳияи Сӯх аз супурдани андози молу мулк ва замин озод  шуданд, майдони ҳавоӣ сохта шуда, ҳавопаймоҳои кучак дар хати сайри Фарғона-Сӯх ва Сӯх-Фарғона мардумро бо нархи арзон аз як манзил ба манзили дигар интиқол медиҳанд. Ҳатто барои аҳолии ноҳияи Сӯх дар ноҳияҳои Ёзёвон, Қӯштепа, Бағдод, Риштон ва Бувайдаи вилоят барои шуғл ба кори деҳқонӣ ҷудо кардани замин дар қарори мазкур сабт ёфтааст, – гуфт зимни суҳбат ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев. – Дар муддати кӯтоҳ корҳои назарраси ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд. Роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд, барои обёрии киштзори аҳолӣ ва оби ошомидании мардум чанд насоси обкаши барқӣ насб гардиданд ва ин раванд ҳанӯз идома дорад. Бо иқдоми Президент Шавкат Мирзиёев 500 нафар ҷавонони сӯхӣ, ки мактабҳои таълимоти умумӣ ва литсею коллеҷҳои касбу ҳунарро ба забони тоҷикӣ хатм кардаанд, бидуни пардохти пули шартномавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шуданд. 
– Бисту шаш ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияи Сӯх 83 ҳазору 900 нафар аҳолиро муттаҳид намудаанд, ки 41 ҳазору 451 нафарро захираҳои меҳнатӣ ташкил мекунанд. Ҳудуди 99,7 ҳиссаи ин аҳолӣ аз мардуми тоҷиктабор, як қисми дигар аз мардуми қирғизтабор ва ӯзбекҳо, инчунин намояндагони миллатҳои дигар, мисли русу тоторҳо иборатанд,– иброз дошт ҳокими ноҳия. 
Гуфта шуд, ки аз муассисаҳои омӯзишу парвариш 29 мактаби таҳсилоти умумӣ ва ду мактаби тахассусӣ фаъолият мекунанд, ки ҳудуди 12 ҳазор фарзандони мардуми ноҳияро ба таҳсилу тарбия фаро гирифтаанд. Ба онҳо дастикам се ҳазор омӯзгорон сабақ медиҳанд. Дар радифи мактабҳои таҳсилоти миёна ду литсейи академикӣ мавҷуд буда, шогирдони он аз рӯи барномаи хос таълиму тарбия мегиранд, то ки дар оянда ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шаванд. Ду коллеҷи касбу ҳунар барои ноҳия омӯзгорон ва тарбиячиён, кишоварзон ва механизаторони соҳаи кишоварзӣ, инчунин ронандагони категорияҳои гуногунро тайёр мекунанд. Теъдоди талабагони он наздики 550 нафар мебошад. 
Дар шифохонаи марказии ноҳия шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунӣ, шуъбаи баҳушоварӣ, шуъбаҳои кӯдакона,  бемориҳои сироятшаванда,  духтури дандон, «Ёрии таъҷилӣ», зоишгоҳ ва амсоли он ба мардум  хидмат мерасонанд. Инчунин дар поликлиникаи назди шифохонаи марказӣ шуъбаҳои гуногуни тиббӣ фаъолият мекунанд, ки ба муоина ва муолиҷаи беморон машғуланд. 
– Танҳо дар панҷ соли охир дигаргуниҳои ноҳияи Сӯхро метавон баробари панҷоҳ соли пеш арзёбӣ намуд. Зеро дар ин муддат барои идораҳои давлатӣ чандин иншоот барпо гардиданд, ба манзури беҳбуди соҳаи таълими томактабӣ ва таҳсилоти миёна биноҳои иловагии замонавӣ сохта шуданд, ки бо анҷом ва таҷҳизоти лозима таъмин мебошанд, – зикр намуд Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.   
Ба таъкиди ҳокими ноҳия фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд, ки Президенти мамлакат пешбинӣ намудааст. Вай мегӯяд, дар доираи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ» мақомоти роҳбарии ноҳия як қатор чорабиниҳои муҳимро таҳти татбиқ қарор додаанд, ки таъмини назорати он бар дӯши ӯ мебошад.
2. Семоҳа ҷамъбаст ва вазифаҳои навбатӣ муайян шуданд 

Бар асоси маълумоти ҳокимияти ноҳия  аз ҷамъи аҳолии ноҳия дар айни ҳол 29 ҳазору 896 нафар бо шуғл таъмин карда шудаанд. Дар бахши расмӣ 11 ҳазору 689 нафар, дар бахши ғайрирасмӣ 13 ҳазору 247 нафар машғули кор мебошанд. 
Аммо 2 ҳазору 457 нафар ё 7,6 фоизи сокинони ноҳияро сафи бекорон ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда дар аввали соли ҷорӣ 9,3 фоизро ташкил менамуд ва сол аз сол рӯ ба коҳиш хоҳад овард.
– Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи таъсиси ҷойҳои нави кор ва барномаи дастгирии шуғли аҳолӣ» барои бо кор таъмин намудани 9 ҳазору 32 нафар дар тамоми соҳаҳо нақшаҳо тасдиқ карда шуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ – 708 нафар, дар соҳаи хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ –5 ҳазору 200 нафар, дар соҳаи кишоварзӣ – 2 ҳазору 843 нафар ва дар соҳаи сохтмон 281 нафар бояд бо кор таъмин карда шаванд, – гуфт Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо ҷои кор таъмин намудани 2 ҳазору 617 нафар сокинони шаҳраку рустоҳои ноҳияро барномарезӣ карда будем, ки ба ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ҷалб карда шаванд. Аммо дар амал теъдоди ба кор таъминшудагон бештар аз 3 ҳазору 150 нафарро ташкил дод, ки боиси сарфарозӣ мебошад, – тазаккур дод С. Сайидмӯсоев.

3. Дастгирии муҳоҷирони корӣ – масъалаи муҳими рӯз

 Иҷрои қарори Президенти мамлакат таҳти рақами 59 аз 4 апрели соли 2024 «Дар бораи такмили равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва чораҳои иловагии дастгирии шахсони машғул ба кори муваққатӣ дар хориҷа» аз масъалаҳои басо муҳими рӯз барои мардуми ноҳия хонда шуд. Дар ин робита барои шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар хориҷа кор карданро доранд, як қатор имтиёзу имкониятҳои иловагӣ муқаррар шудааст ва ин тартиби нав манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад.
– Вобаста ба ин масъала мушовири Вазири коҳиши камбизоатӣ ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботир Парпиев бо аҳолӣ вохӯрда, масъалаҳои дар ин фармони Сарвари давлат аксёфтаро муфассал шарҳу тавзеҳ дод, – иброз намуд Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Гуфта мешавад, барои муҳоҷирони корие, ки аз Сӯх дар хориҷа машғули меҳнат ҳастанд, барои хизматрасонии адвокатҳо, ташкилотҳои хадамоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқарраршуда ҳақ пардохта мешавад. Инчунин онҳо аз тариқи маркази тамоси шабонарӯзӣ имконияти ройгон занг задан ва бо ташкилотҳои кӯмакрасон тамос гирифтанро доранд. Дар пайи он, барои шаҳрвандоне, ки аз хориҷа бармегарданд, имтиёзу имкониятҳо муайян карда шудаанд.
– Дар айни ҳол ҳокимияти маҳаллӣ барои ба корфармоёне, ки муҳоҷирро ба кор қабул мекунанд (ғайр аз ташкилотҳои буҷавӣ) ба ҳар як коргари ба кор қабулшуда дар давоми 12 моҳ 500 ҳазор сӯм ёрдампулӣ медиҳад. Шахсони мубталои бемориҳои аҳамияти иҷтимоидошта ва аъзои оилаи онҳо аз муоинаи тиббии ройгон бархурдор мешаванд, ки маблағаш аз ҳисоби буҷаи давлат ҷуброн мегардад, – изҳор намуд ҳокими ноҳия.
Маълум шуд, ки то 1 апрели соли 2024 дастикам 2 ҳазору 300 нафар сокини ноҳия ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд. 2 ҳазору 179 нафарро мард ва  93 нафарро занҳо ташкил мекунанд. Аз ҷумла, 2 ҳазору 199 нафар ба Русия, 52 нафарро ба Қазоқистон, 6 нафар ба Туркия, 4 нафар ба Кореяи Ҷанубӣ, 11 нафар ба кишварҳои дигар рафтаву машғули меҳнат мебошанд.

4. Кор бо ҷавонон беш аз пеш вусъат пайдо мекунад

Маълум аст, ки имрӯзҳо корҳои иҷрокардаи ёварони ҳокими ноҳия дар доираи низоми «Корҳои маҳалла» амалӣ мешаванд. Гуфта мешавад, он ҷиҳати таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши даромади онҳо нақши асосӣ мебозад. Дар давраи гузаштаи се моҳи соли ҷорӣ бо кумаки ёварони ҳокими ноҳия 2 ҳазору 115 нафар ҷавонон ба кори доимӣ, мавсимӣ ва инфиродӣ таъмин гардидаанд.
 Дар асоси тавсияҳои ёварони ҳоким барои татбиқи 199 лоиҳа 6 миллиарду 332 миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ихтисос ёфтааст. 84 нафар сокини ноҳия 504 миллион сӯм маблағҳои ёрдампулӣ ё субсидия гирифтаанд. 104 нафар дар курсҳои касбомӯзӣ пешаи соҳибкориро омӯхтаанд, ки аз онҳо 82 нафар (ё 79%) ба таври расмӣ соҳиби кор шудаанд. Дар ин раванд 39 лоиҳа бо маблағи 6,3 миллиард сӯм татбиқ гардида, 123 ҷои нави кор фароҳам оварда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 77 субъекти ҳуқуқӣ ва 104 субъекти соҳибкории инфиродӣ аз қайди давлатӣ гузаштаанд. 
Гуфта мешавад, бо қарори комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо 611 нафар ҷавонон ба ҳайати роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳои дорои иштироки давлатӣ вобаста карда шуда, 8 ҳазору 924 нафар ҷавонон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва органҳои мудофиа ба шефӣ гирифта шудаанд.
Инчунин, бо 611 нафар ҷавонони категорияи «вазнин», ки ба дастгирии махсуси давлат эҳтиёҷ доранд, намояндагони корхонаю ташкилотҳо ва роҳбарони вобасташуда суҳбату мулоқотҳо баргузор намудаанд ва дар ҳалли мушкилоти онҳо иқдомоти ҷиддӣ гирифтаанд.
Бо мақсади омӯзонидани касбҳои замонавӣ имрӯз 10 нафар ҷавонони ноҳия дар марказҳои гуногуни таълимӣ, воқеъ дар шаҳри Фарғона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи мустақим ва ошкоро бо ҷавонон оиди баланд бардоштани неруи зеҳнии онҳо таҳти унвони «Роҳбар ва ходимони ҷавон», «Депутат ва ҷавонон», «Соҳибкорон ва ҷавонон» ва амсоли он вохӯриву чорабиниҳои дигар роҳандозӣ шудаанд. 
Гузашта аз ин, дар доираи лоиҳаи «Фарзандони Ибрат» тавассути барномаи мобилӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонон даҳ забони хориҷӣ, мисли англисӣ, русӣ ва арабӣ меомӯзанд ва соҳиби шаҳодатномаи забони хориҷӣ мегарданд.
 Инчунин, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ рӯйхати 30 нафар ҷавонони бекор, ки хоҳиши омӯхтани касбҳои замонавиро доранд, тартиб дода шуда, онҳо дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Марғилон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва пурмазмун ташкил намудани вақти холии онҳо аз рӯи 26 намуд дар байни ҷавонони то 30-сола давраи маҳаллии мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шудаанд.
5. Таълим ва тарбияи томактабӣ – асоси пешрафти ҷомеа

– Дар ноҳияи мо  26 муассисаи таълими томактабии давлатӣ ва 48 муассисаи таълими томактабии оилавии ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Дар ҳамаи ин кӯдакистонҳо шароити хубу созгор фароҳам оварда шудааст. Шумораи бачагони синни томактабӣ (3-6-сола) дар ноҳияамон 6 ҳазору 934 нафарро ташкил мекунад.  Аз ин шумор 4 ҳазору 800 нафар ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Фозилҷон Мирзоев.
 Вай меафзояд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакони 3-6 сола ба муассисаҳои томактабӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир бо гунҷоиши 120 нафар ва дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Себзор» бо гунҷоиши 90 нафар биноҳои хушсохту замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дараҷаи фарогирӣ алҳол 69,2 фоиз буда, талош ба харҷ дода мешавад, ки то охири соли равон 5 ҳазору 290 нафар кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд ва сатҳи фарогирӣ ба 76,2 фоиз мерасад.

6. Коҳиши сатҳи камбизоатӣ – дастоварди муҳим

Тибқи омори расмӣ дар ибтидои соли ҷорӣ дар ноҳияи Сӯх теъдоди оилаҳои камбизоат 3 ҳазору 760-ро ташкил додааст.  Аммо бо сайъ ва эҳтимоми дастандаркорони идораи маҳаллии он дар се моҳи соли равон ин рақам ба 227 коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи мудири  шуъбаи ноҳиявии он Ғаниҷон Мелников ин дастовард ба он далел сурат гирифт, ки 76 нафар тавассути гирифтани қарзи имтиёзнок, 21 нафар тавассути гирифтани кумакпулӣ аз феҳрасти оилаҳои камбизоат хориҷ карда шудаанд. 19 нафари дигар ба касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ омӯзонида шуда, 111 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардидаанд.
– Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияи мо ба 0,4 фоиз коҳиш ёфта, ҳоло 9,7 фоизро ташкил мекунад. Мо корҳоро дар ин самт пайваста идома дода, аз 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия 2-тоашро ба минтақаҳои холӣ аз бекорӣ табдил додем. Дар пайи он ҷамоатҳои шаҳрвандони Ровон ва Қалъа низ ба чунин минтақаҳо табдил дода хоҳанд шуд, – мегӯяд Ғаниҷон Мелников. – 151 хонаводаи камбизоат аз ҷониби бонкҳо ва ёварони ҳокими ноҳия дастгирӣ карда шуданд, 270 нафар ҷойи кори даромаднок ба даст овардем. Аз ҷумла, 49 нафар бо чорводорӣ, 4 нафар бо боғпарварии интенсивӣ, 48 нафар бо паррандапарварӣ, 5 нафар бо занбӯри асалпарварӣ, 35 нафар бо дӯзандагӣ, 64 нафар бо нармкунии заминҳо, 33 нафар бо таҷҳизоти истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ машғуланд.
– Барои иҷрои ин корҳо бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби қарзҳо ва фонди меҳнати ҷамъиятӣ, инчунин тараққӣ додани соҳибкорӣ 1 миллиарду 575 миллион сӯм ва аз ҳисоби маблағҳои субсидия 448 миллион сӯм  ихтисос доданд. Дар доираи барномаи «Қадами аввал ба тиҷорат» бонкҳо ба 10 сокини ноҳия, ки даромади доимӣ надоранд, 170 миллион сӯм қарзи бидуни гарав ҷудо намуданд. Ин боис гардид, ки бархе аз оилаҳои камбизоат соҳиби даромад ва зиндагии орому осуда гарданд, – изофа намуд Ғаниҷон Мелников.

7. Меҳмонхонаҳо – барои сайёҳон

Дар ноҳияи Сӯх арзи вуҷуд намудани меҳмонхонаҳои замонавӣ ҳодисаи беназир аст. Зеро қаблан меҳмонҳо, новобаста аз он ки расмӣ ба Сӯх омадаанд ва  ё инфиродӣ, меҳмони хонаводаҳо мешуданд ва ин расму ойини мардуми Сӯх тайи даҳсолаҳо давом карда меомад. Аммо бо тақозои вақту замон дар маркази ноҳия – шаҳраки Ровон ва деҳаи Сариканда меҳмонхонаҳову хостелҳо дар хидмати меҳмонону сайёҳон қарор доранд.
Дар соҳили дарёи Сӯх қомат афрохтани бинои хушсохти сеошёнаи «Шабода» («Насим») ба ин минтақаи хушбоду ҳаво шукӯҳи тоза ато намудааст. Маълум шуд, ки он ба соҳибкори варзидаи Сӯхзамин Салимҷон Раҳимбердиев тааллуқ дорад. 
– Меҳмонхона дар ивази шаш миллиард сӯм бунёд ёфт. Як қисми маблағи барои сохтумони он харҷшуда аз ҳисоби қарзи бонкӣ сурат гирифт. Меҳмонхона барои пазируфтани бештар аз сад нафар меҳмон муқаррар шудааст ва аз тамоми шароити мусоид бархурдор мебошад. Инчунин, ошхонаи таомҳои миллӣ, ба ғайр аз сокинони меҳмонхона, барои мизоҷони дигар низ хидмат мерасонад, – мегӯяд Салимҷон Раҳимбердиев.
 Дар ноҳия соҳибкорон Зафар Мирзоев, Назирҷон Тоҳиров, Карим Ғоибназаров ва Баротҷон Саримсоқов низ аз ҳисоби маблағи худ меҳмонхона кушодаанд.  

Ба ҷои хотима

Ноҳияи Сӯх бо қаҳрамонҳои ҷангу меҳнати худ дар вилояти Фарғона ва берун аз он ном баровардааст. Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Амиралӣ Саидбеков дар ҷанги зидди фашизм ҷасорату шуҷоати беназир нишон додааст. Ҳамтои ӯ – Тешабой Одилов, ки Мирзо Турсунзода ӯро «Баҳодури тоҷик» хондааст, инчунин 110 нафар шоирон, нависандагон, журналистон ва аҳли қалами тоҷик, ӯзбек, рус ва белорус дар жанрҳои гуногун қаҳрамониҳои ӯро бо ифтихор васф намудаанд, дар Сӯхзамин зодаву парварда шудааст. Дар ҷодаи меҳнати босамар Иброҳим Сафаров, Файзулло Иброҳимов, Ӯрунбой Шамсов, Муҳиддин Юнусов, Обидхӯҷа Иброҳимов, Назирой Маҳматова ва даҳҳо нафари дигар ифтихори мардуми ин ноҳия мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: