СӮХ – МИЗБОНИ ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФАРҲАНГӢ

Моҳи июн барои сокинони диёри мо, хоссатан барои мардуме, ки торафт хубшавии муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, мазмуни тоза пайдо кардани дӯстию бародарӣ байни тоҷикон ва ӯзбекон барояшон хушоянд аст, аз воқеаҳо бой гардид.

Ташрифи бобарори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати мо яке саҳифаҳои дурахшон дар солномаамон бошад, зуҳуроти дар Тоҷикистон низ воқеан эътибори бузург доштани роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёеви азиз дар қалби ӯзбекистониён эҳсоси тафохур тавлид сохт.
Яке аз мавзеъҳои тоҷикнишин дар водии Фарғона ноҳияи Сӯх буда, байни чордевори кӯҳҳо, дар иҳотаи Қирғизистон ҷой гирифтааст. Бинобар наздисарҳадӣ будани қаламрав бештар аз ду даҳсола вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар ин ҷо басо вазнин ва равуо ба маркази вилоят ва дигар нуқтаҳо барои аҳолӣ мушкилиҳои сахт тавлид намуд. Хушбахтона, вақтҳои охир, маҳз таҳти эътибори роҳбари Ӯзбекистон дар ноҳия дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд. Татбиқи амалии худ ёфтани қарори махсуси  сарвари кишварамон оиди тараққӣ додани ноҳия дар самтҳои гуногун, гуфтан мумкин, дурдасттарин гӯшаи вилояти Фарғонаро гул-гул шукуфонд.
Дар охири ҳафтаи гузашта ноҳия ба яке аз чорабиниҳои байналхалқии фарҳангӣ мизбонӣ намуд. Меҳмононе, ки намояндагони се ҷумҳурӣ мебошанд, баробари аз меҳмондории шарқона баҳра бурдан, аз ҳавои ҷонбахши табиати ҷаннатмонанди Сӯх нафас кашида, бунёдкориҳои азимро бо чашм дида, аз тамошои барномаҳои ҳунарии устодони саҳна ва овозхонҳои шинохта, ки аз пойтахт ташриф овардаанд, як олам таассурот гирифтанд.
Дар маросими тантананоки кушоиши истироҳатгоҳи солимгардонии бачагона аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, намояндагони вазорат ва идораҳо, иттиҳодияҳои касабавӣ, ҳокимияти вилояти Фарғона, Федератсияи Иттиҳодияҳои касабавии мустақили Тоҷикистон, доираи васеи вакилони ҷамоатӣ, эҷодкорони шинохта, собиқадорон ва фаъолони маҳаллаҳо, устодону мураббиҳо ва падару модарон иштирок намуданд. Меҳмонон аз вилояти Бодканди Қирғизистон низ ба маросими муаррифии идона, ҳамҷиҳатии тоҷикону ӯзбекон, ки онҳоро аз якдигар ҷудо кардан душвор, гувоҳ гардиданд.      
Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, узви Сенат Қудратулло Рафиқов дар баромади худ таъкид сохт, дар натиҷаи қабул шудани қарори Президент “Дар бораи чораҳои рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2021-2022”, аз 8 августи соли 2020 ва иҷрои он, нигаред, тӯли ду соли охир дар ин ҷо чӣ қадар дигаргуниҳо ба амал омадаанд. Истироҳатгоҳи бачагонаи молик ба ҳар гуна қулайиҳо дар як ҷойи хушманзар низ бо ташаббуси сарвари давлатамон арзи ҳастӣ намуд. Дӯстони тоҷикистонию қирғизистонӣ, айни замон, ба хурсандии аҳолии ин сарзамин, хусусан, гулҳои ҳаёт, ки дар ин ҷо истироҳат мекунанд, алъон шариканд.
Назар ба маълумоте, ки дар дасти мост, ба бунёдгариҳои азими солҳои охир, ҳалли муаммоҳое, ки аҳолиро азият медод, тақрибан 500 миллиард сӯм маблағ сарф шудааст. Барои барпои истироҳатгоҳи солимгардонии бачагона дар мавзеи Истиқлол бошад, 27 миллиарду 560 миллион сӯм ҷудо гардид. Он барои истироҳати 200 нафар пешбинӣ гардида, дар давоми мавсими тобистона дар 5 навбат ҷамъ 1000 нафар фарзандони мо аз таътили бофароғат баҳра бурда метавонанд.
Дар маросими кушоиш ба бачаҳои ноҳия, ки соҳиби воқеии истироҳатгоҳанд, калиди рамзии маскани нав, барои фароғатгоҳ бошад, автомобили “Дамас” супурда шуд.
Иштирокдорони чорабинӣ дигарбора шоҳиди он шуданд, имрӯз дар мамлакатамон ба тарбияи авлоди баркамол  низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Натиҷаи ҳамин гуна ғамхориҳост, ки ҷавонони сӯхӣ дар масканҳои таълими олии ҷумҳурӣ ва берун аз мамлакат таҳсил менамоянд, дар як қатор соҳаҳо чун кадрҳои ҷавони салоҳиятнок худро нишон медиҳанд, дар озмун-азназаргузарониҳои фанниву варзишӣ ҷойҳои сазоворро ишғол мекунанд, баробари шарафи ноҳия барои баланд бардоштани шарафи кишвар саъй менигаронанд.
Моҳи майи соли равон бо мақсади ҳалли муттасили муаммоҳо марбут ба занону духтарон, дастгирии иҷтимоии онҳо аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии бо эҳтимоми Федератсияи иттифоқҳои касаба таъсисёфта байни маҳаллаҳо озмун эълон гардида буд. Дар чорабинӣ маросими тақдирсозии ғолибони озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Беҳтарин раиси маҳалла”, “Фаъолҳои беҳтарин”, “Беҳтарин пешбари ҷавонон”, “Беҳтарин роҳбари сектор”, “Беҳтарин ёрдамчии ҳоким”  байни 27 маҳаллаи ноҳияи Сӯх, маҳаллаҳои “Ёрдон” ва “Шоҳимардон”-и ноҳияи Фарғона ва маҳаллаи “Чунғара”-и ноҳияи Риштон баргузор гардид.   Иштирокдорон ба хурсандии ғолибон шарик гардиданд.
Прокурори ноҳияи Сӯх  С. Мирзокаримов ба раиси ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Қалъача Фаёзиддин Тоҷиддинов, ба ёрдамчии ҳоким дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Ровон” Илҳом Икромов, ба фаъоли занону духтарони маҳаллаи Чумоқча Наргис Додохонова, ба пешбари ҷавонони маҳаллаи “Шарқобод” Шоҳҷаҳон Раҳимбердиев, ки аз рӯйи номинатсияҳои боло пирӯзӣ ба даст овардаанд, диплом ва туҳфаи Президент – калиди автомобилҳои навро ба таври тантананок супурд.
Навбат ба санъаткорон ва адибон расид. Баромадҳои артистони мардумии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, Ғуломҷон Ёқубов, Зулайхо Бойхонова, Ёдгор Саъдиев, Мардон Мавлонов ва дигарон дилҳоро ба ваҷд вард. Таронаҳои булбули боғи санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов завқи тоза ба рӯҳияи идона бахшид. Раққосаҳо хиромиданд, шоирони мардумӣ Иқбол Мирзо ва Маҳмуд Тоир шеър хонданд. Мушакбозӣ ва дар фазо сайрсозии пуфакҳои рангин намои дигар дошт, маҷлисгоҳ намуди афсонавӣ ба худ гирифт.
Истироҳатгоҳи солимгардонии бачаҳоро боз як туҳфаи беҳтарин – китобҳое буданд, ки аз ҷониби раиси Федератсияи иттиҳодияҳои касабавии мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода тақдим карда шуд. Фарзандонамон акнун метавонанд бо забони модариашон адабиёт мутоила сохта ва ба ҳаёти ҳаммиллатонамон дар диёри ҳамсоя аз наздик шинос шаванд. Ҳамкориҳои мо дар роҳи таҳким ва шукуфоии дӯстиву бародариамон бардавом бошанд, орзу намуданд иштирокдорон. Бошад, ки анъанаҳои некро фарзандон идома бахшанд.

Расулбек ГАДОЕВ.
Ноҳияи Сӯхи 
вилояти ФАРҒОНА.
Суратгир: 
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: