СӮХ ВА ШОҲИМАРДОН ОБОД МЕШАВАНД

Дар ноҳияи Сӯх бар асоси қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” корҳои бузург ба фарҷом мерасанд.

Дар ноҳияи Сӯх бар асоси қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” корҳои бузург ба фарҷом мерасанд. Дар қарори мазкур ривоҷ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мадди назар гирифта шудааст. Аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, пуштибонӣ аз соҳибкорӣ, ривоҷи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ, роҳу нақлиёт, беҳбуди шароити манзили аҳолӣ, ободонӣ, таъмини базаҳои моддӣ-техникии таълим, таъмин бо шуғл ва амсоли он дар қарор зикр ёфтаанд.
Дар ҷараёни дидору мулоқотҳои ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров аз ноҳияи Сӯх вай маҳз ба ҳамин нукта таъкид варзид. Тибқи барномаи хос рушд ёфтани ноҳия мусоидат хоҳад кард, ки мардум аз сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат розӣ бошанд.
– Дарвоқеъ, дар муддати хеле кӯтоҳ ривоҷ ёфтани ин ноҳияи дурдаст ва барои Ӯзбекистон эксклав қобили таҳсин аст. Ба роҳ монда шудани корҳои ободонӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, тармими роҳҳо, таъмин шудани ин ҳудуд бо шабакаҳои коммуникатсионӣ-муҳандисӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Сӯх беш аз пеш беҳбуд меёбад, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Зикр гардид, ки аз ташкил намудани минтақаҳои хурди саноатӣ, афзоиш додани салоҳияти саноат ва пуштибонӣ аз соҳибкорӣ ба марҳилаҳои нави тараққиёт бо суръати тез расидан мумкин аст. Дар айни ҳол бар асоси пиёда намудани бандҳои қарори Президент дар шаҳраку деҳоти ноҳия таъминоти барқ хеле беҳтар мешавад. Ҳамчунин кашидани лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва обёрӣ, мумфарш кардани роҳҳо вусъат меёбад.
– Ҷиҳати ба кор ҷалб намудани аҳолӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳимоя намудани он аз вазифаҳои муҳими мост, – гуфт ҳокими вилоят.
Чанд лоиҳа маҳз барои азхуд кардани кони ангишт, ташкил намудани боғҳои пиставу бодом, азнавкоркарди маҳсулоти гаҷ нигаронида хоҳанд шуд. Ин лоиҳаҳо беш аз 62 миллиард сӯмро тақозо хоҳанд кард ва татбиқи он дар соли оянда мадди назар гирифта шудааст.
Дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Сӯх Хайрулло Бозоров аввал бо соҳибкорон, сохтмончиён ва сокинони деҳаи Чашма дидору мулоқот анҷом дод. Зимни ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои охири моҳи майи соли равон дар ин деҳа манзили се сокини он зарар дида буд. Ҳокими вилоят ба сохтмончиён дастур дод, ки ин хонаҳо аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам, замонавӣ ва аз шароити мусоид бархурдор бошанд.
Имрӯзҳо дар ёздаҳ ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия бар асоси шарикии давлативу хусусӣ биноҳое қомат меафрозанд, ки мақоми биноҳои маъмуриро касб хоҳанд кард. Чаҳор чунин бино бо маблағи аз буҷаи маҳаллии вилоят ихтисосдода бунёд мегарданд.
Ҳоким ба соҳибкори маҳаллӣ Икромҷон Сафоев арзи сипосу миннатдорӣ кард. Ин соҳибкор бар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ барои маҳалла бинои идораро сохтааст, ки аз тамоми шароити лозимӣ бархурдор мебошад. Ҳокими вилоят гуфт, ки 27 ҷамоати шаҳрвандони ноҳия бо таҷҳизоти пурраи компутерӣ ва мебелҳои зарурӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Ҳокими вилоят дар маросими кушодашавии бинои мактаби нави рақами 29-уми маҳаллаи Сарибозорча низ ширкат кард.
Барои сохтани мактаби нав аз буҷаи давлат зиёда аз 4 миллиард сӯм харҷ шудааст. Биноро ширкати сохтмонии «Мирзоқурбон» сохтааст.
Бино барои дусаду панҷоҳ нафар донишомӯзон муқаррар гардида, ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ҳокими вилоят устодон ва донишомӯзони мактабро табрик намуд ва таъкид кард, ки дар ватани азизи мо масъалаи таълиму тарбия яке аз асоситарин самтҳои сиёсати давлат ба шумор меравад.
– Оре, мактаб макони омӯзиши илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Касе нест, ки дар ин даргоҳи муқаддас аз устодон сабақ нагирифта бошад, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Вай афзуд, ки Президент қарори муҳимеро «Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021» қабул кард. Иҷрои корҳои зиёде, ки дар ин ноҳия бар асоси ин қарор сурат мегиранд, собит месозанд, ки таваҷҷӯҳ ба ин ноҳия беш аз пеш меафзояд.
Ҳокими вилоят ба сохтмончиён ва омӯзгороне, ки барои анҷоми корҳои сохтмон саҳм гузоштаанд, ибрози миннатдорӣ кард ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Иштирокчиёни маросим синфхонаҳои бинои навро аз наздик диданд. Бо сохтаву мавриди истифода қарор гирифтани бинои мактаби нав дар ноҳия шумораи мактабҳои таълимоти умумӣ ба 29 адад расид.
Баъд ҳоким бо як гурӯҳ хонандагони мактабҳои ноҳияи Сӯх дидору мулоқот намуд, ки ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд доранд ва дар мусобиқаҳои вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Дар ноҳияи Сӯх якчанд зиёратгоҳ мавҷуд, ки одамони зиёд аз чаҳор тараф гирдиҳам омада, хайру саховат мекунанд, ошу нон пухта мехӯранд, машғули сайру тамошо мешаванд. Зиёратгоҳҳои Ҳазрати Алӣ, Маҳмуд Ғазнавӣ, Санги ойина, Хоҷаи Қулфу Занҷиркушо ва амсоли он аз ҳамин зумра мебошанд.
Ҳангоми ташрифи Хайрулло Бозоров ба зиёратгоҳи Ҳазрати Алӣ вай шоҳиди он шуд, ки дар ин ҷо аз роҳи хайрия фарзандони се хонаводаи камбизоат хатнасурӣ мешаванд. Вай волидайни кӯдакони суннатшударо табрик намуд ва дафтарчаҳои амонатии бонкиро, ки ба номи онҳо кушода буданд, дар фазои мутантан супурд.
Дар давраи мушкили пахши пандемия аҳолии ноҳияи Сӯх ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори сарвари давлатамон қарор мегирад. Ин бор низ бо ҳокими вилоят як корвони “Меҳру саховат” ӯро ҳамроҳӣ намуд, ки дар он бар ивази дуюним миллиард сӯм маводи хӯрокворӣ оварда шуд. Ин мавод ба хонаводаҳо тақсим гардид.
Зимни бозгашт аз ноҳияи Сӯх Хайрулло Бозоров бо сокинони деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона дидору мулоқот анҷом дод. Вай ба мардум шарҳ дод, ки барои боз ҳам бештар ободу зебо намудани ин деҳаҳо барномаҳои хос пиёда хоҳанд шуд. Ҳокими вилоят ҳамчунин аз мақбараи Ҳазрати Алӣ ва осорхонаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ боздид намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: