СУХАН АНДАР ДАҲОНИ ДӮСТ – ГАВҲАР

Заррина аз ташвишу таҳлукаи кори мактаб, азоби роҳ хаставу монда вориди хона шуда буд, ки набераҳояшро саргарми бозии «баранда ва шунаванда» дида, табъаш болида гашт.

Баёнбеки ҳафтсола ровӣ буду Маликабонуи шашсола мухлиси сахтгир. Писарча аз латтапора «микрофон» сохта, ба бибиҷон тақлидомез шеър мехонд:
Омад фасли баҳорон,
Пурлола шуд кӯҳсорон.
– Овозат паст, – эрод мегирифт Маликабону, – мисли пишакча «мяв-мяв» накун, модаркалонам барин баланд, бурро хон!

***
Гуфтору рафтори мағзи бодомҳо Заррина Олимоваро ба саёҳати айёми кӯдакӣ бурд. Гӯё динекак буд. Вай ба боғчаи бачагон мерафту бо супориши мураббиён шеър аз ёд мекард ва назди додарону хоҳарон қироат карда, бо маслиҳати онҳо истеъдоди хешро сайқал медод. Инчунин бо талаби модаркалонаш афсонаҳои шунидаашро бехато мегуфт.
Вақте хонандаи мактаби миёнаи рақами 20-уми шаҳри Самарқанд буд, устоди фанни адабиёт ва забони модарӣ Озода Валиева меҳру муҳаббати ӯро ба китобхонӣ афзуд ва дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ комёбиҳои назаррасро ба даст овард.
Дар озмуни ҷумҳурӣ монологеро чунон бо маҳорати баланду дилнишин хонд, ки ба нигоҳи адиби маъруф Умаралӣ Норматов афтод ва аз шоҳсуфаи фахрӣ ҷой гирифт.
– Ҷойи ту, духтарам, факултаи филология ё донишкадаи санъат, – баъди табрикоти самимона гуфтанд ба ӯ, – маҳорати баланди суханпардозӣ дорӣ.
Шояд аз ҳамин сабаб Заррина баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супорид. Аз устодони меҳрубонаш бисёр чизҳоро омӯхт. Маҳз солҳои донишҷӯӣ асарҳои устод Айнӣ, А. Қодирӣ, Ӯ. Ҳошимов, Ч. Айтматов, М. Шолохов, Ҷ. Лондон, Э. Хеменгуэй ва дигаронро пайваста хонд. Бо телевизиони Самарқанд риштаи дӯстӣ баста, баъди гирифтани дипломи донишгоҳ сухангӯ гардид. Заррина ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ахбор мехонд, барномаҳо таҳия мекард. Бо ровиён Меҳрубон Бозорова, Шаҳло Аҳророва, Баҳодур Шарифзода, Дилмурод Дӯстмуродов, Гулчеҳра Бердиёрова ҳамкорӣ намуда, истеъдодашро сайқал дод.
Аз соли 2002 дар мактаби рақами 14-уми ноҳияи Самарқанд бо касби педагогӣ машғул гашта, дар ин кор низ ба комёбиҳо соҳиб шуд. 
Шогирдонаш дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ болодаст гардиданд, ки ба ӯ нишони «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» доданд. Инак, қариб даҳ сол аст, ки Заррина Олимова дар мактаби рақами 16-уми ноҳия ба корҳои маънавӣ-маърифатӣ машғул аст. 
– Дарсҳо дар мактаб ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ҷараён гирифта, ҳар сол аксарияти хатмкунандагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дохил мешаванд, – мегӯяд З. Одилҷоновна. – Роҳбари давлат супориш дод, ки фарзандонамон дар мактаб забони модарӣ ва забонҳои хориҷиро хуб аз худ намуда, кори компутерро омӯзанд. Педагогҳо бошанд, завқи талабагонро ба касбу ҳунар, санъат ва маданият бедор намоянд. 
Дар мактаби мо ба китобхонӣ ва наттоқӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» асарҳои нависандагони тоҷику ғайра муҳокима мегардад. Шогирдон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сухандону сухансанҷу сухангӯ бошанд. 
***
Муаллима дар мактаб бо сиёсати қатъӣ тартиботи сахт ҷорӣ кардааст. 
Чунон тасодуф шуд, ки ҳар ду дар долон рӯ ба рӯ омадем ва фурсати ҳолу аҳвол пурсидан нашуда, занги танаффус садо дод. Талабаҳо ӯро дида бо навбат, саф ороста, ором ба саҳни ҳавлӣ баромаданд ва ҳавои тоза хӯрда, боз ба синфхонаҳо ворид шуданд. 
– Зарринабону, сиёсати шумо аз баъзе мардҳо ҳам зӯр-ку! – ҳайратамонро ошкор сохтем мо, – аҷиб, талабаҳо ҳурмат мекунанд ё метарсанд?
– Ҳар ду, – бо завқ механдад мусоҳиби мо, – интизоми қатъӣ барои тарбияи насли наврас хеле муҳим аст. Ман солҳои таҳсил дар донишгоҳ ва навкор будан дар мактаб асарҳои оиди таълиму тарбия, хоссатан алломаҳо Унсурулмаолии Кайковус, Авфӣ, педагогҳои рус Макаренко, Сухомлинский ва дигаронро пайваста мутолиа карда, ҳоло самараи онро дар таҷриба мебинам.  
Гузаронидани шабнишиниҳои адабӣ, тақдимоти асарҳои нав, вохӯрӣ бо эҷодкорон, ҷамъомад бо падару модарон, баровардани газетаҳои деворӣ ва ғайра дар зиммаи ӯст.
– Ошкоро таъкид кардан лозим аст, ки аксарият волидайн аз адабиёту китобхонӣ фарсахҳо дур шудаанд. Аз қадим мардум кӯшиш мекарданд, то адабиёти гузаштаи худро бидонанд, вазифа ва зарураташро барои имрӯзу фардои фарҳанги худ бифаҳманд. Аз ин рӯ, ман дар дарсҳои адабиёт ба шогирдон меҳру муҳаббатро ба китоб бедор мекунам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: