СУХАН БОЯД ДИЛУ МАРЗҲОРО БА ҲАМ ПАЙВАНДАД

«Шоиру мутафаккирони бузурги мо: Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ, Абдулло Қодирию Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулому Мирзо Турсунзода, Зулфияю Мирсаид Миршакар, Эркин Воҳидову Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар намунаҳои эҷоди худ дӯстии ҳақиқию самимии байни халқҳоямонро таҷассум намудаанд. Муносибати бародаронаи халқҳоямон сарчашмаи илҳоми онҳо будааст». Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Ин суханон 9-10 марти соли сипаригардида, вақте сарвари мамлакатамон ба кишвари  ҳамсояи девордармиён – Тоҷикистон сафари таърихию давлатӣ анҷом дод, аз минбари воло садо доданд. Ва ин суханонро, гӯё аз болои Боми Ҷаҳон – қуллаи баландтарини Помир садо дода  бошанд, тамоми олам шунид.
Президенти мо, ҳамчунин, бо орзумандии зиёд изҳор дошт, ки «мо ҳоло бо ҳам бисёр наздик хоҳем шуд». Вай он қадар пуртаъсир ҳарф мезад, ки аҳли толор суханони васлкунандаашро аз ҷо хеста бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз мегирифт. Дидем, ки дар чашми баъзе иштирокдорони дилашон нарму пурмуҳаббат ашки шодӣ давр зад.
Баъди ин сафари таърихӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд, рафтуо зиёд шуд. Чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор гардиданд. Ҳоло сари чанд вақт аз телевизион ва радиоҳои ду кишвар сурудҳои тоҷикию ӯзбекӣ садо медиҳанд. Санаҳои таърихии зиндагиномаю эҷоди абармардони илму адабе, ки санги асоси дӯстиву бародарии халқҳои моро гузоштаанд, дар  ҷумҳуриҳои бародар, аз ҷумла Ӯзбекистон, васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Аз ҷумла, ҷашни бузургдошти шоири бузурги қазоқ Абай Қӯнонбоев ва нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов дар сартосари кишварамон пуршуқӯҳ баргузор шуданд. 
Дар чорабиниҳои фарҳангие, ки бахшида ба зодрӯзи онҳо сурат гирифтанд, аз дӯстии азалию абадии халқҳои қазоқу ӯзбеку қирғиз суханони марзҳоро ба марзҳо ва дилҳоро ба дилҳо пайвандкунанда садо доданд.
Сухан мисли рег асту амал тилло. Барои як мисқол зар пайдо кардан бояд реги бисёреро обшӯ кард. Эй дареғ аз реги фаровоне, ки заре надошта бошад.
Чанде қабл, ба муносибати 108 -умин солгарди шоири овозадори тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон маҳфили ёдбуде баргузор шуд. Дар он аз Тоҷикистон раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон,  шоиру нависанда ва тарҷумонҳои саршиноси ӯзбек ширкат ҷустанд. Дар маҳфил сухан аз дӯстиву қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек, саҳми устод Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом ва дигар адибони тоҷику ӯзбек ба таҳкими дӯстии ду халқи ҳамдилу ҳамкеш ба миён омад. Натиҷа гирифта шуд, ки баробарӣ аз шартҳои асосии бародарист...
Тавассути расонаҳои ахбори омма аз баргузории маҳфили пуршукӯҳ халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо карданд. Ҳамин огоҳӣ пайдо кардан аз чорабиниҳои фарҳангӣ  то ҷое ба муҳаббати халқҳо меафзояд, онҳоро ба дӯстиву ҳамбастагӣ мехонад. 
Поягузори адабиёти навини тоҷик, адиби бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардааст, аз чеҳраҳои тобноки илму адаби Осиёи Миёна аст. Ӯ дар тарбияи бисёр адибони ӯзбек низ саҳм гузоштааст.
Чанде қабл дар рӯзномаи «Академия ёшлари» (муассисаш Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон) чашмам ба мақолаи полковник Абдуваҳҳоб Холиқов – «Садриддин Саидмуродзода Айнӣ», ки ба зиндагинома ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, афтод.
Муаллиф дар мақола, аз ҷумла, менигорад: «... Романи «Ғуломон» асари воқеан таърихию мардумист. Дар образи қаҳрамонони мусбати романи Айнӣ хусусиятҳои миллии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва туркман инъикос ёфтаанд. Ин чиз бозгӯйи муштаракоти урфу одат, фарҳанг, шароити зиндагӣ ва ҳудудии халқҳои Осиёи Миёна мебошад».
Ана ҳамин муштаракот бояд дар осори нависандагони имрӯз низ инъикос ёбад. Киносозони минтақа  бояд сари ин масъала андешанд. Мисолан, дар минтақаи мо оилаҳои муштарак кам нест. Гоҳо, вақте дар хонае қудоҳо сарҷамъ мешаванд, суханони ӯзбекию тоҷикӣ, қирғизию ӯзбекӣ, қазоқию ӯзбекӣ баробар садо медиҳанд. Дар бозорҳоямон низ ба манзараи ҳаммонанд дучор мешавем. Ба ҷуз ин, дар шаҳру деҳаҳои Осиёи Миёна тоҷикону ӯзбекон ва дигар халқҳо дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд, тӯю азояшон як аст.
Вале ин гуна манзараҳое, ки халқҳои минтақаро, воқеан, ба ҳам мепайванданд, дар адабиётҳои миллӣ кам инъикос меёбанд. Бигирем, нависандаи ӯзбек ё тоҷик асаре навишт, ки ҳодисаҳои он дар ноҳияҳои Сариосиё, Деҳнав ва Бойсуни вилояти Сурхондарё ба вуқӯъ пайвастаанд. 
Нафаре, ки асари нависандаи тоҷикро хонд, гумон мекунад, ки дар мавзеъҳои мазкур танҳо тоҷикон буду бош доранд. Дар асари нависандаи ӯзбек акси ин ҳолатро метавон мушоҳида кард... Дар филмҳои бадеӣ ва мустанадамон низ аҳвол ҳамин. 
Бешак, адабиёт ва расонаҳои ахбори оммавӣ дар таҳкими дӯстиву ҳамбастагии  халқҳо нақши муҳим доранд.
Бале, сухани мо бояд пайвандкунанда бошад. Тавре ки дар байти зерини Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба рисолати инсонӣ ишора шудааст:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: