СУХАН ГАВҲАР ШУДУ ГӮЯНДА ҒАВВОС...

Бо ин зани ситорагарм, ки Собира ном дорад, бори аввал вақте дар Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон кор мекардам, ошно шуда будам.

Бо ин зани ситорагарм, ки Собира ном дорад, бори аввал вақте дар Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон кор мекардам, ошно шуда будам. Дар аснои суҳбатҳо дарк намудам, ки вай ба шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ таваҷҷӯҳи хос дорад ва аз намунаҳои ашъори шоирони форсигӯй байти зиёд азёд медонад. Ӯ ҳар як ғазалу рубоиро ба маънияш дарк карда мехонд ва ҳаракат мекард, ки бехато хонад.
Дар арафаи иди журналистон Собираро ба хотир оварда хостам бо ӯ суҳбат кунам. Телефонро худи ӯ бардошт ва баъди ҳолпурсӣ гуфт, ки дар ин рӯзҳои пандемия дар зодгоҳ ба набераҳо, ки аз боғчаю мактаб озод ҳастанд, нигоҳ карда истодааст. 
Собира Бӯлдиева соли 1963 дар ноҳияи Рометани вилояти Бухоро дида ба дунё кушодааст. Ӯ аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқи зиёд дошт. Мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсиро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуда, соли 1980 ба Донишкадаи давлатии маданияти Тошканд дохил шуд. Баъди хатми донишкада дар Ширкати телевизион ва радиои Бухоро дар вазифаи хабарнигор ифои вазифа намуд. Тӯли ин солҳо якчанд китоби бадеӣ, таърихӣ ва илмиву оммавии ӯ рӯйи чопро диданд. Аз ҷумла, «Себи ҷавпазак», «Асрори Бухоро», «Сафари муқаддас», «Нурато», «Сарҳадҳои дил» барин маҷмӯаи шеърҳо, ҳикоя ва эссеҳои шоираро хонанда бо шавқ мутолиа намудааст. Соли 2009 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон қабул гардид.
– Собирахон, дар баробари эҷод барои зани хона оиладорӣ, тарбияи фарзанд низ масъулият талаб мекунад. Барои ин ҳамсаре лозим аст, ки касби шуморо амиқ дарк кунад ва кӯмакрасон бошад. Ҳамин тавр не?
– Бале, рост мегӯед. Агар дар оила шароити созгор барои эҷод набошад, ба чунин дастовардҳо ноил шудан душвор аст. Шавҳарам дар Донишкадаи роҳу нақлиёти Тошканд таҳсил гирифта, солҳои тӯлонист, ки муҳандис-технолог аст. Чи хеле ки мегӯянд, «ёр аҳл бошад, кор саҳл аст», дар оила дӯстиву якдигарфаҳмӣ барқарор бошад, оила ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Дар тарбияи фарзандон, кори эҷодии ман саҳми ӯ калон аст. Ин кори туву инаш азони ман намегӯяд. 
Фарзандони муаллима низ аз пайи падару модар рафта, ҳар се соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Диёра иқтисоддон, Сайёра журналист ва Бобурҷон соҳибкор мебошанд.
Собира Бӯлдиева соли 1999 ба шаҳри Тошканд омад ва то синни нафақа дар канали «Ӯзбекистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ӯзбекистон ҳамчун муҳаррир кору фаъолият дошт. Қарору фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ доир ба корҳои роҳбарӣ, вазифаҳои давлатӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани бонувон дар кишварамон омили муҳим гардид. С. Бӯлдиева ба нафақа баромада бошад ҳам, таҳти мавзӯи «Имом Бухорӣ юрган йӯллар изидан» («Гаштугузор дар роҳҳое, ки нақши пойи Имом Бухориро доранд») кори илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳад.
Маълум аст, ки Бухорои шариф шаҳри қадимӣ, шаҳри илму адаб мебошад, аз ин боис ҳар як эҷодкори ин сарзамин доир ба таърихи гузашта, зиёратгоҳҳо ва халқи меҳнаткашу азияткашидаи ин диёр қалам рондааст.
«Меъмориҳои ҷавҳари тафаккур» ном китоби шоираро варақ мезанем. Ӯ деҳа, бачагӣ, падару модар, бахусус, афсонаву пандҳои момояшро ба хотир оварда менависад: «Ба афсонаҳои бачагӣ бовар мекардем. Чӣ қадаре ки ҳар як роҳ, хору бутта, девор ва хонаҳои похсагини зодгоҳро ба ёд орем, ҳамон қадар ба гузаштаи дур наздик мешавем. Деҳа гӯем, олами рангини бачагӣ, остини  васеъи куртаи момоям, ки бо он худро шамол медод, майсаҳо дар болои боми лойини падарам сабзида, духтаракони кашидадӯзи мӯйҳояшон чилкокул пеши назар ҷилвагар мешаванд...» 
– Журналист дар ҳар вазъият мушкили мардумро бояд нависад, барои бартараф намудани он мушкилӣ роҳбару мутасаддиёнро сафарбар карда тавонад. Рӯйдодҳои асосиро холисона инъикос намудан вазифаи аввалиндараҷаи ӯ бояд бошад. Журналист на ба ягон мақом ё гурӯҳ , балки ба давлат  ва ҷамъият  хидмат мекунад. Ӯ баробари нуктадону сухансанҷ будан, бояд дониши амиқ низ дошта бошад. Аз фурсат истифода бурда ҳамқаламонро бо иди касбӣ табрик мекунам ва хоҳони онам, ки қаламкашон ҳамеша баҳри сулҳу осоиштагӣ, адолат ва ҳақиқат хидмат кунанд, – мегӯяд Собира Бӯлдиева.
Низомии Ганҷавӣ фармудааст:
Сухан гавҳар шуду 
гӯянда ғаввос,
Ба сахтӣ дар каф ояд 
гавҳари хос.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: