Ҳар рӯз дар кӯча, нақлиёт, коргоҳ, гирду атроф бо мардуми феълу хӯяш мухталиф, забону шевааш гуногун вомехӯрем.
Аз атроф ба гӯши мо суханҳои хуб, меҳрубонона ва нарм, гоҳо ҳарфу садоҳои гӯшхарошу дилхиракунанда мерасанд. Гоҳ-гоҳ овози баланди ҳамсояи девордармиёнамро мешунавам, ки писару духтар, ҳамсар ё шахси дигарро бо суханҳои қабеҳ носазо мегӯяд. Ӯ ниҳоят ҷиддӣ ва бадҷаҳл аст, ки кас аз пурсу пос ва салому алейк бо ӯ худдорӣ мекунад.
Фазлу дониши инсон ба хислату табиати ӯ дар гуфтор, нутқи вай таҷассум меёбад. Маҳз ба туфайли гуфтор айбу ҳунар, фазлу камоли ӯ ба дигарон аён мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси боақлу нексиришт бояд нахуст андеша кунад, суду зиёни суханро дар қолаби ақл санҷида, сипас ҳарф занад. Чунончӣ, Саъдии бузург гуфтааст:
Нахуст андеша кун, он гоҳ гуфтор,
Ки номаҳкам бувад беасл девор.
Сухани дар тарозуи ақл баркашидашуда, бамаврид ва асил шахсро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад. Сухани беҷо ва беҳудаю бемаънӣ табъро тира месозад, шахсро беҳурмату беиззат мекунад. Сухан чун заҳру позаҳр буда, позаҳри он дармони дардҳост. Дар ин хусус Абушакури Балхӣ фармудааст:
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.
Сухани заҳрогину талх ва ширину дилписанд тавассути забон ифода меёбад. Мавқеъ ва аҳамияти забон аз қадимулайём диққати маърифатпарварон, донишмандон ва аҳли илму адабро ба худ ҷалб кардааст ва онҳо дар ситоиши забон ва аҳамияти он андешаҳои худро баён намудаанд.
Аз китобҳои таърихӣ хондаем, ки файласуф ва донишманди Юнони қадим Эзопи зиштсурати нексират, ки бо ақли расову забони шево аз ғуломӣ озод шуда буд, бо Ксанфи ҳукмрон суҳбат меорояд ва дар хусуси суду зиён, манзалату бузургӣ ва мавқеи забон нақл намудааст.
Солҳое, ки дар мактабҳои миёна омӯзгор будам, аз фанни адабиёт доир ба забон ва аҳамияти он аз тарафи хонандагон намоиши саҳнавӣ гузоштем. Дар он манзараи мулоқоти Эзопу Ксанфро ба аҳли мактаб намоиш додем, ки хеле аҳамияти тарбиявӣ дошт.
Ҳоло бамаврид донистам, ки порчаеро аз он саҳна ба хонанда пешниҳод намоям.
«Ксанф: – Акнун чӣ овардӣ?
Эзоп: – Забон.
Ксанф: – Боз забон? Магар ба ту нагуфта будам, ки барои меҳмонони ман беҳтарин хӯрокиҳоро биёрӣ? Барои чӣ фақат забон овардӣ? Мехоҳӣ, ки ман масхара шавам?
Эзоп: – Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад? Забон моро ба якдигар муттаҳид месозад. Агар забон намебуд, мо аз ифодаи маром оҷиз будем. Забон калиди донишҳо ва аслиҳаи ҳақиқату хирад аст. Ба воситаи забон шаҳрҳо месозанд, мо ба воситаи забон ишқу муҳаббати худро изҳор менамоем. Ба воситаи забон дарс меомӯзем, панд мегӯем, ситоишу ибодат ба ҷо меорем, ҳақро аз ноҳақ ҷудо мекунем, месароем, исбот мекунем, ибораҳои «модар, ёр, Парвардигор»-ро зикр мекунем. Сарбози сипоҳ сарбозонашро ба воситаи забон ба ғалабаву зафар роҳнамоӣ мекунад. Мо бо воситаи забон дӯстиву якдилӣ ва ҳамҷиҳатиро месароем.
Ксанф: – Офарин, офарин! Эзоп, сухани ҳақ гуфтӣ. Ту ҳақиқатан беҳтарин чизи ҷаҳонро барои мо овардӣ. (Аз ҳамёнаш пул бароварда ба Эзоп медиҳад).
– Боз ба бозор рав, ин дафъа бадтарин чизро гирифта биёр. Ман ба донишмандии ту боварӣ пайдо кардан мехоҳам... (Эзоп табақи болопӯшидае меорад).
Ксанф: – Ҳоло, ки чӣ будани беҳтарин чизи дунёро фаҳмидем, биё бубинем, ки ба фикри ин маъюби зишт бадтарин чизи дунё чӣ будааст? (Рӯймолро аз рӯйи табақ мебардорад).
– Забон? (хашмгинона). Боз забон? Эй кундфаҳм, магар худат нагуфта будӣ, ки забон беҳтарин чизи дунёст? Магар боз шаллоқ хӯрдан мехоҳӣ?
Эзоп: – Забон бадтарин чизи дунёст. Забон манбаи ҳамаи дасисаву балоҳост, оғози фитна ва модари тамоми баҳсу ҷанҷолҳост. Забонро шоирони беҳунар беҷо ба кор бурда, боиси озори гӯши мардум мешаванд. Забон дурӯғ мебофад, ҳақиқатро пинҳон медорад ва дурустро нодуруст нишон медиҳад. Забон ғайбат мекунад, ба касон таҳқир меоварад ва буздилона пинҳон мешавад, забон барои садақа пурсидан ва гадоӣ кушода мешавад. Ба мардумон лаънату нафрин мегӯяд, хашму ғазаб зоҳир месозад, туҳмат мекунад, мефурӯшад, ҳилаву фиреб ба кор мебарад. Забон хиёнат мекунад, фасод меандозад. Бо воситаи забон мо мегӯем: «Бимир». Бо воситаи забон якдигарро носазо мегӯем ва лафзҳои «бандаву ғулом»-ро ба кор мебарем. Ксанф, ана барои чӣ забон бадтарин чизи дунё мебошад, ки мо медонем!»
Ҳукмрон ба доноии Эзоп аҳсант хонда, тӯҳфаҳои қиматбаҳо медиҳад.
Абушакури Балхӣ нерӯи суханро аз алмоси бурро боло дониста, гуфтааст, ки алфози ширину салис морро аз сӯрох берун меорад:
Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррову теғи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.
Ҷалолиддини Балхии Рӯмӣ фармудааст, сухане, ҳарфе, ки аз забон бармеояд, чун тирест, ки аз камон меҷаҳад. Бинобар ин дар гуфтани ҳар матлаб бояд эҳтиёт шавад:
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.
Мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо низ дар кӯчаю бозор, ҷойҳои ҷамоатӣ ва серодам якдигарро носазо мегӯянд. Оилаҳоеро медонем, ки зан ва келинҳояшонро паст зада, нисбат ба онҳо суханҳои қабеҳро истифода мебаранд. Намедонанд, ки дар замири зан модарони онҳо истодаанд. Калонсолону пурдидаҳо бояд онҳоро ба нармгуфториву ширинсуханӣ ҳидоят намоянд.
Ба гуфтаи Абулқосими Фирдавсӣ:
Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард.
Саодат БЕКНАЗАРОВА.