СУХАН НАВ ОР, КИ НАВРО ҲАЛОВАТЕСТ ДИГАР

Дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид гардид, ки «фарзандонамон бояд дар мактаб забони модарӣ ва забони хориҷиро хуб аз худ намуда, бо компутер кор карданро омӯзанд».

Имрӯз дар Ӯзбекистон омӯхтани забонҳои хориҷӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. 
Дар атрофи ин мавзӯъ мо бо ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, доктори фанҳои филологӣ, профессор Илҳомҷон Тӯхтасинов суҳбат оростем, ки онро манзури хонандагони рӯзнома мекунем.
– Дар кишвари офтобрӯяи мо барои илму ҳунаромӯзии ҷавонон шароити мусоид фароҳам омадааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президент, солҳои охир шумораи мактабҳои олӣ 2,5 баробар афзуда, ба 198 адад расид. Ба мо – ректорон, устодони мактабҳои олӣ вазифа гузошта шуд, ки сифату самаранокии таълимро баланд бардорем ва усулҳои пешқадамро дар соҳаи маориф ҷорӣ кунем.
Ҳоло дар ин самт пайваста заҳмат мекашем, мақсадамон — тарбия намудани мутахассисони баландихтисос. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки мо ба усулҳои таълим диққати махсус медиҳем, беҳтаринашро рӯйи кор гирифтаем. Дар доираи ҳамкории байналхалқӣ низ комёбиҳои назаррасро ба даст овардаем. Ҳоло қариб 50 нафар профессорону муаллимони донишкадаи мо дар Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Хитой, Туркия, Русия, Куриёи Ҷанубӣ ва ғайра такмили ихтисос намуда, таҷрибаҳои омӯхтаи худро ба донишҷӯён меомӯзонанд. Ба ғайр аз ин, профессорони хориҷиро низ ба кори донишкадаамон ҷалб намудаем, ки онҳо ба насли наврас тибқи андозаи байналхалқӣ сабақ медиҳанд, ҳамчунин анъанаи «устод-­шогирд» амал мекунад.
Аз азал мардуми мо нисбат ба китоб эҳтиром дошт. Ва ин бесабаб нест, зеро китоб сарчашмаи маърифат аст. Адиби латиш Андрей Унит навиштааст, ки «Китоб чароғи сеҳрангезест, ки дар роҳи дарозу душвор ва тоқатфарсои ҳаёти инсон нури ҷонбахш эҳдо мекунад». Адиби бузурги авар Расул Ғамзатов таъкид мекунад, ки «Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар мебошад. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бо ойина рӯйи худро дида наметавонад».
Донишкадаи мо соҳиби китобхонаи бой мебошад, ки дар он ҷо донишҷӯён метавонанд асарҳои дӯст-доштаи худро ба забонҳои гуногун мутолиа кунанд. Замона имрӯз талаб менамояд, ки донишҷӯ ва ҳар як шахсе, ки аз пайи илму дониш аст, бештар рӯ ба китоб оварад, доираи ҷаҳонбиниашро вусъат бахшад, – мегӯяд И.Тӯхтасинов. 
– Илҳомҷон Мадаминович, дар назди донишкадаи шумо нашриёт фаъолият дорад. Дар ин хусус ҳам чанд сухан мегуфтед.
– Чанде пеш камина асари дӯстдоштаам «Рӯзгори мозӣ» ва «Каждум аз меҳроб»-и Абдулло Қодириро аз ӯзбекӣ ба англисӣ тарҷума кардам. Воқеан, асарҳои Абдулло Қодириро кас бо шавқи баланд мехонад, зеро забони асарҳояш равону дилнишин, тасвирҳояш табиист. Ҳангоми тарҷума кӯшиш кардам, ки ин ҷиҳатҳоро нигоҳ дорам ва ба ин муваффақ ҳам шудам. Ҳоло пеши худ мақсад гузоштам, ки якчанд асари ҷадидонро аз забони асл ба забони англисӣ тарҷума намоям. Дар донишкадаи мо на танҳо муаллимон, балки донишҷӯён низ бо тарҷумаи бадеӣ машғуланд.
– Соли 2023 «Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим» аст. Дар ин сол иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудаанд?
– Баланд бардоштани сифати таълим роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав аст. Бинобар ин, профессорону устодони донишкадаи мо бо 111 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо аз рӯйи дастури махсус ба ҳар як таълимгоҳ ташриф фармуда, баҳри беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия кумаки амалӣ мерасонанд. Барои бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 60 миллион сӯм ҷудо кардем.
– Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳибон 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  Шӯҳрати ҲУСЕЙН.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: