«СУХАНАШ ТАСАЛЛОБАХШУ ТЕҒАШ ҶОНБАХШ АСТ»

Чунин мегӯянд дар бораи мудири кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, сарвари Иттиҳодияи тиббии шаҳр Аҳмадҷон Бобоҷонов, ки шиораш дар зиндагӣ «ҳеч чиз он қадар боиси хушҳолию қаноатмандӣ нест, магарам барқарор кардани саломатии инсон ва ба ӯ бахшидани умри дубора» мебошад.

ХОТИР ХОҲӢ, 
ДИЛЕРО ДАРЁБ!
Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ 
бувад, 
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад. 
Пас аз машварати анъанавии субгоҳии ҷамоаи шифохона Аҳмадҷон Султонбоевич сӯйи шуъбаи ҷарроҳӣ мешитобад, ки дар он ҷо ӯро беморон бо ҳаяҷону изтироб бесаброна интизоранд. Онҳо мехоҳанд вазъи саломатии хешро шахсан аз забони саршифокор шунаванд. Шифокорони шуъбаҳо низ мунтазиранд, ки аз маслиҳати муфиди ӯ баҳра баранд. Хоссатан донишҷӯёни таҷрибаомӯз бо чашми чор ба дар дида медӯзанд, то бо сардухтур дар амалиёти ҷарроҳӣ иштирок кунанд ва асрори соҳаро азбар намоянд. Ва ин марди қоматбаланду қавипайкар, ки хилъати сабзрангаш ба худаш муносиб аст, аз хонаи корӣ берун баромада, бо ҳар як шиносу бегона бо чеҳраи кушод, самимона ҳолпурсӣ карда, вориди шуъбаи ҷарроҳӣ мешавад. 
Ҳамроҳи мудири шуъба Уйғун Раҳматов ва дигар шифокорон палатаҳоро як-як давр зада, аз беморон ҳол мепурсад, бо суханҳои дилнишин дил медиҳад ва аз рӯйи табобати онҳо ба духтурони масъул вазифа месупорад. 
Аҳмадҷон Султонбоевич одами рамузфаҳму рӯҳшинос, баодобу баандеша, ботамкину бомаданият аст. Худ зодаи Хоразм мебошад ва бо тоҷикӣ бе ягон мушкилӣ ҳарф мезанад. Ҳамеша лабонаш майли табассум. Беҳуда намегӯянд, ки чеҳраи хандони табиб, ба дард дармон мешавад.
Баъди шиносоӣ бо вазъи саломатии беморон, чун ҳамарӯза амалиёти ҷарроҳӣ ҷараён мегирад, ки дар он донишҷӯёни таҷрибаомӯз низ ширкат меварзанд. 
ДАР ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ
«Шифокор бояд сифатҳои хосаи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ – нигоҳи уқобӣ, дастони эъҷозкор, хиради мор ва қалби шерро дошта бошад».
(Ибни Сино).
Дар шуъбаи барҳавои ҷарроҳӣ, ки бо асбобҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст, ҳамшираҳои шафқат бо чолокӣ ва ҳушмандии ба худ хос шароити корро омода карда буданд. Аҳмадҷон Султонбоевич ҳамроҳи шифокорон, ки дар тан либоси махсус ва ниқоб дошт, бори дигар нишондодҳои рентгенро дақиқ аз назар гузаронид, ки заҳрадони бемор то куҷо осеб дидааст. Рӯйи мизи ҷарроҳӣ марди тахминан 45-50 сола бо чашмони умедбахш, ранги заъфаронию лабони хунпарида мехобид. Сӯйи ҳозирон имдодталабона нигарист. Ҷарроҳ чанд сухани тасаллибахш гуфт. Сипас, анестезолог беморро сӯзандору намуд. Мард беихтиёр карахту мадҳуш гардида, чашмонашро пӯшид. Амалиёти ҷарроҳӣ оғоз ёфт. 
Аҷиб он буд, ки табиб хомӯш сӯйи парасторон Замирабону ва Марияи зираку рамузфаҳм даст дароз мекард ва онҳо асбобҳои заруриро медоданд.
Теғи ҷонбахш бидуни лағҷиши беҷо ба итоаташ даромад ва дар фурсати кӯтоҳ амалиёти ҷарроҳӣ анҷом ёфт. Аҳмадҷон Султонбоевич аз анҷоми бомуваффақияти амалиёт хурсанд гардида, ба шифокорон чанд маслиҳат дод ва ҷониби хонаи кории худ раҳсипор гардид. Хонаи калон бо диди баланд оро ёфта, онро аксҳои падари бузургвору модари муқаддас, устодону бузургони соҳаи тиб зеб медоданд. 
ЛАБИ ПИР БО ПАНД НЕКӮТАР АСТ...
Фарзанд ҳамон 
кунад ба ҳар ҳол, 
К-аз модари 
хешу аз падар 
дид.
Аҳмадҷон солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба омӯзиши таърих ва тамаддуни зодгоҳ дил баст. Аз он ифтихор дошт, ки дар гузашта ин шаҳри куҳан яке аз марказҳои бузурги илму фарҳанг буда, олим ва мутафаккирони машҳур Абурайҳони Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абунаср ибни Ироқ, Абубакр Муҳаммади Хоразмӣ ва дигар алломаҳо дар ин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Аҳмадҷони ҷавон литсейи академии Урганҷро бо медали тилло хатм карду дар дуроҳа монд. Устодонаш маслиҳат медоданд, ки шомили факултаи риёзӣ шавад, аммо дилаш мегуфт, ки бостоншиносиро интихоб намояд. Аммо орзуи модари меҳрубон тамоман дигар буд.
– Писарам, ёд дорӣ, ки дар синфи чорум  ба дарди дил печидӣ, – кӯдакиҳои фарзанди худро ба ёд овард Дармон Салоева. – Чанд шифокор аз муоина гузаронида, ташхис гузоштанд, ки варами кӯррӯда ҳастӣ ва зуд бояд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронд. Аммо шифокори ботаҷриба Искандарамак Гулмонов шикаматро палмосида ду ҳабдору фармуда буд. Доруҳои Искандарамак фармударо хӯрдиву ба по хестӣ. Аз ин рӯ, ман мехоҳам духтур шавӣ, ҷони оча. Монанди Искандарамак духтури хуб шуда, ба дарди дардмандон дармон, ба ғами корафтодагон марҳами ҷон бишавӣ.
Аҳмадҷони итоаткор аз волидайн дуо гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд ва аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашт. 
Барои осон кардани мушкили падару модар, ки таъмини 8 фарзандро дар ӯҳда доштанд, шабона дар шифохонаи марказии шаҳр кор мекард ва рӯзона дар ҷараёни дарсҳо фаъол иштирок менамуд. 
Бори нахуст дар шафати духтури кордон Ашурбой Мадаминов истода, дар амалиёти ҷарроҳӣ иштирок кард. Дертар ба ӯ дастёр шуд.
Боре Аҳмади донишҷӯ дар шифохона навбатдор буд. Шаб ба шуъбаи реаниматсионӣ бемор оварданд: ҷавони тахминан 20-22-сола,  ки аз шиддати дард дар худ мепечиду як маром нола мекард.
– Аҳмадҷон тез биё, – амр кард духтури навбатдор Мурод Рустамов. – Зуд дасту остин барзан ва теғро гир. 
– Ман... – забон хоид Аҳмадҷон.
– Ҷойи дудила шудан нест. Бемор аппендитсит аст. Зуд ҷарроҳӣ накунем, нобуд мешавад. Зуд бош! Ман дар паҳлӯят меистам. Рӯҳи поки пири табибон Ибни Сино мададгор бошад!
Аҳмад имдодталабона сӯи устод нигарист. Ӯ бо табассум чашмак зад. Мазмун: «Дили шерона дорад, ҷарроҳ. Боварӣ дорам, ҳамааш олиҷаноб ба фарҷом мерасад». 
Дар ҳақиқат, донишу хирад, насиҳату маслиҳати устодон ёвараш гардиду тарсу бим, ҳаяҷону изтироб ҳастияшро тарк кард ва амалиёти ҷарроҳӣ хуб анҷом ёфт. 
Мурод Исомиддинович ба китфи шогирд меҳрубонона зада гуфт: 
– Дар ҳаракатҳои ту нишони истеъдод ҳаст. Минбаъд теғи ҷонбахшро маҳкам дор.
Амри тақдир буд ё хости Худо, Аҳмад баъди бо дипломи имтиёзнок хатм кардани мактаби олӣ дар Самарқанд монд. Бо тавсияи устодон таҳсилро дар аспирантура идома дод ва таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Баҳодур Собиров рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Тӯли солҳо дар ӯҳдадориҳои гуногун адои вазифа кард ва аз соли 2018 ин ҷониб сарвари Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд мебошад.

МАДАД КУН, ТО КИ ҲАҚ ЁРИ ТУ  БОШАД...
Дилатро бо мурувват 
муттафиқ кун, 
В-агар хайре кунӣ, 
бо мустаҳиқ кун. 
Мадад кун, то ки Ҳақ ёри 
ту бошад, 
Ҳама олам мададгори ту бошад.
Ҳоло дар Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд шӯъбаҳои гуногун амал мекунанд ва шифокорони ботаҷриба кору фаъолият доранд. Ба ин маскани табобатӣ на танҳо аз шаҳри Самарқанд, балки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва гӯшаву канори ҷумҳурӣ беморон омада, ёрии зарурӣ мегиранд, ба дарди худ дармон меёбанд. Ғамгину рӯҳафтода ворид шуда, хушҳолу тандуруст бадар мераванд.  
Шифохона на рӯзи истироҳат дораду на таътил. Қабулу гусели корафтодагон шабу рӯз, тобистону зимистон, баҳору тирамоҳ, яъне дар чор фасли сол ҷараён дорад. 
Болои сӯхта намакоб, тӯли солҳои охир сирояти бемории коронавирус авҷ гирифта, ташвишу таҳлукаи посбонони саломатиро афзун сохт. Чанд нафар табибон худ ба ин дард печида, ҷон ба ҷонофарин супурданд.
Дар он айём дар Самарқанд барои табобати гирифторони бемории ногаҳонӣ шифохонаи махсус ташкил ёфт. Марди бебок, фидокор, меҳнатдӯст Аҳмадҷон Бобоҷонов сардори он таъин гардид. Шабу рӯз дар байни беморон гаштан ва ба дарди онҳо марҳам шудан осон набуд. Ҳар гоҳ мо мехостем ба беморхонаи махсус рафта, оиди кори пурмашаққати онҳо мақола нависем, ҷавоби рад мегирифтем. Онҳо ҳарос доштанд, ки касалии сироятнок ба мо асар накунад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои душвор фидокорӣ ва қаҳрамониҳои посбони саломатӣ Аҳмадҷон Бобоҷоновро дидаву шунида, ният карда будем, ки албатта дар бораи фаъолияти ӯ ва ҳамкасбонаш чизе иншо хоҳем кард.
Инак, дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи тиб имкони сӯҳбат бо Аҳмадҷон Султонбоевич фароҳам гардид.
Вақте вориди ҳавлии Иттиҳодияи тиббии шаҳр шудем, он чиз диққати моро ба худ кашид, ки шифохона намуди наву дилнишин гирифта, дарахтони сояафкану сӯзанбарг ва гулгаштҳо бисёр шудаанд. Гарчанд тангии тирамоҳ аст, вале гулҳои ранг ба ранг чашм мерабоянд. Дар саҳни ҳавлӣ айвончаҳо ба чашм мерасанд, ки мардум бо фароғат истироҳат мекунанд. Вақте ба утоқи кории сардухтур рафтем, котиба гуфт, ки Аҳмадҷон Бобоҷонов дар амалиёт аст.
– Шояд баъди 10-15 дақиқа холӣ шаванд, – илова кард ӯ.

СУХАНИ НЕКӮ САЙЁДИ ДИЛҲОСТ...

Сӯҳбати ӯ кун, ки ба сидқу 
сафост, 
Домани ӯ гир, ки з-аҳли вафост.
Мудири шуъбаи ҷарроҳии шифохона Уйғун Раҳматов аз ташрифи мо магар хабар доштааст, ки  баъди салому алейк ва аз мақсадамон огоҳӣ ёфтан гуфт: — Бовар кунед, роҳбарамон шахси хоксор. Чӣ хел ба вохӯрӣ бо журналистон розигӣ додаанд, ман ҳайрон.
– Русҳо иборае доранд, – ҷавоб додем мо, – ваъдаро се сол интизор мешаванд. Ба ин хотир баъди се сол омадем. 
Ниҳоят Аҳмадҷон Султонбоевич омад ва дар атрофи як пиёла чой сӯҳбатамон тафсид.
– Бо ташаббуси сарвари давлатамон дар кишвари мо хизмати тиббӣ ба андозаи байналхалқӣ расида истодааст, – барафзуд мусоҳиби мо, – ва далели фикри мо ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ аст. 18-уми марти соли равон Президент бо ходимони нигаҳдории саломатӣ вохӯрӣ гузаронида, 7 самти муҳимро муайян карда, ба мо, вазифаҳои таъхирнопазир доданд.
Чанде пеш бошад, Президенти мӯҳтарам ба поликлиникаи оилавии рақами 22-юми ноҳияи Учтеппаи пойтахт ташриф фармуда, бо корҳои амалишуда шинос шуданд ва бо табибону аҳолӣ сӯҳбат оростанд. Сипас бо ҳамкасбони ман ҷамъомади видеоселекторӣ ташкил карда, ба ҳамаи мо барои беҳтару хубтар кардани корҳои табобат супориш доданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло дар шаҳри Самарқанд 561 ҳазору 916 нафар аҳолӣ буда, 20-то муассисаи профилактикӣ-табобатӣ, 6 шифохонаи ба 1005 нафар бемор пешбинишуда, 14 поликлиника ба хизмати мардум аст. Дар табобатхонаҳои мазкур як ҳазору 183 нафар шифокор ва ду ҳазору 524 нафар ходимони миёнаи тиббӣ дар хизмати халқ мебошанд. Дар байни онҳо доктори фанҳои тиб, профессорон хеле бисёранд. Чанде пеш маҳз барои шуъбаи “ёрии таъҷилӣ”-и Самарқанд қариб сӣ адад нақлиёти замонавӣ гирифтем. Имрӯзҳо қариб дар ҳар як гӯшаву канори шаҳрамон нуқтаҳои “Ёрии таъҷилӣ” вуҷуд дорад, ки пас аз занг задани корафтодагон дар тӯли 10-15 дақиқа мерасад.
– Аҳмадҷон Султонбоевич, шумо ҳамчун устод, роҳбар ва падар ба ҷавонон, ки пешаи табибиро интихоб мекунанд, чӣ гуна маслиҳату насиҳат доред?
– Адиби рус Антон Чехов менависад, ки пешаи шифокорӣ – ҷасорат ва ин касб фикри тоза, қалби покро талаб мекунад. Аммо афсӯс, ки баъзе ҳамкасбони мо бо таъмагарӣ ба хилъати сафед доғи сиёҳ афканда, ба қасамёд хиёнат мекунанд. Модом ки табобат санъати олиҷаноб аст, ба халқу ватан бо сидқи дил хизмат кунем.
– Инак, иди касбии шумоён дар мекӯбад...
– Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» тамоми шифокорони Ӯзбекистонро бо ин рӯзи фирӯз табрик гуфта, ҳамеша чеҳраи кушод, дили пок ва садоқат ба касб таманно дорам.

Собири БУРҲОН,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: