СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ “ЛОИҚНОМА”-И СОРБОН

Шоири тавоно, базморо, зиндаёду покбунёд, шаҳиру дилпазир, навгӯву навҷӯ Лоиқ Шералӣ агар ҳаёт мебуд, 80-солагии зодрӯзаш ба иди адабиёт, ҷашнвораҳои бузурги аҳли фарҳангу адаб табдил меёфт.

Ин дафтари шеъру ғазал чун ман 
намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, 
Лоиқ видоят карду рафт.
Лоиқ.

Шоири тавоно, базморо, зиндаёду покбунёд, шаҳиру дилпазир, навгӯву навҷӯ Лоиқ Шералӣ агар ҳаёт мебуд, 80-солагии зодрӯзаш ба иди адабиёт, ҷашнвораҳои бузурги аҳли фарҳангу адаб табдил меёфт. Аз имкониятҳои муфиди карантини маданӣ истифода бурда, китобҳои “Афсона ва афсун” (“Теҳрони сеҳрнок”)-и М. Дидевар, “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Алишер Навоӣ (дар тарҷумаи шодравон Ҷонибек Қувноқ), “Насиҳат ба фарзанд”-и Нусрат Раҳмат, “Сармаддеҳ” (китоби дуюм)-и Баҳманёр, “Девон”-и Фарзона, силсилаи ашъори Гулрухсор, чанд ҳикоя, қисса ва романи “Актёр”-и Сорбонро ба нақшаи мутолиа дохил карда будам. Воқеан, ёдномаи муассир ва пурмӯҳтавои Сорбон бо унвони “Лоиқнома” ҳам,  ба назарам, аз ҳар ҷиҳат лоиқи таҳсину эътироф аст. Дар бораи сирату сиришт, шахсияту сарнавишт, дунёи ботиниву зоҳирии Лоиқи хушбаён, осори гаронбаҳо ва мондагори ӯ андешаву мулоҳизаҳои фаровон гуфта шудааст, аммо “Лоиқнома” чизи дигар аст! Бо ибораи дигар гӯем, дилномаест пур аз фахру ифтихор, мулоқоту мунозираҳои ҷолиб, лаҳзаҳои висолу видоъ, бемориву хушҳолӣ, суру сӯг, машаққату масаррати эҷоду илҳом, тараннуми асолати ватану миллат, забону ваҳдат, халқу халоиқ, фарзанди асили диёр, ки ба муаллиф ва қаҳрамони ёднома мансубанд.
Сорбон дар радифи ҳамқаламону ҳамқадамони намоёни давр: Лоиқ, Бозор Собир, Кӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло ва дигарон фаъолияти пурсамар бурдааст.
Навиштаҳои ӯ (зиёда аз 140 ҳикоя, 15 қиссаи хурд, 11 повест, 5 роман, ёдномаву сафарнома) мустақиман бо зодгоҳаш деҳаи Амондараи Панҷакат вобаста мебошад. Романҳои “Кадевар”, “Туғрал”, “Достони писари Худо”, “Ниёз – кончӣ”, “Росу”-и ӯ адиби вуқӯъгӯй, дақиқназар, рангинхаёл будани муаллифро собит кардаанд. 
Ёднома бо тафсилоти хабари нохуши писари бузурги Лоиқ – Ҷамшеди шаҳрнишин оғоз меёбад, ки падараш аз баланд шудани фишори хун бистарии бемористон шудааст. Раҳораҳ сӯйи Душанбе писар, бародари калонии Лоиқ Қорӣ Шариф ва Сорбон аз он нотинҷ мешаванд, ки наход “Лоиқи тановару тавоно, хушҳол ва зиндадилу дилогоҳ бо чунин нотавониву бемадорӣ якбора аз пой афтода бошад. На, ӯ тан нахоҳад дод дарду маризиву бемориро”... Ҳамин тариқ ёднома моро то Душанбешаҳри ободу сарсабз, вале аз беёд хуфтани фарзанди бузурги тоҷик ночору мусибатзада машғули андешаву гуфторҳои тасаллибахш, дуову ниятҳои рӯҳфизо медорад. Сорбон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Ҷамшеду Қорӣ Шарифро аз вартаи хаёлоти нохуш берун оварад, бузургиву намирандагии дӯсти қаринашро бо зикри хислатҳои беназири инсониаш, пояндаву абадзинда будани осори оламшумулаш исбот намояд. 
Дар як ҷои ёднома Сорбон менависад:
“Э Варзоб-э, э Варзоб-э! Хабарат ҳаст, ки Лоиқ бемор шудааст. Бале, ҳамон шоир! Ҳамон шӯхшанг, ҳамон бебок, ҳамон ошиқ, ҳамон майхора, ҳамон, ки туро дӯст медорад ва ... Эй Варзоб! Ту осуда бош! Поянда бош! Боз Лоиқ меояд! Афзалшо меорад, Фарҳод меорад, ҳамон Фарҳод, ки чун ман бо Лоиқ хунпайванд шудааст ва ҳаргоҳ то ҷиддӣ кабку муғи ҳулол ҷуста меоянд...”
Чунин тасвирҳо, хитобаҳо, мулоҳизаҳо, ки фаровон аз талмеҳу қиёсҳо ва шахсиятҳои таърихианд, ниҳоди поку беолоиши Лоиқро ба хубӣ намудор мекунанд.
Ё дар ҷойи дигар мехонем: “Лоиқ дар ҳаёт нолиш надошт. Ман нашунидаам, ки аз нокомиҳо, аз норасоиҳо, аз каму кости рӯзгори шахсӣ гӯя карда бошад. Гурусначашмӣ ё ҳарисӣ надошт. Вонамуд мекард, ки чашму меъдааш сер аст...”
Ба Лоиқи хушгӯ бузургони сухан М.Турсунзода, Н.Маъсумӣ, Ф.Муҳаммадиев, Ш.Рустамов, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ ва дигарон ҳусни таваҷҷӯҳ ва ихлоси баланд доштанд. Дар поёни умраш бештар ба Ҳилолӣ, Румӣ, Ҳофиз, Хайём, Рӯдакӣ рӯ меовард.
Байти:
Гар дар ҳама даҳр як сари 
нештар аст,
Дар пойи касе халад, 
ки дарвештар аст,
ки аз зери андовайи девори мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро пайдо кардаанд, ба Лоиқ азизу гиромӣ буд.
Дар ёддоштҳои Сорбон номи бисёр одамон қаламдод шудаанд, ки бевосита ба ҳаёти Лоиқ алоқамандӣ доранду шоир бо онҳо дар робитаи хешутаборӣ, дӯстиву ҳамкории эҷодӣ буд. Беш аз ҳама модараш Заҳробибӣ, завҷааш Зебинисо, фарзандон, модарарӯсаш Додарой, бародараш Қорӣ Шариф, эҳҳе ... ном ба ном овардан ғайриимкон аст. Дар дилу дидаи ҳазорҳо одамон мавқеи устувор дорад Лоиқи ошиқ!
Хулосаи сухан, дар бораи Лоиқ ёдномаҳо, сӯгвориҳо, тадқиқоти зиёде навиштаанд, аммо... аммо “Лоиқнома”-и Сорбон достонест, ҳайкалест воқеӣ, дилнишину ҷаззоб!
Гӯё дами вопасини худро пай бурда бошад, Лоиқ гуфтааст:
Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷойи биншастаи 
ман.
Андар сари гӯри ман гузоред 
чу лавҳ,
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи 
ман.
Субҳи 30-юми июни соли 2000, соати 4-у 20 дақиқа дили Шоири халқии Тоҷикистон, суханвари ҷаҳонии тоҷик Лоиқ Шералӣ аз задан монд. Қабри файзосораш дар паҳлӯйи гӯри устод Улуғзода. Дар атроф устод Икромӣ, Миршакар, Ниёзӣ, Муҳаммадиев, Қутбӣ, Одина Ҳошим, Сайёр ва Тӯҳфахону Малика ҳастанд, Исҳоқӣ низ, менигорад Сорбон. 
Инак, 20 сол мешавад, ки Лоиқ ҳарчанд ҷисман ин дунёро тарк гуфтааст, дар дилу ёди одамҳост. Ӯ намурдааст. На-на!!! Дарёфтам: худаш гуфтааст: “Навиштаҳоямро  хонед, ҳама чизро дарёфт хоҳед кард”. Худи ӯ ҳам. Хушбахтам, ки бо Лоиқ ду бор вохӯрдам, аз ӯ соядаст гирифтаам: вақти чилсолагиаш дар Самарқанд, айёми 50-солагиаш дар Панҷакат.
Сорбоно, корвон манзил ба 
манзил меравад,
Дар раҳи ҳар манзиле як пораи 
дил меравад

Нормурод КАРИМЗОДА.
Ноҳияи САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: