СУХАНИ ОШНО

Рӯзноманигор, нависанда ва шоири шинохтаи тоҷик Марямбонуи Фарғонӣ (Эшонҷонова) 11 ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯх (вилояти Фарғона) зода шудааст.

Ҳоло бо оилааш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад.
Ӯ сазовор ба ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (Маскав, 1995), ҷоизаи «Нишони сухан» (2006), ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) шудааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Чанд китоби қисса ва ҳикояҳои Марямбонуи Фарғонӣ бо номҳои «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон»,  «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», «Шаҳболи хаёл» ва китобҳои ашъораш бо номҳои «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо», «Табъи гуҳаррез» то имрӯз ба чоп расидаанд. Намунаҳои осори назмиву насрии зиёдаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ чоп шудаанд. 
Ҳоло ба унвони муште аз хирвор ҳикояи «Вораста»-и адиба ҷиҳати таваҷҷуҳи хонандагони «Овози тоҷик» пешниҳод мегардад.
Бахши адабиёт ва ҳунар


Марямбонуи ФАРҒОНӢ

ВОРАСТА
(Ҳикоя)

Мард занро дӯст медошту зан кабкро. Вале кабк намесароид. Ба гунаи ҳамсари мард, ки ҳамеша гирифтахотиру малул буд. Мард мехост, ки нигори атласпӯшаш хиромону хандон бӯстонсаройи ӯро пури нишот гардонад, ҳар бомдод навои қақраи кабк, навозиши дастони булӯрин аз хоби нозаш бихезонад. Аммо ин таманнои дилаш рӯъёе буду ба мурод намерасид. 
Зан, ба пиндор, хештанро ҳабси хонагӣ карда буд. Ҳеҷ сар берун намекашид, ҳарчанд ин дарвоза қуфлу калиде надошт. Ҳамеша андар ин хона шуғле меёфту андармон мегашт. Ва пажвок мезад: 
«Андар қафасам ба мисли як бедона, 
Озод наям, барам чӣ лозим дона. 
Беҷову дарам, агарчи дорам хона, 
Дар доми замона гаштаам девона». 

Мард мегумонид, ки ҳамсар ҳамвора дар интизори мавриди мусоид ва дар андешаи раҳидан аз ин хонадон бошад. Бинобар ин худро тарзе вонамуд месохт, ки ҳаргиз аз пайи таъқибаш нест. Дар ягон кор исрор намекард, вале... вале дилаш мехост, ки ин дастҳои гарму нарм мӯйҳои ғулуашро панҷа зананд, ин чашмҳои шаҳло сӯяш бо меҳр нигаранд. Мард кабк будан мехост. Ончунон ба ҷойи ин кабки қафас будан мехост, то ба ин кабкхиром мувофиқ ёре бошад ва ӯ таваҷҷуҳ кунад ба ин дили шайдову гирди қафасаш гардад, аз хобу хӯраш огаҳ бошад, соатҳо чашм аз нигоҳаш барнаканад, ба олами тахайюл биравад. 
Кабк, аз афти ҳол, кабки ҷангӣ буд ва пайваста минқор ба қафас мезад, садои номафҳум мебароварду боз нӯл ба зеру забари зиндони чӯбиаш мекӯбид. Ангор, кабки сур минқор ба қафаси синаи мард мезад. 
Оқибат кор ба ҷое расид, ки мард хобпар гардид. Вай аз ин тарзи ҳамхонагӣ тадриҷан дилхунук мешуд. Худро чӣ бадбахт марде мешуморид. Бале, ӯ хушбахт нест, чаро ки қалбаш аз ҳарорати қалби ёраш гарм нест. Ҳамболинаш ҳамвора ашки талх мерезаду кайфи ӯро ноҷӯр месозад. Бигзор, ҳар кас аз рӯйи хости дили хеш ҳаёт ба сар бубарад. Ӯ, ки мард аст, бояд мардона тан бигирад. Тан бигирад, ки кошонааш барои дигаре қафаси танг аст. Чун дар ҳузури вай ин зан худро озоду обод ҳис намекунад, пас мард низ, ба пиндор, зиндонист. Ва ин мисраъҳои Мавлоно Ҷомиро бо алам мехонд: 
Вораҳонам зи нанги ин тангӣ, 
Бирасонам ба ранги берангӣ. 

Ва ӯ сапедадам аз ҷой хеста, бо оби сард шустушӯй кард ва худро хеле сабуку майнаашро рӯшан дарёфт. Хост аз обу дони кабк хабар гирад. Аҷабо! Кабк дар қафас набуд... Мард ба қафаси шикаста даст зада ошуфтаҳол меистод. Мутаҳаййир аз он буд, ки ин мурғак чӣ сон бо зарби минқор қафаси мустаҳкамро пора-пора сохтааст? Вай чашми ҳайрат боз кард ва ба ин кӯшкак, ки бо нияти зиндагии обод бунёд карда буд, нигариста, аз дил мегузаронид: 
Дар доми ҳавас қайди алоиқ зи хирад нест, 
Эй тоири нав, аз қафаси танг бурун о! 

– Аҳсан! – шунида шуд овози ёри бадром. 
Мард ақиб нигарист. Дид, ки чашмони ҳамсараш барқ мепошанд. Ӯ аз ин тарзи нигоҳ маънии тоза гирифт. 
– Ту ҳам акнун мурғи озодӣ. Бирав, ҷавобатро додам... 
– А!!! – занак ранг бохт ва баъд аз лаҳзае ба замин беҳолу бемадор нишасту даст болои зонувон гузошт. Мехост гиря кунад, вале чашмонаш ба фоми чашмаи кӯр буданд. Паси гӯшаш суханҳои мард садо медоданд: «... акнун мурғи озодӣ». Вале зан намедонист бо ин ворастагӣ чӣ бояд кунад. 
Дар бомгӯша гурбаи барроқ лаб мелесид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: