СУХАНИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ БАХШИДА БА КУШОИШИ ҶАШНВОРАИ ДУВОЗДАҲУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУСИҚИИ «ШАРҚ ТАРОНАЛАРИ»

Ҳамватанони азиз, меҳмонони муҳтарам!

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Хонумон ва ҷанобон!
Ман аз он хурсандам, ки шуморо дар замини саховатманди Ӯзбекистон, дар Самарқанди бостонӣ ва достонӣ, ки онро дар тамоми олам барҳақ «Сайқали рӯйи замин» меноманд, хайра мақдам мегӯям.
Ҳамаи шуморо бо кушоиши тантанавии Ҷашнвораи дувоздаҳуми байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Мо аллакай тӯли бисту ду сол таҳти васояти ЮНЕСКО ин ҷашнвораро баргузор мекунем. Иҷозат диҳед ба Директори генералии созмони мазкур хонум Одри Азуле барои иштироки шахсиаш дар чорабинии ҳолоина, ки ба он моҳияти махсус мебахшад, сипосгузории бузург изҳор намоям.
Ҳамчунин ба раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид Сергей Лебедев, мушовири Президенти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои фарҳанг Владимир Толстой, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Оқтота Раимқулова, вазири фарҳанг, ахбор ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Ҷамонқулов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамуродов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Муҳаммад Холид, вазири маданият ва корҳои дохилии Шоҳигарии Бутан Шеруба Гйелтшен, муовини вазири фарҳанг ва мероси миллии Ҷумҳурии Полша Павел Левандовски, узви Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир Муҳаммад Илтоф Шайх, сенатори Ҷамъомади миллии Ҷумҳурии Беларус Екатерина Дулова, мири шаҳри Нараи Ҷопон Мотонобу Накагава, мири шаҳри Андонги Ҷумҳурии Куриё Квон Ёнг Се, раиси донишкадаи Лаъл Баҳодур Шастри, президенти Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Ӯзбекистон Анила Шастри, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ дар Ӯзбекистон, кормандони расонаҳои ахбори оммавие, ки ба мамлакати мо барои васеъ равшан кардани ҷашнвора омадаанд, барои иштирокашон дар маросим миннатдории самимӣ баён мекунам. 
Ба 340 нафар арбоби машҳури маданияти 74 давлат, ки дар анҷумани мо иштирок доранд, аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор менамоям. Мо шуморо ба сифати фиристодагони воқеии санъат пазироӣ мекунем ва ҳамчун сафирони сулҳу салоҳ баланд арзёбӣ менамоем.
Хуш омадед, ба Ӯзбекистон, ба шаҳри зебои Самарқанд!
Иштирокдорони муҳтарами ҷашнвора!
Тавре ки маълум аст, дар қитъаҳои гуногун, дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон анҷуманҳои мухталифи мусиқӣ ва санъат баргузор мегарданд. Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» бинобар маҳаки баланди бадеии худ ва садоқаташ ба анъанаҳои мусиқии классикӣ дар байни онҳо мақоми махсус дорад.
Ҳоло ба шарофати ҷашнвораи мо Самарқанд одамонро аз тамоми ҷаҳон на фақат бо ёдгориҳои зебои меъмориаш, ки шоҳидони замонҳои куҳан мебошанд, на танҳо бо муҳити нодири шаҳри афсонавӣ, балки бо суруду оҳангҳои дилкаши шарқӣ, ки алҳол дар ин ҷо садо медиҳанд, ҷалб менамояд.
Солҳои сипаришуда, тақрибан чаҳоряк аср, таҳти осмони ситорабор ва гунбадҳои нилгуни Самарқанд бисёр оҳангҳои ҳаяҷонбахшу сурудҳои дилпазир садо доданд. 
Ҷашнвора даҳҳо нафар ҳунарпешагон, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавонро, ки баъдан маъруфу машҳур гардиданд, кашф кард, ба онҳо барои парвозҳои эҷодӣ болу пар бахшид. 
Аз ҳама муҳимаш, он барои мулоқоти байни маданият ва тамаддунҳо, кишвар ва халқҳои гуногун соҳати ба худ хос гардид.
Дар пояи ғояи ҷашнвора ҳикмати шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ: «Аҳли олам, байни худ бо муҳаббати дӯстона зиндагӣ кунед, саҳни замини азизро бо истеъдод ва меҳнати худ оро диҳед!», нуҳуфтааст.
Ин суханон бо ҳикмати классики бузурги Фаронса Виктор Гюго, ки: саъю кӯшишҳои нек чун хуршед ҷаҳони ботинии инсонро рӯшан мекунанд, гуфтааст, ҳамоҳанг мебошанд. 
Бо вуҷуди он ки чандин садсола гузаштааст, ин суханон имрӯз низ рӯзмарра мебошанд ва дар қалбҳои мо акси садо медиҳанд.
Ҳар як ҳунарпеша ба ин саҳнаи зебои майдони муҳташами Регистон баромада, ғояҳои олии инсонпарвариро месарояд, ки онҳо мардумро, новобаста аз миллат, забон ва эътиқодашон, муттаҳид менамоянд. 
Ҳар кадоми шумо, бидуни шубҳа, танҳо барои худи ҳамин ба таърифу тавсифи баландтарин сазовор мебошед.
Алҳол, аз имконият  истифода бурда, мехоҳам фикру ақидаи худро бинобар як масъала зикр кунам.
Дар рӯзҳои мо оид ба мусиқии генеративӣ, маҳорати сунъӣ баҳсҳои зиёд идома доранд, ки ба ҳамаи шумо, бешубҳа, ин хуб маълум аст. Пешбинӣ мешавад, ки дар оянда мусиқӣ, гӯё бидуни иштироки инсон, бо техника офарида хоҳад шуд. 
Вале ҳамаи мо дарк менамоем, ки ягон техника, ҳатто воситаи мукаммалтарин низ наметавонад нафаси инсон, ҳаяҷони рӯҳӣ, ҳусни овози зинда, бо як сухан, ҳунари воқеиро иваз намояд.
Санъат, мусиқии ҳақиқиро танҳо инсон, ки истеъдоди Худодод дорад, офарида метавонад. 
Дар замони ноороми мо, ҳангоме ки дар тамоми сайёра хурӯҷу зиддиятҳои гуногуни яроқнок пурзӯр мешаванд, одамон беш аз пеш ба олами виртуалӣ рӯ меоваранд, танҳо мусиқӣ дар рӯҳи инсон эҳсоси зебоиву некӣ, умеду эътимодро ба фардо бедор мекунад. 
Мусиқӣ ҳамчун асоси санъат барои тарбияи комили насли наврас имкониятҳои бузург дорад. Ҷавононе, ки ба санъат қаробат мегиранд, ба ҳаёт ба тарзи дигар муносибат мекунанд, ба суннатҳои милливу умумиинсонӣ арҷ мегузоранд. Ман бовар дорам, ки чунин ҷавонон, ки равандҳои инсонпарварӣ ва кушодадилиро баланд қадр мекунанд, қодиранд оламро аз буҳрони маънавӣ ҳифз намоянд.
Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки мусиқӣ нирӯи беназири таъсиргузор аст.
Меҳмонони муҳтарам!
Ҳоло кишвари мо дар давраи нави рушди миллӣ қарор дорад. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар фарҳанг ва санъат низ, тағйироту бозсозиҳо амалӣ мешаванд.
Ба таҷрибаи гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» такя карда, мо бори аввал Анҷумани байналхалқии санъати мақомро дар Шаҳрисабз, ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигиро дар Тирмиз баргузор кардем.
Барои гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии ҳунарҳои милливу амалӣ моҳи сентябр дар Қӯқанд тайёрии пухта дида мешавад. 
Барои кӯмакрасонӣ ба баргузор кардани ин гуна анҷуманҳо ба сохторҳои бонуфуз, аз ҷумла ЮНЕСКО, АЙСЕСКО, Созмони байналхалқии санъати фолклор ва ба ҳамаи шумо, вафодорони ҳунари худ – намояндагони маданияти мусиқӣ миннатдорӣ баён мекунам.
Ҳоли ҳозир дар кишвари мо садҳо мактаби мусиқиву санъат, литсейҳои академӣ, бисёр театрҳо, нигористонҳои бадеӣ ва толорҳои консертӣ амал мекунанд. Фикр мекунам, шумо аз  ин саҳнаҳои эҷодӣ боздид ба амал меоваред, бо ҷавонони мо ҳамсуҳбат мешавед, ки чун сабақ хидмат ҳоҳад кард. 
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам бо як таклиф ба шумо муроҷиат намоям. 
Агар дар шумо орзуи ҳамкорӣ бо консерватория ё худ дигар муассисаи таълимии мамлакат, сабақдиҳӣ ба ҷавонони мо ба миён ояд, ман шахсан шуморо самимона дастгирӣ мекунам.
Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Халқи мо, ки санъат ва мусиқиро дӯст медорад, ба қадри аҳли эҷод мерасад, анҷумани мазкурро бо хушнудӣ истиқбол мекунад. 
Бовар дорам, ки ошноӣ бо Ӯзбекистони кунунӣ, ки беш аз пеш нав мешавад, бо халқи кушодадилу меҳмонавози мо дар қалбҳои шумо таассуроти равшану фаромӯшнопазир мегузоранд. 
Ба иштирокдорони Конфронси байналхалқии илмиву амалии «Пешомадҳои рушди санъати анъанавии мусиқии халқҳои Шарқ», ки дар доираи ҷашнвора баргузор хоҳад шуд, комёбиҳо таманно дорам. 
Аз номи иштирокдорони ҷашнвора ва тамоми мардуми мо ба сокинони меҳнатдӯсту саховатманди Самарқанд, ки барои дар сатҳи олӣ гузаштани ин ҷашни ҳунар тамоми корҳои имконпазирро иҷро кардаанд, самимона миннатдорӣ изҳор менамоям.
Дӯстони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Иҷозат диҳед ба ҳамаи шумо барои садоқататон ба санъати мусиқӣ ва саҳми бузургатон дар ҳифзу пешрафти он, сипосгузорӣ намоям.
Ба ҳамаи шумо комёбиҳои нави эҷодӣ орзу дорам, бигузор, ба шумо муҳаббати миллионҳо нафар дӯстдорони истеъдодатон ҳамеша ҳамроҳ бошад!
Бигузор, дар тамоми сайёраи зебои мо сулҳу салоҳ ва дӯстии байни халқҳо мустаҳкам гардад!
Барои эътиборатон ташаккур.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: