СУХАНИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТАНТАНАҲОИ БАХШИДА БА ҶАШНИ УМУМИХАЛҚИИ НАВРӮЗ

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Дар ин рӯзҳои аҷиб, ҳангоме ки табиат бедор ва шукуфо мегардад, ба замини саховатманди мо Наврӯзи деринтизор мерасад.
Ҳоло чун ҳамеша дар ин ҷашни зебо, ки тӯли ҳазорсолаҳо қисми ҷудонопазири ҳаёти маънавии халқи мо ба шумор меравад, қалбҳоямон аз хурсандии хоса ва эҳсоси воло саршор мегардад.
Барои ман ҳамаи шумо, кулли дар ин қасри муҳташами маркази пойтахт – «Ҳумо» ҷамъомадагон ва дар шахси шумо халқи бисёрмиллати Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз муборакбод кардан шарафи бузург мебошад.
Ба тамоми ҳамватаноне, ки дар ин рӯзи дилафрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, деҳоту овулҳо бахшида ба Наврӯз сайрҳоро баргузор мекунанд, эҳтироми бузург ва орзуву омолҳои неки худро иброз медорам.
Бигузор ҳаёти шумо ҳамчун субҳи баҳорӣ ҳамеша дурахшон, хурсандиовар ва фаровон бошад!
Бигузор Наврӯз ба ҳар як хонадон, ба ҳар кадом оила фаровонҳолӣ ва бахту саодат оварад!
Дӯстони муҳтарам!
Дар ин лаҳзаҳои нотакрору беназир ҳамаи мо нирӯву ғайрати навро эҳсос менамоем. Барои худ бори дигар мазмуни амиқи суннатҳо ва урфу одатҳои бисёрасринаи худро кашф мекунем, ворисони чӣ гуна таърих ва маданияти бузург будани хешро дарк менамоем ва қалбҳоямон аз ҳисси ифтихор лабрез мегардад.
Хеле рамзист, ки соли равон тантанаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин қасри муҳташам баргузор мешаванд. Зеро Ҳумо мурғи паёмовари некӣ, тимсоли бахту саодат аст, Наврӯз бошад, ҷашнест, ки рӯҳро менавозад, вай иди баҳору фаровонҳолист. Бигузор таҷассуми ин ду тимсоли бузург – Ҳумо ва Наврӯз – ҳаёти моро беш аз пеш дурахшон ва пурмазмун созанд.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки маълум аст, Наврӯз ин рӯзи нав, ибтидои соли нав бино бар тақвими шарқист.
Имрӯз табиат, тамоми олами зебои атрофи мо аз дигар эҳё ва пок мешаванд.
Ӯзбекистони азизи мо низ дар даврони нави рушди миллӣ қарор дорад.
Ин даврони нави ҳаёти озод ва мустақили мо, сатҳи нав, дараҷаи беш аз пеш баланди созандагиву фаровонҳолист.
Ин давронест, ки ба шарофати корҳои амалишаванда раванди неки мо «Манфиатҳои мардум – аз ҳама воло» амалан татбиқ мегардад. Хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои нав, иншооти соҳаҳои таълим ва нигаҳдории тандурустӣ, маданият ва варзиш, деҳоту шаҳрҳои обод, ки мо бунёд менамоем, ҳусни кишварамонро дучандон мекунанд.
Ин давронест, ки эҳтиром нисбати куҳансолон, ҳурмат ба хурдон, некиву меҳрубонӣ, кӯмакрасонӣ ба ҳамаи онҳое, ки эҳтиёҷманданд, ба меъёри ҳаёт табдил меёбад.
Ин давронест, ки дарҳои дӯстиву ҳамкорӣ ба ҷомеаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, ба кишварҳои ҳамсоя васеъ боз мегарданд.
Ин Ӯзбекистони куллан дигаргун, дорои нирӯ ва иқтидори навест, ки торафт бештар сазовори эътирофи ҷаҳониён мешавад.
Ногуфта намонад, ки ҳамаи ин ҳанӯз қадамҳои аввалин дар роҳи дуру дарозу мураккабест, ки мо интихоб кардаем.
Алҳол халқи мард ва саховатманди мо бо меҳнати фидокоронаи худ даврони нави таърихи шуҳратёри Ватанро меофарад.
Дар назди халқи кушодадил, ба кишвари худ содиқ ва ба ояндааш мӯътамади мо аз таҳти дил, бо муҳаббати фарзандона сидқан таъзим мекунам.
Дӯстони муҳтарам!
Ғояҳои ҳаётпарвар ва рӯҳи инсондӯстонаи Наврӯз дар низоми суннатҳои умумиинсонӣ торафт мақоми муҳимро ишғол менамоянд. Мувофиқи қарори СММ 21-уми март дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналхалқии Наврӯз васеъ таҷлил мегардад.
Аз фурсат истифода бурда, иҷозат диҳед, сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, тамоми меҳмонони мо, халқҳои хориҷи дуру наздикро бо ҷашни хотирмони кунунӣ муборакбод намоям, ба онҳо сулҳу салоҳ, шукуфоӣ ва фаровонҳолӣ орзу кунам.
Ҳамватанони муҳтарам!
Ҳоло дар тамоми мамлакат ҳангоми сайру саёҳатҳои халқӣ суханони самимии: «Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон пирӯз бод!» садо медиҳанд.
Воқеан, Наврӯз ба шарофати нирӯи бузургаш тамоми табиатро бедор ва нав мекунад, бозсозиҳои васеъмиқёси мо ҳамчун Наврӯз ба навсозии ҷамъият мусоидат менамоянд, ҷаҳонбинии  одамонро сифатан тағйир медиҳанд, ба иқтидорҳои онҳо болу пар мебахшанд.
Тамоми ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшаванда ба он нигаронда шудааст, ки халқамон аз ҳаёти худ ризоманд бошад, ҳар як рӯзи ӯ ба Наврӯз табдил ёбад. Барои муваффақ шудан ба чунин ҳадафҳои нек моро лозим аст, ки вазифаҳои бағоят муҳимро ҳаллу фасл намоем. Мо якҷо бо халқи бунёдкори худ, бешубҳа, вазифаҳои пешгузоштаамонро иҷро ва қуллаҳои бузургро фатҳ менамоем.
Алҳол деҳқонон ва фермерони моҳири мо бо умедҳои зиёд мавсими нави кишоварзиро оғоз мекунанд. Бигузор имсол барои ҳамаи мо соли фаровонҳолӣ бошад, ҳосиламон зиёд гардад, бигузор меҳнати поквиҷдононаи шумо натиҷаҳои сазовор диҳанд, азизони ман!
Собиқадорони муҳтарам, модарону хоҳарон, писарону духтарони азиз!
Бори дигар шуморо бо ҷашни Наврӯз самимона ва аз таҳти дил муборакбод менамоям!
Бигузор Наврӯз ба сарзамини Ӯзбекистони азиз бахту саодат ва шукуфоӣ оварад!
Бигузор орзуву омоли неки шумо амалӣ шаванд!
Бигузор дар мамлакати мо ҳамеша сулҳу салоҳ ҳукмрон, ҳаёти халқамон фаровон бошад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: