Кори хайрро дар қиёси дигарон макун.
Шӯхии бемаврид боиси шармандагист:
***
Аз баҳри худ гузар, то дигаронро баҳра диҳӣ.
***
Дафтару қаламат кӯҳна бошад, ғам махӯр, фикрат тоза бошад бас.
***
Шумо ба мо чӣ додед ё чӣ надодед, шумор макунед, моро он чи Худованд додааст, кофист:
***
Фазилати некӯ – меҳру вафо, некӯтараш – сидқу сафо ва некӯтаринаш шарму ҳаёст:
Агар бошӣ, ту бомеҳру вафо бош,
Фурӯзон бош, босидқу сафо бош.
Ҳадиси нангу номус сарсарӣ нест,
Калиди махзани шарму ҳаё бош.
***
Ба дарди касон марҳам, ки намешавӣ, насиҳаташон макун:
Ба дарди кас агар марҳам надорӣ,
Насиҳатро ба гӯши кас чӣ корӣ?!
***
Шогирди оқилон бош, беҳтар аз он ки устоди ҷоҳилон бошӣ.
***
Эҷод бахт аст, чи дар тахтӣ, чи бетахтӣ.
***
Тани хокӣ аз олудагиҳо холӣ нест, моро рӯҳи муқаддас мебояд, то ба он олудагиҳо рӯшанӣ андозад.
***
Ба тавоно аз рӯйи диди худ баҳои нотавонӣ ва ба нотавон баҳои тавоноӣ мадеҳ, зеро аз баҳои ноҳақ тавоно нотавон ва нотавон тавоно нагардад.
***
Ба дӯст зиёда аз вай дӯстӣ кун, ба душман камтар аз душманиаш ҷавоб гардон то ҳар ду аз ҳастиат огоҳ бошанд.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгор.