СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ КУШОИШИ АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНЪАТИ МАҚОМ

Муҳтарам иштирокдорони анҷумани байналхалқӣ!

Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Имрӯз дар замини саховатманду меҳмоннавози Ӯзбекистон, ки мардумаш санъатро дӯст медоранд ва ба он арҷ мегузоранд, ҷашни бузург аст. Дар яке аз шаҳрҳои зеботарини Ватани мо – Шаҳрисабз, дар майдони таърихии Оқсарой, ки аз ҷониби Амир Темури бузург бино ёфтааст, Анҷумани байналхалқии санъати мақом кушода мешавад.
Шумо, иштирокдорони ин тантана, тамоми онҳоеро, ки ҳаёти худро ба мақом – дурдонаи санъати мусиқӣ бахшидаанд, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Иҷозат диҳед намояндагони сохторҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Созмони байналхалқии эҷодиёти фолклори Осиёро, ки дар маросими имрӯза иштирок доранд, хайрамақдам гӯям.
Мехоҳам ба мушовири Президенти Федератсияи Русия Владимир Илич Толстой, мушовири Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Султанбай Райев, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Арстанбек Муҳаммедӯғли, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Гараев, муовини аввали вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Аҳмат Халук Дурсин миннатдории махсус изҳор намоям. Бигузор дар тамоми кишварҳо чунин ҷашнвораҳои санъат бисёр бошанд, мо аз иштирок дар онҳо хурсанд хоҳем буд.
Иҷозат диҳед ба роҳбарони соҳаҳои фарҳанги як қатор кишварҳои дигар, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон низ сипосгузории амиқ изҳор кунам.
Меҳмонони азиз, мо дар симои шумо фиристодагони сулҳу некӯӣ, дӯстони ҳақиқии халқ ва кишвари худро мебинем.
Хуш омадед ба Ӯзбекистон, хуш омадед ба Шаҳрисабз!
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Дар ҷашнвораи кунунии санъат, ки дар мамлакати мо бори аввал гузаронда мешавад, тақрибан 300 нафар вакилони 73 давлат ширкат меҷӯянд. Дар байни онҳо сарояндагон ва оҳангсозон, арбобони фарҳанг ва санъат, олимони мусиқашинос, ки хеле дур аз кишварҳои худ низ шинохта шудаанд, иштирок доранд.
Имрӯз дар зери гунбадҳои нилгуни Шаҳрисабз сурудҳои мақом, ки қисми ҷудонопазири фарҳанги бисёр халқҳо буда, бо мусиқии амиқи фалсафӣ ва мӯъҷизавии худ қалби миллионҳо нафарро дар тамоми олам тасхир кардаанд, садо медиҳанд.
Воқеан, санъати мақом ин ганҷинаи бебаҳои маънавӣ ба шумор меравад, ки дар тӯли садсолаҳо эҳсоси амиқ, орзуву омол ва ормонҳои неки инсониятро инъикос менамояд.
Мо, барҳақ аз он ифтихор дорем, ки халқи ӯзбек низ ба рушди санъати мақом, ки дар ибтидои он адабиёти классикӣ, санъати тасвирӣ, донишҳои бостонии илмии Шарқ, ҳуввиятҳои ислом истодаанд, саҳм гузоштаанд.
Ҳифз кардани ин мероси нодири маънавӣ, бо он шинос намудани ҷомеаи васеи хориҷӣ, дар шакли ибтидоияш ба насли нав пешниҳод кардани он мақсади асосии анҷумани мо, намояндагони ҳозири халқҳо, кишварҳо ва қитъаҳои мухталиф ба шумор меравад.
Дӯстони азиз!
Он чиз, ки мо ин анҷумани санъатро дар шаҳри зебову нотакрори Шаҳрисабз ташкил додем, маънии амиқ дорад.
Ин шаҳри афсонавӣ тӯли таърихи деринаи худ, ки 2700 солро дар бар мегирад, бисёр санҷишҳоро аз сар гузаронидааст. Вале ягон ҷанг ва талошҳо, офатҳои табиӣ натавонистанд онро аз сатҳи замин маҳв кунанд.
Шаҳрисабз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун кишвари худоназаркарда низ машҳур аст, дар он саркардаи бузург ва арбоби давлатӣ, ҳомии фарҳанг ва санъат Соҳибқирон Амир Темур ба воя расидааст.
Ин шаҳр аз қадимулайём бо олимон, шоирон, мусиқашиносони бузург, устоён-ҳунармандон, ёдгориҳои нодири меъмориаш шуҳрат дорад.
Хурсандиовар аст, ки алҳол ба шарофати иқтидори созандагӣ, меҳнати фидокоронаи халқи мо Шаҳрисабз ба яке аз шаҳрҳои ободтарин, маркази замонавии фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил меёбад.
Меҳмонони муҳтарам!
Тавре ки ба шумо маълум аст, Ӯзбекистони воқеъ дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим яке аз гаҳвораҳои тамаддун ва маданияти Шарқ ба шумор меравад.
Асбоби мусиқии най, ки аз ҷониби ҳафриётшиносон аз деҳаи Муъминободи вилояти Самарқанд дарёфт гардиду сесад ҳазорсола таърих дорад, тасвирҳо бо намои оҳангнавозон, ки дар шаҳраки Айритоми наздикии Тирмиз ба даст омад ва бисёр мисолҳои дигар шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Бино бар ҳамин ҳам беҳуда нест, ки шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ тахаллуси худро аз вожаи муъҷизавии «наво», ки мазмуни оҳангҳои зеборо дорад, интихоб кардааст.
Маҷмӯаи иборат аз шаш мақом – «Шашмақом», ки меваи даҳои мусиқии халқи мост, гӯё шаш рӯди шодоб аст. Онҳо ба уқёнуси маданияти ҷаҳонӣ рехта, онро пурра ва ғанитар мекунанд. Хеле рамзист, ки ин воқеаи нодири фарҳангӣ аз ҷониби ЮНЕСКО мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният эътироф гардид.
Халқи мо, ки дар ҳаёти ӯ санъат, мусиқа ҳамеша мақоми махсус дошт ва ба эҷодкорон бо эҳсоси зиёди ҳурмату эҳтиром муносибат дорад, анҷумани кунуниро бо дили кушод ва хушнудӣ истиқбол мегирад.
Мо дар ин рӯз номҳои шоирон ва мутафаккирони бузург, оҳангсозон ва мусиқашиносон, сарояндагону ҳофизонеро, ки ба истиқрор ва рушди мақом, ҳифзи ин санъати ҷовидон барои насли кунунӣ саҳми бузург гузоштаанд, бо миннатдорӣ ба забон меоварем.
Дӯстони азиз!
Ҳоли ҳозир нақш ва моҳияти санъати мусиқӣ, ки тамоми одамони ниятҳояшон некро муттаҳид мекунад, дар тарбияи ҷавонон дар пояи ғояҳои олии инсонпарварӣ беш аз пеш меафзояд.
Бешубҳа, бидуни дарки амиқи санъати мақом моҳияти санъати воқеиро идрок кардан душвор аст. Бино бар ҳамин ҳам моро зарур мебошад, ки ба рушди он эътибори махсус диҳем.
Мо бояд тамоми имкониятҳои мавҷударо ба он сафарбар намоем, ки оҳангҳои мақом, рӯҳ ва фалсафаи он дар шуур ва дилҳои ҳамзамонони мо, пеш аз ҳама, насли наврас мақоми мустаҳкам пайдо кунанд.
Бо назардошти таъсири бузурги санъати мақом ба ҳаёти фарҳангии мо, дар мамлакат вобаста ба он корҳои зиёде татбиқ мегарданд.
Бешубҳа, шумо дар рӯзҳои анҷуман имконият пайдо мекунед бо ҳамкорони худ, дӯстдорони мақом ҳамсуҳбат шавед, бо корҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, шинос гардед.
Фикр мекунам, дар доираи анҷумане, ки имрӯз кушода мешавад, мушкилоти муҳими соҳаи мазкур ҳамаҷониба баррасӣ мегарданд, бобати истифодаи васеи таҷрибаи байналхалқӣ, технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, имкониятҳои интернет, рушди ҳамкориҳои байни фарҳангҳо ва созмонҳои эҷодии кишварҳои мухталиф таклифу пешниҳодҳо андешида мешаванд.
Дар ҷараёни анҷуман баргузор кардани Конфронси байналхалқии илмиву амалии «Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» дар ин самт қадами муҳим хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда, иҷозат диҳед аз номи иштирокдорони анҷуман ва кулли халқи мо ба сокинони меҳнатдӯсту меҳмоннавози вилояти Қашқадарё ва Шаҳрисабз, ба тамоми онҳое, ки нирӯву ғайрат, донишу маҳорати худро дареғ надошта, барои он ки ин ҷашнвораи мусиқӣ дар сатҳи баланд баргузор гардад, тамоми кори заруриро анҷом додаанд, миннатдории бузург изҳор намоям.
Дӯстони муҳтарам!
Меҳмонони азиз!
Умедворам, ки анҷумани байналхалқии мо анъанавӣ мегардад ва ба рушди минбаъдаи санъати мақом нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар бисёр кишварҳои дигар хидмат мекунад. 
Шуморо бори дигар бо ҷашнвораи кунунии санъати олӣ муборакбод менамоям.
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, бахту саодат ва пирӯзиҳои нави эҷодӣ, кори бомуваффақияти анҷуманро орзу мекунам.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: