Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Шумо, тамоми халқи сермиллатамонро бо ҷашни бузурги имрӯза самимона ва аз сидқи дил табрику муборакбод мекунам, ба шумо эҳтироми амиқ ва орзуҳои беҳтарини худро ирсол менамоям.
Рӯзи истиқлол муборак бод!
Дӯстони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар мо моҳияти бузургу таърихии дастоварди беназири худ – истиқлолияти миллиро амиқ дарк менамоем.
Маҳз ба шарофати истиқлол давлатдории миллии мо аз нав эҳё шуд. Ӯзбекистон ба даврони нави таърихӣ қадам гузошт. Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар ҷомеаи ҷаҳон мақоми сазовори худро дарёфтем. Ва бо ин ҳақ дорем, ифтихор кунем.
Дар чунин як рӯзи хурсандӣ, мо, албатта, бо миннатдорӣ падарону бобоёнамон, ватандӯстонеро, ки баҳри истиқлолияти Ватан мубориза бурдаанд, ба хотир меоварем.
Инҳо ҷадидон – гузаштагони бузурги мо мебошанд, ки халқро ба роҳи пешрафт ҳидоят намуда, барои озодии миллӣ ҳаёти худро бахшидаанд.
Инҳо қаҳрамонони мо ҳастанд, ки ҳатто дар шароитҳои мураккабтарин ҳам ба ғояҳои озодӣ ва истиқлолияти миллӣ содиқ мондаанд.
Мо ба ғоя ва равандҳои неки онҳо такя намуда, имрӯз пойдевори ҳаёти нав, ҷомеаи навро мегузорем.
Мо номи ин шахсиятҳои фидокорро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Солҳои охир мо дар роҳи сохтмони Ӯзбекистони Нав қадамҳои бузург гузоштем. Дар ҳар кадом кор, дар ҳар як комёбӣ неруи бузурги истиқлол равшан зоҳир мегардад.
Кишвари мо ба олам рӯ меоварад ва ҷаҳон барои мо боз мегардад. Дӯстон ва шарикони мо дар минтақа ва дар тамоми сайёра меафзояд.
Тӯли 7 соли охир бинобар ташаббуси Ӯзбекистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 10 муоҳидаи махсус, аз ҷумла соли равон 4 шартнома қабул гардиданд.
Мувофиқи пешгӯии Бонки умумиҷаҳонӣ соли равон рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 5,3 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати нишондиҳандаи бисёр давлатҳо баландтар аст. Бинобар маълумоти Бунёди байналхалқии асъор соли 2023-юм дар Ӯзбекистон он бори аввал аз 100 миллиард доллар гузашт.
Тамоми ислоҳоти мо бо ғояи неки «Барои манфиат ва шаъну шарафи инсон, барои бахту саодати халқ!» амиқ омехтааст.
Комёбиҳо дар соҳаи иқтисодиёт ба мо имкон доданд, ки миқдори нафақа ва кумакпулиро аз моҳи сентябр, музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷавӣ, ходимони тиббӣ ва омӯзгоронро аз моҳи октябр зиёд кунем.
Мавқеи шаҳрвандӣ, эҳсоси дахлдорӣ ба ҳаллу фасли мушкилоти барои ҷомеа ҳаётан муҳим мустаҳкам мегардад. Шаҳрвандон ба лоиҳаи «Буҷаи ташаббуснок» фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои бо маблағ таъминсозии маҳаллаҳо ва иншооти иҷтимоиро мустақилона ҳаллу фасл менамоянд. Чунончӣ, дар давраи сипаришуда барои татбиқ сохтани зиёда аз 13 ҳазор лоиҳа, ки аз ҷониби аҳолӣ маъқул дониста шудаанд, 11 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Мо корро бобати ҳифзи муҳити атроф, эҳтиёткорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла гузаштан ба низоми истифодаи сарфакоронаи об пурзӯр намудем.
Дар мамлакат барномаи «Макони сабз» татбиқ мегардад. Ба хусус кор бинобар дарахтнишонӣ дар қаъри хушки баҳри Арал бомуваффақият идома дорад. Аз ҳама муҳимаш он мебошад, ки чораҳои васеъмиқёс ба пешгирии дар минтақа паҳн гаштани чанг ва намак мусоидат мекунанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони боғайрати мо дар сохтмони Ӯзбекистони Нав саҳми сазовор мегузоранд.
Ин дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки дар Париж баргузор шуд, бори дигар тасдиқ гардид. Дар ин мусобиқаҳои бузургтарини варзишии ҷаҳон намояндагони Ӯзбекистон 8 медали тиллоӣ, 2 нуқра ва 3 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Ба хусус муштзанҳои диловари мо Баҳодур Ҷалолов, Ҳасанбой Дӯсматов, таэквондочӣ Улуғбек Рашитов, ки ба унвони баланди чемпиони дукаратаи олимпӣ муваффақ шуданд, худро равшан зоҳир намуданд. Онҳо дар таърихи варзиши миллӣ саҳифаи нави пуршарафро боз карданд.
Дар мусобиқаҳои Париж чемпионҳои олимпии мо Диёра Келдиёрова, Лазизбек Муллоҷонов, Абдумалик Халлоқов, Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Разамбек Ҷамолов, барандагони медалҳои нуқра Светлана Осипова, Акбар Ҷӯраев, соҳибони медалҳои биринҷӣ Алишер Юсупов, Музаффарбек Тӯрабоев ва Ғуломҷон Абдуллоев қаҳрамонии ҳақиқиро намоиш доданд.
Шаъну шараф ба варзишгарони мо – ғолибоне, ки дар таърихи Ӯзбекистон воқеан натиҷаҳои бемисл ба даст оварданд!
Бидуни шубҳа, ғалабаҳои олимпичиёни мо дар арсаҳои варзишии Париж ба мардуми Ӯзбекистон дар ҷашни Истиқлол туҳфаҳои сазовор гардиданд.
Иҷозат диҳед, аз фурсат истифода бурда, аз номи халқамон бори дигар варзишгарон – устодонеро, ки парчами Ватанамонро дар Олимпиадаи Париж баланд афроштанд, ҳамчунин волидайн, мураббиён ва устодони онҳоро аз таҳти дил муборакбод намоям.
Алҳол аз Париж боз муждаҳои хурсандибахш мерасанд. Паралимпичиёни мо низ ба халқи Ӯзбекистон дар ҷашн туҳфаҳои муносиб омода мекунанд.
Устодони ҳақиқии варзиш Асила Мирзоёрова, Қудратулло Маъруфхӯҷаев ва Элбек Султонов соҳиби медалҳои тиллоӣ шуданд, Зиёдахон Исоқова ва Кубарро Ҳакимова сазовори медалҳои нуқра, Муслима Одилова, Толиббой Йӯлдошев ва Моҳигул Ҳамдамова бошанд барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Оре, мо варзишгарони қаҳрамон дорем! Шаъну шараф ба онҳо! Писарону духтарони ҷасуру фидоии худро аз таҳти дил табрик мегӯем.
Ҳамаи мо бовар дорем, ки паралимпичиёни Ӯзбекистон аз комёбиҳои дӯстони худ илҳом гирифта, ба натиҷаҳои баланд муваффақ мешаванд ва ба Ватан бо ғалабаҳои бузург бармегарданд.
Дӯстони азиз!
Замони кунунии фавқулодда мураккаб ва пурташвиш дар назди мо санҷишҳо ва мушкилоти нав ба нав мегузорад. Вале бо вуҷуди мураккабиҳои ҳаёт мо ислоҳоти демократии худро мустақимона идома медиҳем, тамоми неру ва имкониятҳои худро барои беҳбуди мардум, барои мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ ва эътидол дар мамлакат сафарбар менамоем.
Мо минбаъд ҳам барои бо навъҳои замонавии яроқу аслиҳа ва техника таъмин кардани Нируҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани иқтидори ҳарбӣ ва маънавии он эътибори бузург медиҳем.
Вале ҳифзи сулҳу салоҳ набояд танҳо кори хидматчиёни ҳарбӣ бошад. Ин вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон аст.
Ҳувияти бузургтарини мо сулҳу салоҳ ва эътидол мебошад.
Нируи кишвар дар ваҳдат, қадраш бошад дар сулҳ аст!
Ҳамватанони муҳтарам!
Алҳол барои бунёди Ӯзбекистони Нав мо ба панҷ самти бартаринок эътибори асосӣ медиҳем.
Инҳо, пеш аз ҳама, ташаккул додани низоми босифати таълим, рушди тиҷорат, созмон додани низоми одилонаи судии аз тамаъгарӣ озод, куллан беҳ сохтани нигаҳдории тандурустӣ, таъмин намудани устувории экологӣ мебошанд.
Ҳаллу фасли тамоми мушкилоти мо, ҷавоб ба ҳамаи саволҳо танҳо дар таълим аст. Калиде, ки барои мо тамоми дарҳоро мекушояд, ин таълиму тарбия мебошад.
Мо бобати ислоҳсозии таълими мактабӣ барномаи бузург қабул кардем. Ба амиқ омӯхтани забони модарӣ ва адабиёт эътибори махсус медиҳем. Ба мақсади таълими босифати забони хориҷӣ ба бачагон аз хориҷа соҳибони он забонҳоро даъват менамоем. Толибилмони мактабҳо бо китобҳои замонавии таълимӣ, ки дар пояи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ офарида шудаанд, таъмин карда мешаванд.
Дар мамлакат бахшҳои мактабҳои пешқадами хориҷиро кушода, мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки Ӯзбекистонро ба маркази бузурги таълим табдил диҳем. Ҷавонони мо барои саҳм гузоштан ба рушду шукуфоии кишвари азизи худ саъй намуда, дар донишгоҳҳои хориҷӣ низ таълиму таҷриба мегиранд. Мо барои ҷавонон имкониятҳои боз бештар, аз ҷумла аз тариқи бунёди «Эл-юрт умиди» фароҳам меоварем. Моро лозим аст, ки барои дониш гирифтани занону духтарон, соҳиби касб шудани онҳо эътибори алоҳида диҳем.
Ман ба падару модарони муҳтарам рӯ оварда, онҳоро даъват мекунам: ба духтарони худ таълим диҳед, барои татбиқ гардидани орзуву ниятҳои онҳо кумак расонед!
Тавре ки гузаштагони донишманд фармудаанд, агар ба писар савод омӯзонед, як нафар соҳибмаълумот мешавад, агар духтарро таълим диҳед, тамоми оила, тамоми ҷомеа саводнок хоҳад шуд.
Ман ҳоло мехоҳам ба ҷавонони Ӯзбекистон низ муроҷиат намоям.
Писарон ва духтарони азиз, мо ояндаи кишвар, таҷассуми тамоми саъю кӯшишҳои некамонро маҳз дар шумо мебинем. Мехоҳем, ки шумо дар соҳаҳои гуногун ба комёбиҳои бузург муваффақ шавед ва бо дастовардҳои хеш кишварамонро дар тамоми ҷаҳон беш аз пеш шуҳратёр кунед.
Дар назди худ мақсадҳои азим гузоред, шумо ба корҳои бузург қодиред!
Ба неру, дониш ва иқтидори худ ҳамеша бовар кунед!
Давлати мо, халқ, Президент ҳамеша ба шумо кумак мерасонанд, шуморо дар ин роҳ дастгирӣ мекунанд.
Иштирокдорони муҳтарами тантана!
Мо корро бобати узви Созмони умумиҷаҳонии савдо шудани Ӯзбекистон мустақимона идома медиҳем. Зина ба зина ҳуқуқҳои монополиро бекор мекунем ва имтиёзоти ширкатҳои алоҳидаро таъмин менамоем, ба ҳама ҳуқуқҳои баробар пешниҳод месозем. Соли равон мо барои аз байн бардоштани 17 намуди монополияи давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, хоҷагии об, сохтмони роҳ, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ қарор қабул кардем. Мо ин корро идома медиҳем, то ки кишварро ба қисми ҷудонопазири соҳати савдои байналхалқӣ табдил диҳем.
Боз як масъалаи муҳим ин таъмин сохтани аҳолӣ бо ҷойҳои сазовори корӣ мебошад. Дар ин бобат мо ба соҳибкорон такя мекунем ва онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоем. Ҳар сол мо бо соҳибкорон мулоқоти бузург мегузаронем. Ҳаллу фасли мушкилотеро, ки онҳоро ба ташвиш меоваранд, пайдо мекунем, барои дастгирии соҳа қарорҳои дахлдор қабул менамоем.
Худи замон аз соҳибкорон тақозо мекунад, ки васеъ андеша кунанд, маҳсулоте истеҳсол намоянд, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатбардор бошанд. Ба онҳо дар ин бобат комёбиҳо орзу менамоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Мо халқи азими 37 миллионнафара мебошем. Алҳол Ӯзбекистон бинобар шумораи аҳолӣ аз байни 40 давлати бузурги ҷаҳон ҷой гирифтааст. Бо ислоҳот, меҳнат, дониш ва истеъдоди худ мо бояд ин рақамро ба иқтидори бузург табдил диҳем.
Бо дарназардошти имкониятҳои маҳдудамон бобати баромадан ба баҳр, бояд ба соҳаҳои креативӣ эътибори зиёд дода шавад ва онҳо пайваста инкишоф ёбанд. Дар олам кишварҳое зиёданд, ки ҳар сол даромадҳои бисёрмиллиардинаро аз содироти маҳсулоти саноати креативӣ ба даст меоваранд. Бинобар ҳамин ҳам мо соҳибкорони ихтироъгар, ба хусус ҷавононеро, ки истеҳсоли чунин маҳсулотро ба роҳ мондаанд, ҳамаҷониба рағбатнок мекунем.
Дӯстони муҳтарам!
Ҳашт сол муқаддам Осиёи Марказӣ ба сифати самти бартариноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон муайян карда шуда буд. Дар ин асос мо муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамсояҳоямон куллан беҳтар кардем.
Ба шарофати саъю кӯшишҳои хастанопазири ҳамаи мо орзуи Осиёи Марказии Нав, ки дар он кишварҳо муттасил интишоф меёбанд, сулҳу салоҳ ҳукмрон мебошанд, ба воқеият табдил меёбад.
Минтақаи мо ба сифати яке аз марказҳои рушди иқтисодӣ ва фаъолнокии сармоявӣ мунтазам пеш меравад.
Дар пояи имкониятҳои кунунии нодири таърихӣ мо бояд дар Осиёи Марказӣ муҳити ҳамаҷониба солими сиёсӣ, барои насли фардо, ояндаи озоду бехатарро фароҳам оварем.
Баробари ин мо баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои муфиди тарафайнро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ба дараҷаи нав мебардорем.
Аз фурсат истифода бурда, ба дӯстону шарикони хориҷӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, ки дар ин тантана иштирок дошта, ташаббусҳои ба рушди устувори Ӯзбекистони Нав нигаронидашудаи моро дастгирӣ мекунанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Мамлакат дар остонаи воқеаи муҳими сиёсӣ қарор дорад. 27 октябр интихобот ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳалҳо баргузор мегардад.
Интихоботи ҳолоина дар муҳити ҷамъиятиву сиёсие, ки Сарқонуни нав мушаххас намуд, дар пояи низоми омехтаи интихоботӣ чун дар давлатҳои пешқадам баргузор мешавад. Муайян шудааст, ки занон бояд на камтар аз чил фоизи тамоми номзадҳои аз ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшудаи депутатиро ташкил диҳанд.
Муътақидам, ки интихоботи пешистода куллан мувофиқи меъёрҳои байналхалқии интихобот ва қонунгузории интихоботи миллӣ, дар шароити рақобати ҷиддӣ мегузарад.
Аз имконият истифода бурда, халқамонро даъват менамоям, ки дар ин интихобот фаъолона иштирок кунанд ва барои Ӯзбекистони Нав, ҳаёти озоду шукуфон, ояндаи хушбахтонаи фарзандон овоз диҳанд.
Ҳамватанони азиз!
Замони пуршиддат аз мо тақозо менамояд, ки дар назди худ мақсадҳои беш аз пеш баландтар гузорем. Вазифаи асосии ҳолоинаи мо ин муваффақ шудан ба бунёди он давлати мустақил ва ҷомеаи озодест, ки бо неру ва иқтидори худ бунёд кардем, то боз ҳам зебо ва ободтар гардад.
Ин мақсади олӣ ба меҳнати хастанопазир муносиб аст.
Ин он мақсади равшану пуршарафест, ки барои он месазад ҳаёти худро бахшид.
Муътақидам, ки мо беш аз пеш муттаҳид мешавем, тамоми дониш, таҷриба, неру ва ғайрати худро сафарбар мекунем ва албатта ба мақсади худ мерасем. Ҳатман ояндаи зебои худ – Ӯзбекистони Навро бунёд менамоем!
Ман дар назди халқи мард ва кушодадиламон, ки дар атрофи ин ғояи нек муттаҳид шуда, ислоҳотамонро дастгирӣ мекунанд, бо меҳнати фидокоронаи худ ҳаёти навро барпо менамоянд, фарзандвор сари таъзим фуруд меоварам.
Бори дигар шумо, тамоми халқамонро бо 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Зинда бод, Ҷумҳурии Ӯзбекистон!
Зинда бод, халқи Ӯзбекистон!