СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОҒАЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ КУШОДАНИ СОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Нутқ

Ассалому алайкум!
Ҳурматли ва азиз ӯзбек қардошлар!
Аса құрметті, Шавкат Миромонович, жеке Өзіңізге және Өзбекстан халқына жылы шыраймен қарсы алып, қонақжайлық көрсеткендеріңіз үшін зор алғыс айтамын.
«Қазақ пен өзбектің базары да бір, мазары да бір» деп бабаларымыз бекер айтпаған.
Екі халықтың тілі де, діні де, тағдыры да, тарихы да біртұтас.
Халқҳои мо – меросдорони тамаддуни қадимӣ ва бузурги Осиёи Марказӣ.
Мо анъана, арзиш ва мероси маданиву маънавии гузаштагонамонро якҷоя аз тариқи бисёр озмоишҳои сарнавиштсоз гузашта, ҳифз карда тавонистем.
Шарикии стратегӣ ва ҳамкории самарабахши байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон идомаи мантиқии ин дӯстии таърихӣ ба шумор меравад.
Дар солҳои охир алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарии ду мамлакати бародар ва дӯст ба дараҷаи боз ҳам баландтар баромад.
Ҳамкориҳои наздисарҳадӣ мустаҳкам гардида, табодули мол бебозгашт зиёд мегардад.
Қатъан метавонам бигӯям, ки имрӯз дар муносибати байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои мушкиле вуҷуд надоранд. Баръакс, кӯшиши ҷонибҳо барои мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд дорад.
Мардуми Қазоқистон аз қадим ба қаринӣ ва дӯстӣ содиқ буда, некҳамсоягиро қадр менамояд.
Мо ҳамеша ӯзбеконро чун бародар халқи наздик мешумурдем ва хоҳем шумурд. Мо инчунин хуб медонем, ки мардуми ӯзбек нисбати мо низ чунин эҳсоси гармро мепарварад.
Халқҳои бародари мо бо як сарнавишт ва ояндаи муштарак пайванданд.
Мо бо ниёи худ Ҳоҷа Аҳмади Яссавӣ ифтихор менамоем, ки осори ӯ дар Ӯзбекистон низ бодиққат омӯхта мешавад.
Ду бии бузург – бунёдгузорони ҳуқуқи қазоқ – Толе Бӣ ва Айтеке Бӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон дафн гаштаанд.
Мо нисбати Тошканд эҳсоси махсуси гарм дорем, зеро бо ин шаҳр шарҳи ҳоли бисёр арбобони бузурги зиёии қазоқ иртибот доранд.
Мо аз роҳбарияти Ӯзбекистон барои дастгирии маданияти қазоқ миннатдорем.
Мехоҳам, ки барои чорабиниҳои доманфарох, ки қарори Президент Шавкат Мирамонович Мирзиёев «Дар бораи омӯзиш ва ташвиқоти васеи мероси эҷодии шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ Абай» пешбинӣ намудааст, изҳори миннатдорӣ намоям.
Абайи бузург мо – қазоқҳоро даъват намудааст, ки аз халқи бародари ӯзбек махсусан хоксорӣ ва меҳнатқариниро омӯзем.
Мо ҳамаи корро мекунем то ки ӯзбеконе, ки дар Қазоқистон ҳамеша зиндагӣ мекунанд, эҳтиёҷҳои маънавӣ ва иҷтимоии худро комилан қонеъ гардонда тавонанд.
Дар мамлакати мо даҳҳо марказҳои миллии ӯзбекҳо фаъолият доранд, ки амалан дар тамоми минтақаҳо кушода шудаанд.
Забони ӯзбекӣ дар доираҳои расонавӣ, низоми таълим, ҳаёти мадании Қазоқистон амал менамояд.
Ду театри ӯзбек дар байни тамошобинон молики муваффақият аст.
Мо аз роҳбарияти Ӯзбекистон барои ғамхориаш нисбати қазоқҳое, ки дар мамлакататон ба таври ҳамешагӣ иқомат доранд, миннатдор ҳастем.
Дӯстони муҳтарам!
Мо шоҳид ва иштирокдори рӯйдоди воқеан таърихӣ ҳастем. Табдили харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст, ки дар он давлатҳои мо низ ҷойгоҳи муносибро ишғол намуданд.
Аз ҳамдастии наздик ва амали машваратии Қазоқистон ва Ӯзбекистон рушди бомуваффақияти иқтисодӣ, субот ва бехатарии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста аст.
Ба шарофати кӯшиши Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасы Нурсултон Назарбоев ва муҳтарам Президент Шавкат Мирзиёев муносибати Қазоқистону Ӯзбекистон дар айни авҷ мебошад.
Соли Ӯзбекистон, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, барои мустаҳкам гардидани алоқаҳои наздик мусоидат намуд.
Беш аз 200 чорабинии муштарак барпо гардид, ки дар байни онҳо Анҷумани нахустини байниминтақавӣ дар Шимкент ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардид.
Мо муттасил ба ҳадафи худ – то ба 5 миллиард доллар зиёд намудани табодули моли тарафайн наздик мегардем.
Дар бобати фаъолсозии алоқаи нақлиёт кор бурда мешавад.
Имконоти ҷиддиро барои ба бозорҳои Аврупо ва Осиё баромадан рушди инфрасохтори транзиту логистикаи мамлакатҳоямон ба вуҷуд меоранд.
Дӯстони азизи ӯзбек!
Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон – ин рӯйдоди махсус ва муҳим мебошад, ки натанҳо барои муносибати дутарафаи мо, балки барои ба вуҷуд овардани фазои ҳусни тафоҳум ва боварӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳимро молик аст.
Пешниҳод менамоям, ки марказҳои асосии маънавӣ ва таърихии мамлакатҳоямон, ки натанҳо сармояи маданияти турк, балки тамоми ҷаҳон ба шумор мераванд, байни ҳамдигар пайванд карда шаванд.
Фикр мекунам, кушодани кластери сайёҳӣ, ки аз рӯи як хат Туркистон, Самарқанд ва Бухороро пайваст менамояд, имконпазир аст.
Қадірлі бауырлар!
Ұлы Абайдың «Татулықтан артық жолдас жоқ» деген қанатты сөзі бар.
Қазақ пен өзбектің қуанышы да, мұңы да, мақсат-мұраты да бір.
Қарзи умумии мо аз он иборат аст, ки дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳои қазоқ ва ӯзбекро, ки гузаштагонамон васият намудаанд, ҳифз намоем.
Өзбекстандағы Қазақстан жылын ашық деп жариялаймын!
Соли Қазоқистонро дар Ӯзбекистон кушода эълон мекунам!
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: