СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ИҶЛОСИЯИ 46-УМИ ШӮРОИ ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОНИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Раиси мӯҳтарам хонум Нажот Шамим Хон!

Раиси мӯҳтарам хонум Нажот Шамим Хон!
Муҳтарам Комиссари олии олӣ хонум Мишел Бачелет!
Хонумон ва ҷанобон! 
Имрӯз Ӯзбекистон бори аввал дар ин вохӯрӣ ба ҳайси узви Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон ширкат мекунад. 
Таъкид мекунам, ки солҳои охир мо бошуурона ба сӯйи ин мақсад ҳаракат кардем. Ислоҳоти демократии мо хусусияти бебозгашт пайдо карданд ва ба ташаккули Ӯзбекистони нав нигаронида шудааст. 
Мо ҷонибдори идома додани ҳамкории зич бо кишварҳои узви Шӯро, бо ҳамаи шариконамон барои пеш бурдани ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид “Даъвати ба амалиёт бар манфиати ҳуқуқи инсон” мебошем.
Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷамъомад! 
Мехостам афзалиятҳои минбаъдаи амиқсозии дигаргуниҳои демократӣ дар Ӯзбекистон ва фаъолиятамонро дар доираи Шӯро нишон диҳам. 
Якум. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон минбаъд низ дар ислоҳсозии Ӯзбекистон нақши марказӣ хоҳад дошт. 
Ноил шудан ба Мақсадҳои рушди устувор то соли 2030 дар кишвари мо тибқи тамоюли «Ҳеҷ касро дар канор нагузоштан» бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳар як инсон амалӣ карда мешавад. 
Сухан дар бораи татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба  ҳуқуқи инсон меравад, ки дар коркарди он коршиносони Раёсати Комиссари Олии ҳуқуқи инсон фаъолона ширкат варзиданд.  
Дуюм. Дар масъалаҳои сиёсати гендерӣ мо ният дорем нақши занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва тиҷоратии кишвар ба куллӣ баланд бардорем. 
Имсол мо нақша дорем, ки дар Ӯзбекистон Муколамаи занони роҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бизнес-форуми минтақавии занонаро баргузор намоем. 
Сеюм. Ба таъмини ҳуқуқи шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус диққати махсус дода мешавад. 
Ба наздикӣ дар мамлакати мо Қонуни нав «Дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюбӣ дошта» эътибор пайдо кард, дар ояндаи наздик парлумони Ӯзбекистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро ратификатсия мекунад. 
Инчунин пешниҳод менамоем, ки Шӯрои минтақавӣ оид ба масъалаҳои ба рӯйи об баровардани қобилияти одамони имкониятҳояшон маҳдуд таъсис дода шавад. 
Чорум. Ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон, ки беш аз нисфи аҳолии Ӯзбекистонро ташкил медиҳанд, доимо дар маркази эътибори мо мебошад. 
Имсол дар кишвари мо Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ эълон шуд.
Дар ин бобат мо:
— ба баргузор намудани Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи ҷавонон таҳти сарпарастии СММ;
— пешниҳоди лоиҳаи Конвенсия оид ба ҳуқуқи ҷавонон дар форуми даҳуми Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ; 
— инчунин барои баррасӣ тақдим намудани масъала дар бораи таъсиси институти Маърӯзагари махсус оид ба ҳуқуқҳои ҷавонон омодагӣ мебинем. 
Панҷум. Якҷоя бо Созмони байналмилалии меҳнат ва Бонки ҷаҳонӣ мо оид ба барҳам додани меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати бачаҳо корҳои зиёдро анҷом додем. Ин яке аз дастовардҳои асосии ислоҳоти мо мебошад. 
Дар ин Соли байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакон қонун дар бораи Омбудсмани кӯдаконро қабул хоҳем кард.
Шашум. Пешниҳод менамоем якҷоя бо Раёсати Комиссари олӣ бахшида ба 10-умин солгарди Эъломияи СММ оид ба таълим ва тайёрӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон Форуми глобалӣ баргузор карда шавад.
Бо мақсади рушди системаи таълим ният дорем ба Фонди бадалҳои ихтиёрии СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон саҳм гузорем. 
Ҳафтум. Пешниҳоди Котиби генералии СММ ҷаноби Антониу Гутерришро дар бораи андешидани чораҳои қатъӣ оид ба коҳиш додани шумораи шахсони бешаҳрвандӣ дастгирӣ мекунем. 
Танҳо дар соли гузашта 50 ҳазор ҳамватанони мо шаҳрвандии Ӯзбекистонро ба даст оварданд, имсол беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандӣ хоҳанд гирифт.
Хонумон ва ҷанобон! 
Мо ният дорем, ки бо натиҷаҳои ба даст овардаамон қаноат накарда, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро боз ҳам рушд диҳем, озодии суханро дар Ӯзбекистон ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. 
Тайёр кардани кодексҳо дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва воситаҳои ахбори омма идома хоҳанд ёфт. 
Мо тавсияҳои Маърӯзачиёни махсуси СММ оид ба масъалаи озодии дин ва эътиқод, инчунин мустақилияти судяҳо ва адвокатҳоро ба назар мегирем. Пешниҳод менамоем, ки Шӯро масъалаи таҳияи принсипҳои ҳаматарафаи фаъолияти шӯроҳои судиро баррасӣ кунад.
Дар доираи татбиқи механизми миллии превентивӣ оид ба пешгирии шиканҷа мо минбаъд низ ба тамоми зуҳуроти онҳо, муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф  қатъиян роҳ намегузорем. Чунин ҷиноятҳо таърихи куҳна  надоранд. 
Мо ният дорем Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷаро ратификатсия кунем. 
Барои ҳамкорӣ дар ин масъалаҳо мо ният дорем, ки Маърӯзагари махсус оид ба шиканҷаро ба Ӯзбекистон даъват кунем.
Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷамъомад! 
Ӯзбекистон ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ оид ба ҳуқуқи инсон содиқ аст. 
Дар баробари ин, мефаҳмем, ки мо танҳо дар оғози роҳ ҳастем ва ба дастгирии шарикони байналмилалии худ умедворем. 
Ба ин муносибат мо мунтазири омадани Комиссари олӣ оид ба  ҳуқуқи инсон хонум Мишел Бачелет ба кишварамон ҳастем ва ният дорем, ки дар бораи фиристодани даъвати доимӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин бобат мандат доранд, барои ташриф ба Ӯзбекистон қарор қабул кунем. 
Мо инчунин дар асоси платформаи доимӣ - Форуми Самарқанд ба ташкили механизми таъмини ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиё мусоидат хоҳем кард.
Дӯстони азиз! 
Таърихи 75-солаи СММ арзиши ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсонро ба таври эътимодбахш исбот кард. Бидуни ин сулҳ, амният ва рушди устувор ғайриимкон аст.
 Дар хотимаи баромади худ, ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Ӯзбекистон ҳамчун узви Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби ҳама эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсонро ҳимоя ва фаъолона таблиғ хоҳад кард.
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: