Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими кушодашавии Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол

Муҳтарам иштирокдорони конфронс!

Хонумон ва ҷанобҳо!

Шуморо бо кушодашавии Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол дар Тошканд аз таҳти дил муборакбод менамоям. Ба меҳмонони  олиқадри мо, сарони созмонҳои байналхалқӣ, вазирон ва шахсони  масъули давлатҳои хориҷӣ, ки дар конфронси байналхалқӣ иштирок доранд, аз таҳти дил миннатдорӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ирсол мекунам.

Ба Ӯзбекистон хуш омадед, меҳмонони муҳтарам!

Дӯстони азиз!

Хеле хушоянд аст, ки дар маросими кушодашавии конфронси байналхалқӣ шахсан Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле иштирок мекунад.

Солҳои охир ҳамкории мо бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои таълим, илм, мероси фарҳангӣ, ахбор ва коммуникатсияҳо зуд ривоҷ меёбад. Аз ҷумла, бо дастгирии Созмон як қатор барнома ва лоиҳаҳои муҳим бобати дар кишвари мо ҳифз кардани иншооти мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ, барқарор намудани робитаҳои маданӣ, ки дар Шоҳроҳи абрешими куҳан мавҷуд буданд, баланд бардоштани сифати низоми таълим ва тарбияи насли  пешқадам, ташаккул додани донишҳои касбии ҷавонони Ӯзбекистон амалӣ мешаванд.

Аз фурсат истифода бурда, меҳоҳам ба хонум Азуле ва тамоми шарикони хориҷии мо барои саҳмашон дар ин кори муҳиму нек миннатдорӣ баён намоям.

Муҳтарам иштирокдорони  конфронс!

Ҳеҷ кас инкор намекунад, ки алҳол дар тамоми ҷаҳон як қатор мушкилот бобати таъмин сохтани кӯдакони хурдсол бо таълими босифати томактабӣ вуҷуд дорад. Дар бисёр мамлакатҳо тақрибан 200 миллион кӯдакон бо таълими томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, дар натиҷа дастёбии онҳо ба таълими ибтидоӣ маҳдуд мегардад.

Пӯшида нест, ки тӯли чанд соли охире, ки пандемияи коронавирус идома дорад, ба соҳаи мазкур таъсири зиёди манфӣ расонд. Даврони озмоишщои мураккаб равшан собит месозад, ки барои тамоми мамлакатҳо ба роҳ мондани ҳамкории амиқ, ҳаллу фасл намудани мушкилот, бо муттаҳид сохтани саъю кӯшиши халқҳои мо чӣ гуна муҳим мебошад.

Муътақидам, ки конфронси кунунӣ ба коркарди муштараконаи муносибатҳои нави масъалаи таълими кӯдакон ҳамчун самти муҳими Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Дӯстони  азиз!

 Ба тамоюли  «Инсон, шаъну шараф ва ҳуқуқу манфиатҳои ӯ арзиши олитарин ба шумор меравад» такя карда, самти бартариноки сиёсати Ӯзбекистони Навро мо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳаёт барои аҳолии кишварамон муайян намудем.

Вобаста ба ин, мо пеш аз ҳама, ба зуҳуроти эътибору ғамхорӣ ба ҷавонон ва бачагон, тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии онҳо эътибори махсус медиҳем.

Кӯдаконро аз синни хурдӣ тарбия карда, барои таълими онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда, мо баҳри дар оянда ҳамаҷониба худро зоҳир кардани онҳо асоси мустаҳкам мегузорем. Зеро сармояҳое, ки барои муваффақ шудан ба ин мақсади нек нигаронида шудаанд, шубҳае нест, ки натиҷаҳои чандин карат беҳтар хоҳанд дод.

Ҳамаи мо медонем, ки асоси шахсияти кӯдак дар синну соли томактабӣ ташаккул меёбад, маҳз дар ин давра пояи рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии  ӯ гузошта мешавад.

Ҳоли ҳозир дар мамлакати мо тақрибан 3 миллион кӯдакони синни томактабӣ мавҷуданд. Шубҳае нест, ки онҳо сарвати бузургтарин, бунёдгузорони ҳаёти озоду фаровон ва ояндаи мо ба шумор мераванд.

Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар гузаштаи наздик нишондиҳандаи фарогирӣ бо таълими томактабии кӯдакон дар кишвари мо танҳо 27 фоизро ташкил медод. Тақрибан дар боғчаҳои бачагона технологияҳои замонавӣ ва аёниятҳои таълимӣ набуданд, биноҳои онҳо ба таъмир эҳтиёҷ доштанд. Ин ба таълиму тарбияи ҳамаҷонибаю хушсифат дастёбии фарзандони моро маҳдуд мекард.

Вале нақш ва моҳияти низоми таълими томактабиро, ки ҳалқаи асоситарин дар тарбияи фарзандони мо ба шумор меравад, ба ҳеҷ чиз қиёс кардан мумкин нест.

Мо аз рӯзҳои аввали ислоҳот қарор додем, ки соҳаи таълими мавҷуда, аз ҷумла ҳалқаи томактабии онро куллан навсозӣ кунем. Бо ин мақсад дар таърихи мамлакати мо бори аввал Вазорати таълими томактабӣ таъсис дода шуд.

Мо барои мувофиқи талаботи давр ба дараҷаи нав баланд бардоштани кӯдакистонҳо, васеъ истифода бурдани усулҳои пешқадами тарбия, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву таълимии онҳо эътибори зиёд медиҳем.

Ба мақсади ҳамаҷониба инкишоф додани соҳа мо ҳамчунин барои иштироки фаъоли сектори хусусӣ дар ҷараёни мазкур шароити мусоид фароҳам овардем. Ба кӯдакистонҳо барои ҳар кадом тарбиягиранда аз ҷониби Буҷаи давлатӣ субсидияҳо пешниҳод карда мешавад.

Тӯли солҳои охир миқдори кӯдакистонҳо дар мамлакати мо 6 баробар афзуд. Дар нуқтаҳои аҳолинишини дурдаст ва душворгузар ҳазорҳо боғчаҳои бачагонаи оилавӣ ташкил карда шуданд. Миқдори мураббиён ва омӯзгорон 3 баробар афзуда, ба 160 ҳазор нафар расид. Ҳамчунин кор бобати мустақимона баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои педагогӣ ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои мазкур миқдори бачагоне, ки дар кӯдакистонҳо таълиму тарбия мегиранд, аз 600 ҳазор то ба 2 миллион нафар афзуда, фарогирии онҳо 70 фоизро ташкил дод.

Муҳтарам иштирокдорони конфронс!

Як ҳикмати маъруфи хирадмандона ҳаст: «Таълиму тарбия охир надорад».

Бино бар ҳамин, мо дар ҷараёни ислоҳоти демократӣ дар Ӯзбекистон ба ҷорӣ кардани низоми таълим дар сатҳи талаботи замонавӣ бартарӣ медиҳем.

Аз ҷумла, ҳоли ҳозир дар кишвари мо беш аз 10 ҳазор мактабҳои таълими ҳамагонӣ амал мекунанд.

Тӯли солҳои охир миқдори муассисаҳои таълими олӣ анқариб 2,5 баробар афзуда, ба 186 адад расид. Дар байни онҳо 31 филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои машҳури ҷаҳон мебошанд. Бояд таъкид кард, ки квотаи қабул ба мактабҳои олӣ 3,5 баробар зиёд гардид, фарогирӣ бо маълумоти олӣ бошад, аз 9 ба 38 фоиз афзуд.

Тавре ки маълум аст, кишвари мо дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим қарор дорад ва аз қадимулайём дар рушди тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми сазовор мегузорад.

Олимони машҳур мо Ал-Хоразмӣ, ки мафҳуми алгебра ва алгоритмро кашф кардааст, Ал-Берунӣ, ки асоси минералшиносиро гузоштааст, Ибни Сино олим ва табиби номӣ, ки дар тамоми олам ҳамчун Авитсенна машҳур гардидааст, Мирзо Улуғбек нуҷумшиноси бузург, ки мавқеъ ва ҳаракати ҳазору ҳаждаҳ ситораро дақиқ муайян кардааст, Аҳмади Фарғонӣ, ки асбоби нодири ченкунии сатҳи дарёи Нилро кашф намудааст, дар асрҳои миёна бо асарҳои бебаҳои худ, бо кашфиёти илмӣ ва эҷодиашон ба рушди Эҳёи Якум ва Дуюми Шарқ  саҳми беқиёс гузоштаанд.

Бояд махсус таъкид сохт, ки дар гузашта дар Бухоро беш аз 300 ва дар Самарқанд тақрибан 120 мадраса амал мекарданд, ки донишгоҳҳои замони худ буданд.

Аз қадимулайём дар кишвари мо баробари таълим ба тарбия низ аҳамияти бузург дода мешуд. Маълум аст, ки шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ ғояи тарбияи инсони аз ҳар ҷониб комилу дорои дониш ва маънавияти олиро тарғиб кардааст.

Суханони Абдулло Авлонӣ, маорифпарвар ва адиби шинохта, омӯзгори оғози асри XX: «Таълиму тарбия барои мо масъалаи муҳим аст, бахту саодати мо, ҳаёт ва мамоти мо аз ҳаллу фасли он вобаста мебошад» барои мо имрӯз низ барномаи муҳим маҳсуб меёбад.

Мо масъалаи сохтмони асоси Эҳёи Сеюмро дар мамлакатамон ба сифати вазифаи стратегӣ пеш гузоштаем ва онро то ба дараҷаи ғояи миллӣ мерасонем.

Низоми таълими томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва миёнаи махсус, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ – ин чаҳор ҳалқаи баҳамдигар вобастаи Эҳёи оянда мебошанд. Мураббиёни кӯдакистонҳо, муаллимони мактабҳо, профессорону омӯзгорон, зиёини илмӣ ва эҷодиро мо чаҳор сутуни муҳим бобати ташаккул додани даврони Эҳёи нав меҳисобем.

Аз ин нуқтаи назар мо таҷрибаи миллии худ ва комёбиҳои беҳтарини ҷаҳонро ҳамоҳанг менамоем.

Дар ҷамъияте, ки таълиму тарбия инкишоф меёбад, бешубҳа, дониш, маданият ва пешрафт ҳукм меронад. Дар он ҳеҷ гоҳ радикализм ва экстремизм реша намедавонанд.

Мо мустақимона кори худро идома медиҳем ва тамоми чораҳои заруриро меандешем, ки то соли 2025-ум 80 фоизи фарзандони худро бо таълими томактабӣ фаро бигирем.       

Ғайр аз ин, дар доираи муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки то соли 2025-ум тамоми бачагони шашсоларо бо барномаи тайёркунӣ ба мактаб фаро бигирем.

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!

Дар конфронси имрӯза намояндагони анқариб 150 мамлакати ҷаҳон ширкат меҷӯянд, ки шаҳодати равшани аҳамияти  ҷаҳонии рушди таълими томактабӣ ба шумор меравад.

Бовар дорам, ки конфронси мазкур барои вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои байналхалқӣ бобати мушаххас кардани сиёсат дар соҳаи таълими томактабӣ то соли 2030-юм ва дар пояи он таъмин сохтани таълими босифат барои бачагон имкониятҳои навро боз мекунад. Вобаста ба ин пешниҳоду таклифҳои муҳими зеринро мувофиқи мақсад медонем.

Якум, дар замони зудгузари имрӯзаи мо, ҳангоме ки таҳдидҳои гуногун торафт пурзӯртар мегарданд, кӯдакони синни томактабӣ махсусан осебпазиранд.

Бинобар ҳамин ҳам, ҳаллу фасли самарабахши масъалаи таълими босифати кӯдакони хурдсол, коркарди қарорҳои муштарак ва муносибатҳои бонизом  дар сатҳи ҷаҳонӣ бағоят муҳим мебошанд. Бо дарназардошти ин, мо мунтазам баргузор кардани конфронси мазкури байналхалқиро пешниҳод мекунем.

Дуюм, муътақидам, ки шумо ташаббуси моро бобати дар Тошканд таъсис додани Маркази минтақавии ЮНЕСКО ба мақсади ҳамоҳангсозии муназзами тамоми саъю кӯшишҳои мо дар соҳаи таълим бинобар Ҳадафҳои СММ дар соҳаи рушди устувор дастгирӣ менамоед.

Ғайр аз ин, ман коркарди барномаи маҷмӯии татбиқ сохтани пешрафт ва таълими бачагон барои тайёр кардани усулҳои нави таълим ва аёниятҳоро таклиф мекунам.

Ҳамзамон мо ташаббуси созмон додани Ҷамъияти байналхалқии мураббиёнро ба мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам, усулҳои замонавии интерактивии таълим, дониш ва илмҳои амалӣ дар самти мазкур пешниҳод мекунем.

Сеюм, муҳим аст, ки масъалаи вобаста ба тарбия ва таълими кӯдакони синни хурдро ба сифати яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи умумии Ҳамоиши ояндаи СММ дар соли 2024-ум дохил карда, ба он сессияи алоҳида бахшида шавад.

Бинобар натиҷаи конфронси байналхалқии мо мувофиқи мақсад мебуд баённомаи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони  Милали Муттаҳид қабул карда шавад, ки дар он масъалаи тарбияи бачагон ҳамчун омили муҳими муваффақшавӣ ба пешрафти умумиинсонӣ сабт гардад. Дар ин ҳуҷҷат бояд масъала дар бораи нақши волидайн дар таъминсозии кӯдакон бо таълиму тарбияи босифату маънан ва ҷисмонан комил, масъулияти онҳо барои татбиқи пурраи иқтидор ва истеъдоди бачагон инъикос ёбанд.

Муҳтарам хонумон ва ҷанобҳо!

Бовар дорам, ки конфронси кунунӣ дар рӯҳи мубоҳисаҳои гарм ва мубодилаи афкор мегузарад, ғоя ва ташаббусҳои нав, таклиф ва тавсияҳои мушаххас коркард мешаванд.

Бешубҳа, Баённомаи Тошканд, ки бинобар натиҷаи конфронс қабул шудааст, ҳамчун асоси саъю кӯшишҳои муштараки мо дар самти мазкур хидмат мекунад.

Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи шумо саломатии мустаҳкам, дар кори конфронс комёбӣ ва муваффақиятҳои бузург орзу менамоям.

Барои эътиборатон ташаккур. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: