СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ КУШОИШИ НАХУСТИН ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲУНАРМАНДӢ

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, шуморо дар водии сарсабзу мафтункори Фарғона, шаҳри куҳан ва зебои Қӯқанд сидқидилона хайрамақдам мегӯям!
Ҳамаи шуморо бо кушоиши тантанавии Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ, ки таҳти раёсати ЮНЕСКО баргузор мегардад, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Аз фурсат истифода бурда, иҷозат диҳед ба Президенти Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон, хонуми муҳтарам Рози Гринлис, ки дар анҷумани мо шахсан иштирок дорад, миннатдории самимӣ изҳор кунам.
Мо ба Вазири маданияти Русия Владимир Мединский, Вазири маданият ва варзиши Қазоқистон Ақтӯти Раимқулова, Вазири маданияти Туркманистон Атагелди Шамурадов, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маданияти Озарбойҷон Абулфас Гареев, Вазири фарҳанг, ахбор ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Ҷаманқулов, муовини аввали Вазири маданияти Белорус Наталя Карчевская, муовини Вазири таълим, фан, маданият ва варзиши Арманистон Нарине Хачатурян аз таҳти дил хайрамақдам мегӯем.
Ғайр аз ин, ба Президенти санъат ва иттиҳодияи ҳунармандии Чин Ху Нианша, муовини Вазири сайёҳии Иёлати Харянаи Ҳиндустон Вижай Вардхан, Сардиректори корпоратсияи рушди санъати амалии халқии Малайзия Энчик Ибрагим бин Исмоил, ҳамчунин намояндагони баландмартабаи ЮНЕСКО ва роҳбарони шӯрои ҳунармандии ҷаҳон дар минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Амрико ва Африқо миннатдории самимӣ изҳор мекунем.
Мо аз он хурсандем, ки дар ҷамъомади худ сафирони муҳтарами давлатҳо дар Ӯзбекистон ва намояндагони созмонҳои байналхалқиро мебинем.
Дар ҷашнвораи мо аз 78 давлати олам беш аз 370 нафар ҳунармандони моҳир, арбобони шинохтаи фарҳанг, олимони санъатшинос, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок доранд.
Ҳамаи шуморо аз таҳти дил муборакбод гуфта, барои эҳтироми бузург ва эътибори зиёдатон ба Ӯзбекистон ва анҷумани мазкур ташаккур изҳор менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Равшан аст, ки санъати амалии халқ ҳамчун ҷузви ҷудонопазири маданияти умумибашарӣ дар ҳаёти ҳар як халқ, рушди тарзи ҳаёт ва суннатҳои он ҷойгоҳи махсус дорад.
Агар гӯем, ки арзи вуҷуд кардани ҳунармандӣ дар ҳаёти бошууронаи инсоният қадами муҳиму таърихии ӯ сӯйи тамаддун ба шумор меравад, айни ҳақиқат хоҳад буд.
Шаҳрҳои бузург, обидаҳои меъморӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва ҳафриётӣ, осори нодири ҳазорҳо осорхонаҳо исботи равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки санъати амалии халқӣ – ин пеш аз ҳама бо табиат ҳамнафас будан, аз он завқ ва илҳом гирифтан, офаридани намунаи бемисли эҷод мебошад.
Худатон як тасаввур кунед, барои аз гили оддии сиёҳ, аз як пора оҳан ё худ чӯб офаридани ашёи нодир ва зебо, ба таъбире ба онҳо «ҷону забон» бахшидан ба ҳунарманд нафақат меҳнати пурмашаққати дастӣ, балки ҳарорати дил низ зарур аст. Барои ин чашми ҳамабин, маҳорат, сабру тоқат, аз ҳама муҳимаш ба пешаи худ меҳру садоқати беҳудуд, фидокорӣ лозим мебошад.
Баробари ин, ҳунарманди асил – вай кулол аст ё худ кандакору дӯзанда, наққош аст ё заргар барои ба дараҷаи олӣ адо кардани кори худ аз бисёр илмҳо, пеш аз ҳама кимиё, биология, тиббиёт, физика, геометрия, астрономия, таърих, фалсафа ва ғайра бояд хабардор бошад, вай бояд онҳоро дар амал истифода бурда тавонад.
Дар ин бора мехоҳам мисоле оварам.
Дар санъати миллии кашидадӯзӣ, дар замири нақшҳои сеҳрдор, мӯъҷизавӣ ва илоҳии сӯзаниҳоямон, ҷилои рангҳои онҳо илми фалакиёт, тасаввурҳои космогоникӣ муҷассам мебошанд, ки ҳама гуна касро ба ҳайрат меоваранд.
Халқи мо аз азал ҳунармандони моҳиреро, ки фидоиёни асили пешаи худ мебошанд, бо номҳои «усто» ва «устозода» эҳтиром ва эъзоз менамояд.
Дар ҳамин маврид ба ёд овардани суханони пурҳикмати мутафаккири бузург, пири мо Баҳоуддин Нақшбанд «Ҳунар аспе мебошад, ки савораи он бидуни шак ҳурмату эътибор пайдо мекунад ва ба манзили мурод мерасад»-ро бамаврид меҳисобам.
Ин инсони муборак, ки соли оянда 700-солагии мавлудашро таҷлил мекунем, нафақат азизу авлиё, балки худ низ ҳунарманди комил, пири аҳли ҳунар будааст. Ҳазорҳо нафар ҳунармандони кишвари мо ба даъвати неки ин симои бузург «Дил ба Ёру даст ба кор» амал карда, бо меҳнати пурмашаққату ҳалол, фазилатҳои инсониашон ба халқ, ҷавононамон ибрат ва намуна мешаванд.
Ҳоли ҳозир дар замони ҷаҳонишавӣ ва асри технологияҳои олӣ, мутаассифона, ҳолатҳое ҳам рух медиҳанд, ки ба санъати амалии халқӣ чун ба ёдгории гузашта муносибати нописандона мекунанд. Агар мо ин санъати нодирро аз ҷониби давлат ва ҷамъият ҳамаҷониба дастгирӣ накунем, дар оянда дер мешавад – соҳаи ҳунармандӣ ба рақобати ҷиддии даврони кунунӣ тоб оварда наметавонад.
Ба ин маънӣ барои ҳифз намудани санъати амалии халқӣ ва инкишоф додани он, барои ба насли оянда беталаф расонда додани ин сарвати бебаҳо, дар ин роҳ муттаҳид намудани саъю ҳаракат ва имкониятҳо мақом ва аҳамияти чунин анҷуманҳои байналхалқӣ бемисл мебошад.
Дар Ӯзбекистон баҳри тақдир намудани меҳнати ҳунармандон, барои фаъолияти самарабахши онҳо асосҳои зарурии ҳуқуқӣ, имконият ва имтиёзҳо фароҳам оварда мешаванд. Иттиҳодияи «Ҳунарманд» фаъолият дорад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз мекунаду дар сафи худ ҳазорҳо устоёнро муттаҳид намудааст. Ҳамдиёрони мо чун зардӯзи машҳури бухороӣ Муяссар Темирова, устои оҳангари самарқандӣ Мирумар Асадов, кандакори чӯб аз Фарғона Абдуғанӣ Абдуллоев ба мукофоти олии кишварамон, унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сазовор шудаанд, ки ифодаи эътибори баланд ба меҳнати пуршарафи намояндагони ин соҳа мебошад.
Мо барои аз ҳар ҷиҳат инсонҳои комил шудани фарзандонамон, асрори санъати амалии халқиро хуб донистанашон ба онҳо баробари илмҳои замонавӣ дар ин бобат низ имкониятҳои зиёд фароҳам меоварем. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва дар минтақаҳо бино бар ин соҳа даҳҳо ҷашнвораву бозорҳо, намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, озмун-азназаргузарониҳо баргузор мешаванд, барои ҷавонон мактабҳои ҳунармандӣ таъсис меёбанд. Аз ҳама муҳимаш, намояндагони соҳаи мазкур барои дар мамлакатамон фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба меҳнати ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҷавонон, инкишоф додани сайёҳӣ саҳми бузург мегузоранд.
Мо минбаъд низ ба инкишоф додани соҳаи ҳунармандӣ, ки рамзи таърих ва худшиносии миллии мост, дорои анъанаҳои бостонӣ ва ғанӣ ба шумор меравад, бештар эътибор хоҳем дод.
Дар ин бобат, бешубҳа, фикру мулоҳизаҳои амалӣ, таклифу тавсияҳое, ки дар ин ҷашнвораи байналхалқӣ изҳор мешаванд, аҳамияти бузург касб хоҳанд кард.
Дӯстони азиз!
Беҳуда нест, ки барои Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ, ки дар Ӯзбекистон бори нахуст гузаронида мешавад, маҳз шаҳри Қӯқанд интихоб шуд. Ин шаҳри куҳан, ки дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим ҷойгир шудааст, дурдонаи водии зебои Фарғона ба шумор меравад, ки барҳақ «водии заррин» ном гирифтааст.
Хуқанди латиф, ки дорои таърихи дуҳазорсола, табиати дилкаш ва шоҳиди бисёр воқеаву ҳодисаҳои бузург будааст, рамзи равшани ривоҷу равнақи давлатдории миллӣ, илму ҳунар, санъат ва адабиёт аст.
Сарзамини куҳани Фарғона ба олами илму фан ва тамаддуни ҷаҳон Аҳмад Фарғонӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Бобораҳим Машраб, Амирӣ ва Нодирабегим, Ҷаҳонотин Увайсӣ, Мавлоно Муқимӣ, Зокирҷон Фурқат барин даҳҳо мутафаккирон, шоир ва адибони бузург, ҳамчун Қодирҷон Ҳайдаров устои машҳури ҳунарро парваридааст, ки бо ин ҳар қадар ифтихор кунем, меарзад.
Танҳо дар ҳамин вилояти Фарғона бисёр брендҳои машҳури ҳунармандии миллӣ мавҷуданд. Ҳангоме ки аз ин хусус ҳарф мезанем, атлас ва адрасҳои машҳуру чун рангинкамон муҷаллои Марғилон, санъати нотакрори кулолгарии Риштон, мактабҳои кандакорӣ ва наққошии Қӯқанд пеши назар меоянд, ки фикр мекунам, ҳоҷат ба дигар таърифу тавсиф намемонад.
Алҳол чун дар тамоми кишварамон, чун дар ҳамаи гӯшаву канорҳои Фарғона шаҳри Қӯқанд, симои он низ куллан тағйир ёфта, аз ҳар ҷиҳат обод ва ба яке аз марказҳои бузурги иқтисодиву мадании мамлакатамон табдил меёбад.
Хабар доред, ки дар арафаи ҷашнвораи мазкур дар ҳаёти шаҳр боз як воқеаи муҳим рух дод. Ба шаҳри Қӯқанд аз ҷониби Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон унвони олии «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» дода шуд. Яъне шаҳри Қӯқанд дар харитаи ҳунармандии дунё низ мақоми муносиб ва мустаҳкам пайдо кард.
Шаҳри Қӯқанд дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин шуда ба ин руйхат ворид гардид, мо инро ҳамчун баҳои баланд ба рушду ривоҷи санъати амалии халқӣ дар мамлакатамон қабул мекунем.
Ба наздикӣ Президенти Шӯрои ҳунармандони минтақаи Осиё – Уқёнуси Ором хонум Гада Каддуми ин гувоҳномаро ба шаҳри Қӯқанд ба тарзи тантанавӣ супурд.
Ман дар ин дами хурсандӣ аҳли муҳтарами Қӯқанд, кулли ҳунармандони Ӯзбекистонро бо чунин эътирофи олӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Барои чунин эътибори бузург иҷозат диҳед ба Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон ва Президенти он, хонуми муҳтарам Рози Гринлис аз номи худ, аз номи халқамон миннатдории амиқ изҳор намоям.
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Меҳмонони азиз!
Агар гӯем, ки ин ҷашнвораи байналхалқӣ нафақат барои халқи сермиллати Ӯзбекистон, балки ҳунармандони ҷаҳон, кулли устоёни ҷаҳон ҷашни бузург мебошад, дуруст аст.
Ин анҷумани ҳақиқии дӯстӣ ва ҳамкориест, ки нафаси таърихи дур ва замони кунунӣ, анъана ва суннатҳои мухталифро равшан падидор мекунад, дилҳои муштаракро муттаҳид месозад.
Бовар дорам,  ҷашнвораи мазкур, ки дар олам осудагиву ҳамҷиҳатӣ, зебоиву нафосатро тарғибу ташвиқ менамояд, дар соҳати ҷаҳонӣ, бешубҳа, мавқеи муносиби худро пайдо хоҳад кард.
Ҳамаи шуморо ба сарзамини меҳмонпарвар ва босаховати Ӯзбекистон бори дигар аз таҳти дил хайрамақдам мегӯям.
Ба кулли ҳамдиёронамон, ба мардуми дилсафеду кушодадили Фарғона, ба аҳли Қӯқанд, ки барои дар савияи баланд гузаронидани ин анҷуман аз таҳти дил хидмат кардаанд, ташаккури самимӣ изҳор менамоям.
Ба тамоми иштирокдорони ҷашнвора, меҳмонони муҳтарам сиҳҳату саломатӣ, комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунам.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: