СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ МУТАНТАНИ БАХШИДА БА 75-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ ВА РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДРШИНОСӢ

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳамватанони муҳтарам!
Собиқадорони муҳтарами ҷанг ва меҳнат!
Шумо, қаҳрамонони ҳақиқии Ватани мо ва дар шахси шумо тамоми мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо 75-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Рӯзи хотира ва қадршиносӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст, расо соле пеш мо бо шумо бобати дар пойтахтамон – Тошканд бунёд кардани Маҷмӯи азими ёдгорӣ – Боғи Ғалаба бо мақсади ҳамаҷониба ва беш аз пеш пурра инъикос сохтани қаҳрамонии ҷовидонӣ ва устувории бузурги халқи Ӯзбекистон дар майдони муҳорибаҳои шадид ва ақибгоҳ, дар ҷабҳаи меҳнат, тарбия намудани насли наврас дар мисоли ин муҳаббат ва садоқати бемисл ба Ватан қарор карда будем.
Бо қаноатмандии бузург мехоҳам бигӯям, ки ҳоло ин орзуву омоли неки халқи мо амалӣ гардид ва дар ин санаи барои ҳамаи мо муқаддас якҷо бо собиқадорони ҷангу меҳнат бевосита ҳам дар Боғи Ғалаба, ҳам бо кӯмаки телевизион, ки тантанаҳои дар ин ҷо баргузоршударо намоиш медиҳанд, қайд менамоем.
Мутаассифона, бинобар иллати коронавирус мо натавонистем ба тантанаҳои ҳолоина ба ин боғи зебо тамоми собиқадорони фидокорамонро даъват намоем. Аксарияти онҳо табрикотро дар вилоятҳо, округҳои ҳарбӣ ё худ дар хонаҳои худ, дар иҳотаи оила қабул мекунанд. Бо вуҷуди масофае, ки моро аз ҳам ҷудо мекунад, дар ин рӯзи ҷашн ҳамаи мо қалбан бо шумо мебошем.
Маҷмӯи азими ёдгорие, ки ба шарафи 75-умин солгарди Ғалабаи Бузург сохта шуд, бидуни шубҳа, бинобар лоиҳаи меъморӣ, мазмуни маънавӣ ва аҳамияти таърихиаш нодир мебошад. Бунёди он боз як тасдиқи равшани эҳтироми амиқ ва арҷгузорӣ ба  шуҷоат ва қаҳрамонии тамоми ҳамватанонамон, ба халқи мо мебошад.
Дар ҳудуди бузург тӯли муҳлати кӯтоҳ бобати сохтмон ва ободонӣ корҳои азиме иҷро шуданд. Дар пояи лоиҳаҳои ҳамаҷониба андешидашуда Боғи Ғалаба, Осорхонаи шуҳрат, ёдгории «Қаҳрамонии абадӣ» ва «Қасидаи матонат» бунёд гардиданд. Экспозитсияҳои азими таърихиву бадеие ташаккул ёфтанд, ки дар бораи қаҳрамониҳои халқи мо, ки дар муҳорибаҳои хунин зоҳир кардааст, ҳамчунин меҳнати  душвору фидокорона дар ақибгоҳ ҳикоя мекунанд.
Бидуни шубҳа, дар бораи ҳар кадом иншооти боғ метавон зиёд сухан гуфт.
Дар қуллае, ки рамзи фатҳи баландӣ дар майдони ҷанг ба шумор меравад, ёдгории муҳташами «Қаҳрамонии абадӣ», ки ба фармондеҳони афсонавӣ ҳамчун генерал Собир Раҳимов ва хотираи фаромӯшнопазири тамоми ҷанговарони фидокори ӯзбекистонӣ бахшида шудааст, устувор гардид.
Дар пояи технологияҳои пешқадамтарини осорхонавиву хабарӣ Осорхонаи шаъну шараф қомат афрохт. Дар ин ҷо ҳазорҳо экспонатҳои таърихӣ гузошта шудаанд, ки аз ҷасорати халқи мо, ки дар Ғалабаи Бузург саҳм гирифтааст, шаҳодат медиҳанд. Шубҳае нест, ки онҳо ба тарбияи ватанпарваронаи насли наврас хидмат мекунанд.
Имрӯз мо ба пояи ёдгории «Қасидаи матонат», ки таҷассуми Ватани мо ба шумор меравад, гул гузоштем, ба хотираи ҳамватанони фидокорамон арҷгузорӣ кардем. Бояд зикр кард, ки ҳангоми бунёди ёдгорӣ симоҳои номаълуми бадеӣ не, балки ҳодисаҳои воқеан таърихӣ дар мадди назар дошта шуданд.
Соли гузашта дар ҷашни 9 Май ман дар бораи Зулфия Зокирова, сокини деҳкадаи Хонободи ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд, қаҳрамонии беназири ин зан ва оилаи ӯ, ки дили ҳама гуна шахсро тасхир мекунад, сухан гуфта будам.
Баъд аз вафоти шавҳараш Холматака Зулфия танҳо худаш панҷ писар ва як духтарро тарбия кард. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамаи писарони фидокори ӯ – Исҳоқҷон, Аҳмадҷон, Маҳмадҷон, Ваҳобҷон, Юсуфҷон қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Бидуни шак, на ҳар кас қодир аст дар назди чунин зарбаи сахти қисмат пойдорӣ кунад. Вале зани оддии ӯзбек, ки иродаи мағлубнопазир ва рӯҳи муқтадир дошт, тавонист дар рӯ ба рӯйи ин мусибати бемисл пойдор бошад.
Бинобар ҷанг чаҳор нафар арӯсони Зулфия Зокирова бева монданд, панҷ наберааш ятим гардиданд. Вай то нафаси охирин тамоми душвориҳои ба дӯшаш афтодаро суботкорона паси сар намуд, танҳо ба хотири фарзандони қаҳрамони худ, ғаму ташвишҳои арӯсону наберагон, Ватани азизаш зисту зиндагӣ кард. Арӯсони неку дӯстдори Зулфияапа бошад, ба вай пайравӣ карданд, ӯро дар ҳама ҳолат дастгирӣ намуданд, ба шавҳарҳояшон ва оилаи худ содиқ монданд.
Дар тантанаҳои кунунӣ хешовандони наздики Зулфия Зокирова – Раҳимҷон Аҳмадҷонов, Фарҳод Маҳмадҷонов, Маърифат Аҳмадҷонова, Саноат Маҳмудова, Мавлуда Холматова иштирок доранд. Иҷозат диҳед ба ин инсонҳои бемисл, ки тамоми мушкилиҳоро сазоворона паси сар намуда, хотираи Зулфия Зокирова ва писарони ӯро эҳтиёткорона ҳифз намуда, барои беҳбуди кишвар софвиҷдонона меҳнат кардаанд,  аз таҳти дил миннатдории амиқ изҳор намоям.
Соли гузашта ҳангоми таҷлили ҷашн ман пешниҳод кардам, ки таҳти «Мадҳияи матонат» ба шарафи ин зиндагии қаҳрамонона ёдгорӣ бунёд карда шавад. Ҷомеаи васеъ, халқи мо ин ташаббусро самимона дастгирӣ карданд.
Намояндагони зиёиёни эҷодкори мо бахшида ба ин мавзӯъ шеъру достонҳо, мақолаҳои публисистӣ ва асарҳои дигар эҷод карданд.
Дар ин бора сухан гуфта, мехоҳам оид ба филми бадеии «Илҳақ», ки аз ҷониби таҳиягари ҷавону соҳибистеъдод Ҷаҳонгир Аҳмедов дар студияи Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» офарида шуд, махсус таваққуф намоям. Ман дирӯз ин филмро, ки ба яке аз даврони басо мураккабу фоҷиавии таърихи халқи мо бахшида шудааст, бо рағбат ва ҳаяҷони бузург тамошо кардам. Вай ҳамчун қасидаи воқеии қаҳрамонӣ дар қалби ҳар як инсон акси садо пайдо мекунад.
Дар симои Зулфия Зокирова, ки то охири ҳаёти худ бозгашти панҷ нафар қаҳрамонфарзандони фавтидаи худро интизор буд, сифатҳои беҳтарини инсонӣ, ки ба модарони ӯзбек, ба тамоми занони ӯзбек хос мебошад, инъикос ёфтаанд. Мо қарор додем, ки ин филми аҷоибро маҳз имрӯз, дар рӯзи ҷашн аз тариқи шабакаҳои телевизиониамон намоиш диҳем. Ба ҳама, пеш аз ҳама ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки онро дар иҳотаи оила тамошо кунанд ва аз фидокорӣ, шуҷоат ва шарофати баланди инсонии қаҳрамонони он ибрат бигиранд.
Бо ифтихор мехоҳам таъкид намоям: дар маркази Боғи Ғалаба имрӯз ёдгории муҳташами «Мадҳияи матонат» бахшида ба Модар-Ватан, тамоми модарони Ӯзбекистон қомат афрохт. Ин ёдгорӣ барои ҳама, бахусус ҷавонон, рамзи суннатҳои абадӣ чун оила, муҳаббат ва садоқат хоҳад гардид.
Муътақидам, ки тамоми маҷмӯи ёдгории Боғи Ғалаба, ки сифатҳои олии инсониро тараннум менамояд, ҷойи муқаддас ва макони тарбияи маънавиву ахлоқӣ барои ҳамватанони мо хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки дар чунин муҳлати кӯтоҳ, бахусус дар шароити карантин, бунёд кардани ин маҷмӯи азим осон набуд. Вале, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, бинокорону меъморон, муҳандисону мутахассисони соҳаҳои мухталиф, рассомону ҳайкалтарошон, ҷавонони боғайрати мо, бо дарки он ки дар иҷрои вазифаи нек ширкат доранд, шабу рӯз фидокорона меҳнат карданд. Дар натиҷа сохтмони он дар арафаи ҷашни 9 Май анҷом ёфт.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи худ ва аз номи халқамон ба тамоми онҳое, ки дар ин кори нек саҳми азим гузоштанд, миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Шумо, собиқадорони азиз, тамоми халқро бо кушодашавии Боғи Ғалаба, Боғи хотира ва қадршиносӣ муборакбод мекунам.
Собиқадорони муҳтарам!
Ҷашни имрӯза барои ҳамаи мо ин воқеан хурсандии ашковар аст. Дар ин рӯзи ид мо, пеш аз ҳама, дар назди хотираи дурахшони ҳамватанонамон, ки ҳаёти худро барои Ватан фидо кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.
Мо номҳои ҳазорҳо иштирокдорони ҷанг ва ҷабҳаи меҳнат, падарону бобоёни далеру нотарс, модарону момоёни устувору босубот – тамоми ӯзбекистониёни гуногунмиллатро, ки дар Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд, бо эҳсоси беҳудуди сипосу андӯҳ ба хотир меоварем.
Дӯстӣ ва бародарии халқи сермиллати Ӯзбекистон, ки дар солҳои душвори ҷанг обутоб ёфтанд, пойдевори мустаҳками тамоми дастовардҳои мо ба шумор мераванд. Ин ягонагӣ ва ваҳдат сарвати асосии мост ва мо вазифадорем онро ҳамчун арзиши бузургтарин эҳтиёт кунем ва ҳифз намоем.
Ҳамаи мо аъзои оилаи ягонаву бузург мебошем, бо орзуву омол ва ташвишҳои умумӣ, мақсади неки ягонаи бунёди Ӯзбекистони наву шукуфон муттаҳид ҳастем.
Ҳамаи шумо, собиқадорони муҳтарамро фикран ба бар гирифта, ба ҳамаатон барои матонат ва садоқат ба Ватан, барои қаҳрамониатон баҳри ҳаёти осуда, озод ва фаровони кунунӣ миннатдорӣ баён мекунам.
Мо дар шахси шумо мураббиёни хирадмандеро мебинем, ки дар ҷамъият дорои ҳурмату эҳтироми бузург мебошанд, насиҳатҳо, таҷрибаи бузурги ҳаётии шуморо пос медорем. Мо бо ҳар кадоми шумо фахр мекунем, шумо барои мо намунаи хидмати содиқона ба Ватан ба шумор меравед ва ҳамеша чунин боқӣ мемонед. Ҷасорат ва шуҷоате, ки хоси шумост, фидокорӣ ва манбаи фанонопазири неруву ғайрати шумо барои паси сар намудани бисёр мушкилоте, ки алҳол дар ҳаёт бо онҳо рӯ ба рӯ меоем,  ибратпазир  мебошанд.
Ба шумо, собиқадорони азиз муроҷиат карда, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳусни эҳтиром ва арҷгузории мо нисбат ба шумо, фароҳам овардани тамоми шароитҳо баҳри таъмин сохтани саломатӣ ва ҳаёти сазоворатон вазифаи муқаддаси мо, афзалияти сиёсати давлатӣ ба шумор меравад ва мо, бидуни шак, ин кори хайрро идома хоҳем дод.
Ҳамватанони муҳтарам!
Имрӯз 75-умин солгарди Ғалабаи Бузургро таҷлил намуда, мо гаштаву баргашта қаҳрамонии халқамонро ба ёд меоварем, дар бораи сабақҳои он ҷанги даҳшатовар андеша мекунем.
Ман борҳо бо ҷалби эътибори ҷомеаи мо ба масъала таъкид кардаам, ки саҳми мардуми Ӯзбекистон дар Ғалабаи Бузург ҳанӯз то ба охир омӯхта нашудааст. Алҳол бо қаноатмандӣ мехоҳам бигӯям, ки солҳои охир дар самти мазкур корҳои зиёде ба сомон расидаанд.
Пеш аз ҳама, мо барои муҳаққиқон ҳуҷҷатҳо ва маводи бойгониеро, ки пештар манъ ва дастнорас буданд, мавриди баррасӣ қарор додем. Баробари ин ҳамкорӣ бо муассисаҳои бойгонӣ, осорхона ва бунёдҳо, олимони муаррих, мутахассисон, ҷомеаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди собиқ ва дигар кишварҳои хориҷӣ мустаҳкам шуд.
Алъон ба шарофати пажӯҳишҳои илмии баргузоршуда дар бораи иштироки халқи мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷасорати қаҳрамонҳо – падарону бобоёни мо маълумотҳои наву муҳим дарёфт гардиданд. Натиҷаҳои ин корҳо ҳоли ҳозир дар расонаҳои ахбори оммавӣ, китоб ва мусавадаҳои нав васеъ равшан карда мешаванд.
Мо барои он ки дар бораи  оғози давраи нав бинобар омӯзиши таърихамон дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сухан гӯем, тамоми асосҳоро дорем. Чунончи, то ҳол зикр мешуд, ки аз 6 миллиону 551 ҳазор нафаре, ки он замон дар ҷумҳурӣ зисту зиндагӣ доштанд, тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок кардаанд.
Тавре ки санадҳои охирин шаҳодат медиҳанд, аз Ӯзбекистон ба фронт тақрибан 1 миллиону 951 ҳазор нафар сафарбар карда шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки дар мубориза бар муқобили фашизм сеяки ӯзбекистониён бо аслиҳа дар даст ширкат ҷустаанд.
Далелеро, ки тӯли ин қадар солҳо ном ва тақдири тақрибан 451 ҳазор ҳамватанони мо, ки дар ҷангҳои хунин иштирок доштанд, аз назарҳо соқит мондаанд, бешубҳа, наметавон одилона ҳисобид.
Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки дар артиши амалкунанда зиёда аз 59 ҳазор ӯзбекистониёне, ки аз ҷумҳурӣ дар даврони кулаккунӣ хориҷ карда шуда буданд, даъват гардидаанд.
Мехоҳам боз баъзе рақамҳоро зикр кунам: пештар таъкид мегардид, ки дар набардҳо 396 ҳазор шаҳрвандони мо, ки ба ҷанг рафтаанд, ҳалок шудаанд, ҳол он ки шумораи онҳо аз 538 ҳазор нафар бештар мебошад.
Ғайр аз ин мо дар бораи миқдори  беному нишон гумшудагон маълумоти муътамад надоштем. Ҳоло дақиқ муайян шудааст, ки дар солҳои ҷанг зиёда аз 158 ҳазор ҳамдиёрони мо беному нишон гум шудаанд.
Воқеан талафот бузург буд ва дар солҳои ҷанг ба дӯши халқи мо ғаму андӯҳи зиёд афтод!
Дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ бинобар масъалаи бо ордену медалҳо мукофотонидани намояндагони Ӯзбекистон низ бисёр чиз равшан шуд. То ҳол шумораи 120 ҳазор нафар ба забон бурда мешуд. Алъон муқаррар гардид, ки дар байни мукофотонидашудагон беш аз 200 ҳазор нафар аскар ва афсарони мо будаанд. Санадҳо тасдиқ мекунанд, ки на 280 нафар, ки пештар мегуфтанд, балки 301 намояндаи Ӯзбекистон сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудаанд ва 70 нафар барандагони тамоми се дараҷаи ордени Шуҳрат гардидаанд.
Мехоҳам ба олимони муаррих, тамоми намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии мо, ки бобати муқаррар кардани ҳақиқати бебаҳои таърихӣ ва адолати он саҳми бузург гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор намоям. Аз онҳо хоҳиш мекунам, ки пажӯҳишҳояшонро дар самти мазкур идома диҳанд, осори Осорхонаи шаъну шарафро, ки дар Боғи Ғалаба бунёд гардидааст, бо маводи нав ғанӣ гардонанд.
Фикр мекунам, ба мақсади амиқ омӯхтан ва пурра ба насли оянда расонда додани маълумотҳои муътамад дар бораи қаҳрамонии падарону бобоёни мо ҳар сол дар арафаи 9 Май чоп кардани китоби махсус бо санадҳои нави таърихӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар солҳои душвори ҷанг тамоми халқи Ӯзбекистон ба мақсади ягона: «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» хастанопазирона меҳнат кард. Кишвари мо ба ақибгоҳи муътамад бино бар таъминсозии фронт табдил ёфт. Ӯзбекистон барои фронт миқдори зиёди техникаи ҳарбӣ ва эҳтиёҷоти ҳарбӣ, хӯрокворӣ, сару либос, дорувор ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳимро истеҳсол мекард ва расонда медод.
Ба шарофати меҳнати фидокоронаи халқи сермиллати мо тақрибан 300 корхонаҳои ҷумҳурӣ ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ пардохтанд. Ҳамчунин аз ҳудудҳои наздифронтӣ ба Ӯзбекистон дар муҳлатҳои кутоҳ 151 завод фиристода ва ба истифода супурда шуданд. Ҳазорҳо нафар ҷанговарони ярадор дар госпиталҳои дар мамлакати мо ташкилшуда табобат гирифтанд.
Бинобар маълумотҳои охирин 1,5 миллион нафар аҳолӣ аз ҷумҳуриҳое, ки дар онҳо ҷанг идома дошт, аз ҷумла зиёда аз 250 ҳазор кӯдакон ба Ӯзбекистон кӯчонида шуданд. Халқи мо ба онҳо хонаву ҷо дод, меҳру мурувват ва ғамхорӣ кард, баъзан охирин буридаи нонашро баҳам дид, инсонпарварии олии хоси худро зоҳир намуд.
Дӯстони муҳтарам!
Аз замоне, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонии дар таърихи инсоният даҳшатовартарин анҷом ёфт, 75 сол сипарӣ шуд. Вале, мутаассифона, дар гӯшаву канорҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла дар наздикии минтақаи мо, боз зиддиятҳои яроқнок ва талошҳои хунин ба миён меоянд. Бинобар ин мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, истиқлолият, иқтидори мамлакат ва нирӯи Қувваҳои Мусаллаҳи худро беш аз пеш мустаҳкамтар кунем.
Алҳол мо бо шумо Ӯзбекистони навро месозем. Ҳаёти нав, тағйиротҳои куллие, ки амалӣ мешаванд, аз ҳамаи мо фидокорӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, фаъолияти созандагиро тақозо доранд. Ҳифзи сулҳу салоҳ, рушди ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналхалқӣ, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя вазифаи муҳимтарини мо боқӣ мемонад.
Аз фурсат истифода бурда, алҳол мо халқҳои бародарро, ки дар мубориза бар муқобили фашизм саҳми сазовор гузоштаанд, тамоми инсонияти дорои иродаи некро бо ҷашни бузурги Ғалаба самимона муборакбод менамоем, ба онҳо оромиву осудагӣ ва шукуфоӣ таманно дорем.
Муътақидам, ки халқи накӯкори мо, ки дар қалбаш ёди қаҳрамонии бузург ва душвори падару бобоён ҷовидон боқӣ хоҳад монд, тамоми нирӯ ва имкониятҳои худро барои ҳифзи ҳуввияти бузургтарин – ҳаёти орому осуда ва фаровон сафарбар менамояд.
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар ҳамаи шуморо бо 75-умин солгарди Ғалабаи бузург аз таҳти дил муборакбод мекунам.
Шаъну шараф ба собиқадорон – ғолибоне, ки осмони мусаффои Ватани мо, сулҳу салоҳ ва озодиро ҳифз кардаанд!
Бигузор ҳаёти халқи ҷасур ва босуботи мо хушу хуррам ва фаровон бошад! 
Ҷашни Ғалаба муборак бод!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: