СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ БАХШИДА БА КУШОИШИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНЪАТИ БАХШИГӢ

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Ман аз он бағоят хурсандам, ки ҳамаи шуморо дар Ӯзбекистон, дар сарзамини зебои Сурхон хайрамақдам мегӯям.
Ҳамаи шуморо бо тантанаи кушоиши Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дар ин анҷуман, ки дар кишвари мо бори аввал баргузор мегардад, беш аз 160 намояндагони 74 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Хурсандиовар аст, ки дар байни онҳо арбобони шинохтаи фарҳанг, устодони санъати фолклор, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ҳастанд.
Иҷозат диҳед, ба меҳмонони муҳтарам, ки дар ҷашнвораи мо иштирок доранд: роҳбари идораи Осиё ва Уқёнуси Ороми ЮНЕСКО Андрей Шевелев, директори оид ба фарҳанги АЙСЕСКО – сохтори Созмони ҳамкории ислом Рихиати Салиҳ, роҳбари Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Гада Рида Ҳиҷҷавӣ, мушовири Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Султанбай Раев, вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Аристанбек Муҳаметӯғли, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанги Туркманистон Курбанмурат Мирадалиев, ҳокими вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исҳоқ Раҳгузар ва тамоми дигар дӯстони хориҷии мо самимона миннатдорӣ баён кунам.
Мо шуморо, меҳмонони азиз, ба сифати дӯстони қарини халқи мо, ҳаводорони фарҳанги худ истиқбол менамоем. Аз номи халқи Ӯзбекистон ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқи худро иброз медорам.
Хуш омадед ба Ӯзбекистон!
Дӯстони азиз!
Тавре ки маълум аст, маҳз санъати фолклор сарчашмаи тамоми ганҷинаҳои бебаҳои фарҳангиест, ки инсоният офаридааст. Санъати гӯяндагон – бахшиён, ки асоси миллии халқҳои мухталиф, забони онҳо, тарзи ҳаёт, анъанаву урфу одатҳояшонро ифода менамояд, ба сифати қисмати ҷудонопазири тамаддуни умумиинсонӣ аҳамияти махсус дорад.
Ин осори ҷовидонӣ, ки намунаҳои равшани мероси маданияти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, аз умумияти решаҳои таърихӣ, ғояҳои неки инсонӣ ва табиист, ки аз саъю кӯшиши тамоми халқҳо ба ояндаи зебо дарак медиҳанд.
Баробари ин бояд қайд намуд, алҳол, дар даврони ҷаҳонишавӣ, ҳангоме ки шоу-тиҷорат ва «маданияти оммавӣ» ба соҳаи тиҷорат табдил ёфтаанд, онҳо аксаран ба рушди маънавии ҷомеа таъсири нохуш мерасонанд ва мутаассифона, эътибор ва рағбатро ба санъати фолклор – манбаи ҳаётбахши ҳама гуна маданияти миллӣ  коҳиш медиҳанд. Ҳол он ки метавон гуфт санъати фолклор ин суруди гаҳворагии инсоният аст.
Ана ҳамин санъати бузургу нодир солҳои охир аксаран ҳамчун шакли куҳнаи маданият пазируфта мешавад, дар баъзе ҷойҳо умуман аз байн меравад ва бино бар ин ҳоло ба ҳифзу ҳимоя бағоят эҳтиёҷ дорад. Бояд эътироф кард, ки ин ҳақиқати талхи замони мост. Бовар дорам, ки чунин аҳвол, пеш аз ҳама, дар қалби шумо, ҳаводорони воқеии ин санъати нодир ташвиш меангезад.
Бешубҳа, ҳифз кардан ва ба насли оянда расонда додани сарвати бузурги маънавӣ – санъати классикӣ, намунаҳои нодири эҷодиёти халқӣ – барои ҳамаи шумо, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, зиёиёни фарҳанг ва илм вазифаи пуршараф ба шумор меравад.
Аз ин нуқтаи назар мо даъват менамоем, ки эҷодиёти халқӣ ва соҳибони истеъдоди нотакрорро, ки дар кишварҳои гуногун ба тарзи гуногун – бахшӣ-шоир, жиров, оқин, манасчӣ, ошуғ номида мешаванд ва ҳамзамон дорои маҳорати нодири шоирӣ, оҳангнавозӣ ва иҷрогарӣ доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ кунем. Мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз бо ҳамин мақсад мо Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигиро, ки имрӯз кушода шуд, ташкил намудем.
Мо бояд саъю кӯшиши худро барои ҳаллу фасли вазифаҳои зерин, аз ҷумла омӯзиши амиқ ва таҳкими асосҳои илмиву назарӣ ва амалии санъати бахшигӣ, ба «раҳнамои ҳақиқӣ» табдил додани маданияти миллӣ муттаҳид намоем, аз ҷумла мувофиқи мақсад мебуд:
мактабҳои эҷодии пештар мавҷудбудаи бахшигиро эҳё кунем ва мактабҳои навро ташкил ва инкишоф диҳем, анъанаи «устоду шогирд»-ро дар соҳаи мазкур ба роҳ монем, фаъолияти эҷодӣ ва илмии бахшӣ-шоирон, олимони фолклоршинос, омӯзгорон ва мутахассисонро ҳамаҷониба ҳавасманд ва дастгирӣ кунем;
дар назди муассисаҳои фарҳангӣ шуъбаҳои эҷодиро оид ба санъати бахшигӣ таъсис диҳем;
ба эҷодиёти бахшӣ-шоирон роҳи васеъ боз намуда, иштироки онҳоро дар чорабиниҳои фарҳангиву идона дастгирӣ кунем;
ҳамкориҳои байналхалқиро дар ин самт пурзӯр карда, мубодилаи тарафайни таҷрибаро ба роҳ монем;
бобати истифодаи самарабахши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, имкониятҳои телевизион ва интернет, нусхабардории шаклҳои аудиоиву видеоии осори фолклорӣ барои васеъ тарғибу ташвиқ намудани санъати бахшигӣ чораҳои мушаххасро кор карда бароем.
Агар мо имрӯз ҳама якҷоя барои нигоҳ доштани ин санъати нодиру муъҷизавӣ амалан саъю кӯшиш накунем, мутаассифона, фардо метавонад дер шавад ва таърих моро набахшад.
Аз ин нуқтаи назар мехоҳам доир ба корҳое, ки алҳол дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, мухтасар сухан гӯям.
Ба мақсади ҳифз кардан ва инкишоф додани эҷодиёти даҳанакии халқ 1000-солагии хамосаи дар тамоми ҷаҳон машҳури «Алпомиш» васеъ таҷлил гардид. Дар майдони зебое, ки алҳол мову шумо ҷамъ омадаем, ёдгории муҳташам бахшида ба ин хамосаи қаҳрамонӣ гузошта шуд. Дар Самарқанд ба шарафи ҳофизони машҳури халқи мо ёдгорӣ бино гардид. Аз ҷониби давлат унвони ифтихории «Бахшии халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъсис ёфт.
Дар мактаби бахшигӣ, ки дар Тирмиз созмон дода шуд, мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳурӣ садҳо нафар кӯдакон асрори ҳунари ҳофизиро бо руҳбаландӣ азхуд менамоянд. Дар мамлакат силсилаи китобҳо – «Ёдгориҳои эҷодиёти халқии Ӯзбекистон» иборат аз 100 ҷилд чоп мегардад ва дар 59 ҷилди он достонҳои халқӣ васеъ ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин маҷмӯаи бисёрҷилдаи «Фолклори Қароқалпоқистон» аз чоп баромад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки санъати фолклор дар ҳаёти маънавии мо мақоми муҳим дорад.
Бобати сабт кардан ва омӯхтани асарҳое, ки аз ҷониби бахшиён-шоирон иҷро шудаанд, корҳои мустақими илмӣ идома доранд, китоб ва мусаввадаҳои мавзӯӣ нашр, филмҳои мустанад ба навор бардошта мешаванд, барномаҳои махсус дар радио ва телевизион интишор меёбанд. Хурсандиовар аст, ки бахшиёни мо дар озмун-азназаргузарониҳои байналхалқӣ, Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ баргузор мегарданд, бомуваффақият иштирок мекунанд.
Бешубҳа, ҳамаи ин корҳо асоси мустаҳкам доранд.
Мо бо он ифтихор мекунем, ки мактаби бахшигии Ӯзбекистон ба олам чунин намояндагони машҳури ин санъати нодир, аз ҷумла Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли, Ислом-шоир, Фозил Йӯлдош ӯғли, Пулкан шоир, Бола-бахшӣ, Есемурат-жиров, Шерна-бахшӣ, Мардонқул Авлиёқул ӯғли, Қодир-бахшӣ Раҳимовро додааст. Алҳол анъанаҳои эҷодии онҳоро Шомурод Тағоев, Шоберди Болтаев, Абдуназар Поёнов, Қаҳҳор ва Абдумурод Раҳимовҳо, Қаландар-бахшӣ, Гулнора Аллембергенова, Ғайратдин Отемуратов, Шодмон Хуҷамбердиев, Илҳом Норов ва даҳҳо нафари дигар идома медиҳанд. Мо хотираи шоири машҳур Ҳамид Олимҷон, арбобони илм Ҳодӣ Зариф, Музайяна Алавия, Мансур Афзалов, Буюк Каримӣ, Зубайда Ҳусановаро, ки дар омӯзиши эҷодиёти бахшиён саҳми бузург гузоштаанд, азиз медорем. Ҳамчунин аз олимони машҳури фолклоршинос Тӯра Мирзоев, Ҷалгас Қушниёзов, Сафарбой Рӯзимбаев, Шомирзо Турдимов, Мамадқул Ҷӯраев, Тоштемир Турдиев, Ҷаббор Эшонқулов ва дигарон, ки имрӯз ин кори муҳимро идома медиҳанд, миннатдорем.
Мо ба олимони хориҷӣ, аз ҷумла Инг-Ёнг О аз Куриёи Ҷанубӣ, Карл Райхл аз Олмон, Фикрат Туркман ва Селами Фидокор аз Туркия, ки санъати фолклори Ӯзбекистонро меомӯзанд ва онро дар тамоми ҷаҳон мунташир мекунанд, самимона сипосгузор мебошем.
Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Бешубҳа, дар он ки ин анҷумани сернамояндаро мо дар сарзамини куҳан ва ҳамешаҷавони Сурхондарё мегузаронем, маънии амиқ нуҳуфтааст.
Вилояти Сурхондарё – ин пеш аз ҳама ватани олимон ва мутафаккирони бузург, кишвари худоназаркардаест, ки дар он халқи ҷасур, мард ва саховатманд зиндагӣ мекунад.
Нигораҳо дар кӯҳистони Зараут ва ғорҳои Тешиктош, дар кӯҳсори Боботоғу Бойсун, кишварҳои бисёр асрҳо муқаддам мавҷудбудаи Бохтар ва Кӯшон, ёдгориҳои нодири Далварзинтеппа, Кампиртеппа, Халчаён аз хусуси тамаддуни бостонӣ ва маданияти ғановатманди минтақа ҳикоя мекунанд.
Ҳар шахсе, ки ақаллан як бор табиати нотакрори ин воҳа, гӯшаҳои зебои он Олтинсой, Сангардак, Хонҷизза, Сайроб, Дарбандро дидааст, дар пуштаҳои беҳудуди он дар иҷрои бахшиён суруд ва достонҳоро шунидааст, ба ин сарзамин як умр дил мебандад, аз он моту мабҳут мешавад.
Сурхондарё аз қадимулайём ҳамчун кишвари бахшиён шуҳрат дорад. Баробари мактабҳои санъати фолклории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Ҷиззах ва Хоразм Сурхондарё, аз ҷумла мактаби нодири бахшигии Шеробод низ хеле машҳур мебошад.
Он чиз сазовори эътибор аст, ки ба шарофати меҳнати фидокоронаи халқи мо Сурхондарё ба яке аз минтақаҳои ободтарини Ӯзбекистон табдил меёбад, вай бо маданият, илм, соҳаи сайёҳӣ, ҳоло бошад, ба сифати маркази байналхалқии санъати бахшигӣ шуҳратёр аст.
Сурхондарёиён, ки санъат, мусиқаро самимона дӯст медоранд, ба қадри эҷодкорон мерасанд ва бинобар ин анҷуманро бо хурсандӣ, ҳамчун ҷашни бузург истиқбол гирифтанд.
Барои мо дар ин анҷуман дидани бахшиёни машҳур аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ, ҷамоаҳои фолклорӣ, олимон ва мутахассисоне, ки ҳаёти худро ба рушди эҷодиёти халқӣ бахшиданд, қаноатмандӣ мебахшад.
Биёед, дӯстони азиз, онҳоро аз сидқи дил хайрамақдам мегӯем, ба ҳамаи онҳо комёбиҳои эҷодӣ орзу менамоем ва бо кафкӯбӣ эҳтиром ва мамнунияти худро изҳор мекунем.
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Бовар дорам, ки анҷумани ҳолоина дар сафи анҷуманҳои бонуфузтарини байналхалқӣ мақоми сазовор пайдо мекунад.
Санъати бахшигӣ ин нафақат акси садои гузашта ва инчунин садои баланди имрӯз аст.
Мо умедворем, ки шиносоӣ бо ҳаёти кунунии мамлакати мо, халқи меҳмоннавозу саховатмандамон, бо маданият ва суннатҳои мо ба шумо, меҳмонони азиз, барои офаридани суруд ва достонҳои наву зебо илҳом мебахшанд.
Ба конфронси байналхалқии илмиву амалие, ки дар доираи ҷашнвора баргузор мешавад, низ кори бомуваффақият орзу мекунам.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба сафирони муҳтарами кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқие, ки дар тантанаҳои ҳолоина иштирок доранд, миннатдории махсус изҳор менамоям.
Ҳамватанони муҳтарам!
Иҷозат диҳед, аз таҳти дил ба ҳамаи онҳое, ки барои дар сатҳи олӣ тайёр кардан ва баргузор намудани ин ҷашни хотирмони санъат саҳми муносиб гузоштаанд, тамоми  сокинони меҳнатдӯсту меҳмоннавози вилояти Сурхондарё миннатдорӣ баён кунам.
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, бахту саодати оилавӣ ва комёбиҳои нав орзу мекунам!
Барои эътиборатон ташаккур.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: