СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ КУШОДАНИ СОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Қосим-Жомарт Кемелевичи муҳтарам!

Хонумон ва ҷанобон!
Меҳмонони азиз!
Бори дигар шуморо дар сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон хайрамақдам мегӯям.
Иҷозат фармоед, аз номи тамоми мардуми Ӯзбекистон ба Президенти Ҷумҳурии бародарии Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев барои ташрифи нахустини давлатӣ ба мамлакатамон миннатдории бузург изҳор намоям.
Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Ман аз он хушҳолам, ки шуморо дар маросими кушодани Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон хайрамақдам мегӯям.
Дар бораи соли гузашта дар Қазоқистон баргузор намудани Соли Ӯзбекистон ва дар соли ҷорӣ дар мамлакатамон баргузор кардани Соли Қазоқистон мо ҳангоми ташрифи давлатии Нахустини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Елбасы, бародари ман, муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев моҳи сентябри соли 2017 аҳду паймон намуда будем.
Аз фурсат истифода намуда, аз номи мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон мехоҳам ба Нурсултон Абишевич барои саҳми беназираш дар мустаҳкамсозии муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии байни мамлакатҳоямон ва ҳамчунин  барои зебову равшан ва хотирнишин баргузор намудани чорабиниҳои Соли Ӯзбекистон дар мамлакататон самимона миннатдорӣ изҳор намоям. Имрӯз якҷоя бо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич дар Ӯзбекистон кушодани Соли Қазоқистон аз муносибати муттасил рушдёбандаи шарикии стратегӣ, пурзӯргардии боварӣ ва дастгирии ҳамдигар, ногусастании риштаҳои бародарии байни мамлакатҳоямон аз он гувоҳӣ медиҳад.
Ин рӯйдоди муҳим инчунин рамзи дӯстии абадӣ ва самимӣ, муштаракоти маданӣ ва маънавии ду халқ ба шумор меравад. Чунин арбобони бузурги маданияти Қазоқистон, чун Абай Қунонбоев, Мухтор Авезов, Ахмет Байтурсунов, Иляс Есенберлин, Олҷас Сулейменев ва бисёр шахсони дигар аҳамияти ҳифзи сулҳ ва некӣ, сифатҳои баланди инсониро, ки ба халқҳоямон хос мебошанд, тараннум намудаанд.
Бо асарҳои оташини худ онҳо барои то ба наслҳои мо расондани ин арзишҳои шарафнок, вусъат додани муносибати анъанавии дӯстӣ ва некҳамсоягии байни мамлакат ва халқҳоямон саҳми бузург гузоштаанд.
Бино бар ин ман бо умеди бузург ба ояндаи ҳамкориамон баҳо медиҳам ва боварӣ дорам, ки чорабиниҳои Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ин риштаҳои қадимаро боз ҳам мустаҳкам менамоянд.
Зикри он ба ман қаноатмандии бузург мебахшад, ки имрӯз Қазоқистон ба тамоми ҷаҳон дар тамоми ҷанбаҳои сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рушди иқтисодиёти замонавии рақобатбардор, инкишофи бемайлони дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ муваффақиятҳои мутаассир намоиш медиҳад.
Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои Соли Қазоқистон дар мамлакатамон натанҳо имконият медиҳад, ки натиҷаҳои ин корҳо намоиш дода шавад, балки барои намояндагони санъат, илм, таълим, тиҷорати мамлакатҳоямон барои вусъат бахшидани робитаҳои муфиди тарафайн, табодули дониш ва дастовардҳо уфуқҳои навро боз менамоянд.
Ҳамаи ин, бешубҳа, ба ғанисозии маданияти ҳамдигар, минбаъд қарингардии халқҳоямон мусоидат хоҳад намуд. Хурсандиовар аст, ки дар Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигарӣ, ки ба қарибӣ дар мамлакатамон баргузор гардид, бо Ҷоизаи бузург Улжан Байбусиноваи қазоқистонӣ мушарраф гардид. Тамоми дӯстони қазоқистониро самимона табрик мегӯям!
Дӯстони азиз!
Фикр мекунам– хеле рамзист, ки Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бо консерти калони устодони  соҳибистеъдоди санъати мамлакати бародар – намоиши маданияти гуногунранги Қазоқистони сермиллат оғоз меёбад.
Воқеан, шеърият, мусиқа ва тарона орзу ва ормонҳои беғубор ва зебо, азми неки халқҳоро инъикос менамоянд. Бино бар ин мехоҳам ба дӯстони қазоқистониамон, тамоми иштирокдорон барои ташкили ин консерти идона самимона миннатдорӣ баён намоям.
Дӯстони муҳтарам!
Гунае, ки ҳикмати мардумии қазоқ мегӯяд: «Туы-сы жа-қын – жа-қын емес, қӯны-сы жа-қын – жа-қын».
Мо риштаҳои дӯстӣ ва некҳамсоягиро бо Қазоқистони бародарӣ хеле қадр менамоем ва кӯшиш мекунем, ки гуфтугӯ ва ҳамкории ҳаматарафаро бо ҳамсояи наздикамон мустаҳкам созем.
Мо ҳамеша ба ҳамдигар такя менамудем, якҷоя ба таҳдид ва ситезаҳо муқовимат менамудем, имрӯз бошад, ояндаи умумии дурахшонамонро якҷоя бунёд мекунем.
Фикр мекунам, ки гузаштагони бузургамон Алишери Навоӣ ва Абай Қунонбоев моро дар ин ҷода фикран дуо мекунанд.
Ва мо ҳар коре, ки барои сулҳ ва фараҳмандии халқҳоямон, фарзандон ва наберагонамон аз мо вобаста аст, иҷро менамоем!
Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Меҳмонони азизи қазоқистонӣ!
Боварӣ дорам, ки имрӯз ба сифати санаи нав, таърихӣ дар муносибати байни Ӯзбекистону Қазоқистон барои рушди минбаъдаи алоқаҳои дӯстонаи байни халқҳоямон пойгоҳи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Бори дигар ба Ӯзбекистон хуш омадед!
Барои эътиборатон ташаккур!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: