СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МУЛОҚОТИ МАШВАРАТИИ РОҲБАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!

Муҳтарам иштирокдорони мулоқот!
Пеш аз ҳама шумо, дӯстони худ – роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва аъзои ҳайатҳоро самимона хайрамақдам мегӯям.
Баргузор гардидани Мулоқоти машваратӣ муштаракоти муфиди тарафайн, омодагиамонро барои мулоқоти ошкоро дар бобати масъалаҳои муҳими тараққиёти минтақа ва қабул намудани қарорҳои якҷоя бори дигар равшан тасдиқ менамояд.
Мо ҳамин ҳозир дар доираи танг музокира намуда, ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ ва истиқболи онро муҳокима намудем ва дар бобати зарурати боз ҳам мустаҳкам намудани эътимоди ҳамдигарии байни мамлакатҳо, ҳамсоягии нек ва мушорикат ба фикри ягона омадем.
Маълум аст, ки Осиёи Марказӣ бино бар мавқеи геостратегӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо дар маркази ҷараёнҳои миқёси ҷаҳонӣ будааст.
Минтақаи мо ҳамеша бо мероси ғании маданиву таърихии худ барои Аврупо, Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ чун пули нодир хидмат намудааст.
Дар ин сарзамини муқаддас олимон, мутафаккирон ва шоирони инсонпарвар эҷод намуда, ба рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми беназир гузоштаанд. Дар ин ҷо захираҳои бои табиӣ, зарфияти зиёди инсонӣ мавҷуд аст.
Имрӯз низ дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои давлатҳои абарқудрати рақобатноки дунё ба ҳам меоянд.
Дар ҳудудҳои бароямон бевосита наздик маконҳои зиёди беқарорӣ мавҷуданд, ки ба бехатари минтақавӣ ва байналхалқӣ таъсир мерасонанд.
Дар назди мо саволҳои мураккаб қарор доранд: Осиёи Марказӣ то чӣ андоза зуд ва устувор ривоҷ меёбад? Мамлакатҳои мо ба чӣ гуна хатар ва таҳдидҳои нав метавонад дучор ояд? Мо, аз манфиатҳои умумии худ бар омада, ҳамкориҳои минтақавиро пас аз ин чӣ гуна пеш мебарем?
Имрӯз мо ба чунин саволҳои ҳаётан муҳим боҳам бояд ҷавоб пайдо намоем.
Муҳтарам иштирокдорони мулоқот!
Ҳар як давлати минтақа барои таъмини барқарорӣ ва равнақи Осиёи Марказӣ ҳиссаи муносиб мегузорад. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва иқдоми амалии мо ҳамкориро боз ҳам ба зинаҳои баланд мебардорем.
Ҳамфикрии мо ва кӯшишҳои фаъолонаамон барои ҳамкории минтақавии гуногунҷанба дари имкониятҳои навро боз менамояд. Мо дар муддати кӯтоҳ бо ҳам ба таври воқеӣ ба пешравӣ ноил гардидем.
Хусусан ҳаҷми табодули моли Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир 2 баробар, теъдоди корхонаҳои муштарак 4 баробар афзуд.
Мо бо шарикони худ дар арафаи анҷом додани корҳои ҳуқуқан расмӣ гардондани сарҳадот қарор дорем. Фаъолияти қариб 60 гузаргоҳи комилро таъмин намуда, визаҳоро бекор кардем.
Робитаҳои байни соҳибкорон ва ҳудудҳо, рафтуои нақлиёт, табодули маданиву гуманитарӣ торафт васеъ мегардад.
Соли гузашта дар Ӯзбекистон анҷумани нахустини иқтисодии Осиёи  Марказӣ ва ҳам дар дараҷаи муовинони сарвазирони мамлакатҳо мулоқоти нахустини Гурӯҳи корӣ барпо гардид.
Пас аз танаффуси даҳсола соли 2018 дар Туркманистон ҷамъомади Фонди наҷоти Арал баргузор гардид. Корҳои мамлакатҳоямон дар бобати музокирот оид ба Афғонистон дар Шӯрои амнияти СММ, таъмини бехатарӣ аз радиатсия дар Осиёи Марказӣ, Даҳсолаи байналхалқии ҳаракати «Об барои рушди барқарор», қабул гардидани Эъломияи Ашқобод оид ба хартияи энергетика, қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ ва мисли ин чандин ташаббусҳои байналхалқии дигар, ки боиси эътироф гаштаанд, хуб маълуманд.
Дар тамоми онҳо як тамоили устувор – торафт пурзӯр гардидани масъулият барои ояндаи умумӣ ва мақоми мустақили давлатҳоямон намоён мегардад.
Мехоҳам бо мамнуният таъкид намоям, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бобати масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ торафт аз мавқеи умумӣ назари худро ифода менамоянд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки дар минтақа наздик гардидани мо ва васеъ намудани ҳамкорӣ ин талаби замон ва ҷараёни бебозгашт мебошад. Он ба интихоби қатъии сиёсӣ асос ёфта, молики омилҳои амиқи таърихӣ буда, бар зидди манфиати ҳеҷ кас нигаронда нашудааст.
Дар ин замина, дар ҳоли мустаҳкам намудани ваҳдат ва қаринӣ, мо ба минтақаи худ, ки зуд ва устувор ривоҷ меёбад, хулоса, ба ташаккул ёфтани мушорикати байналхалқии истиқболнок ва муътамад ҳисса мегузорем.
Дар натиҷа дар ҷаҳон эътибор ба Осиёи Марказӣ зуд меафзояд, таваҷҷӯҳи давлатҳои пешқадам ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ барои дастгирии ташаббусҳои пешниҳоднамудаи якҷояи мо торафт зиёд мегардад.
Бинобар ин чунин мешуморам, ки идома додани мулоқоти наздик ва бонизоми мамлакатҳои минтақа бо шарикони хориҷӣ дар таркиби гуногун дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дигар ниҳодҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ барои ҳамкорӣ муҳим аст.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо ва аъзои онҳо!
Дар сурате, ки дар бораи самтҳои устувори  васеъ гардидани шарикии минтақавӣ сухан меравад, мехоҳам нуктаҳои зеринро таъкид намоям.
Якум. Муҳим аст, ки барои ба амал ҷорӣ намудани вазифаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика тамоми қувва ва имконият сафарбар карда шаванд. Инҳо вазифаҳои устувори таъмин гардондани тараққиёти босуръат ва рақобатпазирии тамоми минтақа мебошанд.
Дар ин бобат пешниҳод менамоем, ки ҷамъомади нахустини анҷумани сармоягузории Осиёи Марказӣ ва палатаҳои савдову саноати мамлакатҳоямон баргузор гардида, дар бобати нақлиёту коммуникатсия зуд ташкил намудани Шӯрои минтақавиро пешниҳод менамоем.
Барои пеш бурдани барномаҳои муштарак дар асоси тамоили «Бо як сайр – саросари минтақа» ташкил намудани Анҷумани байналхалқии сайёҳиро пешниҳод менамоем.
Дуюм. Дар баробари ташкил намудани мулоқотҳои мунтазами бисёрҷонибаи муовинони Сарвазир ва вазирони корҳои хориҷа, пешниҳод менамоем, ки Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъсис карда шавад.
Сеюм. Фикр мекунам, ки ба вуҷуд овардани майдони табодули маданиву гуманитарӣ зери шиори «Осиёи Марказӣ – гузаштаи ягона, ояндаи умумӣ» ҷавобгӯи манфиатҳои мардумонамон мебошад.
Бо дастгирии шумо пешниҳод мегардад, ки барои муваффақиятҳои калон дар соҳаҳои илму фан, маданият ва санъат мукофоти Осиёи Марказӣ таъсис гардад, инчунин созмон додани анҷуманҳои донишгоҳҳо ва бозиҳои минтақавии варзишӣ таклиф мегардад.
Зарур мешуморам, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯз бо навбат дар ҳар як мамлакат Рӯзҳои маданияти Осиёи Марказӣ баргузор гардад. Ҳамаи ин барои боз ҳам наздик намудани халқҳои бародарамон хидмат менамояд.
Чорум. Ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ ва оби минтақа бархурди мувофиқсозии байниҳамдигариро тақозо дорад.
Ҷалб намудани технологияи инноватсионӣ, татбиқ намудани тамоилҳои «иқтисодиёти сабз», бартарафсозии оқибатҳои манфии биёбоншавӣ ва бо мақсади қабул намудани дигар чорабиниҳои маҷмӯӣ зери шафоати СММ барои минтақаи ҳавзаи Арал роҳандозии босамари имконоти Фонди трастро муҳим мешуморем.
Зарур аст, ки бо ҳам роҳи ҳалли барои ҳама қобили қабули масъалаҳои муҳими истифодаи захираҳои об идома дода шавад.
Панҷум. Вазифаи муҳими хеле устувор аз таъмин намудани суботнокии минтақа ва бехатарии он иборат мебошад.
Мо ҷонибдори он ҳастем, ки барои дар миқёси васеъ муқовимат намудан бар зидди таҳдид ва хатарҳои имрӯз барои ҳамкории оперативии идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хидматҳои махсуси мамлакатҳоямон механизмҳои корӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Афғонистон қисме аз аъзои минтақаи мо аст. Дар ин мамлакат барои он ки ба роҳи сулҳ ва тараққиёт қадами қатъӣ гузошта шавад, кӯмак расондан ба манфиатҳои умумии ҳамаи мо комилан мос аст.
Чунин меҳисобам, ки дар бобати ҳал намудани мушкилоти сиёсӣ ба тамоилҳои асосӣ амал карда шавад. Қадами аввал аз зӯроварӣ рӯй тофтан, оташбас, зуҳури омодагӣ ба мулоқот ва муросо иборат аст.
Ғайр аз ин фавқулодда муҳим аст, ки барои ба амал ҷорӣ намудани инфрасохтори муҳим ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон, инчунин фаъол ҷалб намудани ин мамлакат ба робитаҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ бархурдҳои ба тавофуқрасида таҳия карда шавад.
Дӯстони муҳтарам!
Имрӯз ҳаминро бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар байни мамлакатҳоямон тақрибан дар самтҳои асосӣ низоми нави муносибатҳои бисёрҷониба барпо мегардад.
Дар ниҳоди ин ҷараёни мусбӣ ва бошиддат азми байниҳамдигарии халқҳоямон ва муштаракоти манфиатҳои онҳо муҷассам аст.
Боварии комил дорам, ки тамоми вазифаҳои устуворе, ки имрӯз муайян мегарданд, дар оянда дар бобати инкишоф додани ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ бояд дар нигоҳҳои ягонаи мо акси худро пайдо намояд.
Мо бояд дар бобати мақсадҳои асосии ҳамкорӣ ва тамоилҳои онҳо аҳду паймон намоем, барои табодули инсон, сармоя, амвол ва ҳаракати хидматгузорӣ, инчунин доираи васеи маданиву гуманитарӣ шароити муносиб бояд фароҳам оварем.
Умед дорам, ки ин Мулоқоти машваратӣ дар Тошканд дар муносибатҳоямон саҳифаи нав боз намуда, барои роҳандозии механизмҳои амалии мустаҳкам намудани дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва мушорикат дар Осиёи Марказӣ ва ташаккул додани он хидмат менамояд.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: