СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР НАХУСТИН НИШАСТ ДАР ФОРМАТИ «ОСИЁИ МИЁНА — ИТТИҲОДИ АВРУПО»

Ҳамкасбони азиз!

Муҳтарам ҷаноби Мишел!
Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни нахустин нишасти «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо»-ро самимона табрик мегӯям.
Ман ба суханони миннатдории Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қасим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои ташкили чорабинии мо ҳамроҳ мешавам.
Мо ин форматро ҳамчун як платформаи муҳим ва серталаб барои пешбурди ҳамкориҳои амалӣ, таҳкими боварӣ, шарикӣ ва робитаи мутақобила мебинем.
Мо тарафдори характери доимӣ додан ба мулоқотҳои мо ҳастем.
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!
Сарфи назар аз оқибатҳои пандемия ва даъватҳои замонавӣ, мо татбиқи стратегияи ислоҳоти бебозгаштро дар Ӯзбекистони Нав идома медиҳем. 
Вазифаи аввалиндараҷаи мо ташаккули давлати тавонои ҳуқуқбунёд бо механизмҳои самарабахши бозорӣ, инчунин сатҳи баланд ва шароити бароҳати зиндагӣ мебошад.
Имрӯз дар Ӯзбекистон, ки дар он беш аз нисфи аҳолии Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, афзоиши фаъоли демографӣ ба назар мерасад, ки барои рушди устувори дарозмуддати кишвари мо заминаи мустаҳкам ва манбаи тавоно ба вуҷуд меорад.
Мо аз комёбиҳои  ба даст овардаамон саргарм нашуда, миқёси дигаргунсозиҳоро зиёд карданием.
Сухан пеш аз ҳама дар бораи волоияти қонун, дастгирии ҳамаҷонибаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ, озодии баён ва дин меравад.
Дар самти иқтисодӣ мо минбаъд низ барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меорем, муборизаи оштинопазирро бар зидди коррупсия идома медиҳем ва ба рушди муҳити рақобатпазир ва инноватсионӣ мусоидат мекунем.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба шумо, муҳтарам Президент Мишел, ба ҳамаи дӯстон ва шарикони аврупоӣ барои дастгирии доимии кӯшишҳои мо самимона ташаккур гӯям.
Муҳтарам сардорони ҳайатҳои вакилон!
Мо дарк мекунем, ки рушди дарозмуддат ва устувори кишвари мо бо субот ва некӯаҳволии тамоми Осиёи Марказӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Аз ин рӯ, Ӯзбекистон рӯзномаи ҳамсоягии нек ва шарикии минтақавиро устуворона пеш мебарад. Дар натиҷаи талошҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ фазои комилан нави сиёсӣ ташаккул ёфт.
Дар давоми чанд сол бисёр проблемаҳое, ки дар давоми даҳсолаҳо ҷамъ шуда буданд ва амалан ба ҳалли он касе бовар намекард, ҳал шуд. Тавре ки ҳамкасбони ман аллакай қайд карданд, механизми муассири вохӯриҳои мунтазами машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст.
Мо пеш аз ҳама исбот кардем, ки қодирем ба манфиати амният ва шукуфоии умумминтақавӣ ба  созиш оем.
Ҷаноби Мишел, чанд мисол меорам, ки ба шумо барои фаҳмидани умқи пурраи тағйирот кумак мекунанд.
Шаш сол пеш марзҳои мо бо кишварҳои алоҳидаи минтақа баста буданд. Савдои мутақобила амалан инкишоф намеёфт, мо берун аз минтақа шарикони иқтисодӣ меҷустем. Алоқаи муътадил, равобити нақлиётӣ, мубодилаи фаъоли гуманитарӣ вуҷуд надошт.
Имрӯз вазъият ба куллӣ тағйир ёфтааст. Тартиби бидуни раводид ҷорӣ кардем ва ҳама гузаргоҳҳоро боз намудем. Басомади парвозҳо ва нақлиёти рӯизаминиро барқарор ва зиёд кардем.
Муомилоти амволи Ӯзбекистон бо кишварҳои минтақа даҳ баробар афзоиш ёфт.
Алоқаҳои кооперативӣ мустаҳкам шуда, ширкатҳои муштараки сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои калон созмон дода шуданд.
Албатта, дар минтақа ҳанӯз масъалаҳои ҳалнашуда ҳастанд. Вале мо боварии комил дорем, ки иродаи қавии сиёсӣ ва рӯҳияи умумии бунёдкоронаи мо ба боз ҳам наздик шудани мамлакатҳо ва халқҳои бародарии ин минтақа мусоидат мекунанд.
Ва ман самимона умедворам, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ ин ҳадафҳои наҷибро дастгирӣ хоҳад кард.
Ҳамкасбони азиз!
Мо ҷонибдори пайваста амиқтар шудани ҳамкории минтақаамон ва Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои афзалиятноки зерин ҳастем.
Дар остонаи нишаст мо дар Ӯзбекистон вазъи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таҳлил кардем.
Воқеан, динамикаи афзоиши муомилоти мол бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пас аз ворид шудани кишвари мо ба низоми имтиёзноки савдои «GSP+» ҳайратовар аст. Аз аввали сол содироти маҳсулоти Ӯзбекистон бо арзиши баланди иловагӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Аммо, мутаассифона, нишондиҳандаҳо ба таври мутлақ ба имкониятҳои назарраси мавҷуда ҳанӯз мувофиқат намекунанд.
Мо мефаҳмем: барои он ки дар бозори Аврупо бо номгӯи маҳсулоти  тайёр ва ашёи хом ба таври бояду шояд рақобат кунем, ба мамлакатҳои мо лозим меояд, ки як қатор масъалаҳоро ҳал кунанд.
Якум, ин кафолат додани он аст, ки маҳсулоти саноатии мо ба стандартҳои баланди аврупоӣ ва қоидаҳои техникӣ мувофиқат кунанд.
Дуюм, созмон додани долонҳои самарабахши нақлиётию логистикӣ барои дастрасии оптималӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо бо дарназардошти маҳдудиятҳои ҷорӣ, пеш аз ҳама рушди масири мултимодалии ТрансКаспӣ.
Сеюм, гузаронидани тадқиқоти муштараки маркетингӣ, чорабиниҳои мақсаднок ва таблиғот, то ки молҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби истеъмолкунандагони аврупоӣ шинохта ва мавриди ниёз қарор гиранд.
Илова бар ин, дар бисёре аз кишварҳои минтақаи мо – ба фикрам, ҳамкасбонам маро дастгирӣ хоҳанд кард, – ба сармоягузорӣ ва технологияҳои аврупоӣ ниёзи зиёд вуҷуд дорад. Масалан, дар Ӯзбекистон ҳамагӣ тақрибан 900 корхонаву лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои Аврупо фаъолият мекунанд.
Дар ин шароит мо аз дигар минтақаҳои ҷаҳон сармоя ва қарзҳоро ҷалб мекунем. Ҷойҳои бозорҳои моро, ки онҳоро ширкатҳои аврупоӣ ишғол карда метавонанд, аз ҷониби рақибон аз кишварҳои сеюм азхуд карда мешаванд.
Барои ҳалли муназзами ҳамаи ин масъалаҳо мо пешниҳод менамоем, ки дар сатҳи ноиби сарвазирони ҳукуматҳоямон Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” таъсис дода шавад.
Дар доираи фаъолияти сохтори мазкур таҳияи барномаи дарозмуддати стратегии амиқтар кардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди ҳамбастагии нақлиётию коммуникатсионӣ, ки ҳадаф ва вазифаҳои ташаббуси «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ»-ро дар бар мегирад, бамаврид аст.
Мо пешниҳод менамоем, ки ҷаласаи аввали кумита баҳори оянда дар Самарқанд дар арафаи ҷамъомади солонаи Шӯрои идоракунандагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор шавад.
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!
Иттиҳоди Аврупо шарики асосии мо дар соҳаи рушди «сабз» мебошад.
Мо ҷониби Аврупоро даъват менамоем, ки дар татбиқи барномаи «Рӯзномаи сабз»-и дар минтақаи мо қабулшуда, аз ҷумла ба самтҳои мушаххаси зерин: васеъ ҷорӣ намудани инноватсияҳои экологӣ, технологияҳои каммасраф ва захираҳо, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди кишоварзии «оқил» тавассути шабакаи аврупоии «Smart -AKIS», истифодаи иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолона ҳамроҳ шаванд.
Мо ҷонибдори баргузории Конфронси навбатии сатҳи баланд «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» оид ба муҳити зист ва захираҳои об дар моҳи феврали соли оянда дар Рим ҳастем.
Аз рӯи натиҷаҳои он мо муҳим мешуморем, ки «харитаи роҳ» бо қадамҳои мушаххас, амалӣ ва чорабиниҳо таҳия карда шавад.
Дар соҳаи гуманитарӣ ҳамкориҳои моро дар чунин соҳаҳо, аз қабили мубодилаи таълим ва инноватсия, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаъол кардан зарур аст.
Дар доираи барномаҳои «Erasmus+» ва «Уфуқи Аврупо» мо пешниҳод менамоем, ки Лоиҳаи ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи аврупоии таҳсилот, ташкили тадқиқоти муштараки фундаменталӣ ва ҷорӣ амалӣ ҷорӣ карда шавад.
Илова бар ин, мо аз зиёд кардани шумораи филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо дар кишварҳои худ манфиатдорем. Масалан, имрӯз дар Ӯзбекистон филиалҳои 7 донишгоҳи кишварҳои Аврупо бомуваффақият фаъолият доранд.
Мо тайёрем, ки дар татбиқи лоиҳаи якуми минтақавии таълими касбӣ фаъолона иштирок кунем.
Бо мақсади ба таври васеъ шинос кардани шарикони аврупоӣ бо мероси нодири таърихӣ, фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои халқҳои минтақаамон мо нақша дорем, ки дар нимаи дуюми моҳи ноябр дар Луври Париж чорабиниҳои бузурги намоишӣ баргузор кунем.
Мо тарафдори онем, ки ин гуна чорабиниҳо ҳар сол — дар пойтахтҳо ва марказҳои мадании мамлакатҳои Аврупо якҷоя гузаронда шаванд.
Дар соҳаи туризм имкониятҳои калон мавҷуданд. Имрӯз кишварҳои аврупоӣ пешсафони бебаҳс дар саноати ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд. Онҳо дар нигоҳдорӣ ва таҷдиди мероси таърихӣ, фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва идоракунии ҷараёни сайёҳон таҷрибаи бой доранд.
Соли оянда дар ҷараёни нахустин Форуми сайёҳии «ИА – Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Хева пешниҳод менамоем, ки ба таваҷҷуҳи операторони пешрафтаи аврупоӣ Консепсияи маҳсулоти умумии сайёҳии минтақавӣ пешниҳод карда шавад.
Ба фикри мо, ин гуна чорабиниҳо ба ҳамдигарфаҳмии беҳтар ва мустаҳкам кардани алоқаҳои инсондӯстии байни халқҳои Аврупо ва минтақаи мо мусоидат мекунанд.
Ҳамкасбони азиз!
Таъмини амнияти минтақавӣ самти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Мо кумаки амалии Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби барномаҳои муштараки мубориза бо терроризм, радикализм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои муштарак қадр мекунем.
Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ мо пешниҳод менамоем, ки барои табодули иттилоот ва муборизаи муштарак ба таҳдидҳои муосир миёни хадамоти махсуси мо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, мо аз шарикони аврупоии худ барои дастгирии мавқеи мо дар масъалаи танзими Афғонистон миннатдорем.
Мо борҳо бо ҷаноби Мишел ин масъаларо ошкоро баррасӣ кардаем ва низ чунин тарсу нигарониҳо дорем.
Мо ба мардуми афғон мунтазам кумаки башардӯстона мерасонем. Ҳатто дар давраи душвортарин ҳам додани қувваи электр, маҳсулоти нафт  ва озуқа қатъ нагардид. Мо интиқоли транзитии молро тавассути кишварамон ба самти Афғонистон қатъ накардем.
Мо аз тезу тунд шудани вазъи башардӯстона дар Афғонистон бо фарорасии фасли зимистон хеле нигарон ҳастем. Сухан дар бораи вазъияти вазнини миллионҳо одамоне меравад, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва дар ҳақиқат аз кафолатҳои иҷтимоӣ маҳруманд.
На мақомоти имрӯзаи кишвар ва на давлатҳои ҳамсоя ин мушкили печидаро мустақилона ҳал карда метавонанд. Барои ин саъю кӯшиши ҳамоҳангшуда ва дастгирии воқеии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст.
Мо инчунин омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо шарикони аврупоӣ дар самти истифодаи иқтидори марказҳои логистикӣ ва таълимӣ дар хабҳои шаҳри сарҳади худамон Термиз идома диҳем.
Муҳтарам сардорони ҳайатҳои вакилон!
Тавре зикр гардид, аз қабули Стратегияи навшудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ се сол сипарӣ шуд.
Мутаассифона, бар асари пандемия бисёр чорабиниҳо ва супоришҳо пурра иҷро нашуданд.
Илова бар ин, вазъи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба таври назаррас тағйир ёфтааст, ки имрӯз барои равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирии фаъолтари шарикони аврупоиро тақозо мекунад.
Ба ин муносибат, мо пешниҳод менамоем, ки имкони қабули санади бисёрҷонибаи сиёсӣ – “харитаи роҳ” ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи Стратегия ва таҳкими ҳамкориҳои мо баррасӣ карда шавад.
Итминон дорам, ки ин масъалаҳо дар конфронси дарпешистодаи муштараки вазирон оид ба робитаҳои байниҳамдигарӣ, ки моҳи оянда дар Самарқанд баргузор мешавад, ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми суханронии худ мехоҳам бори дигар пайравиамро ба муколамаи ошкоро, муназзам ва судманд дар формати «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба нафъи субот, рушди устувор ва шукуфоии кишварҳоямон тасдиқ намоям.
Барои таваҷҷуҳ сипосгузорам.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: