СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР САММИТИ ҒАЙРИРАСМИИ ШӮРОИ ТУРКӢ ДАР ШАКЛИ ВИДЕОКОНФРОНС

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР САММИТИ ҒАЙРИРАСМИИ ШӮРОИ ТУРКӢ ДАР ШАКЛИ ВИДЕОКОНФРОНС

Қасим-Ҷомарт Кемелевичи азиз!

Мӯҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!

Ман шодам, ки Шумо, дӯстони азизро, дар ин рӯзҳои аҷиби ҷашни байналмилалии Наврӯз мебинам.

Ман ба пири мӯҳтарамамон, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон -- Элбошӣ, Раиси фахрии Шӯрои туркӣ Нурсултон Абишевич Назарбоев, ки бо ташаббуси ташкили мулоқоти имрӯза баромад кард, изҳори сипос менамоям.

Ҳамоиши мо бевосита ба шаҳри қадимӣ ва замонавии Туркистон, ки дар он ҷо шоир ва мутафаккири бузург Хоҷа Аҳмад Яссавӣ зиндагӣ кардааст, алоқаманд аст.

"Яке аз пойтахтҳои маънавии ҷаҳони турк" эълон шудани ин шаҳри шариф маънои амиқи рамзӣ дорад.

Маълум аст, ки Мир Алишер Навоӣ ба Ҳазрат Яссавӣ ҳамчун «шайхи тамоми сарзаминҳои Туркистон» баҳои баланд додааст.

Мероси ҷовидонии Аҳмад Яссавӣ дар қатори чунин гузаштагони бузург ба монанди  Ҷалолиддин Румӣ ва  Юнус Эмро, Юсуф Хос Ҳоҷиб, Низомии Ганҷавӣ, Махтумқулӣ Фироғӣ ва Бобораҳим Машраб сарвати умумии маънавии халқҳои турк мебошад.

Далели он, ки Аҳмад Яссавӣ дар Бухорои муқаддас, ки дар тамоми ҷаҳони ислом бо номи "Таҷассуми нерӯи ислом" маъруф аст, аз олимон ва диншиносони маъруф Юсуф Ҳамадонӣ, Абдухолиқи Ғиждувонӣ таҳсил кардааст, тасдиқ менамояд, ки гузаштагони мо ҳамеша ҳамнишин ва ҳамфикр буданд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Амир Темури бузург Ҳазрат Яссавиро, ки ба туфайли дидгоҳҳои маънавию ахлоқӣ ва хидмати худ дар минтақаи мо аз нуфузи бузург бархӯрдор буд ва ба хотираи ӯ мақбараи бошукӯҳе сохт, хеле эҳтиром мекард.

Соҳибқирон бо мақсади дастгирии моддии маҷмӯи мазкур фонди махсус -- вақф таъсис дод. Далели дар тӯли асрҳои зиёд фаъолият нишон додани фонд аз ягонагии таърихи халқҳои мо шаҳодат медиҳад.

Ва ҳоло  дар байни ҳамаи халқҳои бародари мо мақбараи Аҳмад Яссавӣ макони муқаддаси ибодат маҳсуб меёбад.

Имрӯз, бо ёрии видео мо дидем, ки шаҳри сермиллати Туркистон чӣ гуна гул-гул мешукуфад, дар ин ҷо солҳои охир чӣ гуна дигаргуниҳои азим ба амал омадаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман бори дигар Президенти Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳейдарович Алиев ва халқи Озарбойҷонро бо баргардонидани қаламравҳои Қарабоғи кӯҳӣ ва барқарор кардани адолати таърихӣ табрик мегӯям.

Ӯзбекистон омода аст дар барқарор кардани ёдгориҳои бостонӣ, объектҳои фарҳанг ва маъориф дар замини Қарабоғи кӯҳӣ саҳм гузорад.

Мӯҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!

Шӯрои туркӣ дар заминаи забони муштарак ва дини ягона, робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ таъсис ёфтааст, механизми самарабахши ҳамкориҳои минтақавӣ мегардад.

Имрӯз марҳилаи нави рушди Созмони мо оғоз меёбад ва мо бояд омода бошем, ки ҳама озмоишҳо ва таҳдидҳоро якҷоя паси сар кунем, аз имконоти мавҷуда пурра истифода барем.

Дар ин бобат дар назди мо вазифаҳои хеле муҳим истодаанд.

Якум. Мустаҳкам кардани робитаҳои иқтисодӣ бояд ҳадафи асосии мо бошад.

Дар асоси ҳуҷҷати консептуалии таҳияшуда «Диди ҷаҳони турк - 2040», инчунин бо назардошти вазъияти ҳозира ва пас аз пандемия пешниҳод менамоем, ки Стратегияи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои пешомади оянда ва дурнамои миёнамӯҳлат таҳия карда шавад, ки хусусиятҳои давлатҳои аъзои Созмонро ба назар мегирад.

Ҳамзамон, бояд ба бартараф намудани оқибатҳои манфии бӯҳрони давомдори ҷаҳонӣ, барқарор намудан ва дар шароити нав ривоҷ додани тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, робитаҳои нақлиётӣ, васеъ ҷорӣ намудани тиҷорати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ,  истифодаи пурратари нерӯи доираҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ таҳия карда шавад.

Дуюм. Бо дастгирӣ намудани пешниҳодҳои оид ба таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳоямон дар соҳаи кооператсияи саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ садодода, мо чунин мешуморем, ки вақти таъсиси Фонди сармоягузорӣ ва Бонки рушди Шӯрои туркӣ расидааст.

Мо тарафдори ҳарчи зудтар оғоз намудан ба кори амалӣ дар ин самт ҳастем.

Сеюм. Баланд бардоштани иқтидори нақлиётию транзитии минтақаи мо аҳамияти стратегӣ дорад.

Таъмини дастрасӣ тавассути Осиёи Марказӣ ба бозорҳои асосии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои Осиё, инчунин аз Озарбойҷон ва Туркия ба кишварҳои Аврупо муҳим аст.

Рушди долонҳои нақлиётӣ дар ин самтҳо ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои калон оид ба ташкили инфрасохтори логистикӣ ба манфиатҳои умумии мо пурра ҷавобгӯ мебошанд.

Чаҳорум. Васеъ шинос намудани ҷомеа дар бораи мероси пешвоёни бузурги динӣ, ки дар таърихи мо осори азиме гузоштаанд, бо орзуҳои умумии маънавии мо ҳамоҳанг аст.

Дар робита ба ин, мо пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи "Табаррук зиёрат" -- зиёрати ҷойҳои муқаддасе, ки дар қаламрави кишварҳои мо ҷойгиранд, татбиқ карда шавад.

Барои ин, дар доираи Шӯро қабули Барномаи рушди сайёҳии зиёратӣ мувофиқи мақсад аст.

Панҷум. Омӯзиши амиқи саҳми бебаҳои халқҳои мо дар рушди илмҳои дунявӣ ва мероси бойи фарҳангии онҳо, гузаронидани тадқиқотҳои гуногун ва дар тамоми ҷаҳон оммавӣ гардондани он низ эътибори бузургро тақозо мекунад.

Мо ният дорем, ки бо кӯмаки ЮНЕСКО моҳи сентябр дар шаҳри Хива, ки ба ӯ мақоми "Пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк" дода шудааст, форуми байналмилалии "Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ"-ро баргузор кунем.

Бо истифода аз фурсат, мо намояндагони тамоми кишварҳои узви Шуроро барои ширкат дар ин конфронс даъват мекунем.

Шашум, дар ҳамоиш дар Боку мо ташаббуси  таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёт ва санъатро ба миён гузоштем.

Аз номи халқи Ӯзбекистон ва аз номи худам ба Шумо, роҳбарони давлатҳои узв, дар бораи дастгирии пешниҳоди мо оиди таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Шӯрои туркӣ бо мақсади ҳавасманд кардани шахсиятҳои маъруф, ки дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва санъат, инчунин таҳкими ваҳдати ҷаҳони турк саҳми калон гузошт ва додани ҷоизаи ба номи Алишер Навоӣ миннатдории бузург изҳор менамоям.

Чунин эҳтиром ва эътимод барои мо шарафи олист.  Мо онро ҳамчун арҷгузорӣ ба Алишер Навоӣ, ки ифтихори тамоми халқҳои турк буд, қабул мекунем. Таъсиси ин ҷоизаи бонуфуз бешубҳа рӯҳияи ваҳдати туркҳоро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Ман мехоҳам изҳор намоям, ки мо қабули Эъломияи Туркистон, инчунин дар он инъикос ёфтани масъалаҳои муҳим ва афзалиятноке, ки дар назди Ташкилоти мо қарор доранд, дастгирӣ менамоем.

Мӯҳтарам иштирокчиёни мулоқот!

Дар хотима, мехоҳам бори дигар ба Раиси фахрии Шӯрои туркӣ -- оқсақоли азизи мо, Элбошӣ Нурсултон Абишевич Назарбоев ва Президенти мӯҳтарами Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои сатҳи баланди ташкили ҳамоиши имрӯза миннатдории самимӣ изҳор намоям.

Ба ҳамаи шумо сиҳатии мустаҳкам, нерӯ ва бурдбориҳо дар кори начибонаатон оид ба баланд бардоштани обру ва самаранокии Ташкилоти мо орзу дорам.

Барои эътибор ташаккур.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: