СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ВОХӮРИИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ҳамкасбони муҳтарам!

Ман ба суханҳои самимӣ нисбати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои истиқболи чун анъана самимӣ ва ташкили хуби ҳамоиш ҳамроҳ мешавам. 
Мехостам саъю кӯшишҳои фаъоли Шумо – муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевичро, ки ба таҳкими ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ ва пешбурди манфиатҳои умумии кишварҳои мо нигаронида шудаанд, махсус таъкид намоям. 
Дар мақолаи барномавии Шумо «Эҳёи Осиёи Марказӣ: дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ», ки ба наздикӣ интишор шуд, Шумо кори якҷояи моро амиқ таҳлил ва пешомади кооператсияи минтақавиро дар давраи нав қайд кардаед.
Шаш сол муқаддам маҳз дар ин ҷо, дар Остона, мо Вохӯрии нахустини машваратиро гузаронида будем. 
Дар даврони сипаришуда анҷуманҳо, бидуни муболиға вохӯриҳои таърихӣ дар тамоми кишварҳои мо баргузор шуданд. Мо дар таърихи бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягии худ саҳифаи навро боз намудем. 
Мулоқоти ошкоро ва сермаҳсули мо, ташаббусҳои муҳими пешгузошташуда, ба роҳ монда шудани лоиҳа ва барномаҳои бисёрҷанба, миқдори зиёди чорабиниҳои муштарак ва ғайра симо ва мақоми минтақаи моро куллан тағйир доданд. 
Мо беш аз пеш самарабахштар ҳамкорӣ ва масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл менамоем. Ҳаҷми савдои тарафайн, сармояҳо, боркашонӣ, мусофиркашонӣ чандин баробар афзуданд. 
Рағбати амалии шарикони хориҷӣ нисбати мо ба дараҷаи назаррас афзуд. Тавре ки аллакай зикр шуд, вохӯриҳои мухталиф дар шакли «Осиёи Марказӣ +» аз ин шаҳодат медиҳанд. 
Алҳол мо бо эътимод метавонем дар бораи оғози ташаккул ёфтани хусусияти умумиминтақавӣ сухан гӯем.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба тамоми ҳамкорон барои дастгирии саъю кӯшишҳои умумӣ бобати мустаҳкам кардани ягонагӣ ва ваҳдат, вусъат додани ҳамкории бисёрҷанба дар минтақа ба сифати афзалияти сиёсати хориҷии кишварҳои мо миннатдорӣ баён кунам. 
Таклифҳои имрӯз садододаро бобати ба роҳ мондани механизм ва идораҳои ҳамкории тарафайни минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти ҳамоҳангсозони миллӣ, вазорат ва идораҳои соҳавиро дастгирӣ менамоям. 
Фикр мекунам, ки дар давраи ҳолоина воситаҳои муассири татбиқсозии қарорҳои қабулкардаи мо ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак заруранд. 
Умуман, ба андешаи ман, вақти он расидааст, ки мо бо ҳам масъалаҳои минбаъд такмил додани шакли Вохӯрии машваратиамонро барои амиқсозии қаробати минтақавӣ ва сарпурсозии рӯзномаи шарикии дарозмуҳлат баррасӣ намоем. 
Бо ин мақсад пешниҳод мекунем, ки дар Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии анҷумани коршиносии марказҳои пешқадами таҳлилӣ ва пажӯҳишгоҳҳои  тадқиқотии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ гузаронида шавад. Тавсия ва таклифҳои асосии онҳоро мо метавонем дар ҷараёни ҳамоиши навбатии худ баррасӣ кунем. 
Муҳтарам иштирокдорони вохурӣ!
Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи геосиёсиаш тамоми оқибатҳои нохуши буҳрони ҷаҳонии эътимод ва афзоиши зиддиятҳоро бевосита дар худ эҳсос менамояд. 
Воқеаҳое, ки дар атрофу акнофи Украина ва Шарқи Наздик содир мегарданд, ба рушди муттасил ва устувори минтақа бевосита таъсир мерасонанд. Ҳалқаи анъанавии тиҷоративу нақлиётӣ хароб гардид. Мо пойбанди сиёсати санксионӣ гардидем, бозистии логистикӣ ба тарзи назаррас зиёд шуд, шиддати муфлисшавӣ меафзояд. Имкониятҳо дар бозори ҷаҳонии сармоя маҳдуд, протексионизм пурзӯр ва монеаҳои нав торафт зиёд мешаванд.    
Масъалаҳои вобаста ба рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя – омили муҳими эътидоли минтақаи мо ба нақшаи сонии рӯзномаи байналхалқӣ гузошта шуданд. 
Таъкид мекунам, ки имрӯз ва фардои Осиёи Марказӣ, фаровонҳолии кишвар ва халқҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба саъю кӯшишҳои умумии худи мо, ба тайёрии мо барои ҳамкорӣ, қабул намудани чораҳои қатъӣ ва якҷо пеш бурдани манфиатҳои минтақа вобаста мебошанд. 
Аз ҷониби идораҳои сиёсати хориҷии мо кор карда баромадани ҳуҷҷати стратегӣ – Консепсияи таъминсозии амният ва эътидоли минтақаро мувофиқи мақсад меҳисобем. 
Ҳамкасбони муҳтарам!
Мехостам самтҳои, ба фикри мо, амалии ҳамкории тарафайни минтақаро ба тарзи хулоса мушаххас намоям.
Якум. Муҳаррикҳои нав, усули нави рушди шарикии иқтисодӣ барои пешомади дарозмуҳлат заруранд. 
Кишварҳои мо шарикони табиии савдо ба шумор мераванд, иқтисодиёти миллӣ бошанд, якдигарро пурра мекунанд. 
Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки алҳол дар савдои дохилиминтақавӣ саҳми мубодилаи моли умумии кишварҳои мо ночиз аст. То ҳанӯз бобати дар Осиёи Марказӣ ташаккул додани минтақаи комили савдои озод монеаҳо мавҷуданд. 
Мо бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ таҳлил гузаронида, чораҳои аввалиндараҷаеро ошкор кардем, ки имкон медиҳанд рушди ҳаҷми савдои тарафайн дар панҷ соли наздиктарин ду баробар афзояд. Ин зиёда аз панҷсад навъи мол  мебошад.
Пеш аз ҳама сухан дар бораи чораҳои зерин меравад: аз байн бардоштани монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ, аз ҷониби тарафайн эътироф карда шудани сертификати мувофиқаткунӣ ва ҳудудикунонии регламентҳо, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва чорабиниҳои фитосанитарӣ, баррасии имкониятҳои дастёбии тарафайн ба харидҳои давлатӣ.
Бояд дар пешомади дарозмуҳлат ташаккул додани Бозори ягонаи минтақавӣ мақсади стратегии мо қарор ёбад.
Барои баррасии тамоми ин масъалаҳо ба роҳ мондани Шӯрои иқтисодӣ – вохӯриҳои мунтазамро дар сатҳи муовинони Сарвазирони кишварҳои мо пешниҳод мекунем. 
Аввалин чунин мулоқотро мо тайёрем соли оянда дар Тошканд ташкил диҳем ва дар доираи он Ҳафтаи шарикии тиҷоратии Осиёи Марказиро бо созмон додани Анҷумани минтақаҳо ва конфронсҳои соҳавӣ, бозор-намоишгоҳҳои иқтидори саноатӣ, муаррифии имкониятҳои содиротӣ гузаронида шавад.
Дуюм. Дастгирии тарафайн ва рағбатноксозии кооператсияи саноатӣ.
Мо аллакай чунин мисолҳои бомуваффақияти шарикиро бо ҳар кадом кишвари минтақа дорем. Ин минтақаҳои махсуси ҳамкории наздисарҳадӣ, лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли автомобилҳои замонавӣ, электроникаи маишӣ, воситаҳои доруворӣ, кластерҳои аграрӣ ва бофандагӣ, марказҳои логистикӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ мебошанд. 
Фикр мекунам, мо саъю кӯшишҳои худро муттаҳид карда, метавонем Харитаи ягонаи саноатикунонии минтақаро бо созмон додани силсилаи ками арзиши иловагӣ, ҷалби сармоя ва технологияи ширкатҳои бузурги байналхалқӣ, шаклҳои нави кооператсияро ҷорӣ кунем. 
Бинобар ин самти афзалиятнок ташкил кардани Шӯро дар сатҳи вазирон ва омода намудани ҳуҷҷатҳои барномавӣ заруранд. 
Таъсис додани Шӯрои сармоявии Осиёи Марказӣ, созмон додани Бонки рушди инноватсионии кишварҳои минтақа, мунтазам гузаронидани анҷуманҳои муштараки сармоявӣ низ пешомаднок мебошанд. 
Таъкид мекунам, ки ҷолибияти сармоявии тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ аз муттаҳид кардани корҳо дар самти мазкур вобаста мебошад. 
Сеюм. Бинобар баҳои Бонки умумиҷаҳонӣ кишварҳои мо то ҳанӯз аз иқтисодиёти «алоқамандиашон» ками ҷаҳон боқӣ мемонанд.
Сухан дар бораи шабакаҳои дохилиминтақавии нақлиётиву коммуникатсионӣ меравад. Зиёда аз он бинобар махсусияти ҷуғрофии минтақа саҳми харҷ барои кашондани борҳои савдои хориҷӣ то ба 50 фоизи арзиши ниҳоии молҳоро ташкил медиҳад. Ин нисбати нишондиҳандаи миёна чаҳор-панҷ баробар зиёдтар аст. 
Ман аз ҳамкорони худ барои дастгириашон аз қабул намудани чораҳои маҷмуӣ бинобар рушди гузаргоҳҳои самарабахши нақлиётӣ миннатдорам. 
Алҳол дар рӯзнома бисёр лоиҳаҳо қарор доранд, ки ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик баромаданро таъмин месозанд. 
Масъалаҳои ташаккул додан ва ба роҳ мондани сиёсати муваффақонаи тарифӣ, истифодаи имтиёз ва сабукиҳо барои дастгирии боркашонҳои миллӣ, бозсозии шабакаҳои нақлиёт ва инфрасохтор, зиёд намудани иқтидори гузаргоҳии бунгоҳҳо дар сарҳад, рақамикунонии сектори нақлиёт муносибати муназзамро тақозо доранд. 
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам барои дастгирӣ намудани таклифи мо бобати қабул кардани  Муоҳида дар бораи нақлиёт ва транзит сипосгузорӣ кунам. Ба мақсади татбиқ сохтани қоидаҳои он пешниҳод мекунем бо иштироки вазоратҳои нақлиёт, боркашонҳо ва коршиносон, ширкатҳои логистикӣ ва мутахассисон Конфронси коршиносон гузаронида шавад. 
Чаҳорум. Бояд корҳо дар соҳаи таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ ҳамоҳанг карда шаванд. 
Тавре ки коршиносон ва мутахассисони Бахшҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ тасдиқ мекунанд, мо нафақат талаботи дохилиминтақавиро бинобар хелҳои асосии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин карда метавонем, балки қодир ҳастем дар бозори байналхалқӣ мавқеи мустаҳкам дошта бошем.
Ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионии истеҳсолоти аграрӣ, технологияҳои каммасрафи об муҳиманд, бояд ҳосилнокӣ зиёд гардад, коркарди амиқ инкишоф ёбад, корҳои илмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ пурзӯр шаванд, кластерҳо ва фермаҳои «соҳибидрок» ташкил ёбанд. 
Моҳи сентябр ният дорем дар Тошканд якҷо бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Анҷумани байналхалқӣ оид ба таъмин намудани амнияти хӯроквории кишварҳоеро, ки роҳи ба баҳр баромадан надоранд, баргузор намоем. Пешниҳод менамоем, ки дар доираи он вохӯрии махсуси вазирони кишоварзӣ барои коркарди Стратегияи минтақавӣ гузаронида шавад. 
Панҷум. Дар ҳар кадом кишвари мо оқибати дигаргуниҳои ҷаҳонии иқлим эҳсос карда мешавад. Баландшавии ҳарорат, обшавии яхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо, тӯфони чангу ғубор ва бисёр дигар таҳдидҳо то ҳанӯз зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Дар ҷараёни Ҳамоиши пешистода оид ба иқлим, ки моҳи ноябри соли равон  дар Озарбойҷон баргузор мегардад, кишварҳои мо метавонистанд бо мавқеи ягона баромад кунанд. Сухан дар бораи гузаронидани муаррифии муштараки вазъиятҳои экологӣ дар минтақа барои ҷалб намудани эътибори ҷомеаи байналхалқӣ, бунёдҳо ва созмонҳои ҳомӣ барои ҳаллу фасли ин мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла фоҷиаи Арал меравад.
Коркард ва қабул намудани Барномаи маҷмуии рушди устувори Осиёи Марказӣ, Стратегияи минтақавии истифодаи сарфакоронаи захираи оби дарёҳои наздисарҳадӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои нави мо ба шумор мераванд.
Шашум. Шарикии махсуси рӯзмарра дар сектори энергетикӣ.
Алҳол дар миқёси минтақавӣ як қатор лоиҳаҳои стратегӣ бобати тезондани генератсияи энергияи электрӣ ва содироти он дар кишварҳои сеюм коркард мешаванд. Ғайр аз ин, бинобар рушди энергетикаи атомӣ, зиёд намудани расондадиҳии карбогидридҳо нақшаҳо мавҷуданд. 
Фикр мекунам, барои баргузор намудани корҳои ҳамоҳанг дар доираи вохӯриҳои мунтазами вазирони энергетика ин яке аз самтҳои асосӣ аст. 
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Мо ба рушди табодули пурмаҳсули байни парлумонҳои кишварҳоямон баҳои баланд медиҳем ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. 
Моҳи оянда дар Хиваи куҳан баргузор кардани Анҷумани навбатии байнипарлумонии кишварҳои минтақаро ба нақша гирифтаем. 
Бо дарназардошти умумияти мероси фарҳангиву таърихӣ бояд ба рушди эҳсоси ҳамгароии аҳолӣ, ҳамҷиҳатӣ, дарки масъулияти умумӣ барои ояндаи минтақа эътибори бузург дода шавад.
Фикр мекунам, ҳарчи зудтар ба роҳ мондани Платформаи байналхалқии матбуотии «Таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ: дирӯз ва ояндаи ягона» дар самти мазкур қадами муҳими амалӣ мегардад. 
Ба мақсади минбаъд мустаҳкам кардани ҳамдигарфаҳмии тарафайн ва ҳамраъии халқҳои минтақа гузаронидани Анҷумани илмиро бахшида ба ҷиҳатҳои амалии ташаккул додани хусусиятҳои минтақавӣ пешниҳод менамоем. 
Барои пешбурди «Рӯзномаи ҷавонони Осиёи Марказӣ – 2030» ва ҷалби насли ҷавон ба барномаҳои ҳамкорӣ мунтазам баргузор намудани Озмуни минтақавии ғоя ва лоиҳаҳои ҷавононро пешниҳод мекунем.
Қабул кардани барномаи таълимӣ ва мубодилаи академии Осиёи Марказӣ, коркарди Муоҳида дар бораи эътирофи тарафайни дипломи мактабҳои машҳури олии кишварҳои моро муҳим меҳисобем. 
Ҳамчунин ҷудо кардани стипендияҳо барои таълими донишҷӯёни соҳибистеъдод аз давлатҳои минтақаро дар асоси тарафайн таклиф менамоем. 
Барои баррасии алоҳидаи лоиҳаҳои мазкур ният дорем моҳи октябр дар Тошканд Анҷумани аввалини таълимии Осиёи Марказиро баргузор кунем. 
Агар дар ҳайати кишварҳои шумо вазирони таълим, ректорони донишгоҳҳои машҳур, олимон ва коршиносон ворид карда шаванд, миннатдор мебудем. 
Соҳаи сайёҳӣ ба муҳаррики нави шарикии минтақавӣ мубаддал мегардад. 
Солҳои охир дар кишварҳои мо саҳми селаи сайёҳони дохилиминтақавӣ хеле афзуд.
Ба мақсади вусъат додани табодули сайёҳӣ омӯхтани масъалаҳои эътирофи тарафайни корти ID-и миллӣ ва коркарди хӯроквории умумии сайёҳиро мувофиқи раванди «Як саёҳат – як минтақа» пешниҳод мекунем. 
Ҳамкасбони муҳтарам!
Имрӯз мо ба ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Консепсияи рушди ҳамкории тарафайни миллӣ дар давраи то соли 2040-ум имзо мегузорем.
Бобати мустаҳкам намудани пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳоямон барои имзо тайёр кардани Шартномаи бисёрҷанба оид ба шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказиро пешниҳод мекунем. 
Муътақидам, ки натиҷаҳои пурмаҳсули вохӯрии кунунӣ ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва некҳамсоягии минтақа, вусъатёбии ҳамкориҳои тарафайни амалӣ барои манфиати халқҳои мо хидмат мекунанд. 
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шуморо барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли оянда ба Ӯзбекистон даъват менамоям. 
Ҳамкорони муҳтарам!
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Гейдарович Алиевро самимона муборакбод менамоям.
Фикр мекунам, бо иштироки Озарбойҷон барои татбиқ намудани иқтидори бузурги минтақа имкониятҳои нав боз мешаванд.
Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи пешбурди лоиҳаҳои муштараки кооператсионӣ дар соҳаҳои савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ, энергетика, нақлиёт ва логистика, рушди мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ ва сайёҳӣ меравад.
Аллакай мисолҳои бомуваффақияти ҳамкориҳои бисёрҷанба мавҷуданд. Аз ҷумла, коркарди экспертии масъалаҳои ташкили расонда додани энергияи «сабз» ба самти Аврупо ҷараён доранд. Ғайр аз ин масъалаҳои ташаккул додани гузаргоҳҳои самарабахши нақлиётӣ бо баромадан ба бозорҳои байналхалқӣ муҳокима мешаванд. 
Мо ҷонибдори иштироки фаъоли шарикони озарбойҷонии худ дар чорабиниҳои пешбинишудаи анҷуманҳои тиҷоратӣ, намоишгоҳҳои саноатӣ ва дигар тадбирҳои соҳибкорӣ мебошем.
Ман дар баромади худ дар қисмати аввалини вохӯриамон оид ба муҳимияти гузаронидани чораҳои муштарак дар Ҳамоиши пешистода бинобар иқлим, ки моҳи ноябри соли равон дар доираи саъю кӯшишҳои ҳамоҳанг дар Озарбойҷон бинобар аксуламал ба хурӯҷҳои экологӣ баргузор мегардад, сухан гуфтам.
Бори дигар мехоҳам ба муҳтарам Илҳом Гейдарович бомуваффақият баргузор намудани Ҳамоиши умумиро таманно кунам.
Ин, бешубҳа, комёбии умумии мост!
Аз иштироки роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентивӣ ҷаноби Каха Имнадзе дар вохӯрии мо хурсандам.
Қайд менамоям, марказе, ки Шумо сарвари он мебошед, воқеан дар рушди мулоқоти минтақавӣ саҳми бузург мегузорад. 
Ташрифи Котиби генералӣ ҷаноби Антониу Гутерриш, ки ба наздикӣ дар мамлакатҳои минтақаи мо анҷом дод, тасдиқи гуфтаҳои ман гардид, вай ба ҷараёнҳои муттасили қариншавӣ ва қаробат дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, онро қатъиян дастгирӣ намуд. 
Хоҳиш мекунам, ба ӯ дархостҳои беҳтарини моро расонед. 
Бори дигар ба муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич барои ташкили хуби ҳамоиши мо миннатдорӣ изҳор менамоям.      
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: