СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ИТТИҲОДИ АВРУПО»

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Аз он ки ҳамаи иштирокдорони мулоқоти навбатии роҳбаронро дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» хайрамақдам мегӯям, хеле хурсандам.
Мехоҳам ба суханони самимӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожоевич Ҷапаров барои хеле хуб созмон додани ҳамоиш ва истиқболи чун анъана гарм, самимӣ дар Чӯлпонота – яке аз ҷойҳои хушманзаратарини минтақаи мо ҳамраъӣ кунам.
Ба Президенти Иттиҳоди Аврупо ҷаноби муҳтарам Шарл Мишел миннатдории махсус изҳор менамоям.
Садоқат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Шумо бобати рушди мулоқоти судманди сиёсӣ ва ҳамкории бисёрҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ самаранокии мулоқоти моро аз ҳар ҷиҳат мушаххас менамояд.
Ҳамкорони муҳтарам!
Аз замони мулоқоти аввалини ошкоро, боварибахш ва пурмаҳсули мо дар Остона камтар аз як сол гузашт.
Дар ин муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшишҳои муштарак воқеан корҳои бузург иҷро шуданд. Моҳи ноябри соли гузашта мо якҷо дар Ӯзбекистон Конфронси дараҷаи олӣ бинобар алоқамандии тарафайни байниминтақавиро гузаронида, ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои зерин эътибори махсус дода будем:
– рақамикунонӣ;
– коммуникатсияҳои нақлиётӣ;
– энергетика ва идораи захираҳои об, аз ҷумла дар доираи шарикони стратегии мо дар Аврупо «Дарвозаи умумӣ».
Як қатор лоиҳаҳои муҳими минтақавиро бинобар созмон додани низоми устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар соҳаи таълими касбӣ ба роҳ гузоштем.
Мехостам натиҷаҳои самарабахши Анҷумани ҷамъиятии шаҳрвандиро, ки моҳи март дар Тошканд баргузор шуд:
– Анҷумани дуюми иқтисодӣ дар Алма-Ато ва ҷамъомади ҳарсолаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Самарқанд, ки моҳи гузашта ба вуқӯъ пайваст, махсус таъкид намоям.
Чорабиниҳои мазкур тағйироти мусбат ва сифатиро дар мулоқоти мо бо шарикони Аврупо бори дигар намоиш дод.
Алҳол Осиёи Марказӣ маркази ҷамъоӣ ва соҳати имкониятҳои нави иқтисодӣ барои ширкат ва бонкҳои бузурги Аврупо ба шумор меравад.
Сухан дар бораи ҳамкории васеи сармоявӣ ва технологӣ дар самтҳои:
– бунёди иқтидорҳои замонавии саноатӣ,
– ҷорӣ намудани энергетикаи «сабз»,
– рушди хоҷагии деҳоти «ақлӣ»,
– ташаккул додани инфрасохтори фарогири нақлиётиву логистикӣ меравад.
Дар баромади ҳамкорони ман маълумоти оморӣ садо доданд. Онҳоро такрор намекунам. 
Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки барои то соли 2030-юм 2 баробар зиёд кардани ин нишондиҳандаҳо тамоми асосҳо мавҷуданд.
Мехоҳам мухтасар дар бораи ҳамкории Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таваққуф намоям.
Баъд аз сафари таърихии Шумо дар Ӯзбекистон, ҷаноби Мишел, робитаҳо дар тамоми дараҷаҳо ба дараҷаи назаррас фаъол шуданд. Мо бо сарони Фаронса, Олмон, Венгрия ва Чехия мулоқот баргузор кардем. Сафоратхонаҳои худро дар Будапешт ва Стокголм боз намудем. Ҳафтаи оянда ман ният дорам ба Италия сафар кунам. Мубодилаи моли мо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шарофати тартиби «GSP+» мунтазам  меафзояд.
Агар соли гузашта ҳаҷми савдо 20 фоиз афзуда бошад, аз ибтидои сол он тақрибан 70 фоиз зиёд гардид.
Маҷмӯи лоиҳаҳои пешомадноки ташкили истеҳсолоти баландтехнологӣ ва ҷойҳои нави корӣ бо ширкат ва бонкҳои пешоҳанги Аврупо аз 20 миллиард евро зиёд аст.
Корпоратсияҳои дар тамоми ҷаҳон машҳури «Сименс», «Линде Групп», «КЛААС», «Эйрбас», «Басф», «И-Ди-Эф», «Алстом», «Тотал», «Орано», «О-Ти-Пи Групп» ва бисёр дигар ба ҷумлаи шарикони стратегии мо дохил мешаванд. Таъкид мекунам, ки татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак имкон медиҳад дар қитъаи Аврупо харитаи саноатӣ тағйир ёбад.
Дар соҳаи инсонпарварӣ ду лоиҳаи нодир дар шарикӣ бо Лувр ва осорхонаи нави Берлин татбиқ гардид.
Мо бори аввал мероси ғановатманди фарҳангиву таърихии минтақаи худро дар ин марказҳои дар ҷаҳон машҳури санъат ҳамаҷониба намоиш додем.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Бо вуҷуди вазъияти мураккаби геосиёсӣ ва анъанаҳои нохуш дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ пешрафти устуворро намоиш медиҳанд.
Бинобар баҳои охирини таҳлилгарони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пешрафти иқтисодии минтақа соли равон умуман 5,2, дар соли оянда 5,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар Ӯзбекистон коршиносони аврупоӣ афзоиши солонаро ба ҳисоби миёна 6,5 фоиз пешбинӣ менамоянд.
Дар ин маврид нақшаҳои мо то соли 2030-юм ду баробар зиёд кардани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади аҳолӣ бо ворид шудан ба қатори давлатҳои даромадашон болотар аз сатҳи миёна мебошад.
Омили асосии муваффақ шудан ба ин ҳадаф сиёсати саноатикунонии босуръат, аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаҳои азнавкоркард мегардад.
Муҳимияти дастгирии минбаъдаи дӯстони аврупоӣ ва шарикони барномаҳои миллиро дар рушд ва стратегияи ислоҳоти мустақим махсус таъкид менамоям.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Бо дарназардошти пешниҳоди рӯзномаи ҳамоиш мавзӯъҳои бартаринок, ба фикри ман, самтҳои муфиди ҳамкории тарафайнро махсус таъкид менамоям.
Якум ин тиҷорат аст. Ӯзбекистон аз куллан вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама, аз созмон додани занҷирҳои устувори тиҷоративу логистикӣ ва механизмҳои самарабахши дастгирии тарафайни боркашониҳо манфиатдор мебошад.
Пешниҳоди тартиби «GSP+» барои беш аз пеш васеъ ҷалб намудани истеҳсолгарони ватанӣ ба фаъолияти савдои хориҷӣ бо ҳамзамон баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда омили ҳавасмандгардонӣ шуд.
Мо аз дароз кардани муҳлати амали ин шароитҳо дар давраи нав манфиатдорем.
Фикр мекунем, паҳн кардани тартиби мазкури сабукиҳо дар кишварҳои минтақа ба рушди иқтидори саноатӣ ва рақобатбардории иқтисодиёти мо мусоидат менамояд.
Ба сифати мисол метавонам тайёр будани содиргарони моро барои ба бозорҳои Аврупо расонда додани беш аз 500 номгӯйи молҳои саноатӣ дар ҳаҷми 4 миллиард евро изҳор намоям.
Баробари ин боз як қатор масъалаҳои махсус мавҷуданд, аз ҷумла:
– дар минтақаи мо созмон додани шабакаи лабораторияҳои замонавӣ, марказҳои стандартикунонӣ ва сертификатсионии ба талаботи Иттиҳоди Аврупо мувофиқ;
– пешбурди навгониҳо ва иқтидори содиргарони мо барои кор дар бозорҳои Аврупо;
– баргузор намудани чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани хабардории ширкатҳои Аврупо дар бораи имкониятҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд.
Мутаассифона, бинобар тамоми ин масъалаҳо мо ҳанӯз ба пешрафти назаррас муваффақ нашудаем.
Барои ҳаллу фасли онҳо коркарди муштараконаи Барномаи маҷмӯии дастгирӣ намудани корхонаҳои содиргар ва воридгарони кишварҳои моро пешниҳод менамоем.
Ғайр аз ин иҷрои вазифаҳои мазкур ба ҳарчи зудтар анҷом додани раванди қабули Муоҳида дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеи байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат хоҳад кард.
Дуюм ин ташаккул додани гузаргоҳҳои шафати нақлиётӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Муҳим аст, ки саъю кӯшиши кишварҳои мо ба мақсади инкишоф додани иртиботи тарафайни нақлиётиву коммуникатсионии Осиёи Марказӣ ва Аврупо, пеш аз ҳама, аз тариқи ташаккул додани Хатсайри ба ном миёна – Гузаргоҳи транзитии наздикаспӣ муттаҳид карда шаванд.
Бояд таъкид кард, ки ин лоиҳа дар ҷараёни мулоқоти сарони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Самарқанд хеле ҷиддӣ таҳлил карда шуд.
Мутаассифона, то ҳол муносибати ҳамоҳанг дар масъалаҳои баланд бардоштани рақобатбардории шоҳроҳи мазкур ба даст наомадааст.
Алҳол тарифҳое заруранд, ки ба тиҷорат фоида оваранд, ҳаҷми асосии боркашониро танзим намоянд.
Вале, тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, тариф ва боҷҳои кунунӣ дар самти мазкур нисбати, бигирем, хатсайрҳои муқобили Шимол – Ҷануб 1,5 баробар зиёд мебошанд.
Масъалаҳои вусъат додани инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва бандарӣ бо рушди пешбинишудаи боркашонӣ, ҳамчунин беҳтар гардидани ҳолати техникии шоҳроҳҳо низ муҳиманд. Вобаста ба ин ташаккул додани механизми муассири истифодаи иқтидори Гузаргоҳи наздикаспиро мувофиқи мақсад меҳисобем.
Сухан дар бораи мулоқотҳои мунтазами намояндагони ваколатдори идораҳои нақлиётии кишварҳои мо меравад.
Ҳамчунин муҳимияти тадқиқотҳо бинобар ташаккул додани гузаргоҳҳои устувори нақлиётии байни Аврупо ва Осиёи Марказиро, ки аз ҷониби шарикони аврупоӣ гузаронида шудааст, таъкид мекунам.
Сеюм, ин шарикии сармоявӣ ва технологист.
Ман аллакай оид ба имкониятҳои мо ва нақшаҳои умумиамон муфассал таваққуф намудам. Фикр мекунам, замоне расид, ки масъалаи ҳар сол баргузор кардани намоишгоҳҳои саноативу технологӣ дар доираи анҷумани иқтисодии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ҳаллу фасл шавад.
Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ мо аз ба роҳ мондани воситаҳои махсуси дастгирии молиявӣ якҷо бо Бонки сармоявии Аврупо ҳангоми кӯчондани иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои номдори аврупоӣ ба кишварҳои мо манфиатдор ҳастем. Мо тайёрии худро барои таъмин кардани тамоми шароитҳои зарурӣ баҳри ба роҳ мондани фаъолияти идораи минтақавии бонк дар Ӯзбекистон изҳор менамоем.
Чаҳорум, ба шарикии қарин бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи робитаи тарафайни рақамӣ умед мебандем.
Тадқиқоти мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки минбаъд вусъат додани дастрасии зудамал ба Интернет боиси ҳамаҷониба афзудани ҳаҷми маҷмӯаи маҳсулот ва содироти кишварҳои минтақа мегардад.
Мо ташаббуси дахлдори «Командаи Аврупо»-ро дастгирӣ мекунем ва пешниҳод менамоем, ки «Рӯзномаи рақамии барои Осиёи Марказӣ» муштарак коркард шавад.
Панҷум, муқовимат ба мушкилоти иқлим. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи баланд бардоштани устувории низоми экологӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки минтақавӣ бо истифода аз дониш ва технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ меравад.
Бар замми ин, имрӯз дар Ӯзбекистон энергияи «сабз»-ро фаъолона инкишоф медиҳанд. 
Мо нақша дорем, ки то соли 2030 иқтидори тавлиди энергияи барқароршавандаро ба 25 ҳазор мегаватт, ҳиссаи онро аз 14 то 40 дарсади ҳозира афзоиш диҳем.
Имрӯз ҳамкасбони ман оиди масъалаҳои экологӣ муфассал сухан ронданд.
Бо назардошти ҷиддияти мушкилот, мо Иттиҳодияи Аврупоро даъват менамоем, ки аввалин Форуми байналмилалии иқлимро, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар доираи Ташаббуси ҳамбастагии Самарқанд барои амният ва шукуфоии умумӣ баргузор мегардад, ташкил намояд.
Мо инчунин аз иштироки фаъолонаи шарикони худ дар лоиҳаи таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим манфиатдорем.
Шашум – рушди сайёҳӣ. Бояд гуфт, ки ин соҳа пас аз пандемия босуръат барқарор шуда, суръати устувори  баланди афзоишро нишон медиҳад. 
Бо вуҷуди ин, иқтидори бузурги сайёҳии Осиёи Марказӣ имрӯз пурра истифода намешавад.
Мо пешниҳод менамоем, ки Барномаи мусоидат ба рушди сайёҳии устувор барои Осиёи Марказӣ якҷоя таҳия карда, дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, пешниҳод карда шавад.
Ин барнома инҳоро фаро мегирад:
- лоиҳаҳои мушаххас оид ба модернизатсияи инфрасохтор ва таҷдиди объектҳои мероси таърихӣ;
- васеъ намудани ҷуғрофия ва басомади парвозҳо;
- таҳияи маҳсулоти ягонаи сайёҳӣ ва маршрутҳо бо фарогирии тамоми минтақа, инчунин содда кардани расмиёти раводид.
Ҳафтум, сармоягузорӣ ба таҳсилоти ҷавонон.
Дар Ӯзбекистон филиалҳои ҳафт донишгоҳи Аврупо бомуваффақият фаъолият мекунанд. Бо вуҷуди ин, ин кофӣ нест.
Дар ояндаи наздик мо нақша дорем, ки бо донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шарикӣ барқарор намуда, барномаҳои муштараки таълимӣ, пеш аз ҳама аз рӯи ихтисосҳои техникӣ ҷорӣ намоем.
Мо инчунин тарафдори онем, ки вохӯриҳои мунтазами вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳо дар формати мо аз нав барқарор карда шаванд.
Мо пешниҳод менамоем, ки имкони тавсеаи дастгирии лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва таълимӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи Барномаи «Горизонти Аврупо» баррасӣ карда шавад.
Ҳамкасбони азиз!
Муҳимтарин самти ҳамкории мо таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳои нав ва таҳдидҳои амниятӣ мебошад.
Имрӯз мо барномаҳои муштараки ҳифзи сарҳад, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро самаранок амалӣ карда истодаем.
Солҳои охир зиёда аз дусад чорабинии вилоятӣ гузаронда шуд. Бо кумаки шарикони аврупоӣ ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос омода карда, гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҷдид карда шуданд.
Мо зарур мешуморем, ки барномаҳои нави шарикӣ дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва радикализм, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои муташаккил ва киберҷинояткорӣ, инчунин ҳифзи сарҳад таҳия карда шаванд.
Ба ин манзур мо пешниҳод мекунем, ки конфронси коршиносон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо: рӯзномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният» баргузор шавад.
Проблемаи Афғонистон дар маркази диққати мост. Мутаассифона, вазъи башардӯстона дар Афғонистон босуръат бад мешавад.
Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳоли ҳозир миллионҳо афғон дар остонаи наҷот қарор доранд.
Дар робита ба ин, мо аз шарикони худ даъват мекунем, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Мо омодаем, ки минбаъд низ имкониятҳои маркази логистикии Термизро бо ин мақсадҳо пешниҳод кунем.
Мо пешниҳод менамоем, ки машваратҳои мунтазами намояндагони махсуси мо барои таҳияи равишҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои мубрами танзими вазъият ва рушди осоиштаи Афғонистон идома дода шавад.
Муҳтарам сардорони ҳайатҳои вакилон!
Имрӯз дар суханрониҳои ҳамкасбони ман ташаббусҳои муҳиме ба миён гузошта шуданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои амалии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудаанд.
Ман хеле муҳим мешуморам, ки ҳар як пешниҳод аз ҷониби мутахассисони мо бодиққат омӯхта шавад. Ба ин муносибат аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти мо харитаи алоҳидаи роҳро таҳия ва қабул кардан ба мақсад мувофиқ мебуд.
Инчунин таклифро дар бораи характери доимӣ додан ба алоқаҳои мо тарафдорӣ мекунам.
Ман барои дастгирии ташаббуси мо дар мавриди баргузории нишасти аввалин дар ин формат соли оянда дар Ӯзбекистон миннатдорам.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии кишварҳоямон такони иловагӣ шуда хидмат мекунад, ба таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: