СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ОЛМОН»

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Хеле хурсандам, ки шуморо хайрамақдам мегӯям.
Ба суханони миннатдорӣ нисбати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои қабули самимӣ ва ташкили зебои мулоқоти мо ҳамроҳ мешавам.
Аз Сарвазири муҳтарами Олмон ҷаноби Олаф Шолс барои ҳамраъияш нисбати вусъат додани  шарикии бисёрҷанба бо кишварҳои минтақаи мо сипосгузорам. 
Мулоқоти аввалин дар Берлин ва ҳамоиши кунунӣ кайфияти умумии моро бобати идома додани гуфтушуниди ошкорову пурмуҳтаво, саъю кӯшиш бинобар муваффақ шудан ба натиҷаҳои мушаххасу амалӣ бори дигар собит менамоянд. Мо аз гузаронидани мулоқоти мунтазам дар ин шакл, бо ташаккул додани механизмҳои коркарди коршиносӣ ва татбиқ намудани ташаббусҳои пешгузошташуда манфиатдор мебошем.
Муҳтарам ҷаноби Сарвазир!
Мо ба дастгирии ҷиддӣ ва мунтазами Олмон бобати татбиқсозии дигаргуниҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳоямон, ҳамкорӣ ва қаробат дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем.
Қайд менамоям, ки муносибатҳои мо решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ҳанӯз дар асри XVIII оҳангсози машҳури даврони Маърифат Гендел яке аз беҳтарин асарҳои худ – операи «Темирлан»-ро офарида буд. Шоир ва файласуфи бузург Гёте як қатор асарҳои машҳури худро ба шаҳрҳои қадимаи мо – марказҳои тамаддун бахшидааст.
Боз як санади таърихиро зикр мекунам.
Дар ибтидои асри XX як гурӯҳ ҷавонони соҳибистеъдоду пешқадам аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар донишгоҳҳои машҳури Олмон таълим гирифтаанд ва минбаъд дар пешбурди ғояҳои маърифат ва рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаи мо саҳми бузург гузоштанд.
Таъкид мекунам: алҳол мо ба Олмон ба сифати яке аз шарикони муҳими худ бобати муваффақшавӣ ба мақсадҳои миллии рушди устувор баҳо медиҳем. 
Мехоҳам ба дигаргуниҳои амиқу пурмуҳтаво, ки солҳои охир дар Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ мепайвандад, мухтасар таваққуф намоям. 
Мо мулоқоти ошкоро ва пурмазмунро ба роҳ гузоштем, бисёр мушкилотро, ки ба сарҳадҳо, об, энергетика, савдо, транзит алоқаманд мебошанд, мустақилона ҳаллу фасл менамоем. Ба наздикӣ дар ин ҷо, дар Остона мулоқоти бинобар шуморааш аллакай шашуми сарони давлатҳои минтақаро баргузор кардем. 
Мавқеи минтақа ба сифати субъекти байналмилалӣ мустаҳкам мегардад, ҳамкорӣ бо кишварҳои машҳури ҷаҳон дар шакли «Осиёи Марказӣ плюс» вусъат пайдо мекунад. 
Нишондиҳандаҳои мубодилаи моли дохилиминтақавӣ, сармояҳо, боркашонӣ, сафарҳои сайёҳии шаҳрвандони мо чандин карат афзуданд. Мо лоиҳаҳои бузурги минтақавиро дар соҳаҳои энергетикаи «сабз» ва рушди коммуникатсияҳои нақлиётӣ баррасӣ менамоем. Таҷриба ва технологияҳои якдигарро ба ҳам мебинем, корхонаҳои замонавиро дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ташкил мекунем, воситаҳои молиявии рағбатноксозии кооператсияи лоиҳавиро ҷорӣ менамоем. 
Аз ҳама муҳимаш, дақиқ дарк месозем, ки ояндаи минтақа, амният ва рушди устувори куллан аз ирода ва саъю кӯшишҳои сиёсии мо вобаста мебошад.
Мо рағбати шарикони аврупоӣ, пеш аз ҳама, Олмонро ба сифати ташаббускори асосии барномаҳои стратегиву бисёрҷанбаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳоямон самимона дастгирӣ мекунем. 
Соли оянда барои дар Ӯзбекистон баргузор кардани ҳамоиши навбатӣ дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» тайёрӣ мебинем, мавзӯи асосиро барои ин мулоқот сармояҳо барои ояндаи минтақа муайян кардаем. 
Ҳамкорони муҳтарам!
Зиддиятҳо ва ҷангҳо, умуман номуътадилии ҷаҳонӣ ва номуайянии рушди вазъият, сиёсати санксионӣ, пурзӯр шудани протексионизм ва бисёр омилҳои дигар ба кишварҳои мо таъсири бағоят нохуш мерасонанд, бобати татбиқ сохтани ислоҳоти миллӣ мушкилоти ҷиддӣ мегарданд. 
Ба қарибӣ, ҳангоми гуфтушунидҳо дар Самарқанд ман бо муҳтарам ҷаноби Шолс умедвории зиёди худро аз мулоқоти имрӯза иброз доштам.
Вобаста ба ин мехостам нуқтаи назари худро нисбати самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ бо Олмон дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям. 
Якум. Мо ба истиқрори шарикии стратегии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки ба манфиатҳои умумии таъмин сохтани эътидол, рушди устувор ва пешрафти минтақа ҷавобгӯ мебошанд, баҳои баланд медиҳем. 
Қабул шудани Консепсияи дарозмуҳлати рушди шарикии моро бо чорабиниҳои барномавӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мувофиқи мақсад меҳисобем. 
Барои коркарди ҳуҷҷати мазкур имконияти таъсис додани Анҷумани марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ – Олмон»-ро пешниҳод мекунем. Омода ҳастем ҷамъомади аввалини онро соли оянда дар Хива – яке аз шаҳрҳои таърихии минтақа, ки замоне қабилаи азими немисҳо – меннонитҳо зиндагӣ мекарданд, баргузор намоем. 
Дар тайёр кардани рӯзномаи ҳамоишҳои мо мулоқоти ҳарсолаи сарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳоямон нақши муҳим доранд. 
Дуюм. Шарикии сармоявӣ ва технологӣ бо ширкатҳои пешқадами Олмон.
Мехоҳам қайд намоям, ки маҷмӯи лоиҳаҳои татбиқшаванда ва пешбинишуда дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои олмонӣ аз 20 миллиард евро зиёд мебошад. Онҳо як қатор самтҳо, аз ҷумла энергетика соҳаҳои кимиё ва истихроҷ, мошинсозӣ, саноати дӯзандагӣ ва озуқаворӣ, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва логистика, истеҳсоли маводи сохтмонро дар бар мегиранд.
Дар байни ҳамкорони мо ширкатҳои машҳури Олмон, аз ҷумла «Сименс», «Линде», «БАСФ», «МАН», «Клаас», «Хенкел», «Кнауф» ва дигар ҳастанд, ки тӯли чанд соли охир ба иқтисодиёти Ӯзбекистон тақрибан 6 миллиард евро сармоя гузоштанд. 
Имрӯз мо имкон дорем нақшаҳои минбаъдаро бо намояндагони тиҷорати немис муҳокима намоем.
Бо мақсади инкишоф додани шарикии корӣ пешниҳод мекунам, ки: «харитаи амалиёт»-и вусъат додани ҳамкориҳои сармоявӣ ва технологии  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон таҳия шавад; ширкат ва бонкҳои машҳури Олмон ба татбиқсозии лоиҳаҳо дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатии ҳудудҳои сарҳадӣ, лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ ҷалб карда шаванд, майдони доимии мулоқоти тиҷоратӣ – Шӯрои сармоягузорон ва соҳибкорони  «Осиёи Марказӣ ва Олмон»  бо соли оянда дар Ӯзбекистон дар доираи Форуми сармоягузории Тошканд баргузор намудани мулоқоти аввалин ташкил карда шавад;   имконияти қабул намудани шартномаи бисёрҷанбаи ҳукуматӣ дар бораи рағбатноксозӣ ва ҳифзи сармояҳо  омӯхта шавад. 
Сеюм. Шарикӣ дар соҳаи захираҳои камчини ашёи хом дар пояи ҷорӣ намудани донишҳо ва технологияи пешқадами Олмон.
Тавре таъкид шуд, минтақаи мо аз канданиҳои фоиданок ғанӣ мебошад. 
Оҷонсии захираҳои менералии немис ва ширкатҳои Олмон метавонанд дар ин соҳа шарикони асосии мо бошанд. Сухан дар бораи лоиҳаҳои кофтукови геологӣ, зудазхудкунӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ, ба роҳ мондани боркашонӣ ба Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо меравад. Ӯзбекистон барои якҷо татбиқ намудани чунин лоиҳаҳо бо кишварҳои ҳамсоя тайёр аст. 
Ҷалби кумакҳои техникии Олмон ва коркарди Барномаҳо доир ба созмон додани  харитаҳои рақамии конҳои ошкоршудаи минералҳои камчин ва филизоти нодири заминӣ дар минтақа ояндадор ба шумор мераванд. 
Мо ташаккул додани пойгоҳи муътамади ҳуқуқии чунин ҳамкориро муҳим меҳисобем.
Чаҳорум. Энергетикаи «сабз». Солҳои охир тамоми кишварҳои мо энергетикаи офтобӣ, бодӣ ва обиро фаъолона инкишоф медиҳанд, истгоҳҳо ва шабакаҳои гармиро бозсозӣ мекунанд, лоиҳаҳои гидрогени «сабз»-ро пешниҳод менамоянд. 
Мо баррасии имконияти ба роҳ мондани Мулоқоти энергетикии кишварҳои Осиёи Марказиро бо Олмон, бо ҷалби вазоратҳои энергетика, корпоратсияҳо, операторон, ташкилоти илмӣ, идораҳои лоиҳавӣ ва коршиносони соҳаҳо пешниҳод мекунем. 
Аз тайёр кардани Барномаи маҷмӯии баланд бардоштани иқтидори мутахассисон дар соҳаи иқтисодиёти камуглерод бо ҷалби кумакҳои техникии Олмон манфиатдор мебошем.
Панҷум. Таваҷҷуҳи муштарак нисбати тағйирёбии иқлим.
Коршиносон пешбинӣ менамоянд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ нисбати тобоварӣ ба оқибатҳои гармшавии ҷаҳонӣ аз ҳама заифтар мебошад. Баландшавии ҳарорати миёна аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳон ду баробар зиёд аст. 
Аз ҷониби Олмон барои ба роҳ мондани қисми дуюми барномаи «Осиёи Марказии сабз», ки дар татбиқсозии лоиҳаҳои экологӣ кумак мерасонад, миннатдорем. Мо аз баргузор кардани барномаҳои муштараки таълимӣ ва мубодилаҳои илмӣ дар пойгоҳи Донишгоҳи омӯзиши муҳити атроф ва тағйироти иқлими Осиёи Марказӣ, қабул шудани барномаи ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои истифодаи сарфакоронаи оби немис, бозсозии низомҳои ирригатсионӣ, нигоҳ доштани  гуногунрангии биологӣ, тайёр кардани мутахассисон-экологҳо манфиатдор ҳастем.
Мо иштироки фаъолонаро дар татбиқи амалии ташаббусҳои Сарвазири Олмон бобати созмон додани шарикии табиии Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунем. 
Шашум. Бобати амиқсози шарикии мо рушди сусти коммуникатсияҳои нақлиётӣ, аз ҷумла боркашониҳои рӯйизаминиву ҳавоӣ монеаи азимтарин ба шумор мераванд. 
Дар ҷалби идораҳои Аврупо ба инкишоф додани  гузаргоҳҳои муқобили нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо муттаҳид менамоянд, ба кумакҳои Олмон умед мебандем. Соли оянда гузаронидани конфронси муштараки вазоратии дарёфти роҳҳои баланд бардоштани иқтидори транзитии чунин хатсайрҳоро пешниҳод менамоем.              
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Намоишгоҳи мероси фарҳангиву таърихии минтақаи мо дар Осорхонаи нави Берлин, ки соли гузашта баргузор гардид, бори дигар зарурияти мунтазам ташкил намудани чунин чорабиниҳоро собит кард. Тули чанд моҳи кори намоишгоҳ онро беш аз ним миллон сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон тамошо карданд. 
Мо ҷонибдори қабул гардидани Нақшаи муштараки чорабиниҳои фарҳангӣ дар кишварҳоямон ҳастем, пешниҳод мекунем имконияти баргузор намудани Рӯзҳои санъат ва кинои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои бузурги Олмон баррасӣ карда, ҳамкории бунёдҳои осорхонавӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар соҳаи мубодилаи илмиву таълимӣ ба роҳ мондани платформа барои шарикии мактабҳои машҳури олӣ, коркарди барномаҳо оид ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи таълими дуалӣ, тайёр кардани омӯзгорони забони немисӣ бо ҷалби Пажӯҳишоги Гёте ва ташкилоти дигари Олмонро рӯзмарра меҳисобем. 
Ғалабаи мактаббачагони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ, ки тобистони ҷорӣ дар Гёттинген баргузор шуд, шаҳодати рағбати баланди ҷавонони мо ба омӯхтани забони немисӣ аст.
Ҳамкорони муҳтарам!
Идома додани ҳамкории қаринро бинобар масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории киберӣ, пешгирии ҷавонон аз радикализмро муҳим мешуморем. 
Вазъият дар соҳаи амнияти Осиёи Марказӣ бо ҷараёнҳое, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ мепайванданд, алоқаи зич дорад. Роҳ надодан ба буҳрони инсонпарвариро дар кишвари мазкур, ки алҳол бо мушкилоташ амалан танҳо ба танҳо мондааст, рӯзмарра меҳисобем. 
Вобаста ба ин тайёрем бо Олмон ва шарикони дигари аврупоӣ бинобар татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараке, ки ба ҷалби ин кишвар барои ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, дар пойгоҳи Маркази таълимии шаҳри сарҳадии Тирмиз омода кардани кадрҳо, аз ҷумла духтарон ва занон, бинобар ихтисосҳое, ки барои ҳаёти ороми Афғонистон заруранд, ҳамкорӣ кунем.
Дар анҷоми суханронии худ мехостам таъкид намоям, ки Ӯзбекистон аз беш аз пеш истифода бурдани имконияти ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Олмон бо минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор мебошад. 
Муътақидам, ки мулоқоти кунунӣ ба қаробати минбаъдаи кишварҳо ва халқҳои мо хидмат мекунад, ба сарпур сохтани шарикии стратегияи мо бо лоиҳа ва барномаҳои мушаххас имкон фароҳам меоварад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: