СӮХИ НАВ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Чӣ неъмати бузург будани истиқлолият ва озодӣ ба ҳар яки мо маълум.

Чӣ неъмати бузург будани истиқлолият ва озодӣ ба ҳар яки мо маълум. Дар сессияи XI Шӯрои Олии Ӯзбекистон эълон гардидани истиқлолияти давлатии мамлакатамон воқеаи муҳими сиёсӣ дар ҳаёти халқҳои сарзамини мо қарор гирифт. То таҷлили Рӯзи истиқлолият рӯзҳои башумор боқӣ монда, мардуми шарифи ин диёр баҳри истиқболи сазовори он омодагии ҳарҷониба мебинанд.
Ҳаминро алоҳида таъкид карданием, таърихи 29-солаи истиқлолияти давлатии Ӯзбекистонро метавон ба ду давра ҷудо намуд. Дар давраи аввал ҷумҳурии мо бо эълон шудани суверенитети давлатӣ аз 31 августи соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё мавқеъ пайдо кард, рамзҳои давлатӣ, Конститутсияи Ӯзбекистон қабул гашт, аз тарафи як қатор давлатҳои ҷаҳон ба истиқлолият даст ёфтани мамлакати мо эътироф ёфт. Байни Ӯзбекистон ва ҷаҳон дарҳо боз ва муносибатҳо дар ҷанбаҳои гуногун ба роҳ гузошта шуданд, кишвар роҳи ба худ хоси тараққиётро пеш гирифт, обод гашт, комёбиҳои бемисл дар ҳамаи соҳаҳо ба даст оварда шуданд. Давраи нави тараққиёти Ӯзбекистони соҳибистиқлол бо Президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт. Тӯли чаҳор соли охир корҳои васеъмиқёс, ки фарогири кулли ҷабҳаҳо мебошанд, ба амал бароварда шуданд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Ба халқ ва баҳри манфиатҳои он хидмат намудани ислоҳот дар коғаз не, дар амал рӯи кор омад. Ҳокимияте арзи ҳастӣ намуд, ки воқеан халқист. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба манзил, фарогирӣ бо шуғл, тандурустию таълим, сайёҳӣ ва ҳоказо мазмун ва моҳияти тоза пайдо кард. Дигаргуниҳои азим дар Ӯзбекистони навро ҷаҳониён эътироф ва онҳо бо назари нек ба диёри шукуфони мо менигаранд. Некҳамсоягӣ, хусусан, бо давлатҳои минтақа ба халқҳои гуногунмиллати Осиёи Марказӣ, ки аз қадим паҳлӯ ба паҳлӯ умр ба сар мебаранд, нишоти бузург бахшид. Яхҳои чандсола батадриҷ об, ҳамдилию ҳамҷиҳатӣ аз болои бухлу ҳасад, ки халқҳои оддии дар ду ҷониби сарҳадҳоро ба ҳолати ногувор мегузошт, ғолиб омад. Қарибону пайвандон баъди ҷудоиҳо якдигарро ёфтанд, гӯшту нохун боз ба ҳам пайваст. Пештар рӯзҳое, ки ба ҷашни истиқлол омодагиҳо оғоз ёбанд, назорат дар посгоҳҳо ҷиддитар, омаду рафт то андозае қатъ, шаҳрвандоне, ки барои кор ё зарурат ба пойтахт омадаанд, ба ҷои зисташон ронда мешуданд. Кас баъзан фаҳмида наметавонист, ки ҷашни истиқлолият мӯҷиби шодиёнаву хотирҷамъӣ ё парешонию ташвиш аст. Хайрият ҳам он рӯзҳо гузаштанд. Бинобар пандемия халқҳои мо ҷашни пешистодаро дар шароити хона, дар иҳотаи қарибон истиқбол кунанд ҳам, таҷлил нишотангез сурат мегирад, боварӣ ба фардои нек, ба даргузарии рӯзҳои ташвишноки карантин қавист.
Дар қатори мардуми шарифи диёр халқи наздик 80 ҳазорнафараи Сӯх низ 29-солагии истиқлолияти давлатиамонро сазовор истиқбол менамояд. Ба наздикӣ қабул шудани қарори Президент «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҷмӯии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021» боз як воқеаи муҳим дар ҳаёти мардум гардид, ки бинобар дар иҳотаи ҷумҳурии ҳамсоя мавқеъ доштан бо душворию мушкилоти хос рӯбарӯст. Ҳуҷҷате, ки ба имзо расид, қабл аз ҳама, дар роҳи тараққиёти маҷмӯии ноҳия дар ҳама соҳаҳо, хусусан, бошуғлфарогирии аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зист, обод гардондани ноҳия, ба дараҷаҳои нав бардоштани сифати тандурустию таълим хидмат хоҳад намуд. Нуктаҳои қарор, ки дар риштаҳои гуногун корбаст ёфтаанд, аллакай амалӣ мешаванд. 17 ҳазор нафар ҷавонони то 30-сола истиқомат менамоянд дар ноҳия. Аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш инвентарҳои варзишӣ фиристода шуданд, ки 600 млн. сӯм арзиш доранд. Ба ҷавононе, ки майл ба боғбонию кишоварзӣ доранд, ҷудо карда шудани қитъаҳои замин идома дорад. Дуруст, ноҳия, ки дар баландкӯҳ воқест, заминҳои кишт баҳисоб. Вале дар мавзеи Қайроқ, ки ҳамҳудуд бо Қирғизистон аст, наздик 1500 гектар замин мавҷуд. Баровардани об ба ин мавзеъ аз дарёи Сӯх бо насосҳои махсус оғоз ёфт. Аз ҷониби давлатамон барои обёрии Қайроқ наздик 95 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Ба наздикӣ гурӯҳи корӣ дар ноҳия ба рафти корҳои сохтмону ирригатсионӣ дар мавзеи зикршуда аз наздик шинос шуд, пешниҳодҳо дод. Таъкид ёфт корҳои сохтмон дар ин ҷо моҳи марти соли 2021 ба анҷом мерасанд, ба муносибати фарорасии Наврӯз сарзамине, ки асрҳо инҷониб ташналаб мехобид, аз оби ҳаёт баҳравар хоҳад гашт. Гуфтанием, дар Ӯзбекистони нав ё худ дар давраи нави истиқлолияти кишвар воҳаи байни чордевори кӯҳҳо ҷойгиршудаи Сӯх ба маънои ҳақиқӣ нав шуда, мардуми заҳматкаши он бо дили пуру хотири ҷамъ тарҳи нави зиндагӣ мекашанд.
Истиқлолият ба халқҳои Ӯзбекистон, ки ин Ватани азизро сарчашмаи нирӯ ва бахту саодат меҳисобанд, муборак бошад.

Ҳасанхон ОБИДҶОНОВ,
муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи рақами 1-уми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: