СУЛҲ – НЕЪМАТИ ОЛӢ

Ин сарват бо кору амалҳои нек боз ҳам зеботар аст.

Бахусус, ёдкарди гузаштагон, қадр кардани зиндагон, сазовори дуои неки падарону модарон шудан барои ҳар кадоми мо ҳам фарз ва ҳам қарз аст.
Ба ин маънӣ 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр дар кишвари мо ба сифати ҷашни умумихалқӣ васеъ қайд карда мешавад, ҳусни эътибор ба иштирокдорони ҷанг ва ақибгоҳи фронт сол аз сол меафзояд, ки ин бағоят хурсандиовар аст. Бинобар ҳамин ҳам мо дар чунин рӯзи муборак ба назди ҳайкали Модари мотамзадаи шаҳри Тошканд, ҳамчунин майдонҳои хотираи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, маркази вилоятҳо рафта, ба пойи  ин ёдгориҳо гул мегузорем, дар поси хотираи ҳазорон нафар ҳамдиёронамон, ки аз набардгоҳҳо барнагаштаанд, сари таъзим фуруд оварда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ мегузорем. 
Ҳамчунин дар назди онҳое, ки имрӯз синнашон аз 90 гузаштаасту файзи маҳфилу базмҳои мо буда,  даврони пириро дар оғӯши набераву абераҳои худ, хушу хуррам мегузаронанд, сари таъзим фуруд меоварем. Барои рӯзгори орому осуда, зиндагии босаодат, осмони мусаффои худ аз онҳо беҳадду ҳудуд миннатдорем. 
Воқеан Ҷанги дуввуми ҷаҳон, ки боиси бармаҳал фавтидани миллион – миллионҳо одамон шудааст, сабабгори бохту талафот ва мусибатҳои бемисл гардидааст, дар таърихи инсоният ҷанги аз ҳама мудҳиш буд, ки онро ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Бинобар маълумотҳои расмӣ аз Ӯзбекистон ба Ҷанги дуввуми ҷаҳон 1 миллиону 433 ҳазору 230 нафар мардон ва анқариб 500 нафар занону духтарон сафарбар шудаанд. Агар дар соли 1941 аҳолии ҷумҳурии мо ғайр аз кӯдакону наврасону пирону модарон  6,5 миллион нафарро ташкил диҳад, беш аз  40 фоизи халқамон ба даст силоҳ гирифта, дар майдонҳои хунини ҷанг, дар байни дуду оташ бар муқобили душман ҷангидаанд. Аз ҳама таассуфовараш он аст, ки 604 ҳазору 52 нафар ҳамватанонамон аз набардгоҳҳо ногиро ва маъюбу маҷрӯҳ баргаштаанд. Дар ин муҳорибаҳои ҳаёту мамот анқариб 500 нафар ҳамдиёронамон, яъне 30 фоизи иштирокдорони он қаҳрамонона ҳалок гардиданд ва хокашон дар кишварҳои бегона мондааст. 
Агар ба тарзи дигар бигӯем, дар мамлакати мо хонадонеро пайдо кардан душвор аст, ки ҷабру ҷафои ин ҷанги мудҳишро накашида бошад. Мардуми Ӯзбекистон дар чунин вазъияти мураккаб ҳам шабу рӯз меҳнат карда, барои фронт, барои ғалаба саҳм гузоштаанд. Баробари оғоз ёфтани ҷанг аз ҳудудҳое, ки ба набардгоҳҳо табдил ёфта буданд, қариб 1 миллион оила ва 200 ҳазор нафар ятимони ба миллатҳои гуногун мансуб ба Ӯзбекистон оварда шуданд, мардуми кишвари мо онҳоро ҳамчун наздикону ҷигаргӯшаҳои худ қабул карданд, охирин бурдаи нони худро бо онҳо баҳам диданд, «Ту ятим нестӣ»- гӯён кӯдакону наврасонро ба оғӯши гарми худ гирифтанд, нафақат хонаву ҷо, балки қалби худро ба эшон кушода, бо меҳру мурувват ва кушодадиливу саховат парвариш намуданд.
Ба хусус бисёр хонаводаҳои мо кӯдакони ятимро ба сифати фарзанди худ пазируфтанд. Яке аз чунин оилаҳо, ки 14 нафар сағиронро ба тарбияи худ гирифт, хонаводаи оҳангари тошкандӣ Шоаҳмад Шомаҳмудов буд. Дар дунё бисёр кам давлат ва миллатҳо метавонанд бо чунин фазилатҳои олии инсонии худ ифтихор кунанд. Бо мурури замон аҳамияти ин қаҳрамонӣ ва қадршиносӣ, ки хонадони Шомаҳмудовҳо зоҳир кард, торафт меафзояд. 
Мувофиқи супориши роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев аз 26 апрели соли 2018 ба истгоҳи метро, Кохи ҳунар ва истгоҳи автомобилҳои пойтахт, ки замоне «Халқлар дӯстлиги» ном доштанд, ин ном дубора баргардонида шуд, ба яке аз кӯчаҳои ноҳияи Шайхонтаҳури Тошканд бошад, номи Шомаҳмудовҳо аз нав баргашт. «Барои барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ, абадӣ гардонидани фазилат ва ҳуввиятҳои неки халқамон, маҷмӯи ёдгории «Халқлар дӯстлиги», ки ба хонаводаи Шомаҳмудовҳо бахшида шудааст, агар дубора ба майдони марказии пойтахт баргардонида шавад, аз рӯйи инсоф ва адолат хоҳад шуд», – гуфтани Президенти мамлакат аз ҷониби халқи кушодадилу миллатпарвари мо хуб пазируфта шуд. Бешубҳа, ин дархости роҳбари давлат боиси хушнудист.
Ғайр аз ин мардуми Ӯзбекистон солҳои ин ҷанги хунин, ки 1418 шабонарӯз давом дошт, беш аз 500 вагон озуқаворӣ, меваву сабзавот, сару либоси гарм, ҳамчунин яроқу аслиҳаро ба ҷанговароне, ки дар фронтҳо ҷанг мекарданд, фиристод, онҳоро барои ғалаба рӯҳбаланд намуд. 
Барои мардонагиву ҷасорат, ки дар майдонҳои ҷанги бешафқат зоҳир кардаанд, 338 нафар ҳамдиёрамон сазовори унвони қаҳрамонӣ гардида, ҳазорҳо нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, ки ин нишони амалии мардиву ҷасорати халқи мо дар мубориза ба муқобили фашизм мебошад.
Ба мардуми кишвари мо, ки аз чунин санҷишҳои мудҳишу бешафқати таърих бо рӯйи сурху сари баланд гузаштаанд, ҳар қадар таъзим кунем, ҳар қадар сипосгузориву миннатдорӣ кунем, ҳамон қадар кам аст. Вақт мегузарад, замонҳо тағйир меёбанд, вале ному хотираи мардони ҷасур, ки барои озодиву ободии Ватан, оромиву осудагии халқу кишвар диловарона ҷангида, музаффар ба Ватан, ба оғӯши падару модар ва ёру қарибон баргаштаанд, ҳаргиз фаромӯш намешавад. 
Дар ин маврид саволи табиӣ ба миён меояд: мардуми мо дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон барои чӣ, барои кӣ, барои кадом мақсадҳо ҷангидаанд? Агар гӯем, ки падару бобоёни дар майдонҳои ин набарди хунин қурбоншудаи мо барои як баландии номаълум, ё худ «доҳии бузург» не, балки пеш аз ҳама барои кишвар, падару модар, ёри меҳрубон, фарзандҳои азизи худ ҷон додаанд, ҳаргиз саҳв намешавад! Зеро онҳо дар ин диёри азизу муқаддас, Ӯзбекистони қадрдон таваллуд шуда, ба воя расидаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ куҷо аскари номаълум набудаанд! 
Бинобар ҳамин ҳам номашон дар китоби тақрибан 40 ҷилдаи «Хотира», ки аз ҷониби Бунёди ҷумҳуриявии «Нуроний» чоп шудааст, ҳамчунин дар саҳифаҳои «Китоби пӯлодин» бо рангҳои зарҳалӣ сабт шудаанд. 
Ҷанговарони мо дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон барои халқи Ӯзбекистон, озодии он, шаъну шарафи вай ҷонҳои худро фидо кардаанд. Бо мақсади нек, барои ояндаи Ӯзбекистони  озод таҳти шиори «Барои Ватан!» дар остонаҳои Маскав, ҷангоҳҳои Ленинград, Сталинград ва ғайра қаҳрамонона ҷангидаанд.  Дар ҳамон гӯшаҳои дур ҳам ояндаи дурахшони Ӯзбекистонро ҳимоя кардаанд. Онҳо дуруст дарк намудаанд, ки душман нафақат халқҳои рус, украин, белорус ва ғайра, балки ӯзбекистониёнро низ дар асорати ғуломӣ мегирифт. Ба онҳо дар роҳи ин мақсади нек арвоҳи саркардагони бузургу ҷасур Соҳибқирон Амир Темур, Заҳириддин Бобур, Темурмалик, Ҷалолиддин Мангубердӣ ёру мададгор шудаанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамдиёронамон бовар доштанд, ки ин ҷанги хунин барои истиқлоли Ӯзбекистон ҳам ҳаст. Бояд қайд кард, ки туфайли ғалабаи таърихӣ аз болои фашизм санги маҳаки истиқлоли бузурги мо ҳам гузошта шудааст.
Бинобар ҳамин ҳам мо бояд Ӯзбекистони азизро беш аз пеш дӯст дорем, ба Ватани бемисли худ содиқ бошем, фазилатҳои хубу некеро, ки дар сиришти халқамон мустаҳкам ҷой гирифтаанд, ҳамчун гавҳараки чашмони худ эҳтиёт кунем. 
Дар ҳамин маврид бояд зикр намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 апрели соли 2018 «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон» ҳамчунин Қарор «Дар бораи чораҳои тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Хотира ва Қадр» воқеаи бузург гардид. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур барои мукофотонидани иштирокдорони ҷанг ва фронти меҳнат як қатор чораву тадбирҳои муҳим ва вазифаҳои рӯзмарра дар назар дошта шудаанд. Агар эътибор диҳед, сухан дар бораи тақдири халқ, ояндаи Ватан, бахту камолоти фарзандони азизамон меравад. Дар ин бобат, бахусус, хидматчиёни ҳарбие, ки барои ҳимояи Ватан масъул мебошанд, бояд ба дигарон ибрат шаванд. 
Алҳол, ки дар олам хавфу хатари терроризм, экстремизм ва зиддиятҳо торафт меафзояд, қадру қимати неъмати бебаҳо – сулҳу осоиш рӯз аз рӯз баланд мешавад. Мо бо дарки амиқи моҳияти даъвати «Ба мардуми Ӯзбекистон сулҳу амонӣ лозим аст» ҳар кадомамон бояд ба ҳифзи сулҳу салоҳ масъул ва ҳамеша ҳушёру огоҳ бошем.
Ҷасорати падарон мероси фарзандон аст. Қадри кишвареро, ки куҳансолонаш эъзоз мешаванд, баланд, ояндааш бузург ҳоҳад шуд. Бинобар ҳамин ҳам мо бояд барои ҳифзи истиқлол, халқу кишвар масъулият эҳсос кунем, ба корҳое, ки сарвари мамлакат оғоз бахшидааст, ҳамкору мададгор шавем, барои беш аз пеш тараққӣ кардану шукуфон шудани Ӯзбекистони азиз саҳмгузор бошем.

Искандар РАҲМОН,
собиқадори Қувваҳои мусаллаҳ, аъзои Иттиҳоди нависандагон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: