СУРАЙЁ

Дар «асри тиллоӣ»-и Болливуд мусулмондухтарҳо низ бо нақшҳои ҷолиб дар шуҳратёбии филмҳои ҳиндӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

 Масалан, Наргис (номи аслиаш Фотима), Мина Кумари (номи ҳақиқиаш Моҳҷабин Барно), Аруна Ирани, Мумтоз, Шабона Азмӣ, Зинат Амон ва ғайраҳо. Хусусан, Мадҳубала (номи аслиаш Мумтоз) ва Сурайё ситораи тобнок дар Болливуд ба шумор рафта, ҳанӯз номашон чун актрисаҳои нотакрор ба забон гирифта мешавад.
Сурайё дар асл Лоҳурист. Қисмат ӯ ва аҳли оилаашро ба Мумбай (он вақт Бомбай мегуфтанд) овард. Ҳоло кӯдак аст, вале ба кӯча баромадан, бо ҳамсолон бозӣ карданашро манъ кардаанд. Мактабхон шуд. Назоратгар ӯро ба мактаб мебурд ва меовард. Раҳораҳ як ҷаҳон насиҳат мекард.
Духтарбачае, ки дар ҳамин гуна муҳит тарбият ёфт, баъдтар чӣ тавр актриса шуд, ҳама ҳайрон.
Мусулмондухтар ва ҷавони ҳинду Мадан Мохан дӯсти наздик буданд, ҳамроҳ ба радиои Мумбай рафта ва барномаҳо барои наврасон омода месохтанд. Сурайё баъдтар бо Раҷ Капур аз наздик шинос шуд, ки вай низ бо радио сарукор дошт.
Мадан ва Раҷ аз Сурайё 6-7 сол калон буданд. Раҷ фарбеҳак буд, Сурайё хароб ва майдаяк. Фарбеҳӣ ва харобии якдигарро масхара мекарданд.
Тағои Сурайё, ки Заҳур ном дошт, аз Лоҳур ба Мумбай омад ва дар соҳаи кино фаъолият сар кард. Нақшҳои манфӣ мебозид. Мегуфтанд чун номаш худаш ҳам «заҳр». Ба майдончаи навор гоҳо ҷиянашро меовард, ба коргардонҳо мегуфт «нутқаш бурро», духтарбача лозим шавад, нақшро бегона накунед.
«Мохан студиоз» дар бораи Мумтоз Маҳал филм бардоштанӣ. «Ба давраи духтарии Мумтоз Маҳал бисёр мувофиқ», гуфтанд Сурайёро. Хурсандии духтарча ҳад надошт. Наход дар кино нақш бозад?
Тарбияи Сурайёро, ки 12-13-сола буд, модаркалонаш ба зимма гирифта буд. Вай зани худотарс, айни замон бисёр мутаассиб.
Ташвиш накашед, гуфт Заҳур  ба модараш, Сурайё духтари боақл, ҳамеша дар пеши назарам мешавад.
«Тоҷмаҳал» соли 1941 дар Деҳлӣ ба навор гирифта шуд. Сурайё духтарии Мумтоз Маҳалро бозид. Баъдтар вай чун «духтарча-артистка» боз дар чаҳор филм нақш иҷро кард. Гонорарро ба модаркалон бурда медод. Пулро медид ва нарм мешуд модаркалон. Ҳатто Сурайёро ҳимоя мекард.
Боре муносибатҳои маҳрамона, ки дар сенарий ҷой доштанд, ба падару модари Сурайё маъқул нашуданд. Хостанд ӯро боздоранд, «лаҷом», ки дар дасти модаркалон буд, гуфт: «Духтаракам бо ҳаёву ибо. Чӣ мумкин ва чӣ номумкин буданашро худаш нағз мефаҳмад».
Аз модаркалони Сурайё кормандони студия низ меҳаросиданд. Вай аз онҳо талаб мекард, ба меъёрҳои одобу ахлоқ қатъӣ риоя намоянд.
Хешовандони Сурайёино дар Покистон монда буданд. Баъде Сурайё актриса шуд, муносибати ақрабо вайрон гашт. Хусусан як тағоии дар Лоҳур мондааш аз Сурайё сахт хафа буд.
Сурайё ба Лоҳур рафт, то аз хешон хабар гирад. Ҳамон тағоияш туфанги шикорӣ дар даст, таҳдид кард: «Мепарронам!»
Дар кадом як филми даҳшатнок не, дар пеши назари Сурайё рӯй медод ҳамааш... «Сари ҳамаамонро хам кардӣ!»
Вале мустаҳкам буд имони Сурайё. Нақш меофарид, вале ҳеҷ вақт ба беҳаёӣ роҳ намегузошт.
***
Бо ҷой гирифтани Дев Ананд дар қалбаш давраи нав дар зиндагии Сурайё оғоз ёфт. Лаҳзаҳое буданд гуворо. Айни замон – изтиробангез. Актёрҳое, ки бо ӯ кор мекарданд, калонсолтар буданд, масалан, Раҷ Капур, Сайгал, Диван, Мотилал. Танҳо Дев Ананд – ҷавон ва хушчақчақ.
Дар филми «Видоъ» ҳамроҳ нақш бозиданд.  Заврақ даруни баҳр оҳиста равон аст, дар ду ҷониби он қаҳрамонҳои асосӣ (Дев ва Сурайё) нишаста ва гарми орзуҳо. Оператор аз дур ба навор мегирад...
Ҷавон аз фурсат истифода ва дил изҳор кард: «Ту ҳаёти ман!»
***
Фотомухбире Сурайёро аккосӣ кардан мехост, Дев даромада омад. Вақте ҳарду даст дода вомехӯрданд, мухбир аз фурсат истифода намуд. Сурат дар рӯзнома чоп шуд. Дар зерсурат ин тавр сабт ёфта буд: «Муҳаббати реалии Сурайё дар ҳаёт».
Чӣ шӯре бархост баъди он. Модаркалони Сурайё ғазабнок ба студия омад, аламашро аз Дварк Дичен ва Гуру Датт ситонд.
Вале дар онҳо чӣ айб?
Дев мехост Сурайёро ба ҳамсарӣ пазирад. Вале аҳли хонадони духтар қатъиян норозӣ: «Ҳинду чӣ тавр мусулмондухтарро гирифтанаш мумкин?»
Мутааллиқӣ ба ду дин муаммои калон буд. Дӯстдоштаҳо хостанд аз баҳри ҳама ва ҳар чиз баромада, гурезанд. Нақшаи гурезро кашида ва кадом вақт дар куҷо вохӯрданро маслиҳат карданд. «Духтарам, ҳаёти шахсиатро қурбон накун, барои муҳаббатат мубориза бар!» – маслиҳат дода буд актрисаи куҳансол Дургобайӣ, ки Сурайёро бисёр дӯст медошт.
Аммо Сурайё дар вақти ваъдагӣ ҳозир нашуд. Вай тарсид: ҳоло дар синни балоғат нест. «Девро ҷавобгар карданашон мумкин».
Сурайё бо Дев Ананд дар ҳафт картина якҷо бозидааст. Саргузаштҳои ишқии байни ҳарду чаҳор сол давом намуд.
Дев сонитар ба Калпан Картик ном духтар хонадор шуд. Вале меҳри Сурайё як умр дар қалбаш лона гузошт. Ҷароҳат қалби Сурайёро низ як умр озор дод...
Вақте филми «Рустам ва Суҳроб» (1954) ба навор гирифта мешуд, Сурайё худро бад ҳис кард ва аз ҳуш рафт.
Баъди сиҳат ёфтан қарор кард киноро тарк созад. Санҷив Кумар, Навшод, Лакшмикант ва дигар ҳамкорон чӣ қадар мехостанд Сурайё дар сафи онҳо монад, вале рад намуд. Гуфтанд, ақаллан бо сурудҳоят бо мо бимон!
Дар воқеъ, сурудхон низ буд Сурайё, баъди Лата Мангешгар ва Аша Бхосле «савумин булбул» дар Болливуд ба шумор мерафт. Ӯ барои филмҳо 340 суруд эҷод кардааст – аз иҷрогарони машҳури паси кадр ҳисоб меёфт.
Фаъолияти актрисагии Сурайё 27 сол давом (1936-1963) ва дар ин байн дар 67 филм нақш бозидааст.
Сурайё дар картинаи «Мирзо Ғолиб» (1954) нақши маҳбубаи Мирзо Ғолибро бозид ва барои маҳорати баланди иҷрогарӣ барандаи Мукофоти миллӣ гашт. Сурудҳояш ҳам ба торҳои нозуки қалби тамошобин нохун мезад. Аз тамошои филм роҳбари ҳукумати ҳамонвақтаи Ҳиндустон Ҷавоҳарлаъл Неҳру низ сахт ба ҳаяҷон омад ва ба Сурайё ин тавр мактуб навишт: «Тумне Мирзо Ғолиб кии ко зиндаа кар дийаа» (маънояш: «Шумо рӯҳи Мирзо Ғолибро ба ҳаёт баргардондед»).
Сурайё охири умрашро дар хонаи адвокати худ Дхимант Таккар гузаронд. Ҷисмаш он ҷо, рӯҳ ва хаёлаш бо Дев Ананд.
Аз дунё тоқ гузашт актрисаи номвар. Дев низ хаёлан бо Сурайё буд, – менависад журналист Алӣ Питер Ҷон, – хусусан дар охирин даму нафасҳои худ ӯро ба ёд меовард ва талх мегирист.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: