СУРАТ

Барои ҳалли мушкилоте ба яке аз ташкилотҳои ноҳия рафтам.

Дар даҳлез дӯстамро вохӯрдам. Баъди пурсупос вай маро ба кабинети кориаш даъват кард. Ҳарду пасу пеш даромадем ва бо ишора ба ман ҷойи нишаст нишон дод. Кабинеташ хеле озодаву саришта буд.
Чашмам ба сурати рӯйи мизи кориаш афтид. Дар он марди бузургсоли нуроние акс ёфта буд, ки дар сар тоқии тоҷикона дошт ва нигоҳаш ба як нуқта равона шуда буд.
– Падаратон? – пурсидам.
– Бале, – тасдиқ намуд дӯстам.
– Он кас ҳоло даври пирӣ меронанд?
– Ҳа, Худоро шукр. Чаро мепурсед?
– Худам...
– Медонед, аксарият бо шавқ мепурсанд, ки чаро расмро ин ҷо гузоштаам? – баъди каме сукут ба сухан сар кард дӯстам ва илова намуд: – Агар қадаммониам дигар ё асабӣ шавам, ба ин сурат чашмам меафтад ва ҳамон замон аз аспи ғазаб мефароям. Охир, падарам доим пандам медиҳанду мегӯянд: «Ҳаргиз дилозорӣ накун, ки аз дилозор Худо безор»...
– Мебахшед бародар, сабаби дуюми пеши рӯ мондани сурат дар чист? – бесаброна пурсидам.
– Симои падарҷонам ҳамеша дар пеши назарам аст. Вақте ки аз ташвишҳои кору зиндагӣ хаставу дилтанг мешавам, чеҳраи падарамро дидан замон ҳама хастагиҳоям рафъ мегарданд, он ташвишу мушкилиҳо ба назарам ҳеч менамоянд. Сурати падарамро ҳар рӯз бубинам ҳам, боз пазмонашон мешавам.
– Ба падаратон зуд-зуд занг мезанед?
– Албатта. Агар ду соат овозашонро нашунавам, дилтанг мешавам.
– Нағз...
Рости гап, дар худ андешидам, ки «ин дӯстам камтар калонгап шудааст. Гӯё дигарон падари худро дӯст намедоранд». Ғарқи чунин андешаҳо будам, ки садои телефони мобилии дӯстам баланд шуд. «Падарам!» – гуфт ҷавон ва узр пурсида, телефонро ба гӯшаш наздик бурд. Бисёр суҳбат накард, вале хеле муаддабона ҳарф зад. Мисле худро вонамуд мекардам, ки ин ҳаракатҳои дӯстамро намебинам ва суҳбати онҳоро намешунавам, вале ҳамаи ин лаҳза дар маркази эътибор қарор гирифта буд. 
Ҳар боре, ки «хуб шудааст» мегуфт, нимхез мешуд, гӯё падараш дар рӯ ба рӯяш истодааст. Чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд. 
Чӣ хел аз он ҷо баромада рафтани худро пай набурдам. Ҳангоми бозгашт ҳам ин лаҳзаҳо дар пеши назарам ҷилва мекард. Баъд аз байн ду моҳ гузашт ва хабар ёфтам, ки ҳамон дӯстам падару модарашро ба зиёрати Каъбатуллоҳ фиристодааст. Соли гузашта бахшида ба 30-солагии Қомуси Ватан ба вай нишони сарисинагӣ супурданд. Барои муваффақияти дӯстам хеле хурсанд шудам. Ба ӯ занг зада табрик намудам ва гуфтам, ки ҳоло муваффақиятҳову дастовардҳои зиёд дар пеш ӯро мунтазиранд. 
Ба ӯ ҳавасам омад.
Ман, шукри Худо, падару модарамро хеле зиёд эҳтиром мекунам. Онҳо аз ҳеч чиз камбудӣ эҳсос намекунанд. Рӯзе аз шириниҳои дӯстдоштаи падарам гирифта, ҷониби ҳавлӣ шитофтам. Ҳар қадар ба хона наздик мешудам, табъам болидатар мегардид. Медонистам, ки аз ин дидор ва савғотиҳоям падарам хеле шод мешаванд. 
– Ассалому алайкум, падарҷон!
– Ваалайкум ассалом. Тинҷӣ аст? Дар ин вақт намеомади-ку? – бо нигаронӣ пурсиданд падарам.
 – Шуморо сахт пазмон шудам, падарҷон, – гуфтаму шириниҳои дастамро, ки то ин дам паси худ пинҳон мекардам, ба падар дароз кардам. 
Падарам аввал чӣ гуфтану чӣ кор кардани худро надониста, ба рӯям мутаҳаййирона нигоҳ карда монданд. Баъд нарм гуфтанд, ки аз ман розӣ ҳастанд. Баъд аз ин қариб ҳар рӯз аз ҳолашон хабар мегирам. Рафтори  дӯстам маро водор кард, ки минбаъд низ аз ҳоли падару модарам бештар хабар гирам ва эҳтиромашонро ба ҷо биёрам. Охир онҳо ғаниматанд...

Бунёди ШОМАТ,
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: