Соли 1984 ба муносибати 50-солагӣ, соли 1994 ба пешвози 60-солагии нависанда Ӯлмас Умарбеков телевизиони Ӯзбекистон барномаҳо омода сохта буд.
Адиб дар 50-солагӣ ба саволҳои мухбир ҷавоб гардонд, доири муҳимтарин масъалаҳои ҷараёни адабӣ андешаҳои солим баён сохт. Вале намоише, ки ба 60-солагиаш бахшида шуд, бе иштироки ӯ гузашт. Ҳамчунин дар ҷамъомади тантанавие, ки ба ин муносибат доир сохта буданд, соҳибҷашн иштирок карда натавонист. Бемор буд.
Соли 1991 нависанда Туроб Тӯла вафот кард. Раиси маросими дафн Ӯ.Умарбеков аснои суханронӣ дар маросими видоъ, ки дар саҳни Хонаи кинои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ меомад, баногоҳ... аз забон монд. Ҳама дар ҳолати изтироб.
Беморӣ водошт, ки ба истеъфо барояд – вай то он вақт ҳамчун ҷонишини раиси Девони Вазирон фаъолият мебурд.
Бемор, вале бистарӣ не. Бо пойи худ ба дорухонаҳо дорухарӣ мерафт. Вале ҳаракат мекард камтар аз хона барояд. Хостанд дар тантанаи 60-солагиаш ҳозир бошад. Гуфт: «Ба ин аҳвол чӣ хел ба назди мардум бароям? Ба 63-солагӣ расонад ва сиҳатӣ даст диҳад, иншооллоҳ, дар президиум менишинам».
Афсӯс, 10 ноябри ҳамон сол, яъне соли 1994 чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Арбоби санъати Ӯзбекистон, Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Ӯлмас Умарбеков агар ҳаёт мебуд, 85-солагии худро ҷашн мегирифт.
Чанде аз ҳикояҳои адиб бо баргардониши шодравон Ҷонибек Қувноқ дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») ва маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда буданд. Қиссаҳояш «Абрҳои баҳор», «Каси беташвиш нест», «Фарзанди ҷанг» ва хусусан «Одам шудан душвор» ном романашро дар Тоҷикистон низ бо шавқ мутолиа кардаанд. Падидаҳои қаламиаш ҳанӯз гаштаю баргашта чоп ва манзури ҳамзамонон мегарданд. Гуфтанием, соҳибқаламоне чун Ӯлмас Умарбеков фақат «ба даври худ» хидмат карда нарафтанд. «Борони тобистон», «Дӯстдорам – дӯстдоракам», «Қарзи қиёмат», «Машитоб, офтоб» барин китобҳое, ки нашр шуда, даст ба дастанд, ҳамон аз бардавомии умри рӯҳонии Ӯ.Умарбеков дарак медиҳанд.
Адиб дар авҷи камолот ба беморӣ печид ва «безабон» шуд, вале қалам ва коғаз аз даст нагузошт. Романи худ «Фотима ва Зӯҳро»-ро ба охир расонд (дар асоси ин роман театри драмавӣ-мусиқии ба номи Муқимӣ спектакл ба саҳна гузошт). Бемор буд, вале барои иншои асари хотиравии «Дар остонаи дунёи абадӣ» қувва пайдо кард. Бо азоб коғаз сиёҳ мекард ва ба дасти як-ду дӯсти содиқаш, ки хабаргирӣ меомаданд, онҳоро месупурд. Пул ҳам медод: «Мана ин ҳақи котибае, ки мошиннавис мекунад».
Духтари баъди хеле калонсол шуда ёфтааш ҳанӯз хеле ҷавон. Ба ӯ кору ҳоле рӯй диҳад, тақдири вай чӣ мешавад? Эҳсоси қалби адиб дар «Номаҳо ба духтарам»-и ӯ хеле таъсирнок рӯйи коғаз рехтаанд.
Мегӯянд, Ӯ.Умарбеков ҳанӯз ибтидои солҳои шастум «чун барқ дурахшид» ва ба назари бузургон афтод. Дар рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти» (1962) чунин сатрҳои шоир-академик Ғафур Ғулом сабт шудаанд: «Ман фикр мекунам, эҷоди Ӯлмас Умарбеков ба эътибор сазовор аст. Фаъолнокӣ, заҳматкашӣ, ҷустуҷӯҳои муттасили ӯ таваҷҷӯҳи маро ба худ мекашад. Вай аз зумраи адибонест, ки вазифаи адабиётро дуруст ва амиқ идрок сохтаанд».
Сахтгирии Абдулло Қаҳҳор, ки ҳар қаламбадастро нависанда намешумурд, ба аксарияти мо маълум. Вале меҳри дигар дошт вай ба соҳибистеъдодҳое чун Ӯ.Умарбеков. А.Қаҳҳор навиштааст: «Ба ман доираи васеи фикрронӣ, бисёр омӯхтан ва одоби Ӯлмас Умарбеков маъқул аст. Вай нависандаи баркамол шуд. Ӯро бояд эҳтиром намуд. Мехостам Ӯлмасро ҳамеша дар сафи нависандаҳои хуб бинам».
Адиб баробари насри бадеӣ дар драматургия низ қалам санҷид ва тӯли даҳсолҳо ҳамчун «драматурги дараҷаи аввал» эътироф гашт. Дар ин ҷабҳа вай мактаби ба худ хос офарид. Песаҳои зиёди ӯ дар саҳнаҳои як қатор театрҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳунарпешаи мардумӣ Соро Эшонтӯраева дар интервюи худ ба маҷаллаи «Санъат» гуфта буд: «Қариб ҳамаи драмаҳои Ӯлмас дар театри академии мо (ҳоло Театри миллӣ) гузошта шуда ва ба тамошобинон писанд омадааст. Вай драматургест, ки масъалаҳои долузарби зиндагиро дақиқназарона таҳти назорат гирифта, дар заминаи драмаи тезутунд хулосаҳои калони фалсафиро баён доштааст».
Дар «Қарзи қиёмат» ба образи Сулаймонота гӯё ҳунарпешаи нотакрор Шукур Бурҳонов «рӯҳи нав» бахшид. Аз тамошои он дар «Театри хурд» ҳаводорони санъати театрӣ дар Маскав низ ба ваҷд омаданд. «Машитоб, офтоб»-и Ӯ. Умарбеков бошад, гӯё маҳз ба Соро Эшонтӯраева, «Рӯзи аввали тирамоҳ» маҳз ба Зикир Муҳаммадҷонов навишта шуда буд. Ҳамчунин Тӯйчӣ Орипов, Набӣ Раҳимов, Рихсӣ Иброҳимова барин чеҳраҳои намоёни ҳунар дар драмаҳои ӯ нақшҳои асосиро бозидаанд.
Баробари драматургия Умарбеков дар соҳаи кинодраматургия сермаҳсул эҷод кард. Дар асоси сенарияҳои ӯ «Ҷавон ва духтар», «Алибобо ва чиҳил роҳзан», «Қисса дар бораи ду ҷанговар», «Афсонаи муҳаббат», «Дигарҳоро гуфта», «Вохӯрӣ дар оғӯши барфҳои баланд» барин филмҳои бадеӣ офарида шуданд. Қисме аз ин филмҳо таҳти ҳамкорӣ бо синамогарони Ҳиндустон, Булғория, Югославия ба навор бардошта шуданд ва муаллиф, ҳамин тавр, дар ба миқёси ҷаҳон баровардани санъати кинои ӯзбек нақши муҳим бозид.
Кибру ғурур ба табиаташ бегона буд. Чӣ бо амалдорон ва чӣ бо одамони оддӣ як хел муносибат мекард. Ин аст, ки симои ӯ ҳамон пеши назар, хотирааш дар дил, навиштаҳояш барҳаёт.
М.ШОДИЕВ.