СУРАТГИРОНИ АМРИКО ДАР НАМАНГОН

Дар ҷумҳуриамон дар ҳама соҳаҳо бо мамлакатҳои дунё ҳамкориҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.

Дар ин ҷода эҷодкорон низ бо сайёҳии эҷодӣ ба мамлакатамон ташриф менамоянд.
Ба қарибӣ гурӯҳи эҷодии беҳтарин суратгирони «Photograhy life» Амрико барои рушди кори эҷодӣ ба вилояти Намангон омаданд. Рӯзи аввал бо соҳибони боғи маданият ва истироҳати дар Осиёи Марказӣ ягонаи бо номи «Водии афсонаҳо»-и  шаҳри Намангон шинос шуданд. Сипас онҳо ёдгории меъмории Ахсикент ва маҷмӯи Исҳоқхон Ибрати ноҳияи Тӯрақӯрғонро дидан карданд. 
Рӯзи дигар наворгирии суратгирон дар деҳаи зебоманзару дилфиреби дар бағали қаторкӯҳҳои Чотқол воқеъбудаи Чодаки ноҳияи Поп сар шуд. Онҳо ҷойҳои ҷолиби диққати деҳаро ба сурат гирифтанд.
Инчунин суратгирони амрикоӣ ба ноҳияи Чуст ташриф оварда, бо фаъолияти ҳунарманди дӯппидӯз Тоҷихон Пирматова ва ҳунарманди кордсоз Раҳимҷон Убайдуллоев шинос шуда, аз фаъолияти онҳо лавҳаҳои ҷолибро ба сурат гирифтанд.
Пас онҳо бо музейи кишваршиносӣ, ки дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи шаҳри Чуст воқеъ аст, шинос шуданд. Ҳар як сурати ба наворгирифтаи суратгирони амрикоӣ барои рушди сайёҳии вилояти Намангон аҳамияти муҳим дорад.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».        
 
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: