СУРАТҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗИ ҶАВОН БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУД

Дар Толори фарҳанги байналхалқии ба номи Икуо Хираямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон нахустнамоиши рассоми ҷавон Нигина Ҷумъаназарова таҳти мавзӯи «Аслият» баргузор гардид.

Аз намоишгоҳ беш аз 30 намунаи эҷоди рассом ҷой гирифтааст, ки дар жанрҳои портрет, манзара ва натюрморт офарида шуда, лавҳаҳои таърихии маданияти миллӣ, манзараҳои зебои табиат ва неъматҳои Модар-Заминро ифода намудаанд.

Тасвирҳои рассом «Дар Табақсой», »Дар Оқтош», «Фаранҷӣ», «Бофанда», «Ҷозиба», «Тирамоҳ», «Гулҳо», «Гули офтобпараст», «Кӯза», «Роҳ», «Пазмонӣ», «Хурмоҳое, ки дар барф монданд», «Панҷ сутун», «Умед», «Шаҳри шариф»  тамошобинро бефарқ намегузоранд.

Нигина фарзанди Бухорои шариф мебошад. Ӯ дар коллеҷи санъати ба номи М. Ашрафии шаҳри Бухоро таҳсил намуда, соли ҷорӣ  Донишкадаи рассомӣ ва дизайни миллии ба номи К. Беҳзодро хатм кардааст.

Ӯ ҳоло дар устохонаи Академияи бадеии Ӯзбекистон ҳамчун таҷрибаомӯз фаъолият дорад.

Ҳасан Абдуназаров.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: