«СУРХУ СИЁҲ»-И ХАЙРУДДИН

Маҳфиле, ки моделер Хайруддини Зайнуддин дар иҳотаи асарҳои суннатии наққошиву мӯдсозӣ, ашёву либосу кӯлоҳу дигар васоили ҳунарӣ барпо кард, воқиан суннатӣ буд ва дару девори он бино низ, ки ба ҳайрати ҳамагон бо номи ба гӯшу чашмамон ноошнои «Human hause» шинохта мешудааст, сирф бо ҳама гуна асарҳои ҳунарии миллӣ оро ёфтааст.

Маҳз ба ин далел Хайруддин ин ҷоро интихоб намудааст, ки барномаашро иҷро кунад ва асарҳои ҷолибашро бо унвони «Сурху сиёҳ» дар илҳом аз нависанда Стендал намоиш диҳад.
Пешаи аслии ӯ моделерӣ аст, ки қариб комилан бо матоъву усули қадимии маҳаллӣ кор мекунад. Ҷомаҳои занонаи тоҷикии ба усули миллии қадима ва унсурҳои замонавӣ дӯхташудаи занона аз коллексияи нави ҳунарманд аст, ки аз ҷониби духтарон дар ҳавои мусиқиҳои суннативу мардумӣ ва ғазалҳои Мавлавиву Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ ба асл ва забони русӣ дар ҳамоҳангӣ бо суруду рақсаш намоиш дода шуданд. Сурудҳоро ҳунарманд бо навохтани армуния (гармон) бо ҷӯровозии рубобу доираву дуҳулак иҷро намуд, ки ин боз аз ҳунарҳои дигари ӯ далолат менамояд.
Хайруддин  зодаи ноҳияи Қувасойи вилояти Фарғона аст ва ин аввалин намоиши маҳсули ҳунари ӯст, ки дар пойтахт намоиш дода мешавад.
– Маҳалли эҷодам дар деҳаи азизам Асриб аст ва маҳз аз он ҷо ба намоишгоҳҳои байналхалқии Душанбе, Бишкек, Алмаато роҳ гирифтаам, – мегӯяд Хайруддин. 

Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: