Сурхзанбӯри аҳмақ

Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то онро тӯъмаи худ созад.

Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то онро тӯъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:
– Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ.
Занбӯр гуфт:
– Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал, ту сарчашмаи онӣ.
Қитъа: 
Эй хуш он марди 
ҳақиқат, 
ки зи пайғому салом
Рӯ битобад, ба сӯи 
моидаи васл равад.
Асл чун рӯй намояд зи 
паси пардаи фаръ
Фаръро боз гузорад ба 
сари асл равад.

Ҳимматбаланд

Мӯреро диданд ба зӯрмандӣ камараш баста ва малахе даҳ баробари худро бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:
– Ин мӯрро бубинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад?
Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандид ва гуфт:
– Мардон борро ба неруи ҳиммат ва бозуи ҳамият кашанд, на ба қуввати тан ва заҳомати бадан.
Қитъа: 
Боре, ки осмону замин 
сар кашад, аз он,
Мушкил тавон ба 
ёварии ҷисму ҷон 
кашид.
Ҳиммат қавӣ кун аз 
мадади раҳравони 
ишқ,
К-он борро ба қуввати 
ҳиммат тавон кашид. 

Шикам аз шикам фарқ дорад

Уштуре ва дарозгӯше ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷӯйи бузург расиданд. Аввалан уштур даромад. Чун ба миёни ҷӯй расид, об то шиками вай баромад. Дарозгӯшро бихонд, ки об то шикам беш нест. Гуфт:
– Рост мегӯӣ, аммо шикам бо шикам тафовут дорад. Обе, ки ба шиками ту наздик аст, аз пушти ман хоҳад гузашт...
Қитъа: 
Эй бародар, аз ту 
беҳтар ҳеч кас 
нашносадат,
З-он чи ҳастӣ як сари 
мӯ хешро афзун 
манеҳ!
Гар фузун аз қадри ту 
биншонадат 
нобихраде,
Қадри худ бишносу 
по аз ҳадди худ берун 
манеҳ.


Рашиди Ватвот ва Адиб Собир

Мегӯянд рӯзе барфи бисёр меомад ва боди сард мевазид. Дар чунин вақте Рашиди Ватвотро завқи суҳбати Адиб Собир шуд. Онҳо ба якдигар робитаи дӯстӣ ва муҳаббат доштанд. Чун Рашид ба дари хонаи Адиб Собир расид, ҳалқа бар дар зад. Канизаке пеши дар омад ва гуфт:
– Кист?
Гуфт: – Рашид аст ва Адибро мехоҳад.
Гуфт: – Хоҷаам дар хона нест.
Рашид ин байтро барбадеҳа бигуфт:
Он кас, ки бурун равад 
дар ин рӯз,
Нодонтар аз ӯ каси 
дигар нест.
Адиб Собир шунид ва сар аз даричаи болохона, ки бар пушти долон сохта буд, берун кард ва дар ҷавобаш барбадеҳа гуфт:
Ман худ ба ҳарамсарои 
хешам,
Пайдост, ки дар 
буруни дар кист.

Порукашӣ

Гӯянд вақте Нодиршоҳ шеъри номавзуне гуфт ва аз Мирзо Маҳдихон пурсид, ки ин шеър чӣ гуна аст. Мирзо Маҳдихон гуфт:
– Номавзун аст.
Нодир хашмнок шуда фармуд, то ӯро ба тавила бурда ба порукашӣ андозанд. Вақте бори дигар Нодир шеъри дигаре гуфт ва аз Мирзо Маҳдихон тасдиқ хост, Мирзо Маҳдихон фавран аз ҷо бархост ва равона шуд. Нодир пурсид: 
– Куҷо меравӣ?
Гуфт: 
– Ба тавила барои порукашӣ.

Тавба зи май

Мегӯянд шоира Офоқ дар аввалҳо шароб менӯшид, вале баъдҳо тавба карда буд. Рӯзе дар маҷлиси шоҳзода Мирзо Бадеуззамон ҳузур дошт ва чун ҳама аз тавбаи ӯ хабар доштанд, ӯро ба нӯшидани шароб даъват накарданд. Офоқ аз ин ранҷида, бадеҳатан байти зеринро гуфт:
“Ман агар тавба зи май кардаам, 
эй сарви сиҳӣ,
Ту худ ин тавба накардӣ, ки ба ман 
май надиҳӣ”.
Таҳияи 
Фариштаи
 ҒОЙИБНАЗАР.
Абдураҳмони ҶОМӢ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: