Пешниҳод
Бино ба ривояте Худо вақте дар биҳишт Одамро аз гил биофарид, амонати Ӯ — ҷон ба осонӣ вориди пайкари гилӣ нагардид. Худо найеро бибриду аз он най (асбоби мусиқӣ) сохт ва бинвохт. Сипас, тавассути димоғ ҷон ба осонӣ вориди ҷисми Одам гардид. Худо амонаташро ба осонӣ гирад, гуфтани пирон низ, ба фикрам, ишора ба ҳамон пораи ҷонест, ки Худо ба димоғи Одам дамидааст.
Ин аст, ки рӯҳи инсон бо мусиқӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Вақте садои мусиқиро мешунавад, рӯҳи ӯ гӯё дар пайкараш ба рақс медарояд, асабаш ором мегирад, ғайриихтиёр,сар ва дасту по меҷунбонад...
Дар тӯли таърихи дароз санъати навозандагӣ ва сарояндагии ҳар як миллат, аз ҷумла миллати тоҷик, рушд кард, созҳои гуногуни мусиқӣ офарида шуданд. Дар дунё аз халқкардаҳои Худо танҳо инсон бо мусиқӣ ва овозхонӣ сарукор дорад. Барои ҳайвон рӯзи дароз наю танбӯр, чангу тор бинавозед, суде надорад. Вале табъи инсон аз савту суруд болида мегардад. Ҳайвон бо ғизои моддӣ зинда аст. Аммо инсон бе ғизои маънавӣ: каломи Худо, савту суруд, осори назмию насрӣ, анвои гуногуни ҳунар... симои инсонии худро гум мекунад.
Вақте аз кор кӯфтаву беҳол бармегардед, як савту суруди миллӣ метавонад ба шумо рӯҳи тоза бахшад. Ёдам ҳаст, вақте овозхони машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов дар толор суруди «Модар»-ро мехонд, модаре сели ашкашро дошта наметавонист. Баъди консерт гуфт: «Ашк гӯё ғаму дардҳоямро аз дил берун кард. Худро хеле сабук ҳис кардам». Ин аст таъсири савту суруд ба рӯҳи инсон. Модар аз мусиқии ҷаззоб ва суруди дилангез ғизои маънавӣ гирифта буд. Олиме натиҷа гирифтааст, ки ғизои маънавӣ ба рушди иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам меоварад...
Халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳунари навозандагиву сарояндагӣ муштаракоти зиёде доранд. Шакл ва номи созҳои мусиқиашон низ яксон аст. Бо вуҷуди он ки, ба қавле, як халқи дузабона ҳастанд, савту сурудашон махсусиятҳои худро дорад. Ҳар як савту суруди миллӣ бори маъние бар дӯш дорад. Ва ин бор ба сомеъ ба сифати ғизои маънавӣ интиқол дода мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар ҳудуди Ӯзбекистони кунунӣ расман беш аз 1,6 миллион нафар тоҷикон буду бош доранд. Ин миқдор бештар аст аз аҳолии баъзе давлатҳои кӯчаки дунё. Тоҷикон дар ҷумҳурӣ баъд аз бародарони ӯзбек, бинобар омор, дар ҷойи дуюм қарор доранд. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки ба самъи онҳо бояд тавассути шабакаҳои радиёу телевизион ғизои маънавӣ – савту сурудҳои миллӣ муттасил расида истад.
Дар аҳди шӯравӣ бисёр ҳунарпешагон, мисли Муҳаббат Шамаева, Аҳмадҷон Шукуров, Матлуба Дадабоева, дертар Мардони Мавлон... тавассути телевизиони марказӣ ба тоҷикони ҷумҳурӣ ғизои маънавӣ – савту сурудҳои миллиро пешниҳод менамуданд. Як муддат ин корро барномаи «Рангинкамон» низ анҷом дод. Вале ҳоло дар шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон қариб, ки савту суруди тоҷикӣ садо намедиҳад. Барномаи тоҷикии «Рангинкамон», ки дар ду ҳафта як бор ба эфир мебарояд, пахши савту сурудҳои тоҷикиро ким-кай бас кардааст...
– Дар телевизиони марказӣ яке аз барномаҳои дӯстдоштаи ман «Рангинкамон» буд. Ҳар як намоиши онро бесаброна мунтазир мешудам. Ҳатто дар рӯзномаи махсуси барномаи телевизион, ки вақту соати намоишҳоро ба мардум пешниҳод менамояд, барои фаромӯш накардан, бо қалами сурх ба зери вақту соати барномаи «Рангинкамон» хат мекашидам, – мегӯяд сокини деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш Гулнора Рӯзиева. – Солҳои охир мухлисони барнома аз шеъру сурудҳои тоҷикӣ бебаҳраанд. Савту сурудҳои тоҷикӣ барномаро шавқангезтар мекарданд.
– Мухлиси барномаи ширу шакари «Рангинкамон» будам. Шоирони тоҷики ӯзбекистонӣ шеър мехонданду суруди овозхонҳо пешниҳод мегардид, – гуфт боре дар омади гап Муъмин Саломатови сайҳунободӣ. –Ҳоло на шеър шунавонида мешаваду на савту суруд. Яъне пеши роҳи ғизои маънавӣ баста шудааст. Ба фикрам, маъмурияти телевизиони ҷумҳурӣ роҳи аз барнома дилхунук кардани мардумро пеш гирифтааст. Пеш ҳама корамро монда, «Рангинкамон» медидам, ҳоло он кашиш нест...
Инҷониб бар онам, ки бо назардошти баробарию бародарӣ ва ба хотири он ки инсон бе ғизои маънавӣ инсонвор умр ба сар бурда наметавонад, ба савту сурудҳои тоҷикӣ ихтисосонидани яке аз шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон айни муддаост. Ин хоҳишу иродаи бисёр зиёиён, ҳунарпешагон, мусиқишиносон ва донишҷуёни тоҷик аст, ки дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ба сар мебаранд.
А. СУБҲОНОВ.